ХУСУСИЯТҲОИ ЖАНРИ ФАНТАСТИКӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ
Дар мақолаи мазкур оид ба масъалаи хеле муҳими таълими ибтидоӣ - инкишофи нутқ, бахусус нутқи хаттии хонандагони синфҳои ибтидоӣ, муаммо ва мушкилоти самти мазкури фаъолияти омўзгорони синфҳои ибтидоӣ сухан меравад. Баробари ихтироъву пайдо щудани технологияҳои нав онҳо ба барномаҳои таълимӣ фаъолона ворида шуда истодаанд ва омўзгоронро зарур аст, ки стратегияҳои таълимро аз нав дида бароянд, малакаи худро такмил диҳанд, ба усулҳои муосири инноватсионии таълим мутобиқ шаванд.
Дар замони муосир фантастика ҳамчун жанр дар соҳаи кино, рассомӣ, бозиҳои компютерӣ ва дигар намуди бозиҳо дида мешавад. Жанри фантастикӣ ҳанўз хеле ҷавон буда, дар ибтидои асри ХХ дар заминаи асарҳои романтикӣ, эпосҳои қаҳрамонӣ, афсонавӣ, то андозае жанрҳои таърихию саргузаштӣ ва анъанаи романтизм, ки дар адабиёт мавқеи мустаҳкам доранд, пайдо шудааст. Барои ин жанр номи дурусти тоҷикӣ вуҷуд надорад, аз ин рў, табдили оддии таърифи англисии "фантазия" истифода мешавад, гарчанде ки кўшишҳои зиёде барои таҳияи он сурат гирифтаанд.
Тибқи таҳқиқоти ҷомеашиносон, ҳар панҷумин китобе, ки наврасон имрўз мехонанд, дар жанри фантастикӣ навишта шудааст ва албатта, наврасон бештар ба жанри фантазия шавқ доранд. Чаро онҳо фантазияро интихоб мекунанд? Онҳо дар ҷаҳони хаёлӣ (тахайюлӣ) чиро ҷустуҷў доранд? Чаро ин жанр имрўз ин қадар маъмул аст? Оё мо, муаллимон, бояд ба ин «ҳаваси нави шогирдон» диққат диҳем ва дар дарку омўхтани ин жанр кўмак намоем ё на? Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки насли наврас ба машғулиятҳое шавқу ҳаваси калон зоҳир менамоянд, ки дар онҳо дар бораи китобҳои дар ин жанр навишташуда нақл мекунанд. Дар солҳои охир яке аз мавқеъҳои пешбари адабиёти тахайюлотии муосир самти «фантазия» -ро гирифтааст. Бояд иқрор шуд, ки фантазия аз чиҳати ҳаҷми интишорот ва маҳбубияти хонанда аз тамоми самтҳои дигари адабиёти бадеӣ ақиб мондааст. Он аз рўи шумораи унвонҳо ва ҳаҷми фурўш танҳо пас аз асарҳои лирикӣ ва достони детективӣ меистад. Дар байни тамоми ҷараёнҳои адабӣ маҳз фантазия бо суръат инкишоф ёфта, минтақаҳои навро азхуд ва хонандагони ҳарчи бештарро ҷалб мекунад.
Аммо то ба наздикӣ, жанри фантастикӣ ба гунае аҷоибу ғароиб ва ба андозае бегона менамуд. Дар замони Шўравӣ ин жанр нодида гирифта мешуд ва дар беҳтарин ҳолат ҳамчун як навъ афсонаи адабӣ муаррифӣ мешуд. Ҳанўз баҳс дар бораи он, ки фантазияро ҳамчун як жанри мустақил ҷудо кардан лозим ё онро ҳамчун самти алоҳидаи жанри бадеӣ донистан лозим аст идома дошта, ҳатто худи ном баъзан ба таври дигар навишта мешавад.
Фантазия (аз истилоҳи англисӣ fantasy — «фантазия») як навъ адабиёти афсонавӣ аст, ки дар асоси истифодаи ангезаҳои мифологӣ ва афсонавӣ асос ёфтааст. Жанри мазкур дар шакли ҳозирааш аз ибтидои асри ХХ ташаккул ёфтааст. Ҷон Роналд Руэл Толкин, ки ўро баъзан «падари фантастика» меноманд, ба ташаккули намуди муосири фантазия таъсири калон расондааст.
Асарҳои фантастикӣ аксар вақт ба романи саргузашти таърихӣ шабоҳат доранд, ки амали он дар ҷаҳони афсонавии наздик ба асрҳои миёна ба таври воқеӣ суръат мегирад, ки қаҳрамононаш бо падидаҳо ва офаридаҳои ғайриоддӣ дучор меоянд. Фантазия аксар вақт дар атрофи сужети архетипалӣ (калимаи юнонӣ – фикр, хаёл,ақида, ғоя) -аслӣ сохта мешавад.
Фантазия бар хилофи фантастикаи илмӣ кўшиш намекунад, ки оламеро, ки сужети асар дар он сурат мегирад, аз нуқтаи назари илм фаҳмонида шавад. Худи ин ҷаҳон дар шакли як навъ тахмин вуҷуд дорад (аксаран ҷойгиршавии он нисбат ба воқеияти мо умуман пешбинӣ нашудааст: хоҳ он ҷаҳони параллелӣ бошад, хоҳ сайёраи дигар) ва қонунҳои физикии он олами моро аз воқеият фарқ карда метавонанд. Дар чунин ҷаҳон мавҷудияти худоҳо, ҷодугарӣ, махлуқоти афсонавӣ (аждаҳо, паканаҳои бадафт, троллҳо- симоҳои афсонавӣ), арвоҳҳо ва дигар мавҷудоти афсонавӣ воқеӣ буда метавонанд. Дар баробари ин, фарқи куллии «мўъҷиза»-ҳои фантазия аз ҳамтоёни афсонавиашон дар он аст, ки онҳо меъёри олами тасвиршуда буда, мисли қонунҳои табиат бонизом амал мекунанд.
Ҳангоми тайёр кардан ва гузаронидани чунин дарсҳо ва чорабиниҳои беруназсинфӣ ҳаводорони ин жанр хеле зуд пайдо мешавад: онҳо дар бораи таассуроти аввалини китобҳои хондаашон бо шавқ суҳбат мекунанд, филмҳои тамошо кардаашонро баррасӣ мекунанд, аз интернет маводи ҷолиби адабӣ оиди мавзуи мазкур пайдо мекунанд, намоиши китобҳо, расмҳо ташкил мекунанд, шеър хонда, ҳатто мусиқӣ эҷод мекунанд. Ҳамаи ин боиси эҳтироми онҳо нисбат ба ҳамсолон ва шавқи мутолиаи адабиёти бадеӣ дар байни онҳо мегардад, ки кайҳо чӣ будани онро фаромўш кардаанд. Охир, онхо якбора дарк мекунанд, ки китобхое ҳастанд, ки на танхо барои муаллим, балки барои хамсинфхо, хамсолонашон ҳам шавқоваранд.
Дар солҳои охир дар ҳақиқат яке аз мавқеъҳои пешбари адабиёти тахайюлотии муосир самти «фантазия» -ро пеш гирифтааст. Бояд икрор шуд, ки фантазия аз чихати хачми интишорот ва махбубияти хонанда аз тамоми самтхои дигари адабиёти бадеӣ ақиб мондааст. Он аз рўи шумораи унвонҳо ва ҷилдҳои фурўш танҳо пас аз як асарҳои лирикӣ ва достони детективӣ дуюм аст. Дар байни тамоми ҷараёнҳои адабӣ маҳз фантазия бо суръат инкишоф ёфта, минтақаҳои навро азхуд ва хонандагони ҳарчӣ бештарро ҷалб мекунад.
Фантастикаи илмӣ ҳамчун жанр аз замонҳои қадим маълум аст ва бинобар вай аз ин ё он ҷиҳат хоси ҳама гуна санъат аст. Фантазия ва ё асарҳои тахайюлотӣ дар адабиёт роҳи хеле дуру дарозро тай кардааст: аз асотири ибтидоӣ то қисса, аз қисса то афсона, аз афсона то адабиёти асрҳои миёна ва баъд то романтизм. Ниҳоят, навбати фантастика ва фантазия расид. Ин жанрхо ба тари мувозӣ инкишоф ёфта, баъзан бо ягон рох ба хамдигар бармехўранд. Ва ин ҷо аҷиб он аст: таърихи ин жанрҳо хеле пештар аз пайдо шудани таъриф ва номи онҳо оғоз ёфтааст. Маълум шуд, ки муайян кардани онҳо чандон осон нест. Ва агар бо фантастикаи илмӣ ҳама чиз хеле содда бошад, пас бо фантазия вазъият тамоман дигар аст. То ҳол тафсири амиқи ин жанр вуҷуд надорад.
Истифодаи фантазия дар адабиёти муосири тоҷик як падидаи хеле маъмул аст. Аз хусусиятҳои хоси (найрангҳо) фантастикӣ баъзан нависандагоне, ки дар жанрҳои дигар кор мекунанд, истифода мебаранд. Баъзе принсипҳои фантазияро постмодернистҳо (равия дар адабиёти нимаи дуюми асри 20 –ум) низ истифода мебаранд. Фантазияи муосир, фантазияи охири асри бистум дар фазои бадеии дар натиҷаи пошхўрии системаи идеологии шўравии бо сензураи сахт ва ғаразнокӣ нисбат ба реализми сотсиалистӣ ташаккул ёфта, «афзуд» ва нашъунамо ёфт. Дар Иттиҳоди Шўравӣ фантастика аслан ба «майдон» намеомад ва маҷбур шуд, ки ба режими замон хидмат кунад. Вай аробаи идеологиро мекашид, зеро ин ягона имкони мавҷудият буд. Аммо фантазияро ба ин ароба истифода бурдан мумкин нест, зеро он аслан ғайрисиёсӣ аст, зеро он на танҳо чизеро тасвир мекунад, ки ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт, балки дар ҷаҳони воқеӣ вуҷуд дошта наметавонад.
Вай на ба ақлу мантиқ, балки ба эҳсосот ва орзуҳо муроҷиат мекунад, вай беасос аст ва равияи (ориентация) идеологӣ надорад. Аз ин рў, ин жанри мазкур манъи ногуфта буд. Ва ниҳоят гул-гулшукуфии босуръати жанри фантастика дар солхои баъд аз навсозӣ махз бо он маънидод кардан мумкин аст, ки у (мисли жанрхои дигар) нихоят ба озодӣ соҳиб шуд. Пеш аз ин фантазия танҳо дар зери ниқоби адабиёти бачагона вуҷуд дошта метавонист ва маҷбур буд, ки дар тан либоси фантастикаи илмӣ пўшад. Дар даҳсолаҳои охир омўзгорон ва равоншиносон бештар қайд мекунанд, ки барои ташаккули шахсияти комил на нишондиҳандаҳои анъанавии зеҳн (IQ), балки ба истилоҳ ташаккули зеҳнӣ - эмотсионалӣ (EQ) муҳимтар аст. Зеро, онҳо аксар вақт дар рафтори кўдак чунин зуҳурот: ба монанди тағйирёбии чандинкаратаи ҳолати равонӣ, асабонияти шадид, хашмгинӣ ва хастагиро бештар дучор меоянд.
Имрўз дарк намудани эҳсосоти худ ва ҳолати эмотсионалии одамони муҳити зист барои кўдакони синни хурди мактабӣ хеле зарур аст, зеро давраи мазкур давраи ташаккули функсияҳои равонӣ маҳсуб меёбад.
Дар синни хурди мактабӣ барои рушди зеҳни эҳсосӣ замина ва имкониятҳои объективӣ мавҷуд аст. Кўдакони синни хурди мактабӣ аз эҳсосоти худ ва ҳолати эмотсионалии дигарон огоҳанд, онҳо метавонанд таҷрибаи худро ба таври кофӣ баён ва танзим кунанд, ба рафтори эмотсионалии худ ва рафтори дигарон баҳо диҳанд. Самти рушди зеҳни эмотсионалӣ дар кўдакони синни хурди мактабӣ ба густариши амалияи худшиносӣ асос ёфтааст; худтанзимкунӣ; ташаккули ҳисси ҳамдардӣ, худпазирӣ ва ба даст овардани малакаҳои муошират, эътимод ба худ, малакаҳои ҳалли низоъҳо. Ҳама намудҳо, шаклҳо ва усулҳои тарбия ба рушди зеҳни эҳсосӣ мусоидат мекунанд, аммо дар ғанӣ гардонидани таҷрибаи эҳсосии кўдак афсона яке аз нақшҳои асосиро мебозад. Афсона барои рўҳи кўдак форам буда, ба кўдак имкон медиҳад, ки табъаш болида бошад, эҳсосот ва умедҳояшро бедор созад, инчунин эҳсосоти муайянро ифода кунад.
Афсона идомаи анъанаҳои яке аз жанрҳои асосӣ, қадимии эҷодиёти халқии шифоҳӣ буда, асосан ба достони насри дорои ҷузъҳои сеҳрнок, саргузаштӣ, гоҳе рўзмарра дахл дорад.
Ҷаҳони афсонавӣ метавонад бо ҷаҳони инсонӣ, Замин алоқаманд бошад ё алоҳида вуҷуд дошта бошад. Вобаста ба ин фантазияро ба «баланд» (офарандаи олами алохида бо системаи мифологии инкишофёфта ва ғайра) ва «паст» (дар он чое, ки чизи фавкулодда ба воқеияти мо дохил мешавад) тақсим менамоянд. Тасаввуроти хаёлӣ ба воқеият чунин падидаеро ба мисли «эскейпизм» (калимаи англисӣ - гурехтан) яъне, фирор аз воқеият ба олами афсонавиро имконпазир сохт. Мутаассифона воқеияти муосир хоҳиши «гурехтан» -ро дар инсон бедор мекунад, аммо ба ҳар ҳол ин як воқеият аст. Фантазия ба хонанда имкон медиҳад, ки аз ҳаёти ҳаррўза истироҳат кунад, ба ҷаҳоне "таҳриф кунад", ки ҳама чиз соддатар ва ростқавлтар аст, дар он идеалҳо вуҷуд доранд. Бесабаб нест, ки фантазияи «паст» шуҳрати калон пайдо карда истодааст, ки дар он сюжет дар бораи сафари одами оддӣ ба оламҳои дигар мавчуд аст.
Одатан, дар фантазия шахс дар тарафи Некӣ қарор мегирад ва худро қаҳрамони асосӣ меҳисобад. Аксар вақт, ў дорои хислатҳои ғайриоддиест, ки барои ў туҳфа шудаасту барои тантанаи Нек ва Нур мубориза мебарад. Бо вуҷуди ин, тамоюле оид ба симои инсон вуҷуд дорад: инсон ҳамчун махлуқи поёнтар дар назди ҷодугарон ва дигар нажодҳо, ки қудрати ҷодугарӣ, рушди ҷисмонӣ ва ғайра доранд бартарӣ доранд ва шояд дар оянда ҳам ин тамоюл инкишоф ёбад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё