Зеҳн

Лоиқ Шералӣ

ЗЕ
Зеҳн17 августи 2026 · 16 дақиқа хондан

Навгониҳои таҳқиқот аз он иборат аст, ки бори аввал масъалаи ҷустори ҳунарии Лоиқ Шералӣ дар шеъри муосири тоҷик ва фардияти эҷодии ў дар ҷараёни адабии нимаи дувуми солҳои шаст ва баъди он мавриди таҳқиқ ва арзёбӣ қарор мегирад.

Дараҷа ва савияи имрўзаи дарки ин масъала моро водошт, ки механизми ҳалли масъалаҳои мавриди тадқиқро дар алоқамандӣ бо ҷараёни ташаккул ва таҳаввули шеъри муосири тоҷикӣ нақд ва арзёбӣ кунем ва мушаххасоти онро муайян намоем.

Дар диссертатсия бори аввал мавзўи ҳозир таҳқиқшуда, дар заминаи фардияти эҷодии Лоиқ ва ҷойгоҳи ў дар ҷараёни адабӣ ҳамчун шоири ҷўянда, суннатгаро ва навовар муайян карда шуд. Мо бори аввал дар заминаи таҷрибаи эҷодии шоир заминаи дидгоҳҳои фардии эҷодӣ, хусусиятҳои шакливу мундариҷавӣ ва усулҳои бадеии тасвиркориҳои ўро муайян намудем, ки навоварии илмии таҳқиқотро ифода мекунад.

Арзишҳои назарии таҳқиқот дар асоснокии илмӣ ва дарки хусусиятҳои хоси тафаккури бадеӣ ва фардияти эҷодии Лоиқ зоҳир мешавад. Ба ин далел, осори шоир таҳлил ва арзёбӣ шуда, қонунияти назарӣ ва амалии инъикоси бадеии масъалаҳои мавриди назар муайян ва мушаххас карда шуд. Бинобар ин, кори дар ин замина ба анҷомрасида донишҳои назариро дар боби фардияти эҷодии Лоиқ ва ҷустуҷўҳои бадеии ў такмил медиҳад.

Сарчашмаҳо ва маводи таҳқиқот. Ҳангоми таълифи диссертатсия нашрҳои гуногуни осори шоир, таҳқиқоти доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Лоиқ анҷомгирифта, намунаҳои осори шоирону нависандагони муосири ў, ёддоштҳо ва қомусҳои соҳавӣ ва таълифоти илмӣ сарчашмаҳо ва маводи таҳқиқот мавриди истифода қарор гирифтанд.

Арзишҳои амалии диссертатсия аз он иборат аст, ки мавод ва натиҷаҳои пажўҳишро метавон ҳангоми таълифи таърихи адабиёти навини тоҷик, таърихи нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, навиштан ва мураттаб сохтани китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ аз таърихи адабиёти тоҷик, суханрониҳо аз боби масъалаҳои адабиёти навин дар мактабҳои умумӣ ва олӣ, ҳамчунин чун асоси назарӣ барои таълифи таърихи ҷомеъи адабиёти навини тоҷик истифода кард, зеро Лоиқ, бешак, аз чеҳраҳои бузург ва мондагори адабию фарҳангии тоҷикон аст.

Нуктаҳои асосие, ки ба дифоъ пешниҳод мешавад:

- Вазъи адабиву иҷтимоии солҳои шастуми садаи бист, хусусиятҳои эҷодии давраи аввали эҷодиёти Лоиқро муайян мекунад. Дар заминаи рўйдодҳои сиёсиву иҷтимоии ин солҳо ва санадҳои зиндагиномаи шоир зинаҳои ташаккули фардияти эҷодӣ ва аввалин ҷустори ҳунарии Лоиқ аз назар гузаронида шудааст. Дар ҳамин равиш ба масъалаи алоқаи мавзўии эҷодиёти ин давраи шоир ба муосиронаш диққат дода шудааст.

- Масъалаи инъикоси воқеиятҳои замон дар эҷодиёти солҳои ҳафтоду ҳаштоди садаи бист ва таҳаввулот дар шаклу мундариҷаи осори шоир ҷолиби диққат буда, тарзи фарогирии воқеиятҳо ҳунари шоирро ошкор месозад.

- Солҳои ҳафтоду ҳаштод давраи дувум ва муҳими эҷодиёти Лоиқ буда, дар осори индавраинаи ў рангу намоди таърихиву миллӣ, мавзўъҳои модар ва зан, кўдакӣ, ҷанг ва сулҳ, муяҳои ошиқона, васфи табиат, сиёсиву иҷтимоӣ ва ғайра ҷойгоҳи хос пайдо мекунанд. Дар ин замина шеъри Лоиқ аз як тараф, ба фарҳангу эътиқоде, ки суннати мондагори меросӣ буд, бозмегардад ва аз дигар сў, табодули ҳиссу идрок бо шеъри ҷаҳонро пешорў дорад, ки ин ҳар ду чеҳраи шоирии ўро мушаххас месозад.

- Маҷмўи мушкилоти иҷтимоиву таърихӣ ва ҷамъиятию адабӣ аз бисёр ҷиҳат ҷустуҷўҳо ва мундариҷаву хусусияти бадеии осори Лоиқро муайян менамоянд. Ашъори ин давраи шоир бо оҳанги амиқи фалсафӣ, андешаҳо дар бораи зиндагӣ ва ормонҳои инсониву миллӣ саршор мебошанд.

- Корбурди жанрҳо (дар эҷодиёти шоир) масъалаи суннатгароӣ ва навовариро ба миён мегузорад. Лоиқ дар истифодаи жанрҳои гуногун равиши хосро пеш гирифта, гуногунрангӣ дар шеъри ў хусусиятҳои шакливу мундариҷавиро муайян менамояд. Навҷўиҳои шоир дар шаклҳои шеърӣ ифодагари хусусиятҳои хоси тафаккури бадеӣ ва фардияти эҷодии ўст.

Апробатсияи таҳқиқот. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар конфронсҳои солонаи ҳайати профессорону омўзгорони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчунин дар шаш мақолаи илмии диссертант гузориш ёфтааст.

Диссертатсия дар ҷаласаи кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур (протокол No2, аз 29.09.2018) муҳокима ва ба дифоъ тавсия шудааст.

Сохтори рисола. Диссертатсия аз муқаддима, се боб, панҷ фасл, хулоса, китобнома ва 176 саҳифа иборат аст.

МУҲТАВОИ АСОСИИ ТАҲҚИҚОТ
Дар муқаддима зарурати таҳқиқи мавзўъ асоснок ва ҳадафу вазифаҳои таҳқиқот муайян карда шудааст. Ҳамчунин, методикаи таҳқиқ тавсиф шуда, арзиши назариву амалии кор бо далелҳо собит ва дараҷаи таҳқиқи масъала муайян гардидааст.
Боби аввали диссертатсия «Вазъи адабии солҳои шастуми садаи ХХ ва вежагиҳои давраи аввали эҷодиёти Лоиқ» номида шудааст. Дар ин боб вазъи иҷтимоӣ ва адабию фарҳангии давраи аввали эҷодиёти Лоиқ, воқеаҳо ва санадҳои воқеие, ки дар шаклгирии шахсияти шоир ва фардияти ҳунариаш нақши муҳим доштаанд, таҳлил ва арзёбӣ шудаанд. Муайян карда шудааст, ки пайравӣ ва корбасти суннатҳои волои сухангустарӣ, ки мероси шоирони бузурги гузашта ва пеш аз Лоиқ буд, дар шаклгирии фардияти эҷодии ў нақши хос доштаанд.
Қарорҳои ҳизби коммунист ва давлати Шўравӣ дар соҳаи адабиёт, театр, кино ва санъати мусиқӣ дар як давраи тўлонӣ дар муҳити адабӣ вазъияти тарсовар ва тобеияти бечуну чаро ба болоро ба вуҷуд овард. Чунин сиёсат омили асосии таназзули адабиёти асил гардида буд. Осори адибони ҳақгўву навовар на фақат чоп намешуд, балки худи онҳо ҳадафи таҳқиру таъқиб қарор мегирифтанд. Ин ҷараён барои адабиёти тоҷик мисли адабиёти халқҳои дигари Шўравии собиқ бисёр гарон афтид ва то солҳои шаст ва баъди он низ ба ҳар ранге идома пайдо кард. Фишорҳои сиёсӣ, ки бар сари устод С.Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода дар он рўзгорон омада буд, фарояндҳои асафбори маънавии ҷомеаро рақам мезад ва монеаи воқеӣ дар роҳи пешрафти адабиёт буд.

Ҳамчунон ки академик Н. Салимов таъкид кардааст: «Солҳое, ки сиёсати ҷорӣ бо панҷаҳои гирою хунрези худ, тавассути утопияи иҷтимоии баробарии халқҳо ва кулли заҳматкашон ба шаклҳои бисёр номуносиб тадриҷан тафриқаҳои табақавӣ ва ғоявиро ба бунёди тафаккури бадеӣ ворид овард, эстетикаи заифниҳоди нормативӣ ва ҳатто примитивӣ, қолабҳои якранги бадеӣ нуфузи ҳамагонӣ пайдо кард ва муҳри асолати фардиву ҳунарӣ хираву камнур гардид».

Ин ҳама дастдарозиҳо ба асолати адабиёту ҳунар ба вазъи адабиёт, бахусус шеър таъсири манфӣ расонида, ба истиқлоли фардии шоирону нависандагон латма ворид кард. Ин ҳолат шеъри тоҷикиро аз тааммуқписандиву фалсафаҷўӣ маҳрум ва дастихуш ва мубаллиғи сиёсат ва режими давр сохт. Шеър василаи таблиғи хушку урён, шиорҳову даъватҳои расмӣ ва сиёсии рўз гардид. Ба ифодаи дақиқтар, «сиёсатгароии маҳз ва ба қолаби шеър даровардани гапҳои одии забонзад, он чӣ «шеъри сармақола» номида шуда буд, аз аввали инқилоб сар карда, солҳои бисту сӣ ва пас аз он хеле ривоҷ ёфт ва дар бисёр мавридҳо адабиётро аз моҳияти аслии он маҳрум сохт, назму насрро аз шеърияти асил дур бурд».

Дар охири солҳои панҷоҳуми садаи бист сиёсати ҳизби коммунист ва давлати Шўравӣ нисбат ба адабиёт як дараҷа нарм шуда бошад ҳам, синфиятҷўӣ ва ғояҳои дархўри сиёсату идеологияи шўравӣ усули асосии адабиёт дониста мешуд ва фардияти эҷодиро маҳдуд мекард. Бо вуҷуди ин, чеҳраҳои адабие чун С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М.Турсунзода, Ҷ.Икромӣ ва С.Улуғзода бо баъзе таълифоти таърихиашон аз фардияти эҷодӣ ва ҳувияти ҳунариашон дарак доданд. Онҳо «овози худ»-ро (Тургенев) доштанд, бинобар ин, ҳарфи тозаи худро то ҷое гуфта тавонистанд.

Ҳарчанд сиёсати давр бо гуфтани ҳақиқат имкон намедод ё ҳақиқатгўиро маҳдуд мекард, Мирзо Турсунзода ба гуфтани воқеияти иҷтимоӣ, тасвири сарнавишти шахсиятҳои таърихӣ ва фоҷеаҳои рўзгори гузаштаи ҳаммиллатонаш ба қадри тавон даст ёфт. Дар матни воқеият «Ман аз Шарқи озод»-ро (1950) навишт. Баъдтар ба дарки фалсафии рўйдодҳои таърихии Шарқи муосир наздик шуд, ки манзумаи «Садои Осиё» (1955) ва достонҳои «Чароғи абадӣ» (1957) ва «Ҷони ширин» (1960) маҳсули ҳамин тамоюли эҷодии ўст.

Пеш аз М. Турсунзода устод Айнӣ, Пайрав, Лоҳутӣ, Раҳимӣ ва Миршакар ба масъалаҳои бедории иҷтимоиву маънавӣ, таърихӣ ва миллӣ таваҷҷуҳ кардаанд, вале М. Турсунзода дарки бадеии ин матолибро ба савияи худогоҳии халқ бардошт ва дар ниҳояти кор ба ҷамъбасти бадеии фалсафӣ даст ёфта, тасвир ва тавсифи арзишҳои ҳамагонии башариро аз сиёсатгароии маҳз имтиёз дод. Шоир ба ифодаи хусусиятҳои фардӣ ва миллии шахсиятҳои осораш таваҷҷуҳи бештар кард, ки ифодагари фардияти эҷодии ў буда, ба шаклгирии фардияти эҷодии шоирони баъдӣ, аз ҷумла Мўъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Гулчеҳра, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва дигарон бетаъсир набуд.

Дар матни ҳамин рўйдодҳо Лоиқ пой ба майдони адабиёт гузошт ва замоне, ки ҳанўз донишҷў буд, аввалин шеърашро суруд. Ин шеър зери унвони «Ном» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд. Он ҷузъи зиндагиномаи шоир буда, дар шаклгирии шахсияти шоир нақши муҳим бозидааст. Санади тарҷумаҳолӣ дар ин шеър, дунёи лирикии муаллифро таҷассум сохта, мисраи охирини шеър: «Сабт кун номат ба қалби мардумони бовафо» -ҳикмати зиндагиро пеш мекашад.

Дар диссертатсия шеърҳои давраи аввали эҷодиёти Лоиқ таҳқиқ шуда, дар мисоли онҳо таҳаввулоти тафаккури шоиронаи ў, ки хусусиятҳои хоси низоми образҳои шеъриашро ифода мекунанд, арзёбӣ шудааст. Аз як шеър то шеъри дигар чашмрастар шудани фардияти эҷодии шоир нишон дода шудааст.

Нахустин шеърҳои Лоиқ махсусияти фардии эҷодӣ ва пайванди ҷаҳони маънавиашро бо ҳадафҳои воқеии инсон ва замон инъикос мекунанд. Он чӣ ки ў дар шеърҳои аввалинаш тасвир кардааст, ифодагари боварҳо ва ормонҳои созандаи ўянд. Бесабаб нест, ки маҷмўаи «Сари сабз»-ро, ки дар он шеърҳои аввалинаш гирд омадаанд, муҳаққиқон «Маромномаи эҷодии шоир» унвон кардаанд. Воқеан ҳам, бисёре аз шеърҳои ин маҷмўа ифодагари розу ниёзи шоир аз шеър ва зиндагист. Ба назари Лоиқ ғараз аз шоирӣ, монанди ҳамаи ҳунарҳо, ин аст, ки зиндагии инсонро пурмоя ва зебо созад. Ба тамомият ва камоли зиндагии инсон кўмак кунад, дари ҳидояташро ба рўйи вай боз намояд, агар не, беҳуда ва бемаънист.

Ҳамин ҳисси масъулият, шинохти қадр ва манзалати сухан, дарки эҳтиёҷоти маънавии хонанда дар қадамҳои аввалин ўро ба баёни шоиронаи ормонҳои инсонӣ водошт ва дар ин замина ҳарфи бодалел, дақиқ ва таъсиргузор гуфт, ки бо тафаккури созандаи гузаштагон, ҳадафҳои инсонӣ ва ҳунарии шеъри пешиниёну муосиронаш ҳамхонӣ дошт. Аз оғоз оҳанги шахсӣ дар шеъраш бо тасаввуроти ҷомеъи шинохти шарофати инсон ва муқаддасоти зиндагӣ пайванд буд. Ба масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқ таваҷҷуҳ карда, шоир образҳои ҳамсони худашро меофарад. Симои онҳоеро, ки мисли ў зиндагӣ барояшон имтиҳон аст, имтиҳони садоқат ва поймардӣ. Шеърҳои «Зарафшон», «Меҳр ва зар», «Арча», «Сабзаи баҳор» ва ғайра дар ҳамин равиш гуфта шуда, тасвири ҳолнамо дар онҳо имтиёз дорад.

Ҷустуҷўҳои эҷодии Лоиқ дар оғози фаъолияти шоириаш аз таҷрибаи пешиниёну баъдиниён ва ҳамовардонаш ҷудо набуд. Симои инсони орзуманд, талошгар ва фидокор ҳадафи эҷодӣ қарор гирифта буд, ки аз матни воқеияти сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавӣ берун меомад. Ҳарчанд ҳар шоире дар ҷустуҷўи сохтори шакливу мундариҷавӣ роҳу равиши хоси худро дошт, вале рўҳияи фаъолиятмандӣ ва муносибати шодхорона ба ҳар чизи нав, ки зиндагиро ба беҳӣ тағйир диҳад, миёни шоирон умумият дошт. Ин фароянди маънавӣ реша дар таблиғоти густурдаи низом оид ба арзишҳои волои ҷомеаи табақотии Шўравӣ дошт, ки зеҳнияти мардум, аз ҷумла аҳли адабро ба тобеияти комили худ дароварда буд.

Лоиқ, ҳарчанд монанди шоирони муосираш дар ҳамин гуна муҳит мезисту эҷод мекард, вале осори давраи аввали эҷодиёташ гувоҳи диди хоси ў ба воқеият буд. Шеърҳои маҷмўаи «Сари сабз» нишон медиҳанд, ки Лоиқ аз оғоз аз зикри сатҳиву беобуранги зоҳири воқеаҳою рўйдодҳо, шўру валвалаи даъват ба кор, ба пахтачинӣ, васфи дилбазани пешвоёни сиёсӣ, тамҷиди дастовардҳои моддиву маишиву истеҳсолӣ даст кашида, дарк ва таҳлилу таҳқиқи амиқи моҳияти масъалаҳои иҷтимоиву маънавӣ ва ифшои ҳолатҳои равониву ахлоқии инсонро ҳадафи эҷодӣ қарор додааст.

Сиву ду шеър ва нуздаҳ рубоии маҷмўаи аввалини шоир ифодагари таҳаввулоти тадриҷии эҷодии шоир буда, шакл ва мундариҷаи ин шеърҳо фардияти диди шоирона ва тарзи хоси нигоришашро таҷассум сохтаанд. Чизи нав, муҳтавои тозаро аз зиндагӣ дарёфта, Лоиқ тавонистааст, ки ба василаи тасвирҳо ва образҳои шоирона хонандаро мутақоиди ҳақиқати шинохти зиндагӣ, андешаву оро ва дарёфтҳои зебоишинохтии худ созад. Бинобар ин, бо гузашти замон шеърҳои аввалини шоир барои хонанда куҳна нашудаанд. Ҳадафи олии маънавӣ ва ҳунарӣ омили умри бардавоми ин ва шеърҳои дигари Лоиқ мебошанд.

Яке аз тамоюлҳое, ки дар таъйини фардияти эҷодии Лоиқ муассир аст, муқовимати маънавӣ ва ҳунарии ў ба ноҷўриҳои маънавии рўзгор ва шахсиятҳои худбохта мебошад. Ў шеъри «Кўҳистон»-ро 5-уми апрели соли 1966 навишта буд. Ин замоне буд, ки суннатҳои миллӣ қадр надоштанд. Ҷои онҳоро арзишҳои таҳмилӣ ва тахрибгар ишғол мекарданд. Ҷомеаро идеологияи ҳоким ба самти фосилагирӣ аз арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекард. Лоиқ бо шеъри зикршуда муҳтавои тоза,масъалаи ҳифз ва посдории суннатҳои миллӣ ва самтгирӣ ба сўи худшиносии миллиро ба адабиёт овард. Мақолаи «Дар боби анъана ва русуми нав» ин мавзўъро дар эҷодиёти ў идома бахшида, дар маҷмўъ ифодагари равияи муқовимат дар эҷодиёти индавраинаи шоиранд. Дар диссертатсия равиши худшиносии миллӣ, ки фардияти ҳунарии ўро дар ибтидои фаъолияти эҷодияш таҷассум кардааст, бо мисолҳои мушаххас нишон дода шудааст.

Дар нахустин шеърҳои Лоиқ «шахсияти шоир дар ҷои аввал меистад» (В.Г.Белинский), ки дар шаклгирии фардияти эҷодияш нақши муассир дорад. Бо ин усул шоир дилашро дар пеши хонанда мекушояд ва андешаашро баён мекунад. Ўро бо шахсияти худ, ормонҳо ва гирудори замон, ки аз дилаш мегузарад, ошно месозад. Шикофи маҷозии дунёи пора-пораи аз дили шоир гузашта (Гайне) рамзи пайванди устувори шоир бо рўйдодҳои воқеист, ки дар хислат ва шахсияти ў таҷассум ёфтааст.

Шахсияти Лоиқ дар ашъори индавраинааш бо махсусият, нотакрорӣ, фардияти равшан, бо он чи ки ба дили мардум наздик аст, зоҳир мешавад. Дар ин ҳол, қаҳрамони лирикии шеър ормони шоирро таҷассум сохта, шахсияти инсонӣ ва фардияти ҳунариашро рақам мезанад. Аз ин назар, шеърҳои «Хандаи ҷонона» (1961), «Сабзаи баҳор»(1961), «Ба дўстам Дўст» (1962), «Ёди як ҳамсабақи марҳумам» (1962), «Во ҷавонӣ» (1963), «Кишвари баркамол» (1964), «Ба модарам» (1964) ва ғайра фардияти эҷодии ўро, ки муҳимтарин фазилати он андешапарварӣ аст, муҷассам сохтаанд. Шеърҳои дар ин давра эҷодкардаи шоир ҳимоят ва масъулияти инсонии шахсияти шеърро ифода кардаанд, ки низ паҳлуи дигари фардияти эҷодии ўст. Ин равиш ҷанбаи ахлоқии ашъори шоирро афзуда, ба ифодаи М.Шукуров «андешапарварӣ Лоиқро ба ҳикматомўзӣ ва пандомўзии классикӣ бештар наздик овардааст». Вале ин тарзи нигориши Лоиқ насиҳатпардозии хушк ва берўҳ, ки дар шеъри тоҷикии он замон ривоҷ дошт, набуд. Дар ин гуна шеърҳо шоир аз нақли маҳзи мазмун худдорӣ карда, гароиши бештар ба тасвир дорад. Дар мисоли шеъри «Арча» (1961) метавон гуфт, ки Лоиқ бо истифода аз забони воқеӣ бо усули бознамоии таҷрибаи ҳиссӣ акси табиӣ аз ашё (арча)-ро падид овардааст, ки дар оғози фаъолияти шоириаш таҷрибаи нодир аст. Лоиқ ба воситаи тасвири забонӣ ва воқеии «арча» як тасвири содаро ба вуҷуд овардааст, ки дар ҳофизаи мо сабт шуда ва аз тариқи идроки калимаи «арча» сурати он дар зеҳн пайдо мешавад. Чунончи:

Ин арча ба рўи санги сахту сари кўҳ
Худ рўидаасту реша бар шах мондаст.
Ҳоҷат ба касе набурда, аз санги сияҳ
Рўзии худаш ба зўри худ бистондаст.

Лоиқ дар ин шеър бо тасвири тахайюлӣ дунёи матлуб ва дилхоҳро офарида, падидаи нимаинсонӣ ва ниматабиии тасвирӣ моҳияти ҳаёти маънавии инсонро таҷассум менамояд, ки аз андарзгўиҳои хушку берўҳ дур аст.

Ин ва бисёре аз шеърҳое, ки дар маҷмўаи аввалини Лоиқ гирд омадаанд, хусусиятҳои хоси тафаккури шоиронаи ўро дар дарк ва таҷассуми бадеии воқеияти он солҳо нишон медиҳанд. Ин шеърҳо аз тахайюлоти созандаи умедпарвар саршор буда, сарчашмаи онҳо зиндагии воқеист. Аксари шеърҳои индавраинаи шоир таҷассуми саҳнаҳои пурҳиссиёти умедпарвар ва худафрўзиҳои шоир буда, дар аксар ҳол ба категорияи ёдвораҳои шоирона дохил мешаванд. Ин ёдвораҳои хос аст, зеро чунон ки дар шеъри то солҳои шаст расм буд, аз назари ботинии шоир одамон, рўйдодҳо ва ҳолатҳо нагузашта, балки ҳис, таассурот, умеду орзу ва рўъё андешаи ўро бо гузашта, имрўза ва оянда мепайвандад. Албатта, ин таҷрибаи шоирии Лоиқ аз фаъолияти эҷодии пешкисватонаш, бахусус, М.Турсунзода, М.Қаноат, А.Шукўҳӣ ва чанд тани дигар ҷудо набуд. Вале дар ин равиш усули ҷаҳоншиносӣ ва зебоишиносии Лоиқ фарқи ҷиддӣ дошт. Дар таҷрибаи пешкисватони Лоиқ воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тарҷумаиҳолӣ омили муҳими низоми мундариҷавӣ ва зебоишинохтии шеър аст. Дар шеъри Лоиқ ҷиҳатгирии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва равиши тарҷумаиҳолӣ ба назар намерасад, балки ҷаҳони эҳсосҳо, таассурот, умеду орзуҳо ва худафрўзиҳо тарзи диди бадеӣ ва арзёбиҳояшро муайян мекунад. Бинобар ин, метавон хулоса кард, ки ғояҳо, образҳо (бадеӣ ва шеърӣ) ва мундариҷаи ҳиссии ашъори шоир сарманшаи воқеӣ дошта, бархўрд бо онҳо ангезандаи тахайюли шоир аст. Аз ин ҷиҳат, одамон, рўйдодҳо ва ашёҳо дар шеъри Лоиқ ҳамчун василаи андеша, ҳис ва таассурот ёд мешаванд, на ба сифати сарчашмаи асосӣ. Чунин мавқеияти ўро шеърҳои «Ёди як ҳамсабақи марҳумам», «Кишвари баркамол», «Сатрҳои нотамом» ва ғайра тасдиқ менамоянд.

Ҳарчанд бисёре аз шеърҳои маҷмўаи аввалини Лоиқ шогирдона бошанд ҳам, тасвир дар онҳо тавсифӣ ва гузоришӣ нест, ҳамчунон ки дар шеъри тоҷикии солҳои панҷоҳ ба назар мерасад. Тасвир дар шеъри Лоиқ баёнгари эҳсос ва отифаи шахсии ҳунарманд аст. Ин тарзи тасвир, албатта дар адабиёти дунё, аз ҷумла шеъри рус ва Эрон шоеъ аст ва ҳадафи он рози ашёро аз раҳгузари изҳороти шахсӣ баён кардан ва маънои онро аз ин роҳ нишон додан аст. Шоир дар ин тарзи эҷод, на ба зеҳни мантиқӣ ва нирўи ақлонӣ, балки ба биниш, силсилаи хулосаҳои ҷомеъ ва ҳавосу авотиф такя меҷўяд. Дар ин ҳол Лоиқ танҳо ба воситаи таҷрибаи шахсӣ ва тахайюлӣ тавонистааст, ки роҳи ҳис ва андешаашро баён кунад. Ба ифодаи дигар, «таъбири як шайъ бидуни тасарруфи отифӣ» (8,139) дар таҷрибаи шоирии ў писандида нест. Аз ин ҷиҳат, тасвирҳои Лоиқ дар беҳтарин шеърҳои давраи аввали эҷодиёташ аксаран ҳомили авотифи шахсии ўянд, бинобар ин, хоси ў буда, ранги махсуси шахсият ва ҳувияти фардиашро равшан месозад.

Боби дувуми диссертатсия «Хусусиятҳои эҷодиёт ва ҳунари шоирии Лоиқ» унвон дошта, аз се фасл иборат мебошад. Дар фасли аввал, ки «Мавзўоти шеъри Лоиқ ва биниши фардии ў» номида шудааст, нақши хоси Лоиқ дар инъикоси ин ё он мавзўъ таҳқиқ ва арзёбӣ шудааст.

Мазмуну муҳтаво дар шеъри Лоиқ масъалаи гароиш ба шеъри асилро матраҳ месозад, ки бармегардад ба тарзи ифодаи эҳсос ва талақии хос аз ин ё он мавзўъ дар эҷодиёти шоир. Худоӣ Шарифов барҳақ навиштааст, ки «дар шеъри замони шўравии тоҷикӣ мавзўъ ва муҳтаво мақсад ва вазифаи мақоми аввали шеъру шоирӣ шудааст. Ҳунари шоирӣ, майли андеша ва мақсади эҷодӣ аз интихобу баррасӣ ва пешниҳоди мавзўъ ва муҳтаво иборат буд. Шахсияти шоирии Лоиқ ҳам, аз муҳтавои шеъри ў намудор мегардид. Мавзўъ воситаи муҳими ибрози назар ва робитаи андеша ба воқеият, мудохилаи зеҳнию адабӣ ба раванди ногувор ва хушиҳои рўзгор мебошад. Таснифу таҳлили шеър ҳам дар таҳқиқу нақди адабии Тоҷикистон мавзўӣ будааст».

Таҳқиқу нақди мавзўӣ, мутаассифона, аксаран хусусияти иттилоотӣ ва тавсифӣ дошт ва ба ошкор сохтани хусусиятҳои хоси ҳунари бадеии ин ё он шоир дар тасвири мавзўъ чандон эътибор намедод. Солҳои охир ин равиш таҳаввул пайдо кард.

Бар хилофи тасвири иҷтимоигарои солҳои чилу панҷоҳ ва ибтидои шаст, ки бар инъикоси тавсифии мавзўву масъалаҳо асос ёфта, таҷрибаҳои дастҷамъиро фақат тавсиф мекард ва таҷрибаи шахсии шоир камтар дар тасвир инъикос мешуд, Лоиқ тарзу тариқи дигари тасвири мавзўву масъалаҳоро ихтиёр кард.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба