ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ ОБ ДАР ЭҶОДИЁТИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИК
Об, бемуҳобо неъмати ҳаётан муҳим, муъҷизаи пурасрори беназир ва пурарзише мебошад, ки барои ҳар як мамлакат ва сокинони он зарур аст. Аҳли башар аз замонҳои қадим бо об вобаста будани зиндагиро дарк намуда, онро, махсусан, оби тозаро муқаддас мешумориданд ва макони зисти хешро дар канори дарёҳову чашмасорон, ки зиндагиро фараҳу осудагӣ мебахшанд, интихоб менамуданд. Оби тоза асоси мавҷудияти ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои табии сайёра бошад ҳам, ҷойгиршавии он дар миқёси ҷаҳон нобаробар аст.
Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад.
Дар ҷаҳони имрўза, ки мо дар он умр ба сар мебарем, беш аз 2 миллиард одамон камбудии шадиди ин неъмати худододро эҳсос мекунанд ва ҳамарўза аз набудани оби тоза азият мекашанд. Хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо, ки диёри дарёҳои сершумор, чашмасорони софу зулол, кўлҳову обанборҳо ва пиряхҳои куҳан мебошад, мо тоҷикистониён аз оби тоза, ин неъмати бебаҳо то андозае таъмин ҳастем ва ин иқболи баланду саодати ҷовидона боиси ифтихори ҳамешагии мост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд мекунанд: “Ҳамагон бояд фаҳ-манд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сўзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.
Обро инсон барои нўшидан, пухтани хўрок, шустушўй, сохтани манзил, тозагии кўчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одамон бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонанд. Оби дарёҳо турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пўст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нўшокиҳои гуногун истифода мебаранд.
Ин неъмати бебаҳоро дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои бевосита ва пайвастаи Пешвои миллат халқи созандаи тоҷик самаранок истифода мебаранд, ки обёрии заминҳои солҳо бекорхобида, ба боғшаҳрҳо табдил додани шаҳрҳои мамлакат, сохтани неругоҳҳои барқи обӣ, амсоли НБО-и Роғун, Сангтўда-1, Сангтўда-2 ва садҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ далелҳои исифодабарии ҳадафноки об дар кишвари мо мебошанд.
Таърих ва тамаддуни умумибашарӣ гувоҳ аст, ки тоҷикон қадимтарин маскунони сарзамини паҳновари Осиёи Миёна буда, аз давраҳои бостон нисбат ба муқаддасоти табиат, бахусус об эҳтироми хоса доштанд. Ин хислати наҷиб ва азалӣ дар давраҳои пурпечутоби таърих аз байн нарафта, то ба имрўз чун суннати аҷдодӣ омада расидааст. Дар ҷаҳони муосир низ танҳо тоҷикон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодҳои судманду саривақтиро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба одилона тақсим намудани об, таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид ба миён гузоштанд. Аз он ҷумла “Соли 2003 Соли оби тоза”, солҳои 20052015 “Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт”, “Соли 2013 соли ҳамкории байналмилалӣ дар риштаи об”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, эълон гардидани «Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба гуфтаҳои боло мисол шуда метавонанд. Пешвои Миллат дар яке аз Паёмҳои хеш таъкид намуда буданд, ки “Мо ҳеҷ гоҳ ҳамсояҳоро бе об намемонем”. Чунин ташаббусҳо ва суханони хайрхоҳона нисбати ҳамсоякишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад, ки тоҷикон бо фарҳанг, тамаддун ва хиради азалии ориёии хеш бунёдкору созанда буданд ва минбаъд низ хоҳанд монд.
Ниёкони мо дар баробари истифодаи самараноки об онро васфу ситоиш намуда, фарҳанги истифодаи онро тавассути осори бегазанди шоирону нависандагон ба мо фаҳмонидаанд, ки ин раванд дар замони соҳибистиқлолӣ неруи тоза гирифтааст. Имрўз дар баробари шоирону нависандагон об ва фарҳанги истифодаи онро тамоми эҷодкорони соҳаи фарҳангу санъат, аз қабили ҳофизону ҳунарварони театр ва оҳангсозон дар эҷодиёти худ ситоиш мекунанд.
Бузургони мо ҳамеша обро яке аз неъматҳои бузурги Худованд, ки ягон мавҷудоти рўйи Замин бе он зиста наметавонад, исрофи беҳудаи онро гуноҳи азим шуморидаанд, эътироф намудаанд:
Об як муъҷизаи Парвардигор,
Ҳаст дунёро зи ў нақшу нигор.
Тозагӣ, озодагӣ бошад зи об,
Гулситону бўстон бошад зи об.
Ё ки:
Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину кишту кор аст,
Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Дар дасти оби файзбор аст.
Об дар ҳақиқат неъмати бебаҳои Худованд буда, онро покиза нигоҳ доштан вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Мо мефахрем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ намуда, аз оби тоза ва ширини он ҳаловат мебарем. Тоза нигоҳ доштани об, муқаддас шуморидани он ва қимат донистани ҳар як қатраи он қарзи ҳар як инсон аст. Тавре шоири таронасарои тоҷик Бадриддин Ҳилолӣ фармудаанд:
Зи ҷўе, ки хўрдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Бастакорони тоҷик низ бо истифода аз шароити созгори даврони соҳибистиқлолӣ вобаста ба об ва моҳияти он ҳамчун неъмати умумимиллӣ асарҳои арзишманде офаридаанд, ки ҷойгоҳи об ва арзиши онро бо ҷомаи пуробуранги мусиқӣ ба ҳаводорони фарҳанги асил фаҳмонидаанд. “Мусиқӣ ҳам чун об муъҷиза аст, муъҷизаи офаридаи афкори баланду волои инсонӣ. Офаридаи он тафаккури баланде, ки Офаридгор варо на барои ҳама инсонҳо арзонӣ доштааст. Мусиқӣ муъҷизаест, ки ба сони оби софи дарёҳо равон, ба мисли чашмаҳо беғубор буда, рўҳу равони инсонҳоро хуррам мегардонад. Ба мисле, ки об дашту даман, боғу чаман ва талу теппаву кўҳу пуштаҳоро шодобу сарсабз менамояд”.
Муаллиф дуруст қайд кардааст, агар об ва навои форами обшорону шилдироси гўшнавози чашмаҳо офаридаи табиат бошанд, пас мусиқӣ офаридаи тафаккури инсон аст, инсони эҷодкор.
Одамон аз замоне, ки соҳибфарҳанг ва тамаддунофар шудаанд, бе мусиқӣ ва фарҳанг арзи вуҷуд дошта наметавонанд. Зеро онҳо ҳамеша чун ташнагон ба оби нўшиданӣ, ба мусиқӣ низ ниёзи ҳамешагӣ доранд ва мусиқиро бахше аз ғизои фарҳангии худ меҳисобанд. Мусиқӣ ҳам бе одамият вуҷуд дошта наметавонад, зеро танҳо бо воситаи одамони ҳунарваре, аз қабили оҳангсозону бастакорон рушду такомул меёбад. Тавре ки муаллифи сатрҳои боло дар ҷойи дигар нигоштааст: “Мусиқӣ ба мисли сухани зебои фараҳбахш, оби мусаффои чашмасорон касро болидаруҳ мегардонад”. Мо дар зер чанд намуна аз эҷодиёти бастакорони тоҷикро меорем, ки дар онҳо об ва фарҳанги истифодаи он тараннум шудаанд.
Дар сари чашма
Суруди “Дар сари чашма” аз таълифоти шоираи хушсалиқа Гулрухсор Сафиева мебошад, ки ба он композитор Миратулло Атоев оҳанг бастааст.
Шеър зебоиву латофати чашма ва табиати зебои моро тараннум карда, муҳтавои волое дорад. Баландмазмуниву равонии шеър бо оҳанги мусиқӣ мувофиқ гардида, ба шунаванда рўҳи тоза мебахшад. Асар бо мусиқии дилчаспу рўҳнавоз бо суръати Allergo moderatto (муътадилона) ва дар андозаи 6/8 (шаш ҳаштякӣ) оғоз мегардад, ки 18 тақтеъро дар бар мегирад. Баъд аз даромади мусиқӣ матни суруд аз нотаи “ре”‐и октаваи якум оғоз мешавад. Дар назди калид як аломати тағйирдеҳ (алтеки ифодакунандаи рўҳияи миллии асар аст, гоҳ маҳзуну гоҳ мутантан садо медиҳад.
Асар дар андозаи зарбии барои сурудҳои мардумии тоҷик маъмули 6/8 (шаш ҳаштякӣ) иҷро гардидааст. Мизони зарбии 6/8 (шаш ҳаштякӣ) ба гурўҳи андозаҳои мураккаб дохил мешавад, барои он ки аз ду андозаи соддаи якхела (3/8+3/8) иборат аст ва дар дохили тақтеи худ ду ҳиссаи шиддатнок дорад. Дар назди калид аломати тағйирдеҳ гузошта нашудааст, аммо аломатҳои тасодуфии “диез (#)” дар назди садои “фа” ва аломати “бе-)” дар назди садоҳои “ми” ва “си” гузошта шудааст. Суръати суруд Аndante (ором) буда, орому ҷигарсўз ва аз ҷониби дигар каме муфарраҳ садо медиҳад. Дар ибтидо, аз ҷониби мутрибон ёздаҳ тақтеъ сарахбори мусиқӣ навохта мешавад. Баъд аз даромади мусиқӣ суруд аз нотаи “ре”‐ и октаваи якум оғоз меёбад. Суруд аз ду банд иборат буда, такрорёбии бандҳоро аломати такрории “сегно” таъмин менамояд. Суруд бо ҳузни фурқатзо ва муассиру руҳнавоз ба поён мерасад.
Оби Душанбе
Суруди “Оби Душанбе” оҳанги композитори шинохта Хаёрулло Абдуллоев буда, матнаш ба қалами шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода тааллуқ дорад. Дар суруд ободию хуррамӣ ва обҳои мусаффову фаввораҳои пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе васф шуда, шунавандаро ба дўст доштани ин шаҳри дилрабо ва қадр кардани об, ки сарсабзиву хуррамӣ аз он аст, талқин менамояд.
Суруд хеле фораму дилнишин буда, ба дили ҳар шунаванда ба осонӣ роҳ меёбад. Дар он баъзе нозукиҳо мушоҳида мешавад ва аз иҷрокунанда маҳорати баланд ва таҷрибаи бойи сарояндагиро талаб менамояд.
Дарё
Суруди “Дарё” ба қалами шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ тааллуқ, ба он композитор Абдуфаттоҳ Одинаев оҳанги ҷолибе баста, асари зебои мусиқии фараҳбахш офаридааст. Муҳтавои суруд доир ба дарё ва моҳияти он аст. Муаллифи оҳанг дар баробари шоир фарҳанги истифодаи об ва озода нигоҳ доштани атрофро бо забони оҳанг ба ҳаводорони мусиқӣ талқин мекунад.
Суруд бо лаҳни мажорӣ ва андозаи шаш ҳаштякӣ (6/8), дар асар мушоҳида мешавад, ки ҳангоми иҷроиш ба ин аломатҳо таваҷҷуҳ додан лозим аст. Суруд бо суръати Allergetto (хушҳолона) ва дар андозаи мураккаби 6/8 (шаш ҳаштякӣ) иҷро карда мешавад. Суруд бо навозиши форами кўтоҳ, ки чаҳор тақтеъро дар бар мегирад, оғоз меёбад. Баъд аз анҷоми даромади мусиқӣ, аз тақтеи панҷум нақароти суруд аз нотаи “ми”‐и октаваи якум бо мисраҳои зерин оғоз мешавад:
Аз кўҳи баланд аст равон оби Душанбе, Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё