Зеҳн

СОҲАҲОИ САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АФЗАЛИЯТ ВА ДУРНАМОИ РУШД

ЗЕ
Зеҳн15 августи 2026 · 10 дақиқа хондан

Саноат аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқи кишвар ба ҳисоб рафта, бо эълони гузариш аз модели аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ мавқеи он дар сиёсати давлатии иқтисодиёт тағйир ёфт. Дар баробари ин рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ дар асоси саноатикунонии он ва афзалият ба сенарияи индустриалӣ - инноватсионии рушд то соли 2030 нақш ва аҳамияти соҳаҳои саноатро баланд мебардоранд. Вобаста ба ин, таҳлили вазъи муосири соҳаҳои саноат ва баррасии афзалияту дурнамои он аҳамияти муҳими илмиву амалӣ дорад.

Қобили қайд аст, ки дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳои ИДМ ва таснифи анъанавии мавҷудбуда, соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маъданҳои куҳӣ, саноати хўрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва пилла, мошинсозӣ ва саноати ангишт ҷудо карда шудааст. Солҳои охир тавассути андешидани тадбирҳои мушаххас ва махсусан дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифтани масоили рушди саноат, соҳаҳои саноати кишвар куллан тағйир ёфта, истеҳсолоти саноатӣ ба андозаи назаррас инкишоф ёфта истодааст.

Яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва ояндадори саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин саноати маъданҳои куҳӣ мебошад. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саноати маъданҳои куҳӣ ҶДММ КМ «Зарафшон», ҶМ ТК ММ «Апрелевка», ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» ва ҶДММ КМ ТА «Анзоб» фаъолият мекунанд.

Фаъолияти ҶДММ КМ «Зарафшон», ки дар шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакенти Вилояти Суғд ҷойгир шудааст, ба андозаи назаррас самаранок гашта истодааст. Корхона бо истеҳсоли тилло, нуқра ва хокаи мис махсус гардонида шудааст, ки дар айни замон иқтидори лоиҳавии коркарди маъдан дар як сол то ба 5,5 млн. тонна расидааст. Бояд қайд кард, ки манбаи асосии ашёи хоми ин корхона бештар аз коннҳои «Тарор», «Ҷилав», «Хирсона» ва «Алимп» дастрас карда мешаванд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки барои мусоидат намудан ба рушди «Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Хитоии «Корпоратсияи саҳомии саноатии куҳии Сызин Лимитед Со., LTD» нақши арзанда бозидааст, ки 27 августи соли 2008 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда буд. Мақсад аз ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум ин мусоидат намудан ба рушду тараққиёти ҶДММ КМ «Зарафшон» ҷиҳати таҷдид ва азнавсозии он, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии металлҳои қимматбаҳою ранга дар кишвар буд, ки дар натиҷаи он аз тарафи ҶДММ КМ «Зарафшон» иқтидорҳои иловагии зерин:
– сехи оҳакбарории иқтидораш 10 000 тонна дар як сол;
– сехи ба навъҳо ҷудокунанда – майдакунанда бо иқтидори 10000 тонна маъдан дар як шабонарӯз,
– майдони ишқоронидани ғарам, масоҳаташ 35000 м2 барои коркарди на камтар аз 2,5 млн. тонна маъданҳои камфайз дар 1 сол;
– фабрикаи ғанигардонии маъдан бо иқтидори 2000 тн маъдан дар як шабонарӯз;
– коргоҳи холискории тилло ва нуқра сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Инчунин, барои рушди соҳаи мазкур нақши ҶМ ТК ММ «Апрелевка» мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Корхона дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Консойи Вилояти Суғд ҷой гирифтааст. Моҳи июли соли 1985 дар заминаи Корхонаи бойгардонии Консой ва чор кони асосии тилло («Апрелевка», «Бургунда», «Қизил-чеку», «Иккиҷелон») идораи маъдани Қайроққум, дар ҳайати Корхонаи коркарди (КК) тилло «Тоҷиктилло» таъсис дода шуд.

Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, кам кардани ҳисораи металлҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ ҶМ ТК ММ «Апрелевка» – ро дар пояи Идораи маъдани Қайроққум таъсис намуд, ки ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғул мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшавандаи ин корхона тилло ва нуқра буда, айни замон иқтидори лоиҳавии коркарди маъдан дар як сол 313,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Моҳи июни соли 2007 дар заминаи «Идораи маъдани Олтин-Топкан» ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой»таъсис ёфта, дар

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаи таъсисдодашуда корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминиро дар моҳи августи соли 2007 оғоз намуда, 18- декабри соли 2007 ба сохтмони фабрикаи бойгардонӣ бо ворид намудани дастгоҳҳо, техника ва мутахассисон оғоз намуд. ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» корҳоро дар барқарорсозии конҳо, сохтмони фабрикаи бойгардонӣ, партовгоҳ, обанбор, коргоҳҳои ёрирасон, биноҳои маъмурӣ - маишӣ ва ғайра ҷоннок намуд. Айни замон фабрикаи бойгардонӣ бо иқтидори коркарди 3,0 млн. тн маъдан дар як сол сохта шуда, фаъолият намуда истодааст.

Баробар ба истеҳсоли хокаи сурбу руҳ, аз тарафи корхона дар соли 2013 истеҳсоли хокаи мис ва шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2017 истеҳсоли сурби металлӣ ба роҳ монда шудааст. Манбаъи асосии ашёи хоми корхона конҳои «Зарнисор», «Пай-Булоқ» ва «Зарнисори шимолӣ» мебошанд.

Бо мақсади рушд ва эътирофи манфиатҳои судманди ҷонибҳо, дар моҳи сентябри соли 2014 ҳангоми ташрифи расмии Роҳбари аввали Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Цзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ширкати байналмилалӣ Тачен оид ба захираҳои СУАР»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, ба имзо расонида шуд.

Мақсади ба имзо расонидани санади мазкур, ин ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани куҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда мебошад.

Дар таъмини амният ва аҳолии кишвар бо маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ саноати хўрокворӣ мавқеи калидӣ дорад. Нишондиҳандаи асосии соҳаи саноати хӯрокворӣ ин зиёд намудани ҳиссаи махсулоти соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ, баландбардории сифати он, тавассути татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот буда, чи тавре, ки дар Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ гардидааст, татбиқи он ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва табдил додани раванди идомадоштаи иқтисодиёт ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ мусоидат менамояд.

Тибқи маълумотҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар соли 2017 ба 4304,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 116,8% ва ё 619,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад, ки он аз ҳисоби истеҳсоли орд – 11,3 фоиз, гўшт – 4,3 фоиз, маҳсулоти ҳасибӣ – 1,1 фоиз, маҳсулоти шири холис – 2,5 фоиз, консерва – 1,9 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ – 18,9 фоиз, равғани растанӣ – 26,1 фоиз, нушокиҳои беспиртӣ – 4,3 фоиз, обҳои минералӣ – 17,5 фоиз ба вуҷуд омадааст. Ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар 21,5%-ро ташкил дод.

Тавре, ки аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, соли 2017 дар натиҷаи ҷалб намудани сармоя ва ворид кардани таҷҳизоти технологии муосир дар саноати хӯрокворӣ 56 корхонаю коргоҳ бо таъсиси 579 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки воридоти ашёи хоми коркард ва истеҳсоли маҳсулотҳои нав, маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда афзун шуда истода, соли 2017 ба кишвар бо ворид намудани зиёда аз 1 млн тонна гандум ва коркарди саноатии он ҳаҷми истеҳсоли орди ватанӣ ба 647,6 ҳазор тонна расонида шуд. Дар натиҷаи истифодаи ашёи хоми воридотӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои саноатӣ, ҳиссаи орди гандумии истеҳсоли ватанӣ дар таъмин намудани бозорҳои истеъмолии мамлакат зиёд гардада, ҳиссаи он ба 92% расонида шуда, ҳиссаи ордӣ воридотӣ то ба 8% (54,6 ҳаз.тн) коҳиш ёфт, ки дастоварди назарраси соҳа дар самти табдил додани раванди идомадоштаи иқтисодиёт ба кишвари индустриалӣ- аграрӣ мебошад.

Солҳои охир дар кишвар саноати масолеҳи сохтмон низ бо суръати нав рушд карда истодааст. Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ мувофиқи дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди содиротии кишвар кор бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истоданд.

Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар семоҳаи якуми соли 2018 ба маблағи 462,6 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 141,3 %- ро ташкил медиҳад. Шумораи коргоҳу корхонаҳо ба 486 адад, ҷойҳои корӣ 9595 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба 1230 сомонӣ баробар шудааст.

Яке аз ашёҳои хоме, ки дар соҳаи сохтмон бештар истифода мешавад семент аст. Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир

семент”-и ноҳияи Ёвон 33,0 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,0 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 22,0 %, “Сементи Тоҷик” 8 % хело назаррас мебошад.

Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки ҳаҷми истеҳсоли семент ба 774,0 ҳазор тонна, масолеҳи деворӣ 14,4 миллион дона, гаҷкартон 525,0 ҳазор дона, гаҷ 1,8 ҳазор тонна, шифер 31,1 ҳазор дона расидааст. Дар умум истеҳсоли намудҳои масолеҳи сохтмонӣ дар шакли аслӣ иҷро гардид.

Дар давраи ду соли охир 322,0 ҳазор тонна семент содир гардидааст, аз ҷумла: ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 172,0 ҳазор тонна, Афғонистон 131,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 19,0 ҳазор тонна. Дар содироти семент ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” 29,1 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 22,4 %, “Чунгтсай Моҳир семент” 44,0 %, “Тоҷ Чайна 2013” шаҳри Ваҳдат 2,0 % саҳмгузорӣ намудаанд. Воридоти семент бошад, ҳамагӣ 3,0 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Инчунин, истеҳсоли гаҷкартон ҳамчун маҳсулоти ивази воридот ба 525,0 ҳазор дона баробар шудааст, ки назар ба семоҳаи якуми соли гузашта 335,0 ҳазор дона зиёд аст. Аз ин миқдор аз ҷониби ширкати “Ху Чан индустриал”-и ноҳияи Ёвон 205,0 ҳазор дона гаҷкартон ба маблағи 664,0 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шудааст.

Ногуфта намонад, ки саҳми арзандаро дар рушди иқтисодиёти кишвар соҳаи истеҳсол ва тақсимоти нерўи барқ, газ ва об мебозад. Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ - декабри соли 2017–ум 3724,0 млн. сомониро ташкил кард, хаҷми рушди истеҳсолот аз рўи намуди фаъолияти мазкур 116,5 фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла ҳаҷми тақсими нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ - декабри соли 2017-ум 957,9 млн. сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2018 шумораи НОБ-ҳои хурд 283 ададро ташкил кард, ки аз онҳо 97 адад фаъоланд ва онҳо дар ин давра ба миқдори 24,5 млн. кВт. соат нерўи барқ истеҳсол намудаанд. Ҳаҷми маҳсулоти бор карда баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 якҷоя бо боқимондаи маҳсулоти саноатӣ 18512,8 млн. сомониро ташкил дод, ҳиссаи маҳсулоти саноатии боркарданашуда нисбат ба захираи молҳо 10,7 фоизро ташкил намудааст.

Хуллас, гуфтан мумкин аст, ки корхонаҳои соҳаи саноати ҶТ то андозае фаъолияташон самаранок гашта истодаанд ва ба рушду равнақи иқтисодиёти кишвар нақши назаррасе хоҳанд дошт. Дар оянда мақсадҳои сиёсати дохила ва берунаи кишвар бояд ба фароҳам овардани шароитҳои мусоидаткунандаи рушд, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо, манфиатҳо ва шаъну шарафи аҳолӣ, таҳкими мавқеи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ равона карда шаванд. Инчунин, сиёсати дохилӣ бояд ба коҳишдиҳии осебпазирии иқтисодиёти кишвар ба таҳдидҳои эҳтимолии беруна, ҷустуҷў ва таҳияи механизмҳои самаранок ва сарчашмаҳои дохилии рушди устувори иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, шуғли пурмаҳсул, дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ равона гардад. Иқтидори иқтисодии кишвар бояд ҳамчун заминаи моддии амнияти миллӣ арзёбӣ гардад ва гузаришро аз иқтисоди аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ таъмин намояд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба