Зеҳн

ҲАМФИКРИВУ ҲАМДАСТӢ МЕБОЯД

ЗЕ
Зеҳн21 августи 2026 · 4 дақиқа хондан

Имрўз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо баҳри бунёди давлати демокративу дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи мутамаддину тараққикарда бо қадамҳои устувор пеш меравад, тарбия намудани насли соҳиби дониши васеву замонавӣ, ба халқу Ватани хеш содиқ, меҳанпарвар, бомаърифат ва соҳибфарҳанг, онҳое, ки тақдири минбаъдаи кишвар ва миллатро ба даст мегиранд, муҳимтарин ва асоситарин вазифаи соҳаи маориф ва омўзгорон мебошад.

Бояд гуфт, ки асоси тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад.

Омилҳои асосии пешравии наврасон бошад, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бинобар ин, имрўз идораҳои давлатии ҷумҳурӣ, махсусан, вазоратҳои маориф ва илм ва фарҳанги ҷумҳурӣ сиёсати худро ба пешравии насли хурдсоли мамлакат ва ҳалли мушкилиҳое, ки ҷавонону наврасон дучор мегарданд, равона кардаанд. Бар замми ин, дар мамлакат иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, ки барои ривоҷ додани донишу истеъдоди наврасон фаъолияти рўзмарра доранд. Дар маҷмўъ, Давлату Ҳукумати кишвар барои ҳаёти солим ва тарбияи хуби насли наврас диққати ҷиддӣ дода, тамоми чораҳоро меандешанд.

Бо вуҷуди ин, то ҳол масъалаҳое вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо диққати ҷиддии на танҳо идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ, балки волидайни наврасонро низ талаб менамояд. Масалан, ҳоло теъдоди нафароне, ки китоби бадеӣ мутолиа мекунанд, хеле каманд. Ҳол он, ки таҳкурсии зеҳнии наврасон маҳз аз мутолиаи китобҳои бадеӣ мустаҳкам мегардад. Баръакс, наврасон имрўзҳо аз беаҳамиятӣ бештар ба бозиҳои компютерӣ ва телефонҳои мобилӣ шавқу рағабт доранду барои мутолиаи китоб вақт ҷудо намекунанд ва ё умуман, кам мутолиа мекунанд. Мутаассифона, наврасон дар тақлид ба баъзе ҷавонони имрўза бештар ба филмҳои бадеии маҳсули давлатҳои хориҷа, ки бештари онҳо арзишҳои барои миллати мо бегонаро тарғиб мекунанд, таваҷҷуҳ менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки волидайн метавонанд ва вазифадоранд, ки истифодаи дастгоҳҳои мобилии фарзандонашон ва тамоми филмҳои бадеиро зери назорат гиранд. Аз тарафи дигар, қобилияти эҷодии насли наврасро, ки неруи бунёдкори оянда аст, бояд дастгирӣ намуд, ҳунару истеъдоди онҳоро бояд тақвият дод. Дар ин баробар, хушбахтона, наврасони имрўзаи Тоҷикистони азизи мо пешниҳод ва фикрҳои ҷолиб доранд. Барои амалӣ намудани ин идеяҳо ҳанўз ба кумаки калонсолону устодон ва волидайн низ ниёз доранд. Барои ривоҷ ёфтани насли наврас дар ҷомеаи имрўза муассисаҳои таълимӣ ва волидайни наврасон бояд ҳамфикру ҳамдаст бошанд. На танҳо Давлату Ҳукумат, балки тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар мавриди саводнокӣ, тарбияи хуб, ҳаёти солим ва дигар паҳлуҳое, ки ба фаъолияти наврасон марбут аст, андеша намоянд.

Ҳарчанд, ки тарбия вазифаи умумӣ ба ҳисоб меравад, масъулияти омўзгорон дар татбиқи он бештар мебошад. Тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд. Мақсади таълиму тарбия қисми таркибии мақсаду вазифаҳои омўзгорон мебошад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда мешавад.

Тақрибан тайи ду даҳсолаи охир дар ҷумҳурии мо таълиму тарбия каме коста гардида буд ва барои ҳамин баҳри қабули Консепсияи миллии маълумот зарурат пайдо шуд. Таълиму тарбия дар мактабҳо аз рўйи ин консепсия ба роҳ монда мешавад.

Дар баробари ин, бо ташаббуси одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки кори таълиму тарбияро ҷоннок менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи хоса ва масъулияти баланд ҳамаи чораҳоро дида истодааст, ки соҳаи маориф дар шароити навини муносибатҳои ҷамъиятӣ мақоми арзандаро соҳиб шавад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро лозим аст, ки ба масъалаҳои ҳамкории ҷомеа бо мактаб, ҳуқуқу вазифаҳои волидон ва омўзгорон диққату эътибори ҷиддӣ диҳанд. Имрўз таъсири ин ҳамкориҳо дар пешрафти кори таълиму тарбия ба назар мерасад.

Марҳалаи аввали тарбия аз оила оғоз меёбад. Фарзандон аз падару модари худ тарбия гирифта, онҳоро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Марҳилаи дуюми тарбия бошад, муассисаҳои томактабӣ (яъне боғчаҳо) ба ҳисоб мераванд.

Марҳилаи сеюми тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, яъне мактабҳо мегузарад. Ҳар як дарси омўзгор бояд ҳам ҷиҳати таълимӣ ва ҳам ҷиҳати тарбиявӣ дошта бошад. Марҳилаи чоруми тарбия ба тайёрии касбии ҷавонон дар мактабҳои миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Дар ин марҳила донишу малакаи инсон боз ҳам васеъ мегардад ва барои азхудкунии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ замина муҳайё мешавад.

Роҳбари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳ намуда, омўзгоронро дастгирӣ менамоянд. Ҳамасола маоши омўзгорон баланд бардошта мешавад. Тайи чанд сол аст, ки ба омўзгорони ҷавон заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода мешавад.

Омўзгорони собиқадор аз тарафи Сарвари Давлат бо унвону мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Вобаста ба чунин ғамхориҳои рўзафзун ҳар як омўзгор, мураббӣ ва волидайнро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзандон саҳлангорӣ накарда, вазифаи ҷонии хешро бе каму кост иҷро намуда, барои таъмини зиндагии ҷавонону наврасон саҳм бигиранд. Чунин рисолатро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ таъкид намудааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба