Зеҳн

ЧАРОҒАФРЎЗИ РОҲИ МИЛЛАТ

ЗЕ
Зеҳн16 августи 2026 · 8 дақиқа хондан

Солҳои 20-уми садаи ХХ дар баробари адабиёт, танқиди адабӣ низ ба дигаргуниҳои зиёде дучор меояд. Мунаққидон аз анъанаҳои таҳқиқи адабиётшиносии гузашта даст кашида, дар таҳлилу баррасии адабиёти муосир усулу равияҳои наверо ба миён мегузоштанд.

Аввалин падидаҳои жанри нақди адабӣ тақризу мақолаҳои танқидӣ буданд, ки дар солҳои 20-уму 30-юм дар байни жанрҳои дигари танқид бештар мавқеъ пайдо карданд. Дар он солҳо нахустин тақризҳои ба китобҳои дарсӣ навиштаи устод Айнӣ бештар ба мушоҳида мерасанд. Устод дар мақолаҳояш бештар ба услуби нигориши китобҳои дарсӣ ва забону услуби онҳо диққат додааст. Мақсади асосии ў содаву оммафаҳм намудани забони тоҷикӣ буд. Чунин тақризҳо дар соли 1926 дар рўзномаи «Овози тоҷик» таҳти сарлавҳаи умумии «Китобҳои тоҷикӣ» чоп шуда буданд, ки мақолаҳои «Ҳисоб», «Барои мактаби меҳнат», «Дарсҳои табииёт», «Раҳнамои сиёсӣ», «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Зери сарлавҳаи «Китобҳои тоҷикӣ» чунин суханон навишта шудаанд: «Қавми тоҷик дар боби адабиёти куҳна агарчи мозии намоён ва таърихи шоёни ифтихореро дорост, дар адабиёти наву китобҳои замонӣ хеле ақиб мондааст». Устод Айнӣ ба таъкид овардааст, ки то тақсимоти миллӣ дар боби адабиёти нави тоҷик кори намоёне карда нашудааст ва китобҳое, ки дар ин муддат чоп шудаанд, бенуқсон набуданд. Устод бо нияти кушодани роҳи мубоҳиса ва танқид ин корро ба анҷом расонидааст. Дар тақризи ба китобчаи «Ҳисоб, ҷузъи 1. Барои мактаби меҳнат», ки аз забони русӣ Саидризо Ализода тарҷума кардааст, номи се муаллифи рус қайд шуда, ҷойи нашр, аз чанд саҳифа иборат будан ва нархи он зикр гардидаст. Муаллифи тақриз гаронии нархи онро қайд намуда, дар мундариҷаи китоб ва усули таълим чизе намегўяд, зеро чунон ки худи ў менависад, худ дар ин масъала чандон балад набудааст. Вале тахмин мекунад, ки ин китоб, ки барои мактабҳои русӣ навишта шудааст, бояд хуб бошад. Устод Айнӣ доир ба забон ва таъбирҳои китоб мубоҳиса меорояд ва менависад, ки дар баъзе ҷойҳо луғатҳои ғайри маъруф, суханҳои бегона ва ҷузъҳои арабӣ ба кор бурда шудаанд, ки ин амал номатлуб аст. Камбудиҳоро саҳифа ба саҳифа ва сатр ба сатр нишон дода, эродҳояшро бо далелҳо собит мекунад. Баъзе калимаҳои туркии истифодашударо таъкид намуда, муродифи тоҷикиашонро нишон медиҳад ва аз осори классиконамон мисолҳо оварда, фикрашро тақвият мебахшад. Ў қайд мекунад, ки китобро то саҳифаи 40-ум хондаасту "ҳамаи ин вайрониҳо таъсири забони аслии китоб аст, вагарна ба дақоиқу қавоиқи забони форсӣ аз ҳар кас бештар рафиқ Саидризо воқифтаранд».

Устод дар ин мақола хатоиҳои матбааро ҳам нишон дода, ҳатто, дар сабти номи муаллиф саҳв кардани онҳоро нишон медиҳад, ки аз хунукназарии кормандони матбаа далолат мекард.

Мақолаи дигари устод Айнӣ, ки дар соли 1926 дар рўзномаи «Овози тоҷик» чоп шудааст, «Адабиёти сурх» ном дошта, дар он устод ба ашъори А. Лоҳутӣ баҳои баланд додааст ва онҳоро «шеърҳои ҳақиқӣ» шуморидааст. Таъкид намудааст, ки мавзуи онҳо «сар то по ранҷбар, коргар, деҳқон, озодии занон ва духтарон, кўбак, дос, каланд, муборизаи синфӣ» буда, ин мавзуъҳоро шеър кардан «самимияти комилеро талаб мекунад». Маҷмуаро ифтихори Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон номида, ба эҷодиёти А. Лоҳутӣ баҳои сазовор медиҳад ва ба хонандагон тавсия медиҳад, ки онро мутолиа намоянд, зеро, «саҳифаҳои рўзнома имкони чопи шеърҳоро надорад».

Яке аз мақолаҳои силсила «Дарсҳои табииёт, қисми аввал» ном дошта, бо дарҷи ному насаби муаллиф, тарҷумон, адад ва соли нашри китоб оғоз ёфтааст. Чунон ки муаллиф менависад, дар он баъзе вайрониҳои забон ба мушоҳида мерасанд: «Оре, забони ин китоб сахт аст, нисбат ба китоби «Ҳисоб» ба дароҷот серарабист». Вале поёнтар тазаккур медиҳад, ки ин номҳо фаннианду сода карданашон аз имкон берун аст: «Лекин агар табииёт ва монандаш он ҳама истилоҳҳои нашунидаву ва номҳои тозаи фаннист, ки ба ҳолати ҳозира ҳаргиз дар забони содаи тоҷикӣ баён карданашон асло мумкин нест». Дар ин мақола низ, чун дар мақолаҳои пешин устод Айнӣ калимаҳои арабиро оварда, муродифи тоҷикиашонро низ нишон додааст. Хатоҳоро бо нишон додани саҳифаи китоб зикр кардааст. Ин китоб аз 88 саҳифа иборат буда, 20 ҳикояро дар бар гирифтааст, ки ба қавли ў, «барои омўзиши толибилмон аз манфиат холӣ набуда, ин ҳикояҳо шавқу ҳаваси хонандаро меоранд».

Мақолаи дигари силсила «Раҳнамои сиёсӣ (ҳиссаи панҷуму шашум)» мебошад, ки дар он танҳо ҳиссаи панҷум мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Мувофиқи гуфтаи устод Айнӣ китобча ба ҷавонон бахшида шуда, дар бораи бисёр масъалаҳои хоҷагии деҳқонӣ дастурҳои инқилобӣ медиҳад. Дар он 160 масъала дарҷ гардида, ки ҳар кадом аз ҳар ҷиҳат муҳимтаранд.

Мувофиқи навиштаи мунаққид китобча аз русӣ тарҷума шудааст, вале тарҷумаи як китоб набуда, муаллиф – Ҳасан Ирфон чанд китоби хондаашро таҳлил ва ба ҳиссаҳо тақсим намуда, тасниф кардааст. Устод Айнӣ, дар баробари муваффақият, камбудиҳои онро нишон дода, баъзе калимаҳоро тафсир кардааст ва мутолиаи онро ба ҷавонон тавсия додааст: «Гарчанд забони китобча сода бошад ҳам, калимаҳои арабиасос ҷо-ҷо мушоҳида мешаванд», – менависад ў.

Мақола – тақризи дигар «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ» ном дошта, ба китоби Саидризо Ализода навишта шудааст. Мувофиқи гуфтаи устод Айнӣ, ин аввалин китоб дар бораи забони тоҷикӣ буда, метавон аз камбудиҳои он чашм пўшид. Дар он қоидаҳои сарфу наҳви забони тоҷикӣ сода дарҷ гардида, дар баёни қоидаҳо бисёр луғатҳои арабӣ истифода шудаанд, «хусусан, истилоҳҳои фанниаш арабӣ, ки худи муаллимон намефаҳманд. То ҳол муҳаррирони тоҷик дар бораи истилоҳҳо ба як қарор наомадаанд. Истилоҳҳои фанниву илмӣ он қадар чизи ғайри муҳим нест, ки як муҳаррир ба ихтиёри худ қабул намояд», – менависад устод. Камбудиҳоро дар услуби китоб арзёбӣ менамояд ва менависад, ки ин таҷрибаи аввал аст, муаллимонро зарур аст, ки усули ба забони осонтар навиштанро ёд гиранд.

Дигар мақолаи устод Айнӣ «Дунёи нав ва алифбои нав» ном дошта, он дар мавриди алифбои нави тоҷикӣ баҳс мекунад. «Алифбои нав, таъкид мекунад муаллиф, – бояд тарзе тартиб ёбад, ки ҳар фарзанди тоҷик дар як моҳ ҳарфшинос шуда тавонад; баъд аз ҳарфшинос шудан ҳар калима ва ҷумлаи тоҷикиеро, ки бо он алифбо навишта мешавад, бе хато кардан дар зеру забар ва бе ғалат кардан дар лаҳҷаву шева хонда тавонад».

Мақолаи дигар «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» унвон дошта, дар он С. Айнӣ дар мавриди ягонагӣ ва монандии забони тоҷикӣ бо забони форсӣ ҳарф мезанад. Ў аз лоиҳаҳои А.Фитрат ва А.Семёнов ҳарф зада, баргузор намудани конференсияеро дар ин мавзуъ талаб мекунад, то ки паҳлуҳои норавшани ин масъала баррасӣ ва муҳокима гардад. Ў таклиф мекунад, ки ба ин конференсия аз тамоми маҳаллаҳои тоҷикнишин намояндагон даъват шаванд, бигзор даъватшудагон саводи кофӣ надошта бошанд, зеро барои баҳс забони зиндае, ки аз модар омўхтааст кифоя аст. Ў аз ҷумла, менависад: «Дар дунё ҳеҷ қавме нест, ки ҷудогонагии ҷузъи лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирифта, барои ҳар лаҳҷа як забони ҷудогона сохта бароварда бошад» ва қайд мекунад, ки забони тоҷикиро эрониҳо низ мефаҳманд. Ҳам тоҷику ҳам эронӣ асарҳои Саъдию Ҳофиз, Низомӣ ва монанди инҳоро бо шавқи том мехонанд ва аз бар мекунанд, аммо забони нашри матбуоти имрўзаи Эрон, қайд мекунад ў, 60-70 фоиз бо арабиҳои мушкил омезиш ёфтааст, ки баъзан худи эронии саводнок ҳам намефаҳмад. Ба баъзе аз калимаҳои истифодашуда муқобил набуданашро изҳор намуда, кор фармудани истилоҳҳои эронӣ – арабиро, ки имрўз ба ҷойи онҳо суханони мувофиқ ёфт намешаванд, муқобил набуданашро тазаккур медиҳад. Дар мақола мактуберо, ки аз Кирмоншоҳ ба идораи «Раҳбари дониш» ирсол гаштааст, мисол оварда қайд мекунад, ки ин мактуб 150 калима дошта, танҳо 33 калимаи форсии ин мактуб фаҳмо мебошаду халос. Ин мактуб аз ҷониби мудири китобхона ва қироатхона С. Муҳаммадсаид Ҳасании Ғайратзода навишта шудааст. Дар мактуб хоҳиш мешавад, ки то ба китобхона якнусхагӣ маҷалла фиристода шавад.

Дар мактуби дигаре, ки бо хоҳиши муаллиф номи он махфӣ нигоҳ дошта шудааст, котиб аз роҳбари маҷалла хоҳиш мекунад, ки забони маҷалла андаке мутобиқи маҷалла ва рўзномаи эронӣ навишта шавад. С. Айнӣ фаҳмо ва сода будани забони тоҷикиро изҳор медорад. Ў забони тоҷикиро содатарин ва софтарини лаҳҷаҳои форсӣ мепиндорад ва «забони тоҷикиро на забони вайроншудаи форсӣ, чунон ки баъзеҳо ақида доштанд, балки забони мустақили як қавми бузург бо номи тоҷик» мешуморад.

Мусташриқи маҷорӣ Ҳерман Вамберӣ дар як фасли ҷилди аввали «Таърихи Бухоро ё худ Мовароуннаҳр», ки «Давраи пеш аз ислом» ном дорад, ин ақидаро исбот кардааст. Ў забони тоҷикиро забони зинда дар байни авоми имрўза мешуморад ва таъкид мекунад, ки забони матбуоти Эрон рафтарафта ба забони тоҷикии имрўза наздик мешавад, ки ин забони форсии сода мебошад.

«Забони тоҷикӣ» ном мақолаи устод Айнӣ, ки он солҳо навишта шуда буд, низ дар атрофи масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ баҳс мекунад. Дар ин мақола ў дар боби интихоби лаҳҷаҳо ҳарф зада, таъкид мекунад, ки лаҳҷаҳои интихобгардида барои тамоми тоҷикони минтақаҳои дигар бояд фаҳмо бошанд: «Барои ба кор андохтани забони авомфаҳми тоҷик лаҳҷаи ҷоеро асос карда гирифтан лозим аст. Лекин, ба шарти пурра кардан ва дуруст кардани он бо лаҳҷаҳои ҷойҳои дигар; лаҳҷаҳои ҳамаи маҳалҳоро тафтиш намуда, аз дигар ҷойҳо чизҳои муносиби онро қабул мекунем. Баъдан пешниҳод менамояд, ки маҷаллаи «Раҳбари дониш»-ро бо забони сода нашр намоянд, зеро ба ақидаи ў барои фаҳмо шудани забони ҳар як ҷой як китоб навиштан лозим меояд».

Хулоса, силсилаи тақризу мақолаҳои устод Айнӣ барои муайян намудани меъёри забони адабии тоҷик дар замони худ комилан мусоидат намудаанд. Маълум мешавад, ки С. Айнӣ, дар баробари таълифи мақолаҳои зиёди адабиётшиносӣ, ки ба нақди адабии муосири тоҷик замина гузоштаанд, инчунин як зумра мақолаҳо оид ба забоншиносӣ низ навиштааст, ки дар муайян ва қабул намудани меъёри забони адабӣ ва инкишофи минбаъдаи он хизмати шоиста кардаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба