ҲИФЗИ ПИРЯХҲО НОГУЗИР АСТ
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд аст, ки масоҳаташон ба 11146 км2 баробар аст ва ин нишондиҳанда 8 дарсади ҳудуди кишварро дар бар мегирад. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки чунин миқдор об дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад.
Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон, аз қабили Федченко (651,7км2), Грумм-Гржимайло (143км2), Гармо (114,6 км2) ва даҳҳо пиряхи дигар, ки зиёда аз 30 км2-ро фарогиранд, дар қаторкўҳҳои баландтарини Тоҷикистон Академияи илмҳо, Петри як, Дарвоз, Ванҷ, Паси Олой, Рушон ва ғайра ҷойгир мебошанд. Пиряхҳои Тоҷикистон ба ташаккулёбии ҷараён ва реҷаи об дар дарёҳои ҷумҳурӣ ва таъмини оби дарёҳои ҷониби мамлакатҳои поёноб ҷоришаванда бевосита таъсир мерасонанд. Онҳо аз як сў таъминкунандаи оби дарёҳо бошанд, аз сўйи дигар танзимгари табиии ҷараёни ҷоришавии обанд.
Мусаллам аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, яхчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ мебошанд. Бояд қайд кунем, ки 3-юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд дар бораи масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда буданд.
Дар видеоконфоронси сатҳи баланд ҳамчунин Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Созмони ҷаҳонии метереологӣ ва абзори «Созмони Милали Муттаҳид ва Об», Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ суханронӣ намуда, бо овардани далелҳои илман асоснок, ҳам ба иштирокдорони ин Ҷаласаи сатҳи баланд ва ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуда буданд, ки мутаассифона, имрўзҳо босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия ба мушоҳида мерасанд ва ҳамзамон, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои дар хушкӣ қарордошта низ ба амал омада истодаанд.
Дар робита ба ин раванд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон ва санаи мушаххаси «Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Дар баромади пурмуҳтавои сатҳи баланд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захираи пиряхҳоро манбаи асосии оби нўшокӣ баён намуда, омили асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Ҳамчунин зикр намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.
Боиси хушнудист, ки 14-уми декабри соли равон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 77-уми худ бо ҷонибдории 153 кишвари аъзои ин созмони бонуфуз қатъномаи «Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»ро эълон намуд, ки дар он ҳам эълони Рўзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ таҷассум ёфтааст.
Мутобиқи ин қатънома:
• соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид;
• аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рўзи 21-уми март ҳамчун Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад;
• Созмони Милали Муттаҳид бо мусоидати Дабири кулли ин созмон Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад;
• соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ оварда расонад. Аз ин сабаб, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масъалаи муҳимми глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурӣ таҳия ва татбиқ намоянд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик бо истифода аз техникаи ҳозиразамон тамсилаҳои иқлимӣ ва суратҳо аз кайҳон пешгўйиҳои дарозмуддат оид ба ҳолати яхбандии ҳудудҳои Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё