НАҚШИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРДИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақолаи таъсири роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба рушди иқтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ҷанбаҳои назариявии таъсири инфрасохтори нақлиётӣ ба рушди иқтисодӣ таҳлил карда шуда, ҳолати кунунии шабакаи роҳҳои мамлакат мавриди назар қарор дода шудааст ва самтҳои калидии таъсири он ба савдо, фаъолии инвеститсионӣ, хоҷагии қишлоқ ва рушди минтақавӣ ошкор гардидааст. Дар асоси нишондодҳои оморӣ ва санадҳои меъёрӣ зарурияти таҷдиди минбаъдаи инфрасохтори нақлиётию роҳӣ ҳамчун омили стратегии рушди устувори иқтисодиёти миллӣ асоснок карда шудааст.
Рушди инфрасохтори нақлиётӣ яке аз омилҳои калидии рушди иқтисодӣ ва тавсеаи фазогии мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо релефи куҳӣ ва набудани баромад ба баҳр тавсиф мегардад, роҳҳои автомобилгард дар таъмини тамомияти арзӣ ва ҳамгироии иқтисодии минтақаҳо нақши ҳалкунандаро мебозанд.
Роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта зиёда аз 90% - и боркашониҳои дохилиро таъмин менамоянд, ки аз вобастагии зиёди иқтисодиёти миллӣ аз сифат ва ҳолати шабакаи роҳӣ шаҳодат медиҳад. Дар робита бар ин таҳқиқот ва нақши он дар рушди иқтисодиёт мубрамияти баландро касб менамояд.
Мақсади таҳқиқот – муайян намудани таъсири роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асосноккунии самтҳои баланд бардоштани самаранокии амалнамоии онҳо.
Асосҳои назариявии таъсири инфрасохтори нақлиётӣ ба рушди иқтисодӣ.* Инфрасохтори нақлиёти ба сифати омили калидии рушди иқтисодӣ бо таъсир расонидан ба коҳишёбии хароҷот ҳангоми ҷойивазкунии маҳсулот ва хизматрасонӣ, фарохгардонии бозорҳо ва баланд бардоштани мутаҳаррикии омилҳои истеҳсолот муаррифӣ мегардад. Таҳқиқоти эмпирикии иқтисодчиёни рус нишон медиҳад, ки рушди шабакаи нақлиётӣ бо рушди нишондиҳандаҳои иқтисодии минтақаҳо вобастагӣ дорад, вале самараи бадастомада вобаста аз сохтори иқтисодиёти минтақавӣ ва пуррагии инфрасохтор тавсфиоти гуногун доранд.
Дар таҷрибаи Руссия натиҷаҳои таҳқиқоти эконометрикӣ аз аҳамияти инфрасохтори нақлиётӣ дар рушди индустриалии минтақаҳо шаҳодат медиҳад. Масалан, муҳаққиқон Игнатьева Е.Д. ва Серкова А.Е нақши шабакаи роҳиро дар мувозӣ гардонидани рушди соҳаи саноат ва маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ бо қайд намудани рушди пешсафонаи инфрасохтори он нисбати дигар бахшҳои иқтисодиёт таъкид намудаанд.
Таҳлили дигари иқтисодчиёни рус нишон медиҳад, ки инфрасохтори нақлиётӣ яке аз муҳаррикони рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа мебошад, вале сатҳи таъсири он метавонад аз экстерналияҳои фазогӣ ва махсусиятҳои робитаҳои байниминтақавӣ вобастагӣ дошта бошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши нақлиёт динамикаи рушди усутворро нишон медиҳад, ки дар нишондодҳои оморӣ дар самти рушди шабакаи нақлиётӣ ва афзоиши ҳамлу нақл дар солҳои охир инъикос ёфтааст. Сармоягузориҳои хориҷӣ ба сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ равона карда мешаванд, ки бояд ба ҳамгироии иқтисодиёти мамлакат ба занҷирҳои минтақавии таҳвилот ва ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ мусоидат намояд.
Ҳисоботи ташкилотҳои байналмилалӣ низ ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаббусҳои нақлиётии фаросарҳадӣ, ба монанди масирҳои транскаспий ва навсозии инфрасохтори логистикӣ бо иштироки шарикони хориҷӣ арзёбӣ менамояд.
Ширкати давлатӣ ва омилҳои институтсионалӣ
Муҳаққиқони рус дар як қатор таҳқиқоти худ қайд менамоянд, ки инфрасохтори нақлиётӣ ҳамчун омили рушд аз шароитҳои институтсионалӣ ва банақшагирии стратегӣ вобастагӣ дорад. Дар баробари сармоягузориҳо ҳамзамон механизми ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва баҳисобгирии экстерналияҳои фазогӣ тақозо карда мешавад, ки ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ таъсир менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалӣ ва таҳияи стратегияҳои нақлиётии сатҳи байналмилалӣ як қисмати сиёсати давлатӣ мебошанд, ки ба баланд бардоштани самаранокии инфрасохтор ва ҳиссаи он дар рушди иқтисодии мамлакат нигаронида шудаанд.
Ҳолати кунунии роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тибқи нишондодҳои расмии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарозии умумии шабакаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ тақрибан 26575 километрро ташкил медиҳад. Ба ин дарозӣ кулли роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ – ҳам роҳҳои истифодаи умум ва ҳам роҳҳои идорию инфрасохторӣ шомиланд. Аз ин дарозии роҳҳо наздики 14314 км ба роҳҳои истифодаи умум мансуб мебошад, ки таҳти идораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Роҳҳои мазкур робитаи нақлиётии миёни шаҳру ноҳияҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадиро таъмин намуда, асоси шабакаи нақлиётии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.
Тибқи таҳлили Созмони ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC: Central Asia Regional Economic Cooperation Program) тақсимоти шабакаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ чунин ба назар мерасад:
- роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалидошта – 3383,5 км;\
- роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта – 2184 км;\
- роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта – 8746,5 км.
Дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди таҳти идораи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ
қарордошта ба 14314 км баробар аст. Дарозии боқимондаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ, ки 12261 километрро ташкил медиҳад, аз роҳҳои хусусӣ, саноатию хизматӣ ва фаръии дар ихтиёри дигар мақомот ё сохторҳои хусусӣ қарордошта иборат аст.
Системаи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо релефи мураккаби куҳӣ ва мавҷуд набудани имкони баромадан ба баҳр тавсиф карда мешавад, ки истифодаи нақлиёти обиро маҳдуд намуда, вобастагиро аз роҳҳои автомобилгард зиёд мекунад. Нақлиёти автомобилӣ намуди асосии таҳвили борҳо ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам ба бозорҳои берунӣ мебошад.
Тибқи нишондодҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ ба ҳисоби миёна зиёда аз 94,0 % - и ҳамлу нақли борҳоро амалӣ намуда истодааст. Дар ҷадвали 1 таҳлили ҳаҷми боркашонӣ бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар давраи солҳои 2019 – 2024 оварда шудааст.
Сабабҳои асосии ҳукмронии нақлиёти автомобилиро дар системаи боркашонии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон чунин шарҳ дод:
1. Ҷузъиёти ҷуғрофии кишвар: минтақаи кӯҳсор сохтмони роҳи оҳанро душвор мекунад ва самаранокии нақлиёти обиро маҳдуд месозад.
2. Рушди шабакаи роҳҳо: тақрибан 26,6 ҳазор км роҳҳо, ки аз онҳо 14 314 км роҳҳои истифодаи умум мебошанд, дастрасии васеи нақлиётиро таъмин мекунанд.
3.Манфиати иқтисодӣ: нақлиёти автомобилӣ имкон медиҳад, ки борҳо зудтар ва бо хароҷоти камтар дар масофаҳои кӯтоҳ ва миёна расонда шаванд. Бартарии дигари нақлиёти автомобилӣ амали он аз рӯи принсипи “аз дар то дар” мебошад.
Таҳлили нишондодҳо ва системаи боркашонии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки нақлиёти роҳи оҳан ҳиссаи ками боркашониро (тақрибан 6%) амалӣ менамояд. Нақлиёти ҳавоӣ тақрибан ба сохтори боркашонӣ таъсир намерасонад ва нақлиёти автомобилӣ дар самти логистика ва таъмини ҳамгироии иқтисодии минтақаҳои мамлакат нақши калидиро мебозад.
Дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва системаи интиқоли бор ва мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми беандоза дорад. Гувоҳи ин гуфтаҳои таваҷҷуҳ ба системаи нақлиётӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ зоҳир намудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи ҳамасолаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Миллӣ мебошад. Дар баробари ин маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат таи солҳои охир як қатор барномаҳои давлатӣ ва мақсадноки рушди инфрасохтори нақлиётӣ қабул карда шуданд. Барномаи давлатӣ маҷмӯи тадбирҳо ва лоиҳаҳое мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои муайян дар соҳаи мушаххас амалӣ карда мешавад. Барномаи мақсадноки давлатӣ бошад намуди нисбатан маҳдуди барномаи давлатиест, ки барои ҳалли масъалаҳои мушаххас равона карда мешавад. Айни замон дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои давлатӣ ва барномаҳои муҳимтарини мақсадноки давлатӣ амал менамоянд, ки ба навкунии инфрасохтори нақлиётӣ, ҷалби инвеститсия, таъмини иқтидори транзитии мамлакат ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа равона карда шудаанд.
Инфрасохтори нақлиётӣ ба сифати омили калидии рушди иқтисодӣ муаррифӣ мегардад. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нақлиёти автомобилӣ ҳам дар гардиши маҳсулоти дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ҳукмронӣ дорад, сифат ва дастрасии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ба динамикаи иқтисодиёт таъсири назаррас мерасонанд.
Ба андешаи мо таъсири роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриро ба иқтисодиёти миллӣ метавон дар заминаи унсурҳои зерин муайян намуд:
1.Таъсири роҳҳои автомобилгард ба савдои дохилӣ. Рушд ва таҷдиди шоҳроҳҳои калидӣ, ба монанди шоҳроҳҳо миёни пойтахт ва манотиқи саноатӣ боиси коҳиш ёфтани вақт ва арзиши боркашонӣ дар дохили мамлакат мегардад. Коҳиш ёфтани вақти интиқол дар навбати худ боиси беҳдошти дастрасӣ ба бозорҳо барои истеҳсолкунандагони маҳсулот гардида, ба фарох гардидани гардиши маҳсулот миёни минтақаҳо ангезаи хоса мебахшад. Чунин таъсир бахусус барои бахши хоҷагии қишлоқ муҳим аст, зеро таҳвили саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ талафоти эҳтимолии онро коҳиш дода, даромади кишоварзонро афзун мекунад.
2.Таъсири роҳҳои автомобилгард ба содирот ва савдои беруна. Роҳҳои автомобилгардбаромадани ба сарҳади давлатҳои ҳамсоя ва бозорҳои байналмилалиро таъмин менамоянд, ки имкониятҳои содиротиро густариш медиҳад. Тибқи ҷамъбасти нишондодҳои соли 2025 содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30% афзуда, новобаста аз норасогии мувозинаи савдо – нишондиҳандаи инъикоскунандаи фаъолии савдои беруна ба нишондоди зиёда 2,25 млрд. доллари ИМА баробар гардидааст. Беҳдошти робитаҳои нақлиётӣ тавассути шоҳроҳҳо ба коҳишёбии хароҷоти логистикӣ ва шиддатёбии содироти ашёи хом ва маҳсулоти коркардшуда мусоидат менамояд.
3.Лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва аҳамияти онҳо. Таҷдиди объектҳои калидии шабакаҳои роҳу нақлиётӣ ва ҷоринамоии системаҳои рақамии идоракунии роҳҳо эътимодияти логистика ва самаранокии истифодаи захираҳоро баланд мебардоранд. Масалан, арзёбии ҳолати активҳои роҳӣ дар масофаи зиёда аз 4400 километри шабака бо истифода аз системаҳои рақамии муосир имкони муносибгардонии таъмир ва хизматрасониҳои роҳҳоро фароҳам меорад.
4.Самараи инвеститсионӣ ва маблағгузорӣ. Таъсис додани механизмҳои молиявӣ, ба монанди Фонди роҳ ба маблағгузории босуботи инфрасохтори роҳӣ нигаронида шудааст. Ин ташаббусҳо талошҳои давлатро дар самти навкунии соҳаи нақлиёт ва ҷалби инвеститсия инъикос менамоянд, ки ба шарофати таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳаи сохтмон ва баланд гардидани фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун омили таконбахши рушди иқтисодӣ хизмат мекунад.
5.Маҳдудиятҳо ва хавфҳои сохторӣ. Новобаста аз самараи мусбат инфрасохтори нақлиётӣ бо як қатор мушкилоти ҷиддӣ дучор мегардад. Шароитҳои ҷуғрофӣ арзиши баланди нигоҳдории роҳҳо дар маҳали куҳсор хароҷоти буҷавиро меафзояд. Мушкилоти дигар маҳдудияти анбуҳҳои транзитӣ мебошад, ки ба ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 1% - и ҳамлу нақли транзитии минтақа рост меояд. Маҳз бо ҳамин хотир роҳбарияти ҷумҳурӣ кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки иқтидорҳои асосиро ба беҳдошти хизматрасониҳои логистикӣ ва ҳамгироӣ ба долонҳои байналмилалӣ равона созанд.
Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ҷумла қайд намуданд “... Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд”.
Дар робита бо ин Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бори нахуст дар таърихи мамлакат баҳисобгирии роҳҳои автомобилгард хабар дод, ки дар натиҷаи он ба санаи 1 – уми июли соли 2025 оиди 5226,3 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта (94,5% аз дарозии умумӣ) маълумот ҷамъ карда шуда, минбаъд шиноснома кунонида мешаванд. Ҳамзамон барои мониторинги ҳолати роҳҳо системаи баҳисобгирии ROMDAS ҷорӣ карда шуд, ки барои банақшагирии таъмир ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии роҳҳо мусоидат менамояд.
Дар баробари ин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди наздики 30 сол бо мақсади таъмини манбаи устувори маблағгузорӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳо, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи самараноки маблағҳо, ҷалби сармоягузорӣ ва кумакҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ Фонди роҳ таъсис дода шуд, ки албатта барои ояндаи роҳ ва нигоҳдории он таъсири мусбат мерасонад.
Дар соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва азнавсозии тақрибан 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин як қисмати лоиҳаҳои инвестистионии давлатӣ дар самти беҳдошти инфрасохтори нақлиётӣ мебошад. Миёни роҳҳои асосие, ки дар соли 2026 бояд сохта ё таҷдид карда шаванд, қитъаҳои калидии инфрасохтори нақлиёии дар ҷадвали 3 дарҷгардида қарор доранд.
Дар баробари ин роҳҳо ҳамчунин метавон роҳи автомобилгарди Хистеварз - Конибодом (Арка) ба масофаи 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор низ дар соли 2026 бояд бунёд карда шаванд.
Дар баробари сохтмон ва навсозии объектҳои номбаршуда дар соли 2026 ҳамчунин бояд идома додани барнома ва лоиҳаҳои қаблан оғозгардида дар самти сохтмони шоҳроҳҳои калон (масалан, идомаи рушди шоҳроҳи Обигарм – Нуробод) долонҳои байналмилалӣ ва дигар объектҳои инфрасохторӣ ба инобат гирифта шавад.
Новобаста аз дастоварду муваффақиятҳои бадастовардаи комплекси нақлиётии кишвар дар самти инфрасохтори нақлиётӣ то кунун як қатор мушкилоти ҷиддӣ мавҷуданд, ки барои фаъолияти босамари ин соҳаи калидии кишвар албатта бетаъсир нахоҳанд монд. Ба қатори мушкилоти мавҷудаи соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ метавон мушкилоти зеринро шомил намуд:
1.Омилҳои ҷуғрофӣ ва иқлимӣ. Релефи куҳӣ яке аз мушкилоти асосии инфрасохтори нақлиётии ҷумҳурӣ мебошад, ки сохтмон ва нигоҳдории роҳҳоро душвор мегардонад. Дар баробари ин фаромадани ярч, омаданисел, тарма ва обхезиҳо боиси вайроншавии сатҳи руйпӯши роҳҳо ва купрукҳо мегарданд. Ба ин категория ҳамчунин метавон арзиши баланди корҳои сохтмониро дар ноҳияҳои душворгузари манотиқи Рашт ва ВМКБ мисол овард.
2.Нокифоягии маблағгузорӣ барои нигоҳдории роҳҳо. Таваҷҷуҳи асосӣ якчанд муддат ба сохтмони роҳҳои автомобилгарди нав зоҳир гардида, маблағгузории мунтазами роҳҳои автомобилгарди амалкунанда каме дуртар аз мавриди назар қарор гирифтанд. Аз ин сабаб руйпӯши як қисми роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ фарсуда гардида, таъмири ҷорӣ ва асосии системавиро тақозо менамоянд. Маҳдудияти захираҳои буҷавӣ ва вобастагӣ аз қарзу грантҳоро низ метавон ба ин катеогрия шомил сохт [3].
3.Инфрасохтори фарсудагардида. Аксарияти роҳҳои автомобилгарди дар даврони Шӯравӣ сохташуда ба таъмир ва таҷдиди ҷиддӣ ниёз доранд. Фарсудашавии баъзе купрукҳо ва иншооти обихроҷкунию нақбҳо хатари садаманокиро меафзояд.
4.Мушкилоти логистикӣ ва институтсионалӣ. Нокифоягии ҳамгироии долонҳои нақлиётӣба занҷираҳои логистикии байналмилалӣ, маҳдудият дар самти рақамикунонии активҳои роҳӣ (ҳарчанд системаи мониторинг тайи солҳои охир ҷорӣ гардидааст) ва мушкилоти ҳамоҳангсозии робитаҳо миёни идораҳо ва минтақаҳо шомили ин намуди мушкилот мебошанд.
5.Сарбории аз ҳад зиёди воситаҳои нақлиёт. Боркашонӣ бо зиёд кардани сарбории иҷозатшуда боиси вайроншавии роҳ ва унсурҳои таркибдиҳандаи он гардида, назорати нокифоя дар ин самт ба баъзе қитъаҳои роҳҳои автомобилгард таъсири худро расонидааст.
6.Вобастагӣ аз маблағгузории берунӣ. Лоиҳаҳои инвеститсионии бузург тавассути дастгириҳои институтҳои молиявии байналмилалӣ дар намуди қарз ва грантҳо татбиқ мегарданд. Ҳолати мазкур сарбории қарзиро ба миён оварда, идоракунии самараноки лоиҳаҳоро тақозо менамояд.**
7.Истифодаи нопурраи иқтидори транзитӣ. Новобаста аз мавқеи мувофиқи стратегӣ миёни Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ инфрасохтори нақлиётии мамлакат ба сатҳои долонҳои транзитии байналмилалӣ пурра мувофиқат намекунад. Дар баробари ин дар баъзе манотиқи кишвар навкунии инфрасохтори наздисарҳадӣ ва нуқтаҳои гузариш тақозо мешавад.
Барои бартарафсозии мушкилоти дар доло дарҷгардида ва ба роҳ мондани фаъолияти боз ҳам самараноки объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ, бахусус роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ метавон самтҳои зерини рушдро пешниҳод намуд:
1.Гузариш аз сохтмони экстенсивӣ ба идоракунии босуботи роҳҳо. Бо назардошти фарсудашавии инфрасохтори нақлиётӣ афзалияти асосӣ бояд ба афзоиши маблағгузорӣ барои таъмири ҷорӣ ва асосии роҳҳои мавҷудбуда дода шуда, системаи хизматрасониҳои нақшавӣ ҷорӣ карда шавад ва механизми устувори маблағгузорӣ (бо назардошти амалнамоии пурраи Фонди роҳ) бунёд гардад.
2.Рушди низоми идоракунии активҳои роҳӣ. Барои ҳалли мушкилоти баҳисобгирии бесамар ва мониторинги ҳолати роҳ фарохгардонии системаҳои рақамии мониторинги ҳолати роҳҳо, бақайдгирии мунтазам ва шиносномакунии шабакаи роҳӣ ва ҷоринамоии воситаҳои таҳлилӣ барои пешгӯии фарсудашавии роҳ зарур меояд.
3.Мутобиқшавӣ ба хавфҳои иқлимӣ ва табиӣ. Бо назардошти релефи куҳӣ ва офатҳои табиӣ зарурат ба сохтмони иншооти зиддитармавӣ ва ярчфароӣ, навкунии системаи заҳбурҳо, истифодаи маводҳои сохтмонии ба сарбориҳои иқлимӣ усутвор ва таҳияи барномаҳои устувории иқлимии инфрасохтор пеш меояд.
4.Тақвият бахшидан ба назорати сарборӣ ба роҳ. Барои беҳдошти муҳлати истифодаи руйпӯши роҳ рушди шабакаи нуқтаҳои назорати вазни воситаҳои нақлиёт, мониторинги рақамии боркашонӣ ва тақвият бахшидани ҷавобгариҳо барои аз меъёр зиёд боркунии автомобилҳо зарур мешавад.
5.Рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ. Барои истифода пурраи иқтидори транзитии мамлакат навсозии роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта, беҳдошти инфрасохтори наздисарҳадӣ, мутобиқсозии сиёсати нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва рушди логистикаи мултимодалӣ муҳим мебошад.
6.Рушди иқтидори кадрӣ ва техникӣ. Барои рушди устувори соҳа омодасозии кадрҳои муҳандисии баландихтисос, ҷоринамоии технологияҳои муосири сохтмонӣ ва навкунии техника ва таҷҳизоти роҳӣ зарур меояд.
7. Бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта ба роҳ мондани истифодаи роҳҳои пулакӣ. Тавре таҷрибаи ширкати IRS дар роҳи пулакии Душанбе – Чаноқ нишон медиҳад, барои нигоҳдории роҳ дар ҳолати омодагӣ ин механизми самаранок мебошад.
8. Таъсис додани озмоишгоҳҳои муосир дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои санҷиш ва таъмини сифати зарурии маҳсулоти роҳӣ, аз қабили асфалт, бетон, битум ва ғайра.
9. Харидорӣ ва дарёфти теъдоди зарурии воситаҳои муосири техникаи сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард.
10. Шинонидани дарахтҳо ва буттаҳои мутобиқ ба релефи маҳалу шоҳроҳҳо бо мақсади мустаҳкамкунии роҳҳо ва иншооти роҳӣ.
Хулоса
Рушди ояндаи соҳаи роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд на танҳо ба афзудани дарозии он аз ҳисоби роҳҳои нав, балки пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифат, устуворӣ ва самаранокии иқтисодии инфрасохтор нигаронида шавад. Равиши комплексӣ, ки навкунӣ, рақамикунонӣ, маблағгузории босубот ва мутобиқсозии иқлимии роҳҳоро ҳамоҳанг менамоянд имкони таъмини саҳми дарозмуддати шабакаи роҳиро ба рушди иқтисодии мамлакат фароҳам меорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё