УСУЛҲОИ ТАЪЛИМИ ИСТИЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ ДАР ИХТИСОСИ “ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА МУНИСИПАЛӢ”
Дар мақолаи мазкур муаллиф якчанд усули таълими истилоҳоти соҳаи иқтисодиётро дар ихтисоси “Идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ” аз фанни забони тоҷикӣ пешниҳод намудааст. Ба ақидаи муаллиф, дар раванди омўзиши забони тоҷикӣ манбаъҳои асосии омўзиши истилоҳоти иқтисодӣ ба донишҷўён китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ аз фанни забони тоҷикӣ, луғатҳои дузабонаи истилоҳот ва хониши асархои илмии соҳаи иқтисодиро истифода бурда, моҳият ва аломату нишонаҳои хоси истилоҳот б оистифода аз усули ҳамгироӣ, аз тариқи саволу ҷавоб фаъол кунонидани донишҷўён, истифодаи асбобҳои аёнӣ, шарҳу эзоҳи истилоҳи соҳавӣ ва амсоли инҳо мувофиқи мақсад аст.
Самаранокии таълими истилоҳоти иқтисодӣ ба донишҷўёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз хусусияти манбаъҳои мавҷуда ва мухтасоти истифодаи онҳо вобаста буда, истилоҳшиносии мақсадноки онҳоро тақозо менамояд.
Ба сифати манбаъҳои асосии таълими истилоҳоти иқтисодӣ барои донишҷўёни соҳаи “Идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ” аввалан аз китобҳои дарсӣ, дастурҳои омўзиши забони адабӣ, луғатҳои дузабонаи истилоҳот ва хониши асарҳои илмии соҳаи иқтисодӣ метавон ном бурд, ки дар онҳо маводи луғавии мавриди корбурд амалан аз вожаҳое гирд оварда мешаванд, ки дар раванди таълими курси забони тоҷикӣ истифода мегарданд. Ҳамчунин дар ин гуна китобҳо маводи китобҳои дарсӣ, дастурҳои омўзиши забони тоҷикӣ, луғатҳои истилоҳоти иқтисодии ҷолибе пешниҳод мегардад.
Ташкили кор оид ба таълими истилоҳоти иқтисодӣ аз рўйи китобҳои дарсии мавҷуда одатан ба таври мақсаднок амалӣ мегардад:
1)фаҳмонда додани моҳият ва аломату нишонаҳои хоси истилоҳ бо истифода аз усули ҳамгироӣ, аз тариқи саволу ҷавоб фаъол намудани донишҷўён, бо роҳи хониши матнҳо аз китобҳои дарсии забони тоҷикӣ ва хониши асарҳои илмӣ, хондани матнҳои илмӣ (дар синфхона ва берун аз он) ва кор бо матнҳои мазкур;
-
бо роҳи иҷро намудани машқҳои гуногуни луғавӣ, луғавӣ-орфографӣ ва луғавӣ-грамматикӣ;
-
истифодаи асбобҳои аёнӣ (дар ҷадвал нишон додани хелҳои истилоҳоти соҳаи иқтисодӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ-русӣ ва маънои луғавиаш);
-
шарҳу эзоҳи истилоҳи хоси забони тоҷикӣ, русӣ;
-
ба тариқи муколама фаҳмонидани мафҳуми умумии истилоҳот, ки он аз рўйи сохт чанд хел мешавад.
Намудҳои усули ҳамгироӣ:
а) фаъол намудани донишҷўён дар рафти омўзонидани истлоҳоти иқтисодӣ дар забони тоҷикӣ;
б) ташкили мусобиқа дар номбар кардани истилоҳоти иқтисодии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;
в) тартиб додани луғат аз рўйи барномаҳои телевизионӣ.
Дар раванди кор бо матн таълими истилоҳоти иқтисодӣ ба донишҷўён бо номгузориҳо, тавсифҳо, муқоисаҳо пур ва ғанӣ гашта, ҳамзамон кор аз болои пурра намудани луғати ғайрифаъол (пассивный словарь) ба вуқуъ мепайвандад, ки он барои фаҳмиши пурраи матн мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки чунин корро ба таври муназзам ва нақшавӣ гузарондан мувофиқи мақсад аст ва бояд дар назар дошт, ки тадриҷан алфози луғати ғайрифаъол ба луғати фаъол, яъне мавриди корбурди доимӣ гузарад.
Мусаллам аст, ки дар рафти омўзиши матнҳои тахассусӣ донишҷўён бо хондан, тарҷума кардан ва аз ёд намудани истилоҳот рў ба рў шуда, ба душвории азхудкунии онҳо дучор мегарданд. Суоле ба миён меояд, ки барои осон намудани раванди мазкур омўзгор кадом усулҳоро бояд интихоб намояд? Дар ин самт, ба назари мо, нақши иҷрои машқҳои луғавӣ басо муҳим аст. Ташаккулёбӣ ва ғанигардонии мақсадноки захираи истилоҳшиносии донишҷўён аз ҳисоби истилоҳоти тахассусӣ тавассути иҷро кардани машқҳои махсуси луғавӣ даст медиҳад, ки луғатро бевосита ташаккул медиҳанд. Дар ин гуна машқҳо, чи бо вожаҳои алоҳида ва чи бо тамоми матн, оид ба маънои луғавии калима ва истифодаи он бояд ҳатман кори махсус гузаронида шавад. Дар машқ калимаҳо бо ба инобат гирифтани хусусиятҳои дохилизабонӣ ва беруназзабонии онҳо оварда шаванд, ки ба корбурди вожаҳо дар маҳдудияти мавзуӣ ҳолати онҳо далолат менамоянд.
Ба гурўҳи машқҳои универсалӣ, ки захираи истилоҳшиносии донишҷўёнро васеъ мегардонанд, машқҳои махсуси луғавие дохил мешаванд, ки онҳоро ҳангоми омўзиши истилоҳоти соҳаҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст. Масалан, машқ барои:
а) дарёфт кардани муродифҳо аз байни истилоҳоти иқтисодӣ (арз - асъор, бепул - ройгон, кредитӣ- қарзӣ, пул - маблағ, даромад - фоида ва ғ.);
б) барои пайдо намудани калимаҳои зидмаъно дар байни истилоҳоти соҳаи зерин (нақд-насия, даромад-баромад, харид-фурўш, арзон-гарон);
в) машқҳо барои фарқ карда тавонистани маъноҳои гуногуни як калимаи истилоҳӣ, масалан,
-
фоида; ҳақ – шахсе, ки далелҳояш боэътимод ҳастанд;
-
музд; гарав –гарав бастан ва ба гарав гузоштан, ки маънои чунин калимаҳоро танҳо дар матн дуруст дарк кардан мумкин аст.
Ҷустуҷў ва истифодаи муродифҳо, калимаҳои зидмаъно ва сермаънои забони тоҷикӣ барои донишҷўён на танҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ, балки дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, забоншиносӣ, кимиё, физика, риёзӣ, информатика ва геология низ муфид буда, доираи сухандониашонро хеле васеъ мегардонад.
Таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки умуман, гурўҳбандӣ намудани вожаҳои истилоҳӣ дар миқёси ин ё он соҳа дар забономўзии шогирдон натиҷаҳои хубе медиҳад, зеро дар рафти иҷрои чунин навъи машқҳо онҳо бевосита ба тартиб додани чунин мавзуъҳои гуфтугўӣ, ба мисли «Таҷрибаомўзӣ дар бонк», «Дар андоз» ё «Касби ояндаи ман - менеҷер шудан аст» ва инчунин муколамаҳо аз қабили «Суҳбати телефонӣ», «Вохўрӣ», «Таҷрибаомўзӣ дар вазорат» шуруъ намуда, натиҷаҳои назаррасе ба даст меоранд.
Ташаккулёбӣ ва ғанӣ гардидани захираи истилоҳшиносии донишҷўён аз ҳисоби истилоҳоти тахассусӣ ҳангоми иҷро намудани корҳои шифоҳӣ ва хаттӣ аз рўйи барномаи таълимӣ самаранок сурат мегирад. Ҷамъи мавзуъҳо ва воридсозии вожаҳо ба нутқ имкон медиҳад, ки тарзи баён равшану возеҳ гардад.
Ҳамчунин таълими истилоҳоти иқтисодии донишҷўёни соҳаи идоракунии давлатӣ ва мунисипалиро тавассути таълими хуби маводи қисматҳои гуногуни фанни забони тоҷикӣ низ самаранок намудан мумкин аст. Аз ҷумла, миқдори зиёди вожаҳои нави истилоҳиро донишҷўён ҳангоми аз худ намудани чунин мавзуъҳои грамматикӣ, аз қабили таркиби калима ва калимасозӣ аз бар карда метавонанд. Дар як қатор мавзуъҳои грамматикии машғулиятҳоямон мо тавассути пешванду пасвандҳо сохта шудани калимаҳои нав ва ё роҳҳои сохта шудани калимаҳои сохта ва мураккабро меомўзонем.
Зимни ин гуна мавзуъҳо ба вожаҳои истилоҳӣ бештар аҳамият додан зарур аст. Масалан, бо пасвандҳо сохта шудан ва истифода бурдани чунин вожаҳо роиҷ аст: савдогар, дўкондор, пардохтгар, қиматнок, ваколатдор, иқтисодчӣ ва ғ. Як қатор вожаҳои истилоҳӣ калимаҳои мураккаб ва омехта ҳастанд ва зимни омўзондани ин мавзуи грамматикӣ онҳоро таҳлили маъноӣ ва сохторӣ намудан аз аҳамият холӣ нест: соҳибкор, бонкдор, коршинос шинос, ҳуқуқшинос, додситон, таҷрибаомўз ва ғ. Инчунин омўзондани калимаҳои истилоҳӣ ҳангоми фаҳмондани таърихи баромади ин ё он вожа мувофиқи мақсад аст.
Сохтор ва таркиби калимаро тавассути ҷадвалҳои таҳиянамудаи устод омўхта истода, донишҷўён тадриҷан усулҳои вожаофарӣ ва ташаккулдиҳии калимаҳои навро аз худ менамоянд. Ҷамъоварии ибтидоии вожаҳо бо роҳи интихоб ва чидашавии вожаҳои ҳамреша, фаҳмиши маънои реша, пешванд ва пасванд ба вуқуъ мепайвандад. Баъдан бо истифода аз усулҳои ташаккулдиҳии калимаҳо донишҷўён аз вожаҳои барояшон шинос боз вожаҳои нав месозанд.
Дар сурати мавҷуд набудани матни муайян мо метавонем аз луғатҳои тафсирии истилоҳот истифода барем. Масалан, калимаи «капитал»-ро ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ ба тариқи зайл пешниҳод менамоем.
Сармоя – арзише, ки барои гирифтани даромад ба муомилот бароварда мешавад.
Тавре ки дида мешавад, бартарии чунин луғатҳои тафсирӣ дар он аст, ки дар онҳо маънои истилоҳот шарҳу тафсир карда мешавад. Дар луғатҳои дузабона бошад, ин тарзи маънидод дида намешавад.
Барои муайян намудани вожаҳои истилоҳи менеҷмент ва хелҳои сохтории он мисолҳоеро интихоб намудем.
Миқдори зиёди вожаҳои истилоҳӣ ҳангоми аз худ намудани мавзуъҳои грамматикӣ, аз қабили таркиби калима ва калимасозӣ аз бар карда мешавад. Дар як қатор мавзуъҳои грамматикӣ бо пешванду пасвандҳо сохта шудани калимаҳои нав, роҳҳои сохта шудани калимаҳои сохта ва мураккабро меомўзем. Масалан бо пасвандҳо сохта шудан ва истифода бурдани чунин вожаҳо роиҷ аст:
Мисол: давлатӣ, роҳбарӣ, арзишӣ, меҳнатӣ, харидор, фоиданок, самаранок, ҳунарманд, ҳавасмандӣ ва ғайра.
Як қатор вожаҳои истилоҳи калимаҳои сохта ва мураккаб ҳастанд:
кордон, соҳибкор, лидерсозӣ, навоварӣ, хештаншиносӣ, фаъолгардонӣ, коршиносӣ, идоракунӣ ва ғ.
Хусусиятҳои маъноии истилоҳотро бо мисолҳо фаҳмонда медиҳем. Аз ҷумла истилоҳоти зерин:
Калимаи «менеҷер» - сарвар, мутахасси касбии менеҷмент мебошад;
Калимаи «сармоя» - маблағзузории воситаҳои молиявӣ, ки барои ба даст овардани амволи моддӣ, ғайримоддӣ сарф мешавад;
Калимаи «фоида» - фарқи байни фурўши мол ва хизматрасониҳо ва хароҷотҳои истеҳсолию фурўш мебошад.
Истилоҳот на ба тарзи мустақил, балки дар дохили матн омўзонда шаванд, беҳтар аст. Барои ин вобаста ба ҳар як мавзуъ қаблан омодагӣ гирифта, матнҳои хурди тахассусиро интихоб мекунем, ки дар дохили матнҳо ду-се истилоҳи касбию соҳавӣ мавҷуд бошад. Масалан дар порчаи зерин:
1. Маълум мегардад, ки барои ноил гаштан ба маданияти баланди корхона, одамон ва рафтори онҳо доимо бояд дар маркази диққати менеҷмент қарор гирад.
2. Ҳалли ин муаммои раҳбарӣ имкон медиҳад, ки менеҷмент меҳнати пурсамарро ташкил намуда, ба одамон ва фаъолияти кори онҳо таъсири калон мерасонад.
3. Менеҷмент ҳеҷ гоҳ самаранок кор карда наметавонад, агар ҳақиқатпараст, адолатпараст набошад ва манфиати инсонро ба инобат нагирад.
4. Менеҷмент аз тамоми қонуниятҳои рафтори инсонӣ бохабар буда, некию бадӣ, донишмандию сустсаводӣ, боғайратию камғайратӣ, ростковию дурўғгўӣ ва дигар хислатҳои хоси ҳар як кормандашро ба пуррагӣ бояд бидонад, биомўзад, истифода барад ва ислоҳ намояд.
Тавре ки маълум мегардад, дар матни боло, ки аз 4 ҷумла иборат аст, 10 истилоҳи менеҷмент истифода гаштааст ва дар ҷумлаи чорум низ калимаҳои зидмаъно ба назар мерасанд: некию бадӣ, донишмандию сустсаводӣ, боғайратию камғайратӣ, ростковию дурўғгўӣ.
Дар ин матн барои ихтисоси менеҷмент ҳар кадоме аз истилоҳоти мазкур мафҳуму маъноҳои мушаххас ва муайянро ифода мекунанд ва ҳар як истилоҳро дар ҷараёни дарс шарҳу тавзеҳ медиҳем. Масалан калимаи «менеҷмент»:
Истилоҳи «менеҷмент» ҳамчун илм назрия ва таҷрибаи роҳбарӣ, қоидаҳо ва усулҳои идоравиеро фаро мегирад, ки ба мақсади таъмини самаранокӣ ва фоиданокии фаъолияти одамон равона карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳақиқат «Забонро нишони идрок ва маърифат мешуморанд ва ҷаҳонбинии муттахасис аз каломи ў аён мегардад. Яке аз муҳимтарин талаботи Стандарти давлатӣ аз «руйи ихтисос»-и донишҷўён таълим додани фанни забони тоҷикӣ мебошад. Муҳимтарин василаи ба вуҷуд овардани робитаи масъалаҳои забоншиносӣ бо тахассуси донишҷўён матн мебошад».
Ҳангоми таълими истилоҳоти тахассусӣ бояд муҳити муҳайёшуда мавзуъ ва мақсади муайян дошта, донишҷўён барои ба забони тоҷикӣ дуруст баён кардани нутқи худ таҳти роҳбарии устод имконияти хубе дошта бошанд. Дар муҳити берун аз синфхона истифода бурдани истилоҳоти тахассусӣ (масалан, ҳангоми таҷрибаомўзӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва ё дар бонк, дар беморхона, дар нақлиёт, дар ҷаласа ва ғайра) аз тарафи донишҷўён шарти муҳими пуррашавии захираи истилоҳшиносии онҳо мебошад. Ҳамчунин дар ин ҷода шунавонидани барномаҳои махсуси телевизионӣ ба манфиати кор аст. Барои самаранок истифода бурдани манбаъҳои мазкур устод бояд тавсияҳои худро барои интихоби дурусти барномаҳо пешниҳод намояд, онҳоро ба тамошо ва таҳлил кардани мундариҷаи ин ё он барномаи тахассусӣ ҳидоят намояд. Дар маҷмўъ ҳамаи ин чораҳо фаъолшавии истифодаи вожаҳои тахассусиро дар нутқи донишҷўён таъмин менамоянд.
Дар ин маврид пуррашавии захираи истилоҳии онҳо аз муҳити атрофи идорашаванда вобаста аст. Ба қатори чунин омилҳо муошират бо мутахассиони соҳаҳои гуногун (олимон, рўзноманигорон, соҳибкорон, табибон, дипломатҳо ва ғайра), тамошои кинофилмҳо, шунидани барномаҳо ва ё суҳбатҳои садову симо, тамошои намоишнома ва ғайра дохилшуда метавонанд. Дар чунин шароит назорати доимии нутқи донишҷўён, қайд кардани дастовардҳои онҳо дар роҳи ғанигардонии захираи истилоҳшиносиашон ва ёрӣ додан барои дуруст дарк намудани маъно ва мафҳуми вожаҳои нав, дуруст талаффуз кардан ва навиштану истифода бурда тавонистани чунин вожаҳо, талаб намудани иҷрои корҳои хаттии мустақилона ҷиҳати таҳия намудани луғати истилоҳоти иқтисодӣ аз рўйи асарҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва аз барномаҳои иқтисодии радио ва телевизион аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як устоди забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё