Зеҳн

Лоиқ Шералӣ

ЗЕ
Зеҳн17 августи 2026 · 20 дақиқа хондан

Лоиқ аз аввалин қадамҳояш рўҳиёти амиқи шахсӣ дошт, ки ҳувияти фардияшро дар шинохти воқеият муайян мекард. Ҳарчанд таҷрибаи шоириаш умумият ва муштаракоте бо пешгузаштагон ва муосиронаш дошт, аммо дар шеъри «Ном» нигариши хос ва фардияти ҷудогонаи ў ошкор буд ва худи унвони шеър мавзўи онро матраҳ мекард. Шоир дар ин шеър масъалаи чӣ гуна зинда мондану номвар шуданро шоирона матраҳ карда, ба суоли пешгузоштааш посухи равшан медиҳад. Ҳарчанд дар ин шеър низ то ҷое муҳтавогароӣ нуфуз дорад, вале тасвири воқеӣ ва ҳолнамо мавзўъро муассир сохтааст.

Дар шеъри зикршуда андешаҳо дар раванди пайвастае пушти ҳам, чунон омадаанд, ки гўӣ донаҳои дарҳам пайвастаи як занҷиранд. Андешаҳо бе он ки аз ҳам гусаста шаванд, ҳамдигарро ҳимоят мекунанд, такмил мебахшанд ва бори эҳсоси шоирро дўш ба дўш то поёни шеър интиқол медиҳанд. Дар шеър эҳсос ва андеша ҷои тасвирро гирифта, ба шеър шакл медиҳад. Ин андеша ва эҳсоси воҳид сабаби ваҳдати мундариҷаву шакл мегардад. Ҳангоми офаридани шеър шоир дар фазо ва ҳолати рўҳии воҳид қарор мегирад ва бар шуури шоирона нигариши бофтгаро ҳоким мешавад. Дар ин бофти рўҳӣ ва маънавӣ мавзўъ ба сурати ҳоли шоир ва эҳсосу шуури ў дармеояд.

Мавзўъ, андеша ва натиҷагирии ахлоқӣ дар шеъри «Ном» ҷузъе аз таҷрибаи зиндагӣ ва рўҳии шоир буда, бо эҳсоси куллии шеър ҳамранг мегардад. Ҷузъҳои шеър (шуҳратталабии ҷавон, номашро дар санг ҳак кардан) аз батни эҳсоси шоир рўида, ҳамагӣ як ҳол ва андешаи ҳикматомези воҳидро ҳамл мекунанд.

Тафаккури лирикии шоир, эҳсоси воҳид ва таҷрибаи шеърӣ ҳамчун як ришта дар шеъри Лоиқ дар заминаи мавзўъҳои гуногун тасвирҳоро ба ҳам пайваста, сохтори дарунии шеърҳои ўро меофаринанд. Ҳамаи аҷзои шеър дар партави як нури отифӣ ранг мепазирад ва дар пайкараи шеър ҷой мегирад. Вақте он рўҳ (ҳолати рўҳӣ) поён ёфт, шеър тамом мешавад. Ин тарзи тасвир дар эҷодиёти Лоиқ тадриҷан ташаккул ва таҳаввул ёфта, шеъри ўро аз муҳтавогароӣ мераҳонад ва тасвирҳо ва мазмунҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Дар ҳамин матн тарзи интихоб, арзёбӣ ва пешниҳоди мавзўъ, ҳунари шоирӣ ва фардияти эҷодии Лоиқро дар ҳамаи давраҳои эҷодиёташ намоёнгар аст. Мавзўъ чеҳраи шоирии Лоиқро мушаххас месозад. Яке аз ҳамин гуна мавзўъҳо дар эҷодиёти шоир ишқ аст.

Дар диссертатсия паҳлуҳои гуногуни ин мавзўъ таҳлил ва арзёбӣ шуда, тамоюли фикрӣ ва ҳунарии Лоиқ дар инъикоси мавзўъҳои ишқӣ мушаххас гардидааст.

Дар мисоли таҷрибаи шоирии Лоиқ метавон хулоса кард, ки шахсият дар шеърҳои ишқии ў дар ҷои аввал меистад ва хонанда аз ин роҳ ҳама чизро мепазирад ва ҳис мекунад. Ҳамин равиши дарки сареҳи воқеият дар замон ва макони мушаххас Лоиқро водошт, ки дар заминаи эҳсос ва андешаи фардӣ, ки ҳамагонӣ низ ҳаст, шеъри ишқӣ гўяд.

Замоне ки Лоиқ нахустин шеърҳои ошиқонаашро суруд, хостаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фармуда бар муҳити зеҳнии шоирон тасаллут дошт. Вале Лоиқ тавонист худро аз ин панҷара берун кашад ва ба дуртар нигарад. Ў ҳама чизро бо чашми худ дид ва бо меъёрҳои зеҳниву ахлоқӣ ва зебоишинохтӣ андоза кард. Дар ҳоле ки ишқномаҳои хеле ками Ғаффор Мирзо ва Мўъмин Қаноатро наметавон бо ошиқонаҳои Лоиқ баробар кард. Шеърҳои лирикии устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзодаро, ба ифодаи Гулназар «ба ҷўи ороме шабоҳат диҳем, лирикаи Лоиқ ба дарёи пурғалаён ва ошўбгар монанд аст». Лоиқ тавонист бо ҳассосияти фавқулода ва қудрати баён ба ниёзмандиҳои маънавии ҷомеа дар заминаи анвоъ ва ақсоми эҳсосот ва авотифи башарӣ ба мазмунҳои ошиқона ранги дигар бахшад.

Дар давраи аввали эҷодиёташ ин гуна шеърҳои Лоиқ бештар хусусияти муҳтавогароӣ доштанд. Шеърҳои «Додгоҳи хотира», «Дар базм», «Хотира дар пушти сурат», «Маро хушбахт кун, эй гул!» ва ғайра ба ин тарз эҷод шудаанд. Тафовути ишқияҳои баъдии шоир аз давраи аввал дар он аст, ки аз солҳои ҳафтод ба баъд дар тарзи нигориши ў тасвиргарӣ бар муҳтавогароӣ нуфуз пайдо мекунад. Илова ба ин, Лоиқ дар ишқияҳои баъдиаш пироҳани хоси миллӣ пўшонд, ки низ фардияти эҷодиашро ифода мекард.

Лоиқ аз шоирони нодире буд, ки дар оғози фаъолияти эҷодиаш аз дастурҳои назарии тафриқаандози табақотиву ғоявӣ фосила гирифта, зебоишинохтии заифниҳоди нормативӣ ва примитивӣ низ дар тафаккури бадеиаш таъсир ва нуфуз надошт. Назари хос ва фардияти эҷодиаш дар инъикос ва фарогирии мавзўъҳо шеъри ўро аз муҳтавогароии маҳз ва қолабҳои якранги бадеӣ раҳонид. Бинобар ин, дар чӣ мавзўе шеър гуфта бошад, мавриди қабули завқи умум ва пазироӣ қарор гирифт. Ҳамчунон ки «шеърҳои нағзи ошиқонаи шоир» (А.Сатторзода), ба ифодаи Гулназар номаҳои ошиқонро оро дода, ҷавонон бо шеъри Лоиқ ишқварзӣ мекарданд. Шеърҳои дар васфи модар, Ватан, миллат, инсон навиштааш, афкори ҳикамиаш низ мавриди қабули хосу ом буданд ва тарзи идрок ва инъикоси ин мавзўъҳо омили асосии нуфузи шеъри шоир дар зеҳнияти мардум ва муҳити адабӣ буд. Дар ин бахши диссертатсия тарзи идроки бадеии шоир дар инъикоси бадеии мавзўъҳои гуногун нақд ва арзёбӣ шудааст.

Дар фасли дуюми боби дувум, ки «Лоиқ ва ҳувияти миллӣ» ном гирифтааст, масъалаҳои инъикоси худшиносии таърихӣ ва ҳувияти миллӣ дар эҷодиёти шоир таҳқиқ ва таҳлил шудааст.

Ҳувияти инсонӣ ва фардияти ҳунарии Лоиқ дар шинохти миллат, ватан ва арзишҳои миллӣ аз нахустин шеърҳояш, аз ҷумла шеъри «Зарафшон» (1960) ва мақолаҳояш, ки дар мавзўи ҳимоят аз расму оини миллӣ дар рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп карда буд, равшан ба назар мерасид. Дар ҳамон шеъри «Зарафшон» унсури муҳими табиат-дарё намоди миллии ибрат ба назар омада буд. Ин тамоюли ҳунарӣ аз оғоз баёнгари тарзи хоси дид ва идроки бадеии Лоиқ буд, ки минбаъд тадриҷан ташаккул ёфт.

Зимнан бояд зикр кард, ки дар давраи аввали эҷодиёташ биниши бадеии Лоиқ мисли дигар шоирон дар идроки воқеиятҳои таърихӣ, шинохти ҳастии таърихӣ ва ҳувияти миллӣ мустақил набуд. Ҳатто ҳамон шеъри машҳури «Ватан», ки бо мисраи «Ватан сар мешавад аз гоҳвора» оғоз мешавад, зери таъсири шеъри шоири рус М.Матусовский «С чего начинается Родина?» эҷод шуда буд. Вале дар ҳамин шеър низ рўҳи мушаххаси миллӣ, эҳсосу таассурот бо андешаи миллӣ ба ҳам омада, шеъри Лоиқро аз умумигўиҳои он рўзгор ҷудо мекард. Аз солҳои ҳафтод ба баъд афзоиши гунҷоиши ёди таърихӣ равиши худшиносии таърихӣ ва ҳувияти миллиро дар эҷодиёти Лоиқ муайян кард. Ба ифодаи М.Шакурӣ шеъри асили худшиносӣ «бо ҷусторҳои эҷодгарии Лоиқ ва Бозор Собир» шурўъ шуда, то имрўз дар рушди он Мўъмин Қаноат, Гулрухсор, Гулназар, Аскар Ҳаким, Фарзона нақши вежа доранд. Аммо рушду камоли шеъри худшиносӣ бештар аз ҳама ба нигоҳи хос ва сухани обдори Лоиқ вобаста аст.

Ин тарзи нигариш ва ҳувиятҷўии Лоиқ нахустин бор дар шеъри «Хоки Ватан» бо «нигоҳи тоза ва сухани обдор» (А.Сатторзода) ҷолиби диққат буд. Ин шеър «бо мазмуну образҳои тозаи шоирона ғояи неку олӣ, вусъату амиқии тасвирҳо, вазни хушу интонатсияи бой имтиёз» дошт. Имтиёзи дигар ва муҳими ин шеър дар мавзўву мундариҷаи он буд. Таваҷҷуҳи зеҳнии шоир (қаҳрамони лирикӣ) ба санади таърих яке аз усулҳои ҳувиятшиносии миллӣ дар шеър аст. Санади таърих ҳофизаро таҳрик мебахшад, гузаштаро бо имрўз қарин месозад, ки тарзи тоза ва пурмаънии худшиносии таърихӣ ва ҳувиятшиносии миллӣ дар эҷодиёти шоир аст. Андешаи зеҳнии шоир бар фоҷиаҳои сарнавишти таърихии тоҷикон таъкид дошта, ба ифодаи А.Ҳакимов «бузургии маънавии халқ»-ро муҷассам месозад.

Лоиқ ба василаи ин шеър назарияи коммунистии ягонагии халқҳои Шўравӣ ва исломии ваҳдати фарзандони одамро зери сууол бурда, Ватанро, пеш аз ҳама иттиҳоди иҷтимоии соҳибони он таъбир кард. Бинобар ин, дар шеъри зикршуда образи шеърии як каф хоки Ватан ифодагари ҳастии таърихӣ ва фарҳангии Ватан ва миллат аст. Дар тасвири Лоиқ Ватан фақат як истилоҳи ҷуғрофиёӣ набуда, балки меҳвари рўҳоният ва ҳувияти миллат аст, ки Ватан ба он нисбат дода мешавад. Аз ин ҷиҳат маънии маҷозии хоки Ватан ва ифодаи мардони пурҳасрат , ки хоки Тоҷикистонро парешон кардаанд, дар таъйиди ҳамин назари меҳвари рўҳоният ва ҳувияти миллӣ будани Ватан аст.

Сабаби дигари муваффақияти ин шеър аввалан, аз шеваи меҳварии зеҳнӣ кор гирифтани шоир аст, сониян, ҳадафи ғоявии он, ки марбут мешавад ба масъалаҳои худшиносии таърихӣ ва ҳувияти миллӣ. Ба ҳамин сабаб, ин шеъри Лоиқ пайравони зиёд пайдо кард, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо муваффақ нашуданд. Агар беҳтарини ин пайравиҳо шеъри Бозор Собир бошад, дарёфти ў низ, ба қавли Гулназар «он қадар шоирона» (1,68) набудааст. Ба назари мо камтаъсирии шеъри Бозор дар он аст, ки образи шеърӣ бофта буда, заминаи воқеӣ ва бо зеҳнияти мардум мувофиқат надорад. Образи шеърии як каф хоки Ватан дар шеъри Лоиқ заминаи воқеӣ, зеҳнӣ ва миллӣ дошта, дарёфти пайванди ҳиссӣ миёни воқеияти образи шеърӣ ва таҷрибаи ҳиссӣ ба он шукўҳи маънавӣ ва пўёӣ бахшидааст, ки омили аслии таъсирбахшии он аст.

Тамоюли худшиносии таърихӣ ва ҳувиятшиносии миллиро дар эҷодиёти Лоиқ шеърҳои ба таърих ва шахсиятҳои таърихӣ бахшидаи ў тақвият мебахшад. Ин гуна шеърҳо ҷузъи эҳсос ва андешаи шоир буда, консепсияи ҳувиятшиносии миллиро дар эҷодиёти шоир мушаххас месозанд. Лоиқ ба василаи ин шеърҳо метавонист, ки воқеияти таърих ва мушаххасоти рўзгори чеҳраҳои таърихиро аз муҳтавои айнии он берун кашад ва ба он моҳияти инсонӣ ва миллӣ бахшад. Лоиқ бо эҳсосу андешаи амиқ ва биниши густурдатар тавонист дар уфуқе бас фарохтар бингарад ва муосирони худро зери таъсири куллии таърихи зиндаи тоҷикон қарор диҳад. Ин бозҷустҳои амиқ ва ҳунармандонаи таърихӣ заминасози амиқрафти биниши худшиносии таърихӣ, ҳувиятии миллӣ ва дарёфти ҳувияти миллӣ аз матни таърихи гузаштаи тоҷикон дар шеъри шоир гардид.

Дар ин гуна шеърҳо таассуроти бардавоми шоирро ҳиссиёти лирикӣ мусалсал сохта, ба таъсири ҳиссии андешаи ў меафзояд ва ба он рангу ҷилои муассири бадеӣ мебахшад. Ин усули дарки бадеии воқеияти таърих ва ҳақиқати сарнавишти чеҳраҳои таърихӣ ба шоир барои дарёфти андешаву орои тоза имкон фароҳам оварда, шоир ба неруи пиндор ва тасаввурот дар шеъраш озодӣ мебахшад ва даст меёбад, ки аз миёни ёфтаҳои тасаввурӣ, ки ба маъниҳои рўшан ва устувор ишора мекунанд, он суратҳоеро бипазирад ва таҷассуми бадеӣ бахшад, ки маънии шеърро вусъат бахшида, сурати мушаххаси гумону пиндорро тарҳ медиҳанд. Ин яке аз махсусияти тафаккури бадеии таърихии Лоиқ аст, ки бо имрўз пайванди амиқи айниву зеҳнӣ дорад.

Маҳбубият, бартарӣ ва фарқи бисёре аз ин гуна шеърҳои Лоиқ, аз ҷумла «Таърих гувоҳ аст...», «Оли Сомон», «Айнӣ», силсилаи «Сипоснома», «Аҳмади Дониш», «Гўри Дониш дар куҷост», «Шоир», «Баъд аз ҳазор сол», «Араб гўянд Синоро гурўҳе», «Асли Сино», «Барои устод Боқӣ», «Барои Маҳмуди Воҳид», «Панҷаҳои Борбад», «Вопасин нафаси Хайём» ва ниҳоят, силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома» ва ашъори дар сўгвории тоҷикони охири асри бист бахшидаи шоир дар ҳамон аст, ки зикр шуд.

Дар диссертатсия дар заминаи тасвири бадеии рукнҳо ва намодҳои ҳастии таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон, аз ҷумла, забон ва ҳувияти фарҳангӣ хусусиятҳои хоси фардияти эҷодии Лоиқ нишон дода шудааст.

Дар фасли сеюми боби дувуми диссертатсия «Тасвири табиат дар ашъори Лоиқ Шералӣ» фардияти эҷодии шоир дар заминаи ашъори ба табиат бахшидаи ў мавриди таҳқиқ ва арзёбӣ қарор гирифтааст.

Лоиқ аз зумраи шоироне буд, ки дар садаи бист тавонист ба василаи ин навъи шеър нуҳуфтагиҳои даруни инсонро дар тасвирҳои табиат кашф кунад ва дар ин равиш тасвирҳои муассири бадеӣ ба ёдгор гузорад. Хусусияти асосии ин қабил ашъори Лоиқро офоқӣ (объективият) ва дарунгароии онҳо муайян мекунад, ки ин фазилати хоси тафаккури лирикии шоир аст.

Аз аввалин қадамҳояш шеъри Лоиқ бо табиат ҳамхонии хос дошт. Дар ин гуна шеърҳо шоир дар сатҳи ашё ва манозири табиат меандешид. Ҳатто дар нахустин тасвиркориҳояш шоир аз табиат низ «дар варои пардаи табиат» (2,317) фақат бар унсурҳои моддии ҳастӣ наандешида, балки чизе нафсонӣ, отифӣ ва иҷтимоӣ дар тасвирҳои табиат ва манзаранигорӣ афзудааст. Аз ин ҷиҳат, хусусияти муҳими шеъри манзаранигории Лоиқро бояд ба завқи лирикӣ ва ҳассосияти шоирии ў рабт дод. Ба ифодаи дигар, аз аввалин қадамҳо (манзур шеърҳои «Зарафшон», «Арча», «Сабзаи баҳор» аст, ки мутаносибан солҳои 1960 ва 1961 таълиф шудаанд) тааммулаш дар бораи табиат дигаргунӣ пазируфта, пайрави эҳсос ва табъи ў гардид. Ба ин далел, ки аз он рўзгор ба баъд табиат ва манзараҳои он дар ашъори ў ба ду тарз тасвир ва тавсиф мешавад. Нахуст аз назари тавсифҳои холис, ки метавон онро васф ба хотири васф хонд, вале ин гуна шеърҳо низ ҷанбаи амиқи даруннигарӣ доранд. Тарзи дигари нигариши ў, ки шоир ба ҷуз васфҳое, ки аз табиат мекунад, дар заминаҳои ғайр аз табиат, яъне дар доираи бисёре маонии таҷридӣ ва ё тасвирҳое, ки аз табиат, инсон ва ҳаёти ўст, боз ҳам аз табиат ва унсурҳои он ёрӣ мегирад.

Ҷустуҷўи унсурҳои табиат дар мисоли ашъори лирикии Лоиқ нишон медиҳанд, ки диди ў ҷанбаи хоси табиӣ дошта ва на танҳо васфҳои табиат, балки дар заминаҳои дигар низ таваҷҷуҳи шоир ба табиат имтиёз дорад. Дар тасвирҳои ў дар ҳар заминае аз заминаҳои маънавии шеър унсурҳои табиат бештарин саҳмро доранд. Имтиёзи ҳунари ў дар ин равиш ин аст, ки тавонист нуҳуфтагиҳои дили инсонро дар тасвирҳои табиат кашф кунад. Ҳамин имтиёз шеъри ўро аз дигарон тафовут медиҳад, ки дар таъйиди хусусияти хоси ҳунари шоирии ўст.

Дар боби сеюми диссертатсия, ки «Навҷўиҳои Лоиқ Шералӣ дар навъҳои шеърӣ» унвон дошта, аз ду фасл иборат мебошад,тозаҷўиҳои шоир дар шеъри нав ва чаҳорпора мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифтааст.

Дар фасли аввали ин боб, ки «Падидаҳои шеъри нав дар эҷодиёти Лоиқ» унвон дорад, фардияти эҷодии шоир дар заминаи ҷустуҷўҳояш дар шеъри нав муайян ва мушаххас карда шудааст.

Лоиқ дар ду шакли шеъри нав, ҳам нимоӣ ва ҳам шеъри озод, ки дар маҷмўъ 215-то аст, шеър гуфтааст. Бисёре аз озодиҳои шаклие, ки дар ин намуди шеър шоеъ аст, дар осори ба ин тарз гуфтаи Лоиқ низ ба мушоҳида мерасад. Дар ин гуна шеърҳо истиқлоли нисбии қофия ва вазн низ ҷой дорад. Мисраъҳои ин гуна шеърҳо низ «аз нигоҳи имтидод монанди шеъри суннатӣ ва ё худи чаҳорпора бо аркони баробар маҳдуд намешаванд, балки ҳар кадом аз мисраъ метавонад аз рукнҳои баробару нобаробар, масалан, ҳадди ақал аз як рукн ва ҳадди аксар аз чаҳор рукн ва гоҳе аз он ҳам зиёд иборат бошад. Аммо дар ҳама ҳолат риояи вазни арўзӣ ҳатмӣ аст».

Лоиқ дар ҳар ду шакл шеър гуфта бошад ҳам, дар эҷодиёташ шакли нимоӣ ё худ шеъри озод нуфуз дорад. Ин гуна шеърҳоро шоир дар вазни арўз гуфта, мисраъҳои он монанди шеъри суннатӣ маҳдуд ба ду, се ва чаҳор рукн аст. Қофия низ дар ин гуна шеърҳои Лоиқ ҷои муназзам ва мушаххас надорад.

Шакли шомлуӣ, ки онро шеъри сафед низ гўянд, дар эҷодиёти шоир нуфузи чандоне надошта бошад ҳам, баъзе паҳлуҳои муҳими ҳунари шоирии ўро ошкор мекунад. Шакли шомлуии шеъри Лоиқ вазн ва оҳанг дорад, вале комилан арўзӣ нест. Қофия низ дар ин гуна шеърҳо ҷои собит надорад, ки намунаи он «Шеъри сафеди «Тиллои сафед» мебошад.

Хусусияти муҳими шеъри нави Лоиқ дар он аст, ки мавзўъ, муҳтаво ва шакли он таносуби тамом доранд. Мавзўву муҳтаво, дарунмоя ва хусусиятҳои балоғии чунин шеърҳоро шакл медиҳанд, ки аз вежагиҳои тарзи нигориши Лоиқ аст. Дигар аз бартарии Лоиқ дар эҷоди ин гуна шеърҳо ироаи мавзўъ ва матолиби тоза аст.

Яке аз беҳтарин шеърҳое, ки Лоиқ дар ин равиш гуфтааст, «Хоки Ватан» мебошад. Ин шеър дар шакли нимоӣ эҷод шуда, шоир ба воситаи он мазҳари мудерни озодихоҳӣ ва ватанпарастиро ба вуҷуд овард. Аз нигоҳи шоиронаи ў таваҷҷуҳ ба иродаи миллӣ зуҳури навъе андешаи ватандўстӣ ва дар ниҳоят ватанпарастӣ аст, ки метавон онро гузар аз гуманизм ба насионализм ва аз ҳуқуқи фардӣ ба ҳуқуқи миллӣ номид. Ин дигарандешӣ ба тарзи нав дар шеър буд. То Лоиқ чакомаҳои зиёде дар ситоиш аз Ватан ва хоки Ватан суруда шудаанд, вале образи ҳиссӣ ва пурвусъати хоки Ватан дар дил ва зеҳни хонанда чунон рахна кард, ки ин образ аз шеър ба шеър кўчид.

Шеърҳои «Ман намемирам», «Суруде хоҳаму шеъре», «Руҷўи достоне, ки ҳаргиз наметавонам навишт», «Боз як рўзам гузашт», «Моҳии тилло», «Ғазали боғбони пир», «Мадҳияи аҷал» ва ғайра ифодагари ҳунари шоирии Лоиқ дар сурудани шеъри нав аст, ки дар рисола муфассал таҳлил ва арзёбӣ шудаанд.

Дар шеъри нави Лоиқ мисраъҳои кўтоҳу пилаконии паси ҳам фурўрехта, аз мусиқии хосе бархўрдор, нав ва таъсиргузоранд. Нигоҳи нави шоир ба ҷаҳони даруну берун ба сохти шеър, бахусус, таркиби забонии он низ таъсири амиқ гузошта, шакли онро тоза ва муассир сохтааст. Таркиби композитсионии ин гуна шеърҳо низ наванд. Дар онҳо байт мавқеи устувор надорад, банд матраҳ аст. Бандҳо низ ба тақозои андеша ва тасвир дарозу кўтоҳ мешаванд. Бинобар ин, бандҳо ва ҳаҷми онҳо дар ҳар шеър калону хурданд. Масалан, дар шеъри «Илтиҷо қабл аз тарки дунё», ки шакли шомлуист, ҳамаи ҳашт банди шеър дар ҷиҳати тарҳи як мавзўъ аст ва меҳвари аслии шеър бисёр дақиқ ва устувор буда, мавзўоти фаръӣ ва зоҳирӣ надорад. Ба ифодаи дақиқтаре, бештарини шеърҳои нави Лоиқ шакли зеҳнӣ, яъне, ташаккул ва таҳаввули маънавӣ доранд. Калимаҳо, тасвирҳо ва аҷзои шеър он қадар бо ҳам пайванданд, ки пораеро наметавон аз он ҷудо кард. Маҳз иртиботи маънавӣ ба ҷои қофия ва радиф таркиби шеърҳоро устувор сохта, сатрҳоро ба ҳам дўхта ва васл кардааст.

Дар фасли дувуми боби сеюм, ки «Вежагиҳои чаҳорпораҳои шоир» номида шудааст, ин шакли нави шеърӣ дар заминаи таҷрибаи эҷодии Лоиқ таҳлил ва таҳқиқ шудааст.

Чаҳорпора ё худ дубайтии пайваста маҳсули давраи нави адабиёти тоҷик аст. Дар оғози пайдоиши ин навъи шеърӣ қофиябандиҳои якдармиён (абаб, вгвг), дудармиён (абба, вггв) ва боз қофиябандиҳои зерин: 1.(ааба, ввгв); 2.(абвб, гдед); 3. (аабб, ввгг) доштааст. А. Ҳакимов бар ин назар аст, ки чаҳорпорае, ки қофиябандиаш (ааба, ввгв) аст, дар шеъри тоҷикӣ зери таъсири назми рус ба вуҷуд омадааст.

Дар шеъри муосири тоҷик Лоиқ оғозгари чаҳорпора набуд. Вале дар ташаккул ва таҳаввули ин қолаб ва пазируфта шудани он аз тарафи завқи умумӣ таъсири зиёд дошт. Нахустин чаҳорпорае, ки Лоиқ суруд, шеъри «Ном» буд, ки дар бораи он мо дар боло муфассал сухан кардем. Ин шеър бо мазмун ва қолиби нави чаҳорпора ифодагари тафаккури бадеии соҳибаш буд, ки вежагиаш тозаҷўиву тозагўӣ аст.

Дар оғози фаъолияти эҷодиаш бештар ба чаҳорпора таваҷҷуҳ кардани Лоиқ далели имконоти бештари ин навъи шеърӣ дар баёни андеша мебошад. Шакли қофиябандӣ дар аксари чаҳорпораҳои индавраинаи Лоиқ тоза буд ва аз тарзи қофияпардозиҳои М. Турсунзода, А. Шукўҳӣ ва дигарон фарқ дошт. Қофия дар ин гуна шеърҳои Лоиқ аслан озод буд, яъне фақат қофияҳои мисраъҳои дувум ва севумро риоят мекард.

Дар мисоли шеърҳои «Ном» ва «Зарафшон» метавон гуфт, ки дар оғоз шоир тағйиру таҳаввуле дар сохтори поэтикии ин шакл ворид кардааст. Шоир фақат ба тағйири шакли зоҳирии ин шеър машғул нашуда, балки диди нави шоиронаеро низ ба воситаи он ироа намудааст. Навии дигари кори Лоиқ иборат аз он аст, ки бархе аз калимотро, ки пештар дар шеър истифода намешуд, ба кор бурд. Қаҳрамони лирикии чаҳорпора ифодагари дидгоҳи тозаи ҷаҳоншиносии шоир ва таҷассумгари идроки бадеии ўст. Чаҳорпора дидгоҳи нав ва мудерни шоирро таҷассум кардааст.

Чаҳорпораи «Меҳр ва зар» низ яке аз нахустин таълифоти шоир буда, аз нуҳ банд иборат мебошад. Шакли қофиябандии онабаб буда, дар матни воқеияти замони зиндагии шоир эҷод шудааст ва муҳтавояш низ нав буд. Ин чаҳорпора аз бисёр ҷихат ифодагари диди тозаи Лоиқ дар шинохти шоиронаи воқеият аст. Лоиқ ба василаи ин шеър ва шеърҳои «Арча», «Ба дўстам Дўст», «Зиндагӣ, бинмо ба ман роҳи сафед» ва ғайра на фақат дар зоҳири шеър тағйирот ворид сохт, балки мантиқи онро низ дигар кард. Ин шеърҳои Лоиқ арзиши дигаре ҳам доштанд: таъсири лаҳни равони онҳо дар бештарин чаҳорпораҳои шоирони баъди ў эҳсос мешавад. Хусусияти дигари чаҳорпораҳои Лоиқ аз он иборат аст, ки аксари онҳо тағаззулӣ буда, ба ин васила шоир тавонистааст шакли баёни ошиқонаро дар шеъри тоҷикӣ дигар кунад. Фазои воқеӣ бо омезаҳои романтикии ин гуна шеърҳои Лоиқ ба ҷараёни ташаккул ва таҳаввули шеъри тоҷикии солҳои шаст бетаъсир набудааст. Фазои романтикӣ ва гоҳо тағаззулӣ ҳаҷми ин чаҳорпораҳоро зиёд карда буд.

Таҳлили қиёсии чаҳорпораҳои Лоиқ муаллифи диссертатсияро ба чунин хулоса овард, ки ин шакл дар таҷрибаи шоир пуле аст байни шеъри куҳан ва шеъри нимоӣ. Ба таъбири дигар, чаҳорпораи Лоиқ аз назари мартабаи шеърӣ миёни шеъри классикӣ ва шеъри нав қарор дорад. Бо вуҷуди монандиҳо заминаи забонии чаҳорпораҳои Лоиқ нав ва тоза буда, бо фазои маънавию лаҳнаш шеъри нав аст.

Дар чаҳорпораҳои Лоиқ мазмуну муҳтаво, тасвирҳо ва шеваи нигариши шоирона комилан нав ва имрўзин аст. Дар онҳо муҳри замона низ сабт аст. Ин чаҳорпораҳо аз зарфияти бештар бархўрдор буда, дар қофиясозӣ дасти шоир дароз аст. Чаҳормисраъӣ будани ҳар банд низ фазои шеъриро барои Лоиқ тавсеъа бахшида, дар баёни андешаҳо ба шоир маҷоли бештар додааст. Ба ин далел, бандҳо ва мисраъҳои баъзе чаҳорпораҳо бисёр ва тўлонитаранд. Аз ин ҷиҳат, дар таҷрибаи Лоиқ ин қолаб маҳдудкунанда набуда, имрўз низ дар шеъри тоҷикӣ имтиёз дорад.

Дигар аз хусусияти таҷрибаи Лоиқ дар сурудани чаҳорпора афзудани лаҳни ривоӣ ба он аст, ки мазмун ва муҳтавои ин навъи шеъриро вусъат бахшида, композитсияи онро низ устувор сохтааст. Аз ин ҷиҳат, тасвир низ дар чаҳорпораҳои шоир мувозӣ буда, то охири шеър ҳифз мешавад. Ин хусусият дар аксари чаҳорпораҳое, ки то Лоиқ ва баъди ў эҷод шудаанд, ба мушоҳида намерасад.

Лоиқ доираи мазмуну муҳтаво ва тасвирро дар чаҳорпора тавсеъа бахшид. Дигар ин навъи шеър фақат фарогири мазмунҳои тағаззулӣ ва васфӣ набуд. Доираи муҳтавои он ғанӣ гардида, масъалаҳои иҷтимоӣ, таълимӣ ва ахлоқиро низ ба таври густурда дар бар мегирифт. Хусусиятҳои зикршуда ифодагари фардияти эҷодии шоир дар эҷоди ин навъи шеър аст.

Дар хулоса натиҷагириҳои асосии таҳқиқот баён шудааст. Аз ҷумла, омўзиш ва таҳлили мавзўъ муаллифро ба хулосаҳои зер овард:

  1. Лоиқ дар таърихи шеъри муосири тоҷик бо тозаҷўиҳояш дар шакл

    ва мундариҷаи шеър нақш ва ҷойгоҳи хос дорад. Шеъри Лоиқ ифодагари фардияти эҷодӣ, ҷустуҷўҳои бадеӣ ва мавқеияти ҳунарии ў дар ҷараёни адабӣ буда, ҳунар, завқу андеша, ормонҳо ва кайфиятҳои дар хаёлпарваридаи ҳунариашро ифода мекунад.

  2. Ҳолати адабиёти солҳои шастуми асри бист, ки барои эҷодкори асил монеаҳои идеологӣ дошт, таҷрибаи шоирии Лоиқро дар давраи аввали эҷодиёташ муайян ва мушаххас сохт. Лоиқ дар ин давраи мураккаб ҷавон бошад ҳам, консепсияи хоси эҷодияшро дар фарогирии мавзўот ва тарзи тасвир зоҳир карда, падидаи адабии «шеъри лоиқвор»-ро ба вуҷуд овард. Ҳамчун шоири суннатгаро ва навовар аз имкониятҳои мундариҷавӣ ва шаклии шеъри суннатӣ истифода карда, сохтори мундариҷавӣ, композитсионӣ ва шаклии шеъри тоҷикиро таҳаввули тоза бахшид. Мавзўву масъалаҳои муҳимро тасвир карда, ба воситаи осораш ҳувиятшиносии миллиро дар адабиёт эҳё кард.

  3. Мавзўъҳои гуногун, аз ҷумла, Ватан, ситоиш ва қадршиносии он, ифтихороти таърихиву фарҳангӣ, мазмунҳои сиёсиву иҷтимоӣ, андарзҳои ахлоқӣ, табиат ва манзаранигорӣ дар шеъри Лоиқ консепсияи хоси тасвир отифӣ ва иҷтимоиву ахлоқиро ба вуҷуд овард, ки фардияти эҷодии ўро ифода мекунад.

  4. Ҷустуҷўҳои шоир дар шаклҳои суннатӣ ва нав ҷолиб буда, тарзи хоси идроки бадеӣ ва фардияти эҷодии ўро таҷассум месозад. Шеъри нав дар эҷодиёти Лоиқ шакли зеҳнӣ, яъне бунмояи ташаккул ва таҳаввули маънавӣ доранд. Калимаҳо, тасвирҳо ва аҷзои шеър бо ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, пайванди маънавӣ ба ҷои қофия ва радиф таркиби шеърро устувор сохтаанд, ки ин низ аз хусусияти хоси ҳунари шоир дар сурудани ҳар ду шакли шеъри нав аст.

  5. Вежагиҳои шеърҳои нав ва чаҳорпораҳои Лоиқро нахуст ҷаҳони шайъие муайян мекунад, ки манбаи таассуроти шоиронаи соҳиби шеър аст, сониян, Лоиқ дар ин навъи шеър маънии ҳиссиро ба образи шеърӣ табдил дода, тарзи хосашро дар гуфтани чунин шеърҳо собит месозад. Лоиқ шеъри нав ва чаҳорпораро аз сурати тафаннунӣ берун оварда, ба мазмунофаринӣ ва тасвиргарӣ дар он афзалият дод, ки гувоҳи фардияти ҳунарии ўст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба