МАНБАЪ, ДУРНАМО ВА РУШДИ ИҚТИСОДИИ СОҲАИ МЕТАЛЛҲОИ НОДИРИ ТОҶИКИСТОН
Мақолаи мазкур фарогири вазъи кунунии саноати металлургия, бахусус металлҳои нодири ватанӣ, манбаъ ва дурнамои рушди иқтисодии он мебошад. Дар ҷаҳони муосир технологияи рақамӣ рушди бемайлонро касб намуда, воридшавӣ ба иқтисодиёти сабз идома дорад, талабот ба маводҳои нефтӣ коҳиш ва ҷойи онро металлҳои нодир соҳиб мегарданд. Барои Тоҷикистон хушбахтона давраи тиллоӣ оғоз меёбад, зеро қаъри замини мо дорои захираҳои бойи чунин металлҳо баҳо дода мешавад. Бешак, ҷаҳони имрӯза ниёзи зиёд ба соҳаи металлургия дорад, рушди соҳа метавонад саҳми худро ба таври назаррас ба иқтисодиёти миллӣ гузаронад.
Бартарафсозии муаммоҳои иқтисодиву экологии охири садаи ХХ ва оғози ХХI имрӯзи ҷаҳони муосирро фарогир гаштаву ҳалли саривақтии онро тақозо месозад. Дар баробари манфиатҳои иқтисодӣ, нигоҳдошту ҳифзи муҳити зист масоили умдаи ҷаҳонӣ гардида, ҷомеаи башар муҳимияти онро эҳсос месозанд ва бинобар ин боиси омӯзишу тадқиқотҳои олимону корбарони доираи васеъ қарор ёфтааст
Бо ҳисси ифтихори баланд метавонем баён созем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хушбахтона падидаҳои болозикро бо асоснокиву ҳалталабӣ оқилонаву дурбинона дар минбарҳои баланди арсаи байналмиллалӣ барои омӯзишу бартарафсозӣ пешниҳод сохтаанд, ки ҳамовозии ҷаҳониро касб сохтааст. Бо фазилату хиради башардӯстонаи Пешвои миллат, Истиқолияти Тоҷикистони азиз поянда гардида, сармоягузорони ҷаҳонӣ моро на танҳо бо қӯҳҳои сарбафалаку чашмасори соф, ёдгориҳову тамаддуни таърихӣ, табиати нотакрору дилфиреб ва боз бо захираҳои бойю беҳамтояш таваҷҷуҳу эътироф карда истодаанд.
Дар шароити имрӯзаи рушди технологияи муосири насли рақамӣ, гузариш ба иқтисоди сабз идома ёфта, эҳтиёҷ ба маҳсулотҳои нефтӣ коҳиш ва металлҳои нодир ҷойи онро мегиранд. Эҳтимоли мусоид барои нумӯи назарраси саноати миллӣ пайдо мегардад, зеро Тоҷикистон бо захираҳои чунин металлҳои рангаву нодир мақоми арзанда дошта, ниёзу талаботи ҷаҳонӣ ба ин намуди маводҳо дар ҳоли рушд қарор дорад.
Пайваста коҳиши захираҳои нефту газ ва таъсиру паёмадҳои нигаронкунандаи он ба экологияву муҳити зист аз истифодабарандагони ҷаҳон тақозо менамояд, ки сарчашмаҳои мухталифи безиёнро омӯхтаву истифода намоянд. Амалишавии ин самти муҳими соҳа аз истифодаи самараноки коркарди технологии металлҳои нодири заминӣ алоқамандии калидӣ дорад, аммо бар замми талаботи зиёд имрӯзҳо дастрасӣ ба ин захираҳо душвор боқӣ мемонад.
Босуръат ҷоригардии технологияҳои муосири рақамиву рушди саноати электроника коркарду истифодаи азими металлҳои нодири заминӣ ва унсурҳои (элемент) зиёди кимиёвиро тақозо месозад.
Таҳлилгарони ин масоил металлҳои нодири заминиро “витамини иқтисодиёти муосир” номгузорӣ кардаанд. Муҳимияти хоси он сабаби доимии ҷустуҷӯ, кашф, коркард ва содироти пайваста гаштааст.
Хушбахтона, кишвари азизи мо - Тоҷикистон дорои захираҳои бойи чунин металлҳо шинохта гардида, ба рушди ин соҳаи хеле муҳим ва дар умум ба иқтисодиёти миллӣ метавон умед баст.
Тоҷикистон дар манотиқи осиёи марказӣ ҳамчун кишвари дорои захираҳои азими унсурҳои кимиёвӣ шинохта шудааст. Аз нишондоди Саридораи геологияи ҷумҳурӣ қариб 700 адад конҳои миёнаву калони унсурҳои арзишноки табиидошта кашф гардидааст. Қаъри замини кишвар аз унсурҳои полиметаллӣ, асилу нодир бой арзёбӣ гашта, захираи волфраму литий, синку сурб, висмуту молибден, мису тилло, нуқраву сурма, симобу қалъагӣ, урану оҳан, марганесу магний ва аз дигар металлҳои содиротшаванда бой мебошад.
Дар қаламрави Тоҷикистон чор қитъаи маъдани тилло бо ҳашдаҳ майдони дурнамодоштаи умедбахш муйян гардида, маҷмуан бисту ҳашт адад кони тилло омӯхта шудааст.
Шимоли кишвар дорои захираи бузурги маъдани оҳан буда, дақиқан он ба нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Курама рост меояд. Конҳои азими маъданҳои полиметаллӣ бошад, дар қитъаи шимолу марказии Тоҷикистон ҷойгиру кашф гардидаанд.
Конҳои асосӣ дар қаторкӯҳҳои Қарамазор, Олтин-Топкану Тян-Шани ҷанубу ғарбии наздик бо марзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кашф шудаанд. Захираи сурби тасдиқгардида баробар ба 1,8 миллион тонна ва руҳ бошад ба 4,66 миллион тонна баҳогузорӣ мегардад. Захираи нуқра 44 ҳазор тоннаро ташкил дода, дар ҷаҳон Тоҷикистон тибқи ин нишондод мақоми панҷумро ишғол месозад.
Бо нишондиҳандаҳои захираи маъдани сурмаву симоб бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои пасошӯравӣ мақоми аввалро соҳиб аст.
Дар Ҷумҳурӣ бо назардошти талаботу тамоюли даврии афзоиши эҳтиёҷоти унсурҳои нодири заминӣ, ба саноати маъдантозакунӣ диққати махсус зоҳир гашта, рушди он эҳсос мегардад.
Зимни сафар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи августи соли 2023 аз вусъатдиҳии коркарду истихроҷ маталлҳо, бахусус. маъдани серталаботи нодири ноҳияи Дарвоз – литий хотиррасон намуданд. Дар ҷаҳон имрӯзҳо литийро "тиллои сафед" ном мебаранд. Пас аз рушди истеҳсоли мошинҳои барқӣ ба он таваҷҷӯҳ пайдо гардида, талаботу эҳтиёҷот ба ин намуду метал якбора афзоиш ёфта, чанд маротиба арзиши он дар бозори ҷаҳонӣ баланд гардид.
Тибқи ахбороти Агентии байналмиллалии энергетикӣ, дар олам соли сипаригардида зиёда аз 2 миллион адад мошини барқӣ мавҷуд буд. Бо назардошти пешгӯии Агентии байналмиллалии энергетикӣ ин шумора то аввали соли 2040 баробар ба 40 миллион адад мешавад. Соли 2030 бо эҳтимолияти зиёд талаботи литийи 700 ҳазор тоннаӣ (соли 2022), баробар ба 2,5 миллион тонна мегардад.
Бинобар ин, мутахассисони Саридораи геологияи кишвар ҳам ҷиҳати дарёфти конҳои литий, инчунин маъданҳои мухталифи нодири заминӣ фаъолияти ҳаррӯзаро роҳандозӣ намуда истодаанд. Қисмати Помири ҷанубии кишвар дорои зиёди ин захираҳо эътироф гаштаву айни замон ҷустуҷӯи минтақаҳои дигари аз литий бой идома доранд [3].
Аз омори соҳаи металлҳои нодири Тоҷикистон ва таҳлили он бар меояд, ки бештар аз 20-25%-и захираи сурмаи ҷаҳониро кишвари мо соҳиб буда, устуворан шомили 3-4 давлати авваллини ҷаҳони муосир дар истихроҷи он мебошад. Бо ин нишондоди умедбахш, соҳаи саноати кӯҳкорӣ аз омилҳои муҳимми таъминсозандаи тараққиёти иқтисодии ММД-и мамлакат буда, атрофи аз 8% то 8.2% -ро ишғол месозад.
Имрӯзҳо мавқеи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори муосири металлҳои нодир, махсусан сурма, литий, волфрам, ки ба гурӯҳи маводҳои критикии саноатӣ мансубанд, мақоми стратегиро доро мебошад. Мувофиқан, тибқи маълумоти Хадамоти геологияи ИМА (USGS) бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 25%, яъне чоряки захираи умумии сурмаи ҷаҳонро пас аз Ҷумҳурии мардумии Чин дорад.
Заминаи рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саноати кӯҳкориву металлургияи металлҳои нодир сарчашма мегирад.
Дар ММД - кишвар ҳиссаи саноати кӯҳкориву истихроҷи маъданҳо атрофи аз 20% то 22%-и ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатиро таъмин месозад.
Аз динамикаи афзоиш бармеояд, ки дар Тоҷикистон суръати истихроҷи сурма аз рӯи муқоисаи соли 2010, зиёдатан 3 маротиба афзоиш ёфта, балантарин нуқтаи истеҳсоли он соли 2023 баробар ба 21000 тонна гаштааст.
Корхонаи муштараки “Talco Gold”, ки аз соли 2022 фаъолият менамояд, иқтидори коркарди солонаи 1.5 миллион тонна маъдан, 21000 тонна сурма, 2,2 тонна тиллоро дорад.
Бунёди як корхонаи азими истихроҷӣ бо сармояи хориҷӣ соли 2025 оғоз гардид, ки соли 2027 ба фаъолият шурӯъ бояд намояд, иқтидори истеҳсолии солонаи он ба 50000 тонна консентрати сурма баробар аст.
Масъалагузориҳо
Бо мавҷудияти конҳои унсури ғании нодири рӯизаминидошта, истихроҷу коркарди он бинобар сабаби релефи мураккаби минтақа душвор боқӣ монда, маблағгузориҳои калонро талаб месозад. Бо сабабу таъсироти ин ва дигар омилҳо, ба захираи канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон то наздиктарин вақт асосан сармоягузорони чинӣ, дар самти истихроҷи тилло таваҷҷӯҳ доштанд. Ин вазъ ба наздикӣ тағйири куллиро ба худ гирифта, имрӯз қудратмандони мухталифи ҷаҳонӣ ба Осиёи Марказиву сарватҳои бойи он таваҷҷуҳи хоса доранд.
Чор сол пеш дар рафти сафари худ ба якчанд кишварҳои Осиёи Марказӣ Дэвид Кэмерон вазири корҳои хориҷии Бритониё аз Тоҷикистон ҳам боздид намуд. Ҳадафи ин сафар татбиқи стратегияи нави Бритониё оиди ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои пасошуравӣ баён гардида буд. Лондон барои Осиёи Марказӣ бо сармоягузории лоиҳаҳои умедбахши ба манфиати тарафҳо роҳандозишуда худро муаррифӣ сохт. Ташрифи мазкур заминаи ҳамкориҳои нави минбаъда ном гирифта, имконияти мусоиди фаъолиятии соҳаҳои асосии мубодилаву сармоягузориҳо, сиёсати иҷтимоӣ, илму маорифро фарогирӣ менамуд. Муҳимтарин самти дурнамодоштаи он аз коркарду истихроҷи канданиҳои фоиданок ба шумор мерафт, ки кишвари мо мавқеи намоёнро соҳиб мебошад [5].
Таваҷҷӯҳи хоса ба қаъри замини Осиёи Марказӣ аз ҷониби Иёлоти муттаҳидаи Амрико (ИМА) низ дар ҳоли рушд қарор дорад.
Дар соли гузашта масъулини вашингтонии “Шӯрои Атлантика”, ҳамзамон муҳаррирони ҳисоботи истифодаи унсурҳои нодири заминии Осиёи Марказӣ, ин унсурҳои арзишнокро таҳлил сохта, ба хулоса омаданд, ки ин захираҳо дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон таъсироти ҳалкунандаи хешро қодиранд гузоранд.
Аз нигоҳи корбарони америкоӣ, ин унсурҳои нодирро ширкати холдингии “Казатомпром”- и Қазоқистон алакай коркаду истеҳсол менамояд. Дар кишвари Ӯзбекистон - Олмалиқ бошад, комбинати кӯҳиву металлургии Маркази омӯзиши металлҳои нодир фаъолияти худро оғоз намудааст. Ба ақидаи муҳаққиқон дар дигар кишварҳои минтақа нисбатан ҷалби шарикони байналмилалӣ кам буда, лекин таҳқиқотҳои омӯзишии самти коркарди конҳои унсури нодирдошта анҷом дода шуда истодаанд.
Дар заминаи мазкур ақидаи таъсисдиҳии Маркази омӯзиши унсурҳои нодири заминӣ ва пайдосозии мизоҷон, сармоягузорону шарикони Осиёи Марказӣ пешниҳод гардидааст. Кормандони соҳа назари онро доранд, ки таъсиси Маркази болозикр аз ҳама беш эҳтиёҷу талаботи воқеии кишварҳои худи минтақа мебошад. Дар баробари ин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз нигоҳи рақобат ин манотиқро аз дигар пешвоёни ҷаҳонӣ муҳим медонад.
Ҷиҳати амалисозии воқеии коркарди потенсиали металлҳои нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдили онҳо ба омили асосии рушди устувори минтақа, ҳалли чандин масоили зарурии сохториву технологӣ ва иқтисодиро лозим медонем.
Якум, масоили инфрасохториву географӣ, ки ба он метавон мушкилоти релефи баландкӯҳро ҳисоб намуд, чунки бештари конҳои наву ояндадори литий, тантал ва ниобий дар минтақаҳои дурдасту баландкӯҳи шарқии кишварамон, яъне қаторкӯҳҳои Рушону Ишкошими Помир ҷой гирифтаанд. Инфрасохтори нақлиётиву роҳҳои ноҳамвор сабаби гаронии арзиши аслии истихроҷу коркард мегарданд.
Дуюм, масоили технологиву илмӣ, яъне гузариш аз содироти шакли хом ба коркарди ниҳоии он мебошад. Дар ин масъала метавон аз байнбарии вобастагии содироти консентрат, яъне ашёи хоми нимтайёрро баён сохт. Ҷиҳати коркарди ниҳоӣ қисми зиёди маҳсулот имрӯзҳо ба хориҷа, бахусус Чин равона мегардад. Лозим аст, технологияҳои ҷадиди коркарди металлҳои холиси дорои дараҷаи баланди тозагӣ (99.9%)-ро дар дохили кишварамон роҳандозӣ намоем.
Сеюм, масоили иқтисодиву сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад, ки диверсификатсияи сармоягузории хориҷиро дар назар дорад. Айни замон қариб 80% -и соҳаи истихроҷи металлҳои қиматбаҳову нодир аз сармояи ширкатҳои чинӣ таркиб ёфтаанд. Аз дигар минтақаҳо, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, ҷалбсозии сармоягузорон дар роҳандозии рақобату воридоти технологияҳои муосир масъалагузории стратегӣ ба шумор меравад.
Натиҷа аз таҷрибаҳо
Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, ки ҷалбсозии кишварҳои мухталиф дар омӯзиши манбаъ, дурнамову пойдории рушди саноати маъдании минтақа аз аҳамият холӣ нест ва ин ба кишвари мо низ муҳимияти хосро доро мебошад. Аз нуқтаи назари манфиатҳои иқтисодӣ сармоягузориву қарзҳои калон на танҳо аз як кишвар роҳандозӣ ёбад, бояд рақобати озод амал намояд. Сармоягузориҳои мамолики хориҷ ҷиҳати кашфу истеҳсоли захираҳои табиии ғайриэнергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз бадастоварии имконияти васеи соҳибгаштан ба ин захираҳои нодир набояд иборат бошад, инчунин бояд ба рушду дастгирии ҳаматарафаи ҳамҷавориҳои манотиқ равона гардида, озодии иқтисодиву соҳибихтиёриии ҷонибҳо ҳам таъмин ёбад. Андешаву гуфторҳои боло рақобати иқтисодии ҷаҳониро дар истихроҷу коркарди нефту газ, карбогидридҳову унсурҳои нодири заминӣ дарназар доранд.
Муҳокима
Дар истихроҷу коркарди унсурҳои нодири заминӣ ва рушди босуръати соҳаҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ ҷалбсозии сармоягузорҳои мухталиф мусоидаткунанда буда, бар замми ин кашшофи бозори ҷадид дар истеҳсолу мубодилаи он гашта, ҷиҳати гузаришу истифодаи ҳаматарафаи энергияи сабз имконоти васеъ фароҳам меоваранд. Рақобати солими иқтисодии кишварҳои азими минтақа, аз ҳама муҳим ба ҷонибҳои иштирокдор фоидабахш гардида, нофаҳмиҳои иқтисодиро пешгирӣ месозанд.
Хулоса
Дар амалисозии иқдомҳои болозикр ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетиву сармоягузории лоиҳаҳои аҳамияти иқтисодиву экологидошта тадбирандешиву роҳандозӣ гашта, манфиати иқтисодӣ меоваранд. Натиҷаҳои бадастомада бояд ба фоидаи иқтисодии ҳамаи намояндагони соҳаи коркарду истихроҷ, ҳифзи муҳити зисту табиат равона гарданд. Тавассути ин амалҳо тадбирҳои иқтисодиву ҳам экологӣ тадбиқ ёфта, таваҷҷуҳу ҳавасмандии тарафҳо афзуда, бешак самараи хуб меоваранд.
Натиҷаву таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот менамояд, ки дар кишвар заминаи техникӣ-иқтисодии устувору умедбахш барои даҳсолаҳои минбаъда рӯи кор омодааст. Минбаъд масъалаи асосӣ ин истифодаи таҷриба ҷиҳати диверсификатсияи сармоя, яъне ҷалби ширкатҳои аврупоӣ ва амрикоӣ ва гузаштани пурра ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ватанӣ, аз ҷумла батареяҳо ё қисмҳои электроника, ки имрӯз ба он талаботи зиёд мавҷуд аст, иборат мебошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё