Зеҳн

Сабристон - Истаравшан

ЗЕ
Зеҳн16 августи 2026 · 3 дақиқа хондан

Истаравшан, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ ҳамчун шаҳри таърихӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки сокинони бонангу номусаш аз давраҳои қадим ҳунарманд ва дар баробари ин бо бунёди иншооти гуногуни аҳаммияти таърихидошта машҳур буданд.

Аз гузаштагонамон то ба имрўз бештар аз 153 ёдгориҳои таърихӣ ба мо мерос мондаанд, ки бозгўйи таърихи онҳо ва ҳифзу ба ояндагон мерос гузоштани он аз вазифаҳои муқаддаси насли имрўз ба ҳисоб меравад.

Шаҳри бостонии Истаравшан дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, Сабристон яке аз мавзеъҳои муқаддас ва хушманзараи ин шаҳри қадима ба ҳисоб меравад, ки дар деҳаи Ругунд ҷойгир мебошад. Масофаи деҳаи Ругунд то маркази шаҳри Истаравшан 7 км-ро ташкил медиҳад. Ҷамоати деҳоти Сабристон бо дарахтони бузургҷуссаи худ, ки таърихи аз 1200 то 1650 сола дошта,

ғафсии танаш 5,5-8,5 метр буда, баландиашон то 40-50 метр мерасад, дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад.

Бино ба маълумоти Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротбой Ҷумаев, Сабристонро «Савристон» низ меноманд. Ин унвон шояд ишора ба дарахти сарв бошад, аммо ин дарахтон ба сарв шабоҳат надоранд. Дар Эрон бутта ва дарахтони сарсабзро низ сабр меноманд. Тибқи маълумоти «Равзат-ус-сафо» шираи талхи гиёҳи сабр дар тиб ҳамчун дору ба кор меравад.

Ривояте вуҷуд дорад, ки 11 саҳоба дар ҳамин мавзеъ дам мегирифтанд ва нохост, ғайричашмдошт ба таъқиб дучор мешаванд. Онҳо савори асп ба роҳ мебароянд. Дар ҳамин асно мехҳои чўбин аз қафояшон ҳаракат намуда, садди роҳи таъқибгарон мешаванд. Ин дам нидо меояд: «Истед, сабр кунед!». Мехҳо дар ҷояшон қарор гирифта, сипас, бо гузашти айём чун муъҷиза месабзанд.

Қисми дигари Сабристонро бинои боҳашамати масҷид зеб медиҳад. Он ҳашт кунҷа буда, аз толори калони зебо ва айвони барҳавои диққатҷалбкунанда иборат ва соли 1560 сохта шудааст. Азнавбарқарорнамоии он ба солҳои 1823-1881 ва 1902-1905 рост меояд.

Дар сақфи масҷид номи устоҳои наққош, чўбкор, заргар, аз ҷумла Абдулазизи Наҷҷор, Мирзоҳусейни Наққош, Муҳаммадназар валади Муҳаммад Юсуфи Наҷҷор, Мубаширкор Мирфайз ибни Мирносир сабт ёфтаанд. Сарварии ҷараёни сохтмонро Шамсии Мутаввалӣ бар уҳда дошт. Ҳунарманди наврас Абдуқодири Наҷҷор низ ҳамроҳи устодонаш дар ороишоти масҷид иштирок намудааст.

Барҳақ, шоири закитабъ Зуфархон Ҷавҳарӣ Абдулқодири Наҷҷорро, ки дар Самарқанду Бухоро чун устои мумтоз шуҳрат ёфта буд, «Ҳунарвари замон» номидааст. Айвони масҷид дертар, соли 1343 ҳиҷрӣ (1924-1925) аз тарафи дигар устоҳо: Муҳаммад Нозим – писари Муҳаммадюсуфи Наҷҷор ва бародарон Маъмуру Мунин сохта шудааст. Дар паҳлўи чапи масҷид мазоре воқест, ки дар ҳуҷҷати таърихии соли 1280 ҳиҷрӣ (1813) мазори Хоҷа Шаҳидон зикр шудааст. Мазор соли 1895 номи «Шайх Руҳиддин» ва сипас Сабристонро гирифтааст.

Хоҷа Шаҳидон, Хоҷа Муйсафед, Хоҷа Ғолибон, Шайх Руҳиддин – табибу олим ва донишмандони ислом, тарғибгарони афкори мазҳаби ҳанафӣ, ки аз худ нақши босазо гузоштаанд, чун бузургони «Сабристон» ёдовар мешаванд.

Дар ин мавзеъ қабри яке аз шахсиятҳои барҷаста, мутаваллии масҷид Шайх Муҳаммад Шариф – писари Ниёзмуҳаммад қарор дорад. Муҳаммад Шариф таърихи азизону бузургони Сабристонро хеле хуб медонист. Ёддошт ва хотираҳои ин шайх дар шакли китоб солҳои 30-юми асри гузашта нобуд гардидаанд. Дар ин мавзеи таърихӣ инчунин оромгоҳи набераи яке аз чаҳор ёри босафо Абўбакри Сиддиқ – Хоҷа Мирфозили камарбанд вуҷуд дорад.

Маҷмааи ёдгории таърихӣ – меъмории Сабристон то ҳанўз чун зиёратгоҳ боқӣ монда, боиси ифтихор аз таърихи ҳазорсолаи миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик гардидааст.

Имрўзҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ба хусус аз Кореяи Ҷанубӣ, Зеландияи Нав, Австралия, Шветсия, Федератсияи Русия, Финляндия, Туркия, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ўзбекистон ва дигар давлатҳо аз ин ҷои муқаддас дидан намудаанд.

Маҷмааи ёдгории таърихӣ – меъмории Сабристон ҳамчун ёдгории таърихӣ – меъморӣ ба Феҳристи ёдгориҳои археологии дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ дар шаҳру ноҳияҳои Уротеппа, ворид карда шуда, бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 31 декабри с.1971 No408 тасдиқ шудааст, илова намуд, зимни суҳбат кишваршинос Баротбой Ҷумаев.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба