Зеҳн

НАҚШИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ

ЗЕ
Зеҳн16 августи 2026 · 17 дақиқа хондан

Соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши калидӣ дорад. Рушди устувори соҳа имкон медиҳад, ки вобастагии мамлакат аз воридоти маҳсулоти озуқаворӣ коҳиш ёфта, сатҳи худтаъминкунӣ баланд гардад. Кишоварзӣ ҳамчун соҳаи стратегӣ заминаи асосии таъмини амнияти озуқаворӣ буда, рушди ҳамаҷонибаи он ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, устувории иқтисодӣ ва амнияти миллии мамлакат мусоидат менамояд. Дар мақола нақши соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Хаҷми истеҳсолоти минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таносуби истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ дар минтақаҳо ва аз рӯи категорияҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Як қатор пешниҳодҳо барои боз ҳам беҳтару хубтар шудани соҳаи кишоварзии мамлакат оварда шудааст. Самтҳои асосии амалисозии рушди соҳаи кишоварзӣ ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ асоснок ва пешниҳод гардидааст.

Масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити имрӯза, на танҳо ҳамчун самтҳои стратегии рушди иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, балки нақши худро дар сатҳи миллӣ аз даст надода, рӯз то рӯз аҳамияти глобалӣ низ пайдо намуда истодааст.

«Муаммоҳои таъмини муътадили амнияти озуқавории аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари давлат қарор дошт, дорад ва хоҳад монд. Ин муаммо дар се даҳсолаи охир яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ва рӯзмарра миёни дигар муаммоҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад» [1]. Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ «Ташкилоти байналхалқии озуқаворӣ ва кишоварзӣ» дар соли 2025, тақрибан 673 миллион нафар дар саросари ҷаҳон бо гуруснагӣ дучор меоянд, ки тақрибан 8,2%-и аҳолии сайёраро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи мазкур пайваста зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар Паём 16 декабри соли 2025 дарқ карданд, ки «...бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид» [2].

Нишондиҳандаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, дар сарчашмаҳои соҳавӣ ва таҷриба чунин нишондҳоро дар бар мегирад: сатҳи истеҳсолоти кишоварзӣ, сатҳи бо худтаъминкунии озуқаворӣ, сатҳи ногувори истеъмоли маҳсулотҳои муҳим ва дараҷаи имконоти дастрасии озуқа барои қисмати камбизоати аҳолӣ. Тибқи маълумоти омори соҳавӣ дар шароити Тоҷикистон беш аз 90% маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ аз ҳисоби заминҳои обӣ ташаккул меёбад. Самаранокӣ ва ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла дар заминҳои обӣ (55-60 с/га, хоҷагии Ворӯхи ноҳияи Исфара, хоҷагии Шарораи шаҳри Ҳисор ва як қатор хоҷагиҳои ноҳияи Рӯдакиву шаҳри Ваҳдат) нисбат ба заминҳои обӣ (18-20 с/га) қариб cе маротиба ва аз ин ҳам бештар мебошад.

Омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки тибқи нишондодҳои ояндабинии соҳаи мазкур тибқи барномаҳо ва истифодаи самараноки заминҳои обӣ дар давоми 10-15 оянда, аз таҳкими раванди рушди устувори иқтисодӣ, беҳсозии вазъи демографӣ, таҳким ва амалисозии низоми стандартҳои тарзи ҳаёти солим, инчунин беҳтар кардани вазъи моддии аҳолӣ ва рушди маҷмӯи соҳаҳои кишоварзии кишвар вобаста мебошад.
дар моҳҳои январ–декабри соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 73976,6 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 10,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин афзоиш асосан ба ҳиссаи соҳаи растанипарварӣ (13,4 фоиз) рост омада, рушди соҳаи чорвопарварӣ нисбатан сусттар (4,8 фоиз) арзёбӣ мегардад. Дар сохтори истеҳсолот ҳиссаи асосӣ ба хоҷагиҳои аҳолӣ (50,4 фоиз) рост меояд, ки ин аз нақши калидии бахши ғайрирасмӣ дар таъмини бозори озуқаворӣ шаҳодат медиҳад» [4]. Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ 38,2 фоиз ва хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ҳамагӣ 11,4 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2024 ба 980,2 млн сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли қаблӣ 13,0 фоиз афзоиш ёфтааст. Рушди мазкур бештар аз ҳисоби растанипарварӣ (13,9 фоиз) таъмин гардидааст. Ин минтақа дар муқоиса ба дигар минтақаҳо дар он аст, ки 65,1 фоизи маҳсулоти кишоварзияш дар хоҷагиҳои аҳолӣ истеҳсол мешавад. Ин ҳолат ба шароити кӯҳистонӣ, маҳдуд будани заминҳои корам ва шакли анъанавии хоҷагидорӣ вобаста мебошад. Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар минтақа нисбатан баланд буда, 18,5 фоизро ташкил медиҳад.

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои калидии кишоварзии ҷумҳурӣ буда, ҳаҷми умумии маҳсулот ба 22383,2 млн сомонӣ расидааст. Суръати афзоиш 9,6 фоиз-ро ташкил медиҳад. Дар ин минтақа растанипарварӣ соҳаи бартаридошта буда, нишондиҳандаи афзоиши он 112,6 фоизро ташкил медиҳад. Хусусияти муҳими вилояти Суғд дар он аст, ки 44,9 фоизи маҳсулот аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ истеҳсол шуда, ин нишондиҳанда баландтарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ нисбатан паст (37,3 фоиз) мебошад, ки аз рушди шаклҳои муосири хоҷагидорӣ шаҳодат медиҳад.

Вилояти Хатлон дар соли 2024 бо ҳаҷми 39148,4 млн. сомонӣ пешсафи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Афзоиши солона 10,0 фоиз-ро ташкил медиҳад. Дар сохтори соҳа растанипарварӣ мавқеи асосӣ дорад, аммо дар чорвопарварӣ суръати рушд нисбатан паст (3,2 фоиз) ба назар мерасад. Аз ҳисоби хоҷагиҳои аҳолӣ бошад, 57,1 фоизи маҳсулот истеҳсол мегардад, ки вобастагии баланди минтақа аз истеҳсолоти хонаводагиро нишон медиҳад. Нишондаҳандаи ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ паст буда, 7,8 фоиз-ро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 11464,8 млн. сомонӣ-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2023 13,4 фоиз афзоиш ёфтааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои баланд дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Рушди асосӣ ба соҳаи растанипарварӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда ба 15,6 фоиз расидааст. Дар сохтори истеҳсолот хоҷагиҳои аҳолӣ (51,6 фоиз) мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (37,4 фоиз) нисбатан устувор буда, имконияти рушди минбаъдаи онҳо вуҷуд дорад».

Маълумотҳои ҷадвал нишон медиҳанд, ки дар моҳҳои январ–декабри соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти растанипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли афзоиши устуворро соҳиб гардидааст. Тибқи нархҳои ҷории соли 2024 ҳаҷми истеҳсолот 51 612,8 млн сомонӣ-ро ташкил дода, бо нархҳои муқоисавии соли 2023 ин нишондиҳанда ба 50 984,8 млн сомонӣ баробар мебошад. Суръати афзоиши воқеии истеҳсолот 107,5 фоиз-ро ташкил дода, аз рушди мусбати соҳаи растанипарварӣ дар давраи таҳлилшаванда шаҳодат медиҳад.

Таҳлили минтақавии нишондиҳандаҳо нишон медиҳад, ки вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи асосии истеҳсолкунандаи маҳсулоти растанипарварӣ баромад намуда, ҳаҷми истеҳсолот дар он 27 088,5 млн сомонӣ-ро ташкил медиҳад. Суръати афзоиш дар ин минтақа 115,6 фоиз буда, яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҳолат аз иқтидори баланди истеҳсолӣ ва нақши калидии минтақа дар таъмини амнияти озуқавории кишвар дарак медиҳад.

Вилояти Суғд бо ҳаҷми истеҳсолоти 16 549,8 млн сомонӣ дар ҷойи дуюм қарор дошта, суръати афзоиш 112,6 фоиз-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо аҳамияти Суғдро ҳамчун минтақаи муҳими кишоварзӣ, махсусан дар истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ, тасдиқ менамоянд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ ба 7 415,9 млн сомонӣ баробар буда, суръати афзоиш 115,6 фоиз-ро ташкил медиҳад, ки аз суръати нисбатан баланди рушди соҳа дар ин минтақа шаҳодат медиҳад. ВМКБ, новобаста аз ҳаҷми нисбатан ками истеҳсолот (558,6 млн сомонӣ), суръати афзоиши баланд (113,9 фоиз) нишон медиҳад, ки ин ба тадриҷан фаъол гардидани истеҳсолоти кишоварзӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ишора мекунад.

Дар ҷумҳурӣ, «тақсимоти ҳаҷми истеҳсолот аз рӯи шаклҳои хоҷагидорӣ нишон медиҳад, ки ҳиссаи асосии маҳсулоти растанипарварӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ рост омада, 52,6 фоизро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои аҳолӣ бо ҳиссаи 36,1 фоиз ҷойи дуюмро ишғол намуда, дар таъмини бозори дохилӣ ва худтаъминкунии аҳолӣ нақши назаррас доранд. Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ бошад, нисбатан кам буда, ҳамагӣ 11,3 фоизро ташкил медиҳад» .

Тибқи тақсимоти минтақавӣ, мавқеи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Суғд дар сатҳи 60,7 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 53,2 фоиз бартарӣ дорад, дар ҳоле ки дар вилояти Хатлон ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ нисбатан баланд 41,6 фоиз мебошад. Дар ВМКБ саҳми хоҷагиҳои ҷамъиятӣ (35,4 фоиз) назаррас буда, ин хусусиятҳои табиӣ-иқлимӣ ва сохтори ташкилии истеҳсолотро инъикос менамояд.

Дар баробари рушди соҳаи кишоварзӣ, якчанд мушкилот ба самаранокии механизми таъмини амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла, то ҳол дар баъзе хоҷагиҳои дехқонӣ истифода бурдани техникаи кишоварзии куҳна ва фарсуда, гарон будани техникаи таҷҳизотҳои соҳа, сӯзишворӣ, тухмиҳо, нуриҳои минералӣ ва зотҳои чорво, инчунин зиёд будани миёнаравҳо байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда доир ба харид ва фурӯши маҳсулоти соҳа ба мушкилоти асосӣ табдил ёфтаанд. Илова бар ин, набудани иттилоъ дар бораи бозор ва нархҳо ва маҳдудияти имкони фурӯши маҳсулот дар бозорҳои доихилӣ ва хориҷӣ фаъолияти деҳқононро душвор мегардонад.

Ҳамзамон, иқтидори нокифояи истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ноустувории даромад аз таъсири иқлим, дастрасии маҳдуд ба қарз, хизматрасониҳо ва захираҳои зарурӣ, инчунин суст будани назорати бехатарии озуқаворӣ ва ҳамкории нокифоя бо корхонаҳои коркард боиси коҳиши истеҳсолот мегардад.

Таҳлили сохтори истеҳсолот нишон медиҳад, ки ҳиссаи асосии маҳсулоти чорводорӣ ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд (82,1 фоиз дар маҷмӯъ). Ин ҳолат махсусан дар ВМКБ (97,9 фоиз) ва вилояти Хатлон (93,0 фоиз) возеҳ мушоҳида мегардад. Саҳми хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 11,8 фоизро ташкил медиҳад, ки бештар дар вилояти Суғд (25,3 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (16,9 фоиз) мутамарказ шудааст. Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳамаи минтақаҳо нисбатан паст буда, дар маҷмӯъ 6,1 % - ро ташкил медиҳад.

«Дар моҳҳои январ - декабри соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 368577 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023-юм 5,0 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар хоҳагиҳои вилоятҳои Суғд 10,5 фоиз, Хатлон 4,8 фоиз, ВМКБ 2,1 фоиз зиёд шуда, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, 0,9 фоиз кам гардидааст. Дар давраи ҳисоботи истеҳсоли гӯшти паранда дар ҳамаи категорияи хоҷагидор ба 47381 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 0,7 фоиз зиёд мебошад. Зиёдшавии истеҳсоли гӯшти паранда дар вилояти Хатлон 4,3 фоиз (12706 тонна), Суғд ба 100,0 фоиз расида, 19332 тоннаро ташкил додааст, ВМКБ 58,1 фоиз (108 тонна) зиёд гардида, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1,5 фоиз кам шуда, ба 15236 тонна баробар гардидааст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар моҳҳои январ - декабри соли 2024 - ум 1177381 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 -юм 5,3 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли шир дар вилоятҳои Суғд 6,0 фоиз, Хатлон 5,1 фоиз, ВМКБ 3,6 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4,9 фоиз афзудааст.

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2024 ба миқдори 1265564 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 3,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли асал дар моҳҳои январ - декабри соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 4882,8 тоннаро ташкил намуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли асал дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 1603,3 тонна, Хатлон 1233,5 тонна, ВМКБ 64,7 тонна ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, 1981,3 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар гурӯҳи дигари маводи озуқаворӣ норасоии баъзе маҳсулотҳо ба мушоҳида мерасад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он гувоҳи медиҳад, ки нақши соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишварҳои дунё назаррарас буда, шумораи гуруснагон дар ҷаҳон тамоюли ру ба зиёдшавӣ доранд. Масалан, тибқи арзёбиҳои Ташкилоти байналмилалии озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) “дар охири соли 2019, 820 миллион нафар, яъне 8,9 % аҳолии кураи замин пеш аз пандемияи COVID-19 ғизои кофӣ намеги-рифтанд. Қобили қайд аст, ки маълумотҳои нав дар бораи аҳолӣ, таъмини озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама ба натиҷаҳои пурсиши нави хонаводаҳо асос ёфтаанд. Ташкилоти ФАО нобаробарӣ дар истеъмоли ғизоро барои 13 кишвар, аз он ҷумла барои Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки нишон-диҳандаҳои камғизоӣ аз соли 2000 инҷониб аз нав дида баромада шудаанд, ислоҳ карданд, ки ин аз натиҷаи маълумотҳо оид ба баланд гардидани шумораи умумии аҳолии камғизо дар ин кишвар гувоҳи медиҳад.

Сабаби чунин ҳолатро муҳаққиқон дар он маънидод менамоянд, ки шумораи аҳолии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз панҷ як ҳиссаи аҳолии кураи заминро ташкил медиҳад. Аммо мутаасифона, тамоюле, ки дар нашрияҳои қабли қайд шуда буданд, тағйир наёфтааст, яъне аз соли 2014 инҷониб шумораи одамоне, ки аз гуруснагӣ азият мекашанд, суст ҳам бошад афзудааст. Таҳлилҳои нави оморӣ дар соли 2019 нишон медиҳанд, ки шумораи «аҳолии камғизо» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 2014 то инҷониб ба миқдори 60 миллион нафар афзудааст. Агар ин тамоюл ҳамин тавр идома ёбад, он гоҳ то соли 2030 шумораи одамони гурусна дар сайёра аз 840 миллион нафар хоҳад гузашт. Аз ин бармеояд, ки ҳатто бидуни назардошти афзоиши эҳтимолии шумораи гуруснагон аз ҳисоби пандемия (COVID-19), дар кураи Замин вақт нокифоягӣ менамояд, барои кам намудани шумораи гуруснагон тақрибан на камтар аз 800 млн. одам.

Тавре, ки имрӯзҳо чор муассисаи Созмони милали Муттаҳид маълумот медиҳад, дар соли 2023 аз нокифоягии шадиди маводи озуқа дар давлати Яман шумораи зиёди мардум азият мекашанд ва тибқи дурнамоҳо агар ин тамоюл ҳамин тавр идома ёбад, он гоҳ то охири ҳамин сол ин нишондиҳанда ба 2,3 миллион мерасад, ки аз ин миқдор 400 ҳазор нафари онҳо асосан кудакони то 5-сола мебошад. Мувофиқи маълумотҳои охирин гузориш дар бораи сатҳи шадиднокии кифоягии маводи озуқа тибқи Ташкилоти байналмилалии кишоварзӣ ва озуқаворӣ (ФАО) Хазинаи кӯдакони Созмони миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Барномаи ҷаҳонии ғизо (ВПП), Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурусти (ВОЗ) ва дигар шарикон, афзоиши нишондиҳандаҳои шадидноки нокифоягии маводи озуқаи сатҳи вазнин дар кӯдакони то синни панҷсола ба назар мерасад, ки нисбат ба соли 2020 16 ва 22 % мутаносибан зиёд мебошад.

Масалан имрӯзҳо тахминан 21,3% (144,0 миллион) кӯдакони то 5-сола қадпаст буда, 6,9% (47,0 миллион) вазни кам, 5,6% (38,3 миллион) вазни зиёдатӣ доштанд ва зиёда аз 340 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон аз ғизои истеъмолкунандаи худ ба миқори кофӣ микроэлементҳо намегиранд5. Вале хушбахтона ва боиси рӯҳбаландист, ки дар байни солҳои 2000 ва 2020, паҳншавии қадпастӣ дар саросари ҷаҳон сеяк коҳиш ёфтааст. Аммо мутаасифона бо вуҷуди ҳамаи ин, ҷаҳон дар роҳи қонеъ кардани мушкилоти глобалии озуқаворӣ то соли 2030 фаъол нест, алахусус барои коҳиш додани паҳншавии вазни ками таваллуд, лоғарӣ ва вазни зиёдатӣ. Ғайр аз он, ҳиссаи калонсолоне, ки аз фарбеҳшавӣ азият мекашанд, дар ҳама минтақаҳо меафзояд. Ҳатто бидуни назардошти оқибатҳои таназзул (буҳрон)-и ҷаҳонӣ, ояндабиниҳо барои соли 2030 ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки талошҳо барои хотима бахшидан ба норасоии маводи камғизо ва кам намудани шумораи гуруснагон дар баъе аз манотиқи дунё дар даҳ соли оянда кофӣ нестанд.

Вобастагии таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ аз воридоти баъзе намуди маҳсулот аз хориҷи ҷумҳурӣ танзими нархи бозори истеъмолиро мушкил гардонида, барои дастрасии аҳолӣ ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Илова бар ин, тибқи пешгӯйиҳо дар асоси маълумоти созмонҳои байналмилалӣ маълум мегардад, ки нархҳо барои маводди хӯрокворӣ вобаста ба мураккабшавии вазъи сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани авзои геосиёсию ҳарбӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар солҳои минбаъда сол ба сол афзоиш хоҳад ёфт.

Дар асоси пешгӯйиҳои вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ болоравии нархи гандум ба ҳисоби миёна ҳамасола 4 фоизро ташкил намуда, то соли 2030 ба 500 доллари ИМА барои як тонна баробар мешавад. Дар солҳои алоҳида бо дарназардошти шароитҳои иқлимӣ нархи гандум то соли 2030 метавонад тағйирпазир гардад. Бозори ғалла, орд ва маҳсулоти нонӣ дар Тоҷикистон нисбати устувории нархҳо хело ҳассос буда, он бештар аз воридоти маҳсулот вобастагӣ дорад. Суръати болоравии нарх ба маҳсулоти асосии озуқаворӣ, махсусан ба гандум ва орд, дастрасии аҳолиро ба ин намуди маҳсулот мушкил мегардонад.

Барои таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, меъёрҳои ратсионалии маҳсулотҳои озуқаворӣ зарур аст, ки бо роҳи танзими давлатии озуқавории мамлакат метавонад амалӣ карда шавад, ки ду сатҳро фаро мегирад. Яъне кифоя будани озуқавории мамлакат, ки барои ҳисобҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шароити мӯътадил истифода бурда мешавад, ва инчунин таъминоти ҳадди ақали озуқаворӣ барои таъминоти аҳолӣ бо азуқа дар ҳолатҳои фавқулодаи мамлакат.
Натиҷаи тадқиқот

Дар доираи тадқиқот, самтҳои зерин мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат бояд чорабиниҳои зерин пайваста амалӣ гардад:

- муайян намудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ ва нархҳо дар асоси талабот, барои таъмини дастрасии онҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ дар шароити тағйирёбандаи нархҳо;

- дар асоси амалисозии модели гузариш аз ҷумҳурии аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ, муайяннамоии арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ, коркард, нархҳои дастрас ва то ба истеъмолкунанда расонидани маҳсулоти соҳа;

- бо дарназардошти воридоти маҳсулоти озуқаворӣ муайян намудани низоми нархҳои имтиёзноки гумрукӣ ва имтиёзҳои махсус, ки аз як тараф сатҳи мӯътадили ҳифзи истеҳсолоти аграрӣ ва аз тарафи дигар диверсификатсияи рақобатпазирии маҳсулоти воридотиро таъмин карда метавонад;

- ҷонок намудани фаъолияти марказҳои миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳои истеъмолӣ мувофиқи талаботи Созмони умумиҷоҳонии солимии ҳайвонот, низоми ХАСПП (Низоми таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои назорати таҳдидомез), стандартҳои ИСО-2200 ва дигар қоидаву меъёрҳои санитарию гигиенӣ;

- ташкил ва баргузории чорабиниҳо дар самти дастрас намудани таҷҳизоти муосир ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа;

- дар сатҳи зарурӣ ташкили захиранамоии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ташаккули иқтидорҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;

- дар сатҳи лозими азнавтаҷҳизонидан ва ташаккул додани иқтидорҳо барои коркард ва нигоҳдории захираҳои маҳсулоти озуқаворӣ, ташкили шароитҳои мусоиди нигоҳдории маҳсулот, корхонаҳои коркард, марказщои савдою логистикӣ, амалисозии чорабиниҳо оид ба ташаккули сандуқи сармоягузории ба сохтмон ва таҷдиди анборҳои нигоҳдории маҳсулот равонагардида;

- идоракунии воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, ки вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд: кам кардани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотии озуқаворӣ; таъмини рушди истеҳсоли маҳсулоти озуқавории содиротӣ ва воридотивазкунанда бо роҳи ҳавасмандкунии истеҳсолкунанда ва содироткунанда; баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии истеҳсолкунандаи ватании маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии дохила ва беруна.
Хулоса

Дар маҷмуъ, қайд намудан ба маврид аст, ки барои ҳалли масъалаҳои озуқаворӣ амалинамоии чорабиниҳои комплексӣ зурур аст. Барои ноил гардидан ба ин мақсад зарур аст, ки ҳамкории давлатӣ-хусусӣ мустаҳкам гардад ва инчунин ислоҳоти институтсионалӣ ба рушди захираҳои инсонии мамлакат ва минтақаҳои алоҳида гузаронида шавад, ки пеш аз ҳама ба натиҷаи истифодаи самараноки заминҳои корам, аз он ҷумла заминҳои обӣ ва истифодаи технологияҳои муосири коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ вобаста мебошад. Дар натиҷаи таҳқиқоти анҷомдодашуда муайян гардид, ки соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши калидӣ дорад. Рушди устувори истеҳсолоти кишоварзӣ имконият фароҳам меорад, ки талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти асосии озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ қонеъ гардида, вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ коҳиш дода шавад. Дар шароити афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, ноустувории бозорҳои ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои геосиёсӣ масъалаи таҳкими амнияти озуқаворӣ аҳамияти бештар касб менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад, вале истифодаи нокифояи технологияҳои муосир, маҳдудияти захираҳои обу замин, сатҳи пасти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дастрасии маҳдуд ба сармоягузорӣ ва инфрасохтори нокифоя рушди пурраи иқтидори соҳаро маҳдуд месозанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди инфрасохтори аграрӣ, дастгирии давлатии истеҳсолкунандагон ва тақвияти ҳамкории илм ва истеҳсолот аз самтҳои афзалиятноки сиёсати аграрӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамин тавр, таъмини амнияти озуқавории мамлакат бе рушди ҳамаҷониба ва рақобатпазири соҳаи кишоварзӣ имконнопазир мебошад. Татбиқи сиёсати самараноки давлатӣ дар самти дастгирии бахши аграрӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот метавонад ба таҳкими истиқлолияти озуқаворӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Дар маҷмӯъ, соҳаи кишоварзӣ на танҳо манбаи истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, балки яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба