Зеҳн

УМУМИЯТ ВА ТАФОВУТИ НАСРИ СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА АБЎМАНСУР САОЛИБИИ НИШОПУРӢ

ЗЕ
Зеҳн22 августи 2026 · 12 дақиқа хондан

Дар мақолаи мазкур сохт ва мазмуну мундариҷаи “Достонҳои Шоҳнома”- Сотим Улуғзода ва “Шоҳнома” – и Абулқосими Фирдавсӣ мавриди таҳлилу таҳқиқи қиёсӣ қарор гирифтааст. Дар мақола ҷиҳатҳои умумиву хусусиятҳои ҷудогонаи фарқкунандаи сюжети ҳар ду асар, теъдоди достонҳо, забон ва услуби нигориш, тозакориву навоварӣ дар сюжет инъикос гардидаанд. Зимни порчаҳои мансури аз “Шоҳнома” – и Саолибӣ ва “Достонҳои Шоҳнома”-и Сотим Улуғзода ҳамчун исботу далел овардашуда ягонагиву фарқияти мазмун дар ҳар ду асар боз ҳам равшантару амиқтар ифода гардидаанд.

“Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ достони бемисл ва беҳамтои қаҳрамонӣ буда, аз таълиф гардидани он беш аз ҳазор сол гузашта бошад ҳам, то ҳол диққати толибилмон, олимону донишмандон, забоншиносон, муаррихон, адибон- хуллас, тамоми ашхоси илму фарҳангро ба худ ҷалб менамояд. Ба rавли олим ва адабиётшиноси маъруф Н.Зоҳидов “Шоҳнома” ҳамосаи пурарзиши қаҳрамонӣ буда, дар ҳеҷ асру замон қимати худро гум намекунад, зеро на танҳо аҳамияти адабӣ, балки аҳамияти таърихӣ, фалсафӣ, забонӣ ва этнографӣ дошта, барои шинохту омўзиши тарзи ҳаёту зиндагонии мардумони эронитабор яке аз манбаъҳои бебаҳо аст”.

Зарурати дарки шинохти рисолати осори таърихии ниёгонамон (махсусан “Шоҳнома” ва асарҳое, ки дар партаву пайравии он навишта шудаанд) тақозо мекунад, ки дар таҳқиқу баррасӣ ва таблиғоту ташвиқоти онҳо имрўз амиқтар назар андохта, аз дастовардҳои таърихӣ, ахлоқӣ, маънавии аҷдодонамон ибрат гирифта, дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди истифода қарор намоем, зеро ғояи асосии “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ин ғояи ягона нигоҳ доштани обу хоки ватан, муҳофизати давлат, адлу додгустарӣ нисбат ба халқи меҳнаткаш ва дарки моҳияти худогоҳиву хештаншиносӣ аст. Ана ҳамин аҳамият ва рисолатро низ таърихномаи муътабар ва муътамади адиб ва муаррихи арабизабони охири садаи Х ва аввали садаи Х1 Абўмансури Саолибии Нишопурӣ бо номи “Шоҳномаи Саолибӣ ё дар шарҳи аҳволи салотини Эрон”, ки ба тариқи наср нигошта шудааст, низ ба ўҳда дорад, ки бино ба ақидаву афкори бархе аз олимони адабиётшиноси муосири тоҷику форс дар пайравии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таълиф гардида, Саолибӣ шоҳкории Фирдавсиро яке аз маъхазҳои худ қарор дода, аз он баҳраи зиёд гирифтааст ва сабаби умумияту шабоҳат дар мазмуну мундариҷа ва баъзе дигар хусусиятҳои монандии ин ду асар ҳамин аст.

Дар даврони муосир яке аз нависанда ва адиби маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, ки бо осори гаронмояи худ дар адабиёти кунунии мо мақому манзалати хоса дорад, ба тариқи мансур мухтасаран мазмуну мўҳтаво ва мундариҷаи достонҳои “Шоҳнома”- Абулқосими Фирдавсиро таҳти унвони “Достонҳои Шоҳнома” пешкаши ҳаводорон, хонандагону иштиёқмандони фарҳангу адаби тоҷик намудааст.

Натиҷаҳои асосии таҳқиқот.

Мо тасмим гирифтем, умумият ва тафовути насри Сотим Улуғзода ва Абўмансур Абдулмалик Саолибии Нишопуриро аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа, забон ва услуби нигориш, тозакориҳову навоварӣ дар сюжети ду асар мавриди таҳқиқ қарор диҳем.

Яке аз ҷиҳатҳои барҷаставу умумии “Достонҳои Шоҳнома”-и Сотим Улуғзода ва “Шоҳномаи Саолибӣ ё дар шарҳи аҳволи салотини Эрон” он аст, ки дар ҳар ду асар низ мазмуну мўҳтавои нақли воқеоту ҳодисоти се қисмату бахши асосии “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ оварда шудаанд. “Достонҳои Шоҳнома”-Сотим Улуғзода аз нақли 28 достон “Шоҳномаи Саолибӣ” аз нақли 56 достон иборат аст, ки бахши аввали ҳар ду асар низ аз афсонаҳои асотирии даврони подшоҳии Пешдодиён-аз Каюмарс то зуҳури Манучеҳрро дар бар мегирад, ки Сотим Улуғзода мазмуну мундариҷаи ин қисмати “Шоҳнома”-и Фирдавсиро дар 4 достон бо номҳои Каюмарс ва авлоди ў, Достони Фаридун ва писарони ў, Достони Симурғ ва Зол, Достони Зол ва Рўдоба, Саолибии Нишопурӣ дар 8 достон нақлу ривоят намудааст.

Дар қисмати аввали “Шоҳнома”, ки асотирӣ аст, Абулқосими Фирдавсӣ фариштаи накўкор Сурушро дар баёни нақли воқеаҳо бисёр ном мебарад. Сотим Улуғзода низ дар аввали “Достонҳои Шоҳнома” номи ин фариштаи паёмоварро якчанд маротиба зикр намудааст. Чунончи, дар достони “Каюмарс ва авлоди ў”дар мавриди Сиёмак писари Каюмарс чунин навиштааст:

Рўзе фариштаи накўкор Суруш бо қиёфаи марди палангинапўше назди шоҳ (Каюмарс) омада, ўро аз қасди девбача хабардор кард ва шоҳ ба писараш Сиёмак огоҳӣ дод, шоҳзода дар ғазаб шуда лашкар гирд овард ва ба болои девон тохт.

Ё ин ки Суруши накўкор бори дуюм аз ҷониби Ҳурмузд ба наздаш омад, салом кард ва гуфт: “Эй шоҳ, беш аз ин манол, лашкар бисоз ва бар девони палид битоз, гардашонро ба осмон барор. Ҳурмузди бузург мададгори туст”. Дар ҳамин достони номбурда дар нақли зодани Фаридун аз модар низ Суруш ба модари Фаридун аз тавлиди фарзанди фархунда паём меоварад. Аммо дар “Шоҳномаи Саолибӣ” номи ин фариштаи паёмовар дар ягон маврид оварда нашудааст.

Дар заминаи муқоисаи ривоятҳои асари Улуғзода ва Саолибии Нишопурӣ қариб, ки дар нақли ҳамаи достонҳо умумияту шабоҳат ва мутобиқат дар сюжет, мазмуну мундариҷа ва муҳтавои достонҳо ба назар мерасанд, ба ҷуз баъзе ихтилофҳои ночиз, ки дар баъзе лаҳзаҳо ҳаст.Чунончи, дар “Шоҳнома”- мансури Саолибӣ Заҳҳок бо номи Беварасп низ омада, дар маънидоди он муаллиф гуфтааст: Ва чун бевар дар забони паҳлавӣ беш аз сад ҳазор аст, ўро Беварасп номиданд, зеро ў дорандаи беш аз сад ҳазор асп буд”.

Дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ва “Достонҳои Шоҳно-ма”-и Улуғзода аз ҳаждаҳ писар доштани Коваи оҳангар ва тўъмаи морони Заҳҳок гардидани онҳо нақл карда шудааст, аммо дар “Шоҳнома”-и Саолибӣ омадааст, ки Кова соҳиби ду фарзанд аст. Чунончи:

Маро буд ҳаждаҳ писар дар ҷаҳон,

Аз эшон яке мондааст ин замон.
Заҳҳок гуфтори Коваро шунида дар ҳайрат монд ва бештар тарсид.

Андешид, ки беҳтар аст аз оҳангари додхоҳ дилҷўйӣ кунад ва худро боадлу инсоф нишон диҳад. Охирин фарзанди ў-писари ҳаждаҳумашро аз куштан барои хуриши морон озод карда ба падараш баргардонд.

Дар “Шоҳнома”- и мансури Саолибӣ чунин омадааст: Дар ин ҳангом марде оҳангар Кова ном, ки яке аз ду писараш хўроки морҳо шуда буд ва инак он дигар фарзандашро бозгирифта буданд, ҷома бар тан дариду хок бар сар рехт ва фарёдрас хост.

Бахши дуюми “Шоҳнома”- Абулқосим Фирдавсӣ аз достонҳои қаҳрамонӣ иборат буда, паҳлавонию қаҳрамонӣ ва корномаҳои бемислу монанди Рустами Достон суруда шудааст. Ин бахш бо воқеаҳои Искандари Мақдунӣ поён мепазирад. Фирдавсӣ, ки худ тараннумгари шуҷоату қаҳрамониҳои тимсоли маҳбубаш Рустами Достон аст, суханро ба ҳасаноти паҳлавон дареғ намедорад ва воқеаҳои ҳамосааш низ барои равшантар инъикос ёфтани хислатҳои Рустам аҳамияти хоссаву бештаре доранд. Сотим Улуғзода низ дар “Достонҳои Шоҳнома” васфу ситоиши диловариҳои Рустамро дар достонҳои Зодани Рустам аз модар, Қиссаи шоҳ Ковус ва ҷанги Мозандарон, Ҳафт хони Рустам, Кори Кайковус дар Барбаристон ва дигар достонҳо, достони Рустами Дастон, Достони Рустам ва Сўҳроб, ҷамъулҷамъ дар 7 достон нақлу ҳикоят намудааст.

Дар “Шоҳнома”-и Саолибӣ бошад, муаллиф ба қаҳрамони халқ Рустами Достон таваҷҷўҳи хосса зоҳир нанамудааст, танҳо дар достони Подшоҳии Манучеҳр нақле бо номи Зодани Рустам ва барўманд гаштани вай, дар достони Подшоҳии Кайқубод аз хонадони Фаридун ҳикояте бо номи Равон шудани Кайқубод барои набард бо Афросиёб, дар достони Подшоҳии Кайковус, ки ба тозӣ ўро Кобус мегўянд, ҳикояте бо номи Ёдкарди рафтани Рустам ба Яман барои раҳо кардани Кайковус нақл намудааст, аммо дар бораи қаҳрамониҳои Рустам дар Ҳафт хон ва ҷангу муборизаи ў бо девон, инчунин оид ба достони Рустаму Сўҳроб ягон ривояте нанамудааст.

Боз як тафовути назаррасе, ки дар мавриди бандубасти сюжети ҳар ду асар мушоҳида гардид, ин нақли достони Подшоҳии Кайқубод аз хонадони Фаридун аст, ки дар “Шоҳнома”-и Саолибӣ мувофиқи силсилабандии воқеаҳо ба тариқи таърихию хронологии хонадонҳои подшоҳӣ нақл карда шудааст, аммо дар “Достонҳои Шоҳнома”-и Сотим Улуғзода баъди достонҳои Қиссаи шоҳ Ковус ва ҷанги Мозандарон, Ҳафт хони Рустам, Кори Кайковус дар Барбаристон дар сюжети достони Рустами Дастон дар ҳикояти Ба Албурз аз пайи Кайқубод нақл карда шудааст, ки мувофиrи силсилабандии воқеаҳо нест, зеро Кайқубод падари Кайковус аст ва мебоист аввал пеш аз қиссаи шоҳ Ковус ва ҷанги Мозандарон нақли ба Албурзкўҳ рафта овардани Рустам Кайқубодро ва бар тахти шоҳаншоҳии Эрон нишондани ўро оварда мешуд, зеро Кай-ковус фарзанд ва вориси тахти шоҳ Кайқубод аст.

Фарқияти дигаре, ки дар мундариҷаи ҳар ду асар ба назар расид он аст, ки дар хотимаи достони Подшоҳии Кайқубод аз хонадони Фаридун дар “Шоҳномаи Саолибӣ” фасле бо номи Достоне аз бодагусорӣ ба рўзгори Кайқубод оварда шудааст, ки дар он нақли он ки Кайқубод дар андешаи ободонии кишвар буд ва бо дидани замини обод шод гашта, вайрониро ба марг монанд мекард. Рўзе бар пушти боми коҳ баромад, ки чашмаш аз дур ба лаккаи сиёҳсапеде афтид, фармон дод ҳар чи зудтар гузориши онро барояш биёваранд. Фиристода гузориш дод, ки марде бода бисёр нўшида, аз мастӣ дар киштзор афтода калоғе чашми ўро кандааст. Кайқубод аз шунидани ин достон андўҳгин шуд, фармон дод, ки аз ин пас бодахорӣ нораво бошад ва ҷазои он сахт гардад. Мардум замоне май нанўшиданд.

Рўзе аз боғи ваҳшӣ шере раҳо шуд. Ҳеҷ кас натавонист, онро бигирад, то он ки ҷавоне бо шер бархўрд, гўшҳои онро гирифт, монанди хар савор бар он шуд ва ба нигаҳбонон ўро супурд.

Вақте ин гузориш ба Кайқубод расид, дар шигифт афтод ва гуфт: Ҷуз ин нест, ки ин ҷавон ё девона аст ё маст. Пас ҷавонро пеш хонду пурсид. Он ҷавон гуфт, ки аз сабаби нодориам амакам духтарашро ба ман ба занӣ надод, бисёр андўҳгин гаштам, ки модарам ба ман нўшидани се ҷом майро дар хилват маслиҳат дод. Пас бо нерўи май, ҷавонӣ ва ишқ ба шер чира шудам.

Аз ин пас Кайқубод фармон дод, ки ба мардум бигўянд: Он андоза май бинўшанд, ки битавонанд бар шер битозанд, на он андоза, ки аз худ бехуд шаванд, то калоғҳо чашмҳояшонро дароваранд.

Нақли ана ҳамин достони дар боло овардашуда дар “Достонҳои Шоҳнома”-и Сотим Улуғзода дар сюжети Достони Баҳроми Гўр (на дар Достони Кайқубод) дар фаслҳои Ҳукм бар ҳаром будани май ва Боз бар ҳалол будани он бо тафовути ҷузъиёти ночизе дар мазмун оварда шудааст.

Тимсоли Рустами Дастон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳамчун инсони халқпарвару ватандўст тимсоли ҷовидона аст, зеро “Шоҳнома” танҳо достони қаҳрамонӣ нест, он ҳамосаест, ки дар он фикрҳои олии ватандўстона , панду ахлоқӣ ҷой дода шудаанд. Фирдавсии инсондўст ва ватанпарвар ҳангоми тасвири воқеа ва ҳодисаҳо дар достонҳояш бисёр фикрҳои пешқадам ва ҳикматҳои ибратбахше мегўяд, ки ба ҳукми зарбулмасал даромада, дар тарбияи ҷавонон аҳамият ва мавқеи намоён доранд.

Сотим Улуғзода низ кўшидааст, дар баъзе лаҳзаҳо дар симои Рустам ва паҳлавонони эронӣ фикру ақидаи баланди ватандўстонаи Фирдавсиро дар асараш ифода намояд ва аз баъзе лаҳзаву эпизодҳои “Достонҳои Шоҳнома”, ки ба ин мавзўъ оид аст, дар поён меорем:

Гев, Гударз, Баҳром, Руҳҳом, Гургин ва дигар номдорон бо ҳам нишаста сари шикваро боз карданд, ки:

“Ковуси бадхўйи носипос паҳлавонони сипоҳро меранҷонад. Агар Таҳамтан, ки бар тахт нишонандаи Ковус, пуштупаноҳи лашкар ва балогардони Эронзамин аст, сазовори дор бошад, дигаронро подоши хидмат чист ва аз Ковус чӣ умеди қадршиносист? Агар ҳуҷуми душман ва бими табоҳии кишвар намебуд, аз ин даргоҳ мегурехтем, лекин ҳоло Эрон наметавонад бо душман пойдорӣ кунад.”

Ё ин ки дар ҷойи дигар худи Таҳамтан мегўяд: “Рустам аз ин суханони Гударз ба андеша рафт. Сипас гуфт: -Эй номвар, ту медонӣ, ки тарсу бим ба дили Рустам бегона аст. Агар рўзе тарс ба дилам раҳо ёбад, теғ бар дил мезанаму ҷон аз тан раҳо мекунам. Аммо дидӣ, ки шоҳ бо ман суханони беҷо мегўяд, маро хор медорад, вагарна ман барои Эрон ҷону танамро фидо мекунам ва аз ҳеҷ гуна ҷанг наметарсам.

Дар мавриди тохтани Афросиёб ба Эронзамин аз забони худи муаллиф, яъне Сотим Улуғзода омадааст: Оё ҷаҳонпаҳлавони ватандўст ҳангоми бадрўзии ватанаш ва халқаш осуда нишаста метавонист? На. Вай дарҳол сипоҳиёни худро ба ҳар тараф фиристода фидоиёнро даъват кард. Ба зудӣ сипоҳе иборат аз зобулиҳо, кобулиҳо, ҳиндустониҳо ва ғайра гирд омад. Рустам қарор дод, ки бо он сипоҳ аввал ба мадади Кайковус рафта ўро аз банд озод кунад.

Аммо дар “Шоҳнома”-и мансури Саолибӣ ин ғояи асосӣ ва фикри баланди Фирдавсӣ, ки вазифаи нигоҳ доштани ягонагии обу замини диёру ватанро қарзи фарзандию виҷдонии ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос медонад, оварда нашудааст.

Адабиётшинос Холиr Мирзозода ба маврид rайд намуданд, ки ““Шоҳнома”- Абулқосими Фирдавсӣ нигоҳе аст ба гузашта метавон онро донишномае донист, ки дар он аз хираду кору биниш сухан меравад ва гарчанде аз таълиф гардидани он зиёда аз ҳазор сол гузашта бошад ҳам, забони он имрўз ба мо хеле хуб фаҳмост”. Аз ин бармеояд, ки Ҳакими Тўс кўшидааст, асосан калимаю ибораҳои форсӣ-тоҷикиро истифода намуда, дар мавридҳои дигар баъзе вожаҳои арабиро ба кор барад. Забони “Шоҳнома” фасеҳу равон мебошад, ба истиснои баъзе калимаҳои паҳлавию форсии қадим, ки имрўз дар забон аз истеъмол баромадаанд, монанди мўбад,пизишк, пўзиш, диж, дажхим ва ғайраҳо.

Чуноне ки Садриддин Айнӣ дар “Ёддоштҳо”- и худ дар ҷилди сеюм навиштаанд: “Бештарини арабиҳои дар ин китоби бузург кор фармудашуда ҳам монанди “ҳадя, аҳсан, ғам, навбат” арабиҳои ба даруни форсӣ ҳазмшуда ё ин ки монанди “малак, фалак, қазо, қадар” исмҳои ба ҳар форсизабон фаҳмо мебошад... Ҳатто дар “Шоҳнома” он гуна луғатҳои форсӣ кор фармуда шудаанд, ки имрўз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд, аммо дар байни халқи тоҷик истифода мешавад. Баъзеи онҳоро “сухани кўчагӣ” гўён ҳатто баъзе тарҷимон ва адибтарошони тоҷик ҳам кор намефармоянд. Аммо Фирдавсӣ кор фармудааст ва тоҷикон ҳам бо вай гап мезананд.” (Садриддин Айнӣ. Ёддоштҳо. Ҷилди 3.,саҳ 49.)

Ҳақиқатан ҳам ҳақ ба ҷониби устод Садриддин Айнист, зеро суханонони он кас мувофиқи воқеъ аст. Ҳангоми таҳқиқи забони “Достонҳои Шоҳнома”-и Сотим Улуғзода низ мо бештар ба калимаҳои гуфтугўии мардум ва зарбулмасалҳо, монанди калимаю ибораҳои “борони мўл( ба ҷойи зиёд, бисёр), турки навбаромад, саровонӣ кардан, вохўрдӣ кардан, сур кардан( ба ҷойи пеш кардан, рондан), қапида, пурсу пос кардан” ё ин ки воҳидҳои фразеологии “назар нагирифтан, мўй аз хамир ҷудо кардан,болин хишт шудан, ситораи иқбол шудан, мастии зафар, сар ба гил, гул ба даст доштан, дил сўхтан, дил мондан, табассум ях кардан ва ғайра бархўрдем.

Хулоса

Ҳамин тариқа, мо дар ин мақола кўшиши шогирдонае намуда, мухтасаран оид ба умумият ва тафовути насри “Достонҳои Шоҳнома”-и Сотим Улуғзода ва “Шоҳномаи Саолибӣ ё дар шарҳи аҳволи салотини Эрон” , ки ҳар ду дар партави шоҳасари бузурги Абулқосими Фирдавсӣ офарида шудаанд, маълумот овардем ва дар заминаи муқобилаву муқоисаи ҳар ду асар ба чунин хулоса омадем, ки хусусиятҳои забониву услуби нигориши ҳар ду адиб қариб ки ба куллӣ тафовутҳои ҷиддӣ дошта, умумияту мушобиҳат дар мазмуну мундариҷа ва сюжети ин ду асар хеле назаррасу намоён аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба