Зеҳн

Лоиқ Шералӣ

ЗЕ
Зеҳн17 августи 2026 · 6 дақиқа хондан

Номи Лоиқ Шералӣ ҳамчун шоир ба таври ҳамешагӣ дар таърихи адабиёти тоҷик сабт аст ва миёни алоқамандони адабиёт низ шуҳрати тамом дорад. Осори шоир аз андешаҳо дар боби зиндагӣ ва сарнавишти инсонҳое, ки бо шодиву ғами онҳо шарик буда, кашфиёти шоириашро дар хидмати онҳо гузоштааст, саршор мебошад. Вай дар назди халқу ватан бо масъулияти бузург зиста, ҳамин тааҳуди иҷтимоиву ҳунарӣ, шахсияти инсонӣ ва фардияти эҷодиашро шакл додааст.

Хусусиятҳои хоси мундариҷавию шаклӣ ва ғоявии осори шоир, нақш ва ҷойгоҳи ў дар ҷараёни адабии нимаи дувуми садаи бист ва оғози асри бисту як баёнгари мавқеи ў дар ҳофизаи миллат мебошад. Лоиқ аз оғози фаъолияташ ба муҳити адабӣ «ҳамчун шоири тозакор ворид шуд». Шеъри ў ифодагари ҳунар, завқу андеша ва навҷўиҳояш дар шеъри муосири тоҷик аст. Аз ин ҷиҳат, таҳқиқ ва арзёбии тозакориҳои адабӣ ва ҳунарии Лоиқ, аввалан, агар чеҳраи фардии шоирии ўро мушаххас созад, сониян, имкон фароҳам меоварад, ки хусусиятҳои хоси ҷараёни ташаккул ва таҳаввули шеъри тоҷикӣ дар як давраи томи ҷараёни инкишофи адабиёт ва мақоми шоир дар ин раванд муайян карда шавад.

Тадқиқ ва таҳқиқи тарзу тариқи ҷустуҷўҳои бадеии шоир, мантиқи ташаккули истеъдоди лирикии ў, алоқаи эҷодиёташ бо ақоиду андешаи иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳунарӣ ва ҳаёти ҷамъиятиву адабии нимаи дувуми садаи бист ва оғози асри равон, махсусиятҳо ва гуногунрангии жанрии эҷодиёташ аз заруриёти таҳқиқи ин мавзўъ аст. Ҳамчунин хусусиятҳои мундариҷавию ғоявӣ ва бадеии шеъри ин давра, ки осори Лоиқ ҷузъи ҷудонашавандаи он аст, аз ҷанбаҳои муҳими мавзўи таҳқиқ буда, зарурати равшан кардани масъалаҳои зикршуда бар аҳамияти масъала таъкид дорад.

Муайян намудани нақш ва ҷойгоҳи Лоиқ дар як давраи муҳими ташаккул ва таҳаввули шеъри тоҷикӣ ва ошкор намудани хусусиятҳои фардияти эҷодии шоир дар мабнои (контексти) ҷараёни адабӣ муҳим ба назар меояд. Илова ба ин, таҳқиқи фардияти эҷодии Лоиқ, хусусиятҳои жанрӣ ва бадеии осори ў барои шинохт ва арзёбии равиши инкишофи шеъри муосири тоҷикӣ ва масъалаҳои назариву амалии он низ алоқамандии бевосита дошта, бар зарурати таҳқиқи мавзўи таҳқиқотӣ таъкид дорад.

Таърихи таҳқиқи мавзўъ. Хусусиятҳои хоси мундариҷавӣ, ғоявӣ ва жанриву бадеии шеъри Лоиқ аз оғози фаъолияти эҷодиаш диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб карда ва ин таваҷҷуҳ то ба имрўз идома дорад. А.Сатторов ба маҷмўаи нахустини шоир «Сари сабз» (1966) тақриз навишта, диди тоза ва навҷўиҳои Лоиқро дар ифодаи мазмун ва тарзи тасвир аз хусусиятҳои хоси истеъдоди шоирии ў муаррифӣ карда буд. Баъдтар М. Шукуров дар як мақолааш доир ба хусусиятҳои лирикии давраи аввали эҷодиёти Лоиқ сухан ронда, «аввалин қадамҳои Лоиқро дар лирика бисёр хурсандибахш» шинохт ва доир ба хусусиятҳои лирикӣ ва баъзе жанрҳои эҷодиёти шоир, аз ҷумла рубоӣ маълумоти аввалин дода буд. Дар ҳамин давра Ш. Ҳусейнзода низ дар як мақолааш баъзе тозакориҳои шоирро дар шеъри тоҷикӣ ёдрас кардааст.

Зиндагӣ ва эҷодиёти Лоиқ мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии аҳли таҳқиқ қарор гирифта, дар ин замина як силсила мақолаву рисола ва диссертатсия таълиф гардид, ки рисолаҳои А. Сайфуллоев, Ю. Акбарзода, У. Ғаффоров, Гулназар, А.Сатторзода, С.Абдулло, К.Абдулов, М. Нарзиқул, В. Элбоев, Р. Муталлибов, Н. Ҳаётов, Б. Карим ва М.Аҷамӣ аз ҳамин қабиланд.

Муаллифон дар китобҳое, ки оид ба таърихи адабиёти садаи ХХ тоҷик ва мақолаҳое, ки доир ба масъалаҳои мухталифи адабиёти муосир таълиф намудаанд, дар бораи Лоиқ ва эҷодиёти ў баъзе маълумотро овардаанд. Ҳамчунин дар маҷмўаҳои мақолот ва ёддоштҳо роҷеъ ба зиндагӣ ва паҳлуҳои эҷодиёти шоир баъзе маълумот ва андешаҳои тоза баён шудаанд.

Аввалин мақолае, ки паҳлуҳои давраи аввали эҷодиёти Лоиқ дар он таҳлил ва арзёбӣ шудааст, ба қалами М.Шукуров (М.Шакурӣ) тааллуқ дорад. Ин муҳаққиқ доир ба хусусиятҳои лирикӣ ва баъзе жанрҳои эҷодиёти шоир, аз ҷумла рубоӣ маълумот додаст. Мақолаи Ш. Ҳусейнзода «Дар бораи баъзе майлҳо дар шеъри муосири тоҷик» ба масобаи намуна тозакориҳои шоирро дар шеъри тоҷикӣ ёдрас кардааст.

Дар аксари тақризу мақолаҳое, ки минбаъд доир ба эҷодиёт ва маҷмўаҳои ба чоп расидаи Лоиқ навишта шудаанд, дар боби шеъри шоир ва баъзе хусусиятҳои он сухан рафтааст. Дар ин замина метавон аз тақризҳову мақолоти А. Ҳакимов (А.Ҳаким), А. Сатторов, Х. Шарифов ва дигарон ном бурд.

Пас аз даргузашти Лоиқ се нашри «Куллиёт»-и ў, аввалӣ соли 2001 дар Хуҷанд, дувумӣ, соли 1383 дар Теҳрон ва савумӣ, соли 2008 дар Душанбе бо сарсухани А. Сатторзода ба чоп расид, ки дар он бо диди тоза паҳлуҳои ҳаёт ва осори шоир мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар бораи осори таҳқиқие, ки доир ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир дар солҳои гуногун чоп шудаанд, мо дар мавриди муносиб вобаста ба мавзўи баҳс сухан хоҳем кард. Ҳоло метавон гуфт, ки дар аксари таълифоти анҷомгирифта, тарзу тариқ ва равиши ҷомеъа, ҷустуҷўҳои эҷодии шоир, аз ҷумла хусусиятҳои ташаккул ва таҳаввули эҷодиёти ў дар мабнои назми муосири тоҷикии солҳои шасти садаи гузашта ва баъди он, махсусиятҳои фардиёти эҷодӣ, бадеияти осор ва равиши суннатписандиҳову навовариҳои шоир дар шеъри имрўз ба таври ҷомеъ мавриди таҳқиқ ва арзёбӣ қарор нагирифтааст. Ин ҳолат зарурати таҳқиқи масъалаи фардияти эҷодӣ, ҷустуҷўҳои бадеӣ ва ҷойгоҳи шоирро дар ҷараёни адабӣ ба миён мегузорад.

Ҳадаф ва вазифаҳои таҳқиқот. Фардияти эҷодӣ ва ҷойгоҳи Лоиқро дар таърихи адабиёти муосири тоҷик, пеш аз ҳама дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули шеъри тоҷикӣ, хусусиятҳои хоси дидгоҳҳои ў ба рўйдодҳои зиндагӣ ва арзишҳои иҷтимоӣ ва бадеии осори ў муайян мекунад. Нотакрории муаллиф на фақат дар тарзи нигориш, балки усули дарки воқеият, андеша сари ҳаводиси зиндагӣ, боварҳои ў ва ғайра зоҳир мешавад, ки мутаассифона, мавриди ҷустуҷўҳои амиқ ва ҳаматарафа қарор нагирифтааст. Ҳол он ки чеҳраи хоси шоирии ў ифодагари як давраи муҳими таҳаввулоти мундариҷавӣ ва шаклии шеъри имрўз буда, муайян намудани хусусиятҳои фардияти эҷодӣ ва ҷойгоҳи ў дар ҷараёни адабӣ, пеш аз ҳама шинохт ва арзёбии махсусиятҳои идроки бадеӣ ва усули ҷаҳоншиносии ў мебошад. Барои ба ин ҳадаф расидан мебояд нахуст ба ошкор сохтани ангезаҳои ибтидоии сиёсӣ ва ҳунарии ҷараёни адабӣ таваҷҷуҳ кард, сипас, нақши шоирро дар алоқамандӣ бо пайвандҳои дарунӣ, ки маҳсули воқеиятҳои ҳаёти адабист, муайян намуд.

Дар мабнои ҷараёни адабӣ арзёбӣ кардани масъалаҳои зикршуда ва муайян намудани роҳҳои ташаккул ва таҳаввули фардияти эҷодии Лоиқ ва хусусиятҳои шакливу мундариҷавӣ ва бадеии шеъри ў ҳадаф ва вазифаҳои ҷустуҷўҳои илмиро дар ин рисола муайян мекунад. Бинобар ин, барои дар ин таҳқиқоти рисолавӣ ба ҳадафҳои асосӣ расидан мо ба ҳалли масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ доштем:

  1. Ошкор намудани мундариҷаи ғоявӣ ва хусусиятҳои бадеии ашъори Лоиқ дар мабнои шеъри солҳои шастуми садаи бист ва баъди он.

  2. Нишон додани алоқаи таҷрибаи бадеии шоир бо тамоюлҳои идеологӣ ва адабию зебошинохтии давраи зикршуда.

  3. Муайян сохтани саҳми шоир дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули шеъри муосири тоҷик ва ҷойгоҳи ў дар таърихи адабиёти тоҷик.

  4. Шинохт ва арзёбии нақши Лоиқ дар ташаккул ва таҳаввули жанрҳои шеъри имрўз.

  5. Таҳлил ва арзёбии шеъри шоир ҳамчун маҷмўи таркибҳои шакливу мундариҷавӣ ва зебошинохтӣ.

  6. Муайян намудани суннатҳо ва навовариҳои Лоиқ дар шаклу мундариҷаи шеъри тоҷикӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба