Дороии шахсии директори генералии NVIDIA аз арзиши бозории Intel бештар аст!
Арзиши сарвати шахсии Ҷенсен Ҳуанг, директори генералии NVIDIA, ба дараҷае афзудааст, ки ҳоло метавонад Intel-ро бихарад.
Арзиши холиси дороиҳои Ҷенсен Ҳуанг, директори генералии NVIDIA, дар ҳоли ҳозир бо 109.2 миллиард доллар аз арзиши саҳмияҳои Intel гузашт. Нархи саҳмияҳои Intel бо ошкор шудани мушкилоти молии он дар соли ҷори, бо коҳиши шадиде дучор шуд.
Шавқ ба зеҳни сунъӣ ва фаъолияти NVIDIA ба унвони истеҳсолкунандаи пешрави протсессорҳои графикии зеҳни сунъӣ, фаъолияти саҳмияҳои онро тақвият додааст ва ин ширкатро дар соли охир ба боарзиштарин ширкати ҷаҳон аз нигоҳи арзиши бозор табдил кардааст.
Бо вуҷуди ин ки нархи саҳмияҳои NVIDIA аз он замон то кунун тақрибан 10 дарсад коҳиш ёфтааст, ҳамоно дар канори дигар ширкатҳои технология монанди Apple, Microsoft, Alphabet (Google) ва Amazon, дар радаи сеюм аз панҷ ширкати бузург қарор дорад.
Ҷаҳиш дар фаъолияти саҳмияҳои NVIDIA, таъсири мӯъҷизаосое бар вазъияти молии Ҳуанг гузоштааст. Ӯ ба таври мустақим молики беш аз 75 миллион саҳми NVIDIA ва низ 786 миллион саҳми дигар аз тариқи дигар шарикҳо аст.
Ҳуанг имсол бо фурӯши 6 миллион саҳм беш аз 700 миллион доллар аз миқдори саҳмияҳои худро нақд кардааст; аммо ин маблағ дар муқоиса бо арзиши кулли дороиҳои саҳмияҳои NVIDIA-и Ҳуанг (беш аз 100 миллиард доллар) танҳо бахши хурде аст. Ин мавзӯъ директори генералии NVIDIA-ро дар ҷои ёздаҳуми миллиардерҳо аз нигоҳи Forbes қарор додааст ва танҳо 20 миллиард доллар барои вуруд ба ҷумлаи 10 нафари аввал фосила дорад.
Ҷолиб инҷост, ки ҳам Илон Маск ва ҳам Ларри Эллисон, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷои аввал ва дуюм дар феҳристи миллиардерҳои Forbes қарор доранд, қасд доштаанд теъдоди бештари протсессорҳои графикии зеҳни сунъӣ аз ширкати таҳти мудирияти Ҷенсен Ҳуанг таҳия кунанд.
Intel, соли хуберо паси сар нагузоштааст ва арзиши бозориаш дар ҳоли ҳозир 96.39 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Нархи як саҳми Intel имрӯз ба 22.59 доллар мерасад, ки ба камтар аз нисфи он дар охири соли 2023, яъне 50 доллар барои як саҳм, коҳиш ёфтааст. Хабари мушкилоти молии Intel боис шуд, ки ин ширкат тайи як шаб 39 миллиард доллар аз арзиши бозори худро аз даст диҳад.
Шояд рӯи коғаз Ҷенсен Ҳуанг битавонад Intel-ро бихарад; аммо муҳаққақ шудани ин мавзӯъ каме дур ба назар мерасад. Таҳаққуқи ин мавзӯъ бо монеаҳои бузурги қонунӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд; вале агар рӯзе ин мавзӯъ амалӣ шавад, шоҳиди иттифоқи хеле бузургтар аз фурӯши Twitter ба Илон Маск хоҳем буд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё