Зеҳн

БАЪЗЕ МУАММОҲОИ НАЗАРИЯВИИ РУШДИ СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ

ФЕ
Фермер19 августи 2026 · 12 дақиқа хондан

Соҳаи чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ мавқеи муҳим дошта, аҳолиро бо маҳсулоти ғизоӣ аз ҷумла гушту шир ва соҳаи саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои охир ин соҳа мавриди таваҷҷўҳи роҳбарияти Олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дошта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи чорводорӣ қабул карда шудааст.

Аз ҷумла: 1. Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 2. Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 3. Барномаи рушди биотехнологияи чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017 Таҳлили вазъи соҳа дар соли охир нишон медиҳад, ки саршумори чорво ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа зиёд гардид. Аз рўи маълумотҳои оморӣ ба 01.11.2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2276,1 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1172,2 ҳазор сар модагов, 5579,1 ҳазор сар гусфанду буз ва 80605 сар асп мавҷуд аст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 54406 сар (2,4%), аз он модагов 32913 сар (2,9%), гусфанду буз 139153 сар (2,6%) ва асп 610 сар (0,8%) зиёд шудааст. Дар ин давра 158203 тонна гушт, 683842 тонна шир ва 6622 тонна пашм истеҳсол гардидааст.

Қобили зикр аст, ки саршумори чорво нисбати ба солҳои пешин зиёд гардидааст, вале дар масъалаи истеҳсоли маҳсулот ва маҳсулнокии чорво ҳоло ҳам камбудиҳо дида мешаванд. Масалан: маҳсулнокии чорво, хусусан ширҷўшӣ аз як сар модагов ба ҳисоби миёна 1600-1700кг-ро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондиҳандаи байналмилалӣ паст мебошад. Айни замон кам гардидани манбаи хўрокаи чорво барои пурра қонеъ гардонидани талаботи ин соҳа монеагиҳо ба миён овардааст.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ, ҳоло дар ҷаҳон 1,3 миллиард сар гов, аз ҷумла наздики 250 миллион гови ширдеҳ, мавҷуд аст. Солона ба ҳисоби миёна ба сари ҳар одам истеъмоли 38-40 кг гўшт, аз ҷумла, 11 кг гўшти гов рост меояд, ки назар ба меъёри тавсияи илмӣ (82 кг гўшт ва 405 кг маҳсулоти ширӣ) хеле кам аст.

Таҷрибаи кишварҳои рушднамуда собит месозад, ки барои таъмини амнияти ғизоӣ на шумора, балки сифат, яъне зоти сермаҳсул нақши муҳим дорад. Таъмини амнияти ғизоӣ барномаи муҳимтарини стратегии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст ва дар он зиёд намудани саршумор, маҳсулнокии чорво, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти чорво низ ҷойгоҳу аҳамияти хоса доранд. Барои татбиқи барномаи ҳукуматии хушзотгардонӣ хоҷагиҳои алоҳида аз Эрон, Олмон, Швейтсария, Русия ва кишварҳои дигар зотҳои беҳтарини говро харидорӣ намуда, ба парвариш ва зиёдкунии он сар карданд.

Тавре олимону мутахассисони соҳаи чорводорӣ Файзулло Амиршоев, Наҷмиддин Раҷабов, Фазлиддин Икромов ва дигарон иброз доранд, дар шароити кунунӣ бо роҳи парвариши зотҳои беҳтарини гов, роҳандозии бордоркунии сунъӣ бо истифодаи нутфаҳои зотӣ, роҳ надодан ба вайроншавии зотҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои хўроки чорво маҳсулоти чорводорӣ, бавижа, гўшту ширро ду-се маротиба зиёд кардан имконпазир аст. Хайриддин Ҷалолов, доктори илмҳои кишоварзӣ, итминон дорад, ки ба мардум фаҳмондани афзалияти бордоркунии сунъӣ (зеро 95%- и гўшт ва 98%-и шир аз ҳисоби говҳои шахсии аҳолӣ истеҳсол мешавад) маҳсулнокии чорворо бамаротиб боло мебарад.

Дар ҳолати нигоҳ доштани говҳои зоти омехтаи каммаҳсули маҳаллӣ арзиши аслии маҳсулот хеле боло рафта, ҳавасмандиро ба чорводорӣ коҳиш медиҳад. Айни замон барои беҳтар намудани зоти чорвои калон дар миқёси ҷумҳурӣ 292 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, аз он 77адад дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва 215 адад дар бахши аҳоли мавҷуд аст (аз ин шумора 7 адад дар ВМКБ, 97 адад дар в. Суғд, 120 адад в. Хатлон ва 68 адад дар НТҶ).

Ҳамасола тавассути ин нуқтаҳо 32-33 ҳазор сар модагов хоба таври сунъи бордор карда шуда, аз бордоркунии сунъи 25-25 ҳазорсар гусолаи хушзот гирифта мешавад. Барои бо роҳи табии беҳтар намудани зоти чорво дар бахши аҳоли соли ҷорӣ бо дастгирии молиявии лоиҳаҳои сармоягузори ба шаҳру ноҳияҳои Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Кулоб 37 сар ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 12 сарбуққаҳои хушзот дастрас гардонида шуд.

Дар асоси шартнома ин буққаҳои зоти дар давоми 2-3 сол барои бордоркунии табии мавриди истифода қарор дода мешаванд. Таҳлилҳои пешин собит менамоянд, ки бо роҳи табиӣ беҳтар намудани зоти чорво натиҷаи назаррас дода метавонад.

  • номукаммалии пойгоҳи меёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи илму таълим;
  • сатҳи нокифояи маблағгузории илми кишоварзӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз буҷаи ҷумҳуриявӣ;
  • пойгоҳи нокифояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ;
  • дараҷаи пасти фаъолияти инноватсионии муассисаҳои илмӣ- таълимӣ ва механизмҳои татбиқи фаврӣ ва самараноки дастовардҳои илм дар истеҳсолот;
  • системаи тараққинокардаи иттилотӣ-сервисии хизматрасониҳои илмӣ-машваратӣ дар соҳаи аграрӣ;
  • нокифоя дастрас будани мақомотҳои давлатӣ ба адабиёти муосири илмӣ-техникии кишоварзӣ;
  • вуҷуд надоштани мониторинги ҳаматарафаи таъминот ва талабот ба мутахассисони соҳаи кишоварзӣ;
  • набудани механизми ҳавасмандкунии мутахассисони ҷавон дар истеҳсолот;
  • пойгоҳи сусти моддӣ-техникии синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ-илмӣ ва хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавӣ;
  • дараҷаи пасти ба кор таъминшавии мутахассисон ва кўтоҳмуддат фаъолият намудани онҳо дар истеҳсолот;
  • бозомўзии нокифояи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
  • набудани мутахассисони дорои имконияти васеъ: агроном-иқтисодчӣ, инженер-иқтисодчӣ, духтури тибби ветеринарӣ-технолог, чорводор-селексионер ва ғайра;
  • баҳамгироии сусти таълим, илм ва истеҳсолот;
  • норасоии техникаю олотмошинҳо ва дар ин замина сатҳи пасти татбиқи технологияҳои каммасрафи обу энергиязахиракунанда;
  • сатҳи пасти маҳсулнокии чорво, кам будани таносуби чорвои хушзот ва сермаҳсул (1-2%);
  • нокифоя будани заминаи хўроки чорво, ҳоло таносуби масоҳати кишти зироатҳои хўроки чорво дар сохтори умуми кишт ҳамагӣ 10-11%-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар солҳои 90-уми асри гузашта ба 28-30% мерасид;
  • дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол намудани хўрокиҳои омехтаи серғизо барои намудҳои чорво, паранда, моҳӣ ва ғайра; пурра коркард нашудани маҳсулоти чорводорӣ дар дохили ҷумҳурӣ;
  • коҳиш ёфтани ҳосилнокии чарогоҳҳо, сол то сол фарсоишёбии онҳо, вобаста ба идоракунӣ ва истифодабарии бенизоми онҳо;
  • таъминоти ғайриқаноатбахши моддию техникӣ соҳа (нарасидани техникаи кишоварзӣ барои кишт, истеҳсолу захираи хўроки чорво, воситаҳои ҳамлу нақл, технологияи муосири соҳавӣ оид ба коркарди шир, гўшт, пусту пашм ва ғ.);
  • мавҷуд набудани бозори хариди баъзе маҳсулоти чорводорӣ (пўст, пашм), дар ҳудуди кишвар фаъолият накардани корхонаҳои коркарди ин намуди маҳсулот;
  • ҷудо нагардидани қарзҳои имтиёзноки дарозмўҳлат; таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва набудани барномаи мутобиқгардонии соҳа ба тағйирёбии иқлим.

Аз гуфтаҳои боло чунин натиҷагири кардан мумкин аст, ки чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагидорӣ буда, дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гўшту маҳсулоти ширӣ ва тавлиди пўсту пашм ҳамчун ашёи хом барои корхонаҳои истеҳсоли либосу пойафзол аз рушди соҳа вобаста мебошад.

Пешбурди ин соҳа бинобар зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти чорво таваҷҷуҳи бештар мехоҳад. Оё рушди чорводорӣ дар кишвар қонеъкунанда аст? Чорводорон тавонистанд, бо истифода аз роҳҳои пурсамар саршумори чорворо бештар ва сифати маҳсулоти онро беҳтар созанд;

Бинобар маълумоти Вазорати кишоварзӣ, айни ҳол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ зиёда аз 2 миллион сар чорвои калон ва бештар аз 5 миллион чорвои майда мавҷуд аст. Ҳарчанд солҳои охир ба соҳаи чорводорӣ таваҷҷўҳи бештар дода мешавад, ҳамоно рушди соҳа қонеъкунанда нест.

Зеро имрўзҳо нархи гўшт дар бозорҳои пойтахт 50-55 сомониро ташкил медиҳад ва ҳеҷ не, ки поён равад. Фурўшандагон иддао доранд, ки арзиши хўроки чорво, хусусан кунҷора, баланд аст ва онҳо имкони поён фаровардани нархи гўштро надоранд. Нархи кунҷора ҳоло ба 4,5-5 сомонӣ расидааст, ки барои фарбеҳкунии чорво гарон меафтад. Мақсаднок истифода бурдани чарогоҳҳо, хушзоткунии чорво ва захираи хўроки чорво метавонад боиси рушди соҳа ва поёнравии нархи гўшт гардад.

Наҷмиддин Раҷабов, муовини директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, доир ба ин мавзўъ чунин ибрози андеша кард: Ҳоло дар ҷумҳурӣ наздики 4 миллион гектар чарогоҳ мавҷуд буда, ба васеъ кардани он ҳоҷат нест, зеро ин барои чорвои Тоҷикистон кифоя аст. Барои самаранок истифода кардани чарогоҳҳо бояд тарзи дуруст чаронидани чорво ба роҳ монда шавад. Як чарогоҳро ба таври ҳамешагӣ истифода бурдан боиси ба биёбон табдил ёфтани он мегардад. Беҳтар аст, ки чарогоҳҳо ба қисматҳо ҷудо карда, бо навбат чаронда шаванд. Дар ин ҳолат дар қисмати аввали чарогоҳ дубора алаф мерўяд.

Барои беҳтар кардани соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди чарогоҳҳо барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида, барои татбиқи он аз буҷети давлат зиёда аз 1 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, ҳоло дар якчанд навоҳии ҷумҳурӣ дар назди ҷамоатҳо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо фаъолият мекунанд. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ-3847522 гектар чарогоҳҳо мавҷуд буда, аз он ҷумла дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон-757613 гектар, вилояти Суғд-785636 гектар, Хатлон-1224670 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-1079603 гектар воқеъ мебошанд. Аз миқдори умумии чарогоҳҳо 701931 гектар чарогоҳҳои зимистона, 2116043 гектар чарогоҳҳои тобистона, 641543 гектар-чарогоҳҳои баҳорию тирамоҳӣ ва 388005 гектарро чарогоҳҳои тамоми сол истифодашаванда ташкил медиҳанд. Дар шароити ҳозира ҳосилнокии алафи чарогоҳҳои баҳорию тирамоҳӣ ва зимистона кам гардида, танҳо 1,5-2,0 сентнериро ташкил медиҳад. Бо сабаби норасогии алафи чарогоҳҳо, чорвои майда дар давраи зимистон аз 10 то 25 фоизи вазни зиндаи худро талаф медиҳад.

Ҳамзамон тибқи маълумотҳои оморӣ саршумори чорвои калони шохдор-53 фоиз, асп-49 фоиз ва моли майда-50 фош нисбати соли 1991 зиёд гардида, тамоюли зиёдшавии саршумор ба назар мерасад. Дар аксарияти чарогоҳҳои ҷумҳурӣ иншоотҳои бо обтаъминкунӣ корношоям гардидаанд. Вобаста бо мавҷуд набудани роҳу купрўкҳои чорвогузар, обхўра ва мавзеъҳои дамгирӣ қариб як миллион гектар чарогоҳҳо қисман истифода шуда, мавзеъҳои алоҳида бошанд, умуман аз истифода берун мондаанд. Дар натиҷаи боронҳои сел, жола, сўхтор ва дигар омилҳои табиию антропегенӣ зиёда аз ҳазорҳо гектар чарогоҳҳо ҳамасола ба таназзулшавӣ ва фасоишёбӣ (деградатсия) дучор мегарданд.

Бо усулҳои коркарди куллӣ ва сатҳи беҳтар намудани ҳосилнокии чарогоҳҳо омилҳое мебошанд, ки дар натиҷаи онҳо ҳосилнокии алафзор то 20-30 фоиз, ҳаҷми ғунҷоиши миқдори чорвои шартӣ ба ҳар як гектар зиёд шуда, инчунин масоҳати чарогоҳҳои таназзулёфта коҳиш меёбад. Бо усули коркарди сатҳи кишт намудани алафҳои серҳосили чарогоҳӣ: саксаули сиёҳ, чогон, кейреук, явшон, сафлори бехор, эспарсети сурх дар моҳҳои ноябр-феврал мутаносибан дар як гектар ба миқдори- 6,0; 6,0; 6,0; 3,0;. 15,0 ва 30,0 кг дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳолати чарогоҳҳои тирамоҳию зимистона ва бо усули коркарди куллӣ ҳолати чарогоҳҳои баҳории ҳамворро беҳтар намудан мумкин аст.

Усули коркарди сатҳии беҳтаркунии чарогоҳҳо мувофиқи дастурамал дар моҳҳои март-апрел гузаронида мешавад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 12-20 сентнер ҳосили иловагии чарогоҳҳо ва мутобиқан 5,0 -9,0 сентнер воҳиди хўрокӣ гирифта шавад.

Аз ҳисоби маблағҳои Барнома беҳтар намудани ҳосилнокии чарогоҳҳон Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо таври коркарди сатҳи-250 гектар, вилояти Суғд бо усули коркарди куллӣ -70 гектар, усули коркарди сатҳи -250 гектар, вилояти Хатлон бо усули коркарди куллӣ-65 гектар, усули коркарди сатҳи-540 гектар ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо усули коркарди куллӣ-45 гектар ва коркарди сатҳи-200 гектар бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ амалӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки чарогоҳ бойгарии миллии давлат буда, манбаи асосии хўоки чорво ба ҳисоб меравад ва 80 фоизи ҳаҷми истеҳсоли солонаи хўроки чорво аз ин заминҳо таъмин мешавад.

Вале бояд гуфт ки ҳоло коэффитсенти истифодабарии захираи чарогоҳҳо дар иқтисодиёти мамлакат паст буда, дар ин соҳаи муҳим нақшаи мушаххаси тарҳрезишуда вуҷуд надорад ва он боиси самаранок истифода нашудани ин захираи муҳим мегардад. Тибқи тадқиқот ва хулосаи идораҳои дахлдор қариб 70 фоизи замиҳои чарогоҳҳи ҷумҳурӣ имрўз дар ҳолати таназзул (деградатсия) қарор доранд, ки сабаби асосии он пеш аз ҳама омилҳои антропогенӣ, истифодаи бенизоми заминҳои чарогоҳ, паҳншавии ҳашароти зараррасон ва хояндаҳо, обёрӣ нашудан, аз байн бурдани инфрасохтори чарогоҳ ва ғайраҳо мебошанд.

Имрўз дар 1 гектар чарогоҳ ба ҷойи 2 сар чорвои майда 10-12 сар ва дар 2 гектар ба ҷойи 1 сар чорвои калону асп 8-10 сар чорво рост меояд, ки ин 4-6 маротиба аз меъёр зиёд мебошад. Низоми номуайяни истифодабарии замини чарогоҳ боиси он гардидааст, ки ҳосилнокии алафҳои чарогоҳ 1,5-2,3 воҳиди хўрокаро ташкил дода, нисбат ба солҳои пешин 3 маротиба кам шудааст, ки таъсири он ба зиёдшавии саршумори чорво ва истеҳсоли гўшту шири аз ҷиҳати экологӣ тоза расида истодааст. Аз оғози татбиқи лоиҳа ҷамъиятҳои чарогоҳ истифодабарандагони зерҳадафи лоиҳа дар давоми фаъолияти истеҳсолиашон як қатор корҳоро ба иҷро расондаанд.

Аз ҷумла дар мавзеи чарогоҳи тобистона 23 кашари нигоҳдории чорво бунёд намудаанд, ки дар натиҷа муриши чорво 10 фоиз кам шуда, муҳлати истифодаи самараноки чарогоҳҳо то 30 рўз дароз гардид. Ба таври дастҷамъӣ 3 адад ҳавзи чорвошўйи, 1 клиникаи бойторӣ ва 1 дорухонаи бойторӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин имкон медиҳад ба 524 хоҷагӣ хизмати бойторӣ расонда шавад. Инчунин 3 барномаи хушзоткунии чорво амалӣ гардида, шароит фароҳам омад, ки дар ду соли наздик миқдори чорвои хушзот дар се деҳаи ҷамоати деҳоти Вахиёи ноҳияи Сангвор афзоиш ёбад.

Дар раванди татбиқи лоиҳаи 14 адад роҳи чарогоҳ дар масофаи 112 км таъмир ва азнавсозӣ карда, инчунин 7 пули чорвогузар, 9 нуқтаи обнўи чорво дар масофаи 21,85 км сохта ба истифода дода шуда чорводорон имконият пайдо кардан, ки ба майдони 304 га чарогоҳи нав дастрасӣ пайдо намуда, саршумори 9676 чорвои шартии 805 хоҷагии муқими ҷамоатҳои зерҳадафи лоиҳа бо обӣ нушокӣ таъмин гардад. Бо мақсади обёрии заминҳои чарогоҳӣ 1 канал таъмир ва майдони 120 га кишт карда шуд. Инчунин дар 158 га зироати хўроки чорво кишта, дар майдони 1,78 га 11 адад минтақаи намошӣ бунёд гардид.

Ва ин тадбирҳо ба чорводорон имконият фароҳам оаврданд, ки дар қиёс ба солҳои пешин 699 тонна алафӣ иловагӣ истеҳсол ва барои зимистонгузаронии чорво захира намоянд. Тибқи лоиҳа 3 барномаи коркарди шир, 8 барномаи парвариши занбўри асал ва 7 барномаи парвариши мурғи тухмдеҳ татбиқ ёфта, барои пеш 150 нафар занон лавозимоти коркарди шир, 1020 сар мурғ ва таҷҳизоти истеҳсол ва коркарди асал дастрас гардонида шуданд.

Дар оянда зарур аст, ки имконияту воситаҳо барои беҳтаркунонии сифати чорво тавассути амалисозии корҳои зотпарварӣ, афзунгардонии истеҳсоли хўроки чарогоҳӣ ва истифодабарии самараноки манбаъҳои табии истеҳсоли хўрока равона карда шаванд. Дар мақолаи мазкур рушди соҳаи чорводориро таҳлил намуда, ба чунин хулоса омадаанд, ки соҳаи чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мавқеи муҳим дорад.

Зеро аҳолиро бо маҳсулоти ғизоӣ аз ҷумла гушту шир ва соҳаи саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд. Дар баробари ин соҳаи чорводорӣ қисми аҳолиро бо шуғл таъмин месозад, зеро дар айни ҳол зиёда аз 74%-и аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад ва дар маҷмўъ дар соҳаи кишоварзӣ 65,8%-и аҳолии машғули кории ҷумҳурӣ ба кор фаро гирифта шудаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба