БОНУИ КАЙҲОНШИНОС
Дар он рўзи хотирмоне, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» ифтитоҳ гардид, дар қатори дигар донишмандони соҳа олими астрофизик Гулчеҳра Қоҳирова низ бо нутқи пурмазмун баромад кард. Вай ҳамчун кайҳоншинос аз мушоҳидаҳои астрономӣ ҳарф зада, зикр намуд, ки телескопи оинагие бо қутри якметра муддати 25 сол аз фаъолият бозмонда буд. Баъдан номбурда дар як мақолаи илмӣ ҷиҳати барқарорсозӣ ва модернизатсияи таҷҳизоти астрономии Расадхонаи мазкур чунин изҳори ақида намуд: «Нахустин бор равонаи автоматики телескоп ба объектҳои муайян аз рўи координатҳои додашудаи онҳо ба амал оварда шуд. Камераи нави рақамӣ бо асбоби CCD махсус барои мушоҳидаҳои астрономӣ ба телескоп пайваст карда шуд, ки тавассути он ҷирмҳои осмонӣ аксбардорӣ карда мешаванд». Вай расадхонаи Санглохро ба таври зайл тавсиф намуд: «Лозим ба зикри хос аст, ки Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омўзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, кометаҳо, бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 26 соли аз кор мондан, барқарор карда шуд».
Таҷрибаи пажўҳишгарони Академияи миллии илмҳо дар мисоли Гулчеҳра Қоҳирова аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷомеа роҳҳои ҷалб намудани бонувон ба фаъолиятҳои мухталиф вуҷуд дорад. Занони тоҷик бинобар саҳмгузориашон дар ҳамаи соҳаҳои фаъолият нишон доданд, ки дар баробари мардон ва ҳатто болотар аз мардон дар фаъолият масъул мебошанд. Дар суҳбат бо мо муҳаққиқ аз хатарҳое, ки берун аз Замин ба вуқўъ мепайванданд, маълумот дода, роҳҳои бартараф сохтани онҳоро пешниҳод кард: «Расмҳои якчанд объектҳои даруни Системаи Офтобӣ гирифта шудаанд, ки байни онҳо астероиди назди заминии 2005JF21 ба Замин хатари эҳтимолӣ дорад». Саҳми беандозаи илм дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ исбот менамояд, ки инсони воқиф бартариҳо дошта, зиндагии худро нисбат ба дигарон беҳтар мегузаронад. Ҳамакнун, месазад ба нигоҳи ниёгонамон ба кайҳон рў оварем, ки онҳо дар замонҳои гуногун чӣ нақше дар густариши илми нуҷум аз худ боқӣ гузоштаанд.
Нуҷумшиносии халқҳои эронитабор дар замони муосир маводи илмии арзишманд дониста мешавад. Ксенафонт тасдиқ менамояд, ки ориёиёни аҳди қадим ба дувоздаҳ қабила ҷудо шуда будаанд ва мутобиқ ба илми ситорашиносӣ дувоздаҳ бурҷро шабеҳ мебошанд. Ҳатто дини зардуштия бидуни донишҳои муайяни нуҷумшиносӣ дарк карда намешавад ва ба бурҷи дувоздаҳгона иртибот дорад. Дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ низ достони дувоздаҳ рух ба рақами 12 алоқаманд аст.
Хайёми Нишопурӣ чун нуҷумшинос шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, чунки алҳол барои аксар олимон маълум мебошад, ки номбурда ҷадвалҳои илми нуҷумро эҷод намудааст. Ба мо мутаассифона танҳо асарҳои ба алгебра ва асосҳои геометрия марбут будааш расидаанд. Ҳамчунин, Умари Хайёми Нишопурӣ яке аз уламоест, ки дар ислоҳи тақвими соли 1074 мушорикат доштааст.
Қисмати бузурги донишҳои ситорашиносии араб ба форсизабонон марбут мебошад ва ҳатто нуҷумшиносии тоҷиконро аз ситорашиносии араб имкони фарқ кардан нест, чунки он донишҳои нуҷумшиносие, ки ба сифати илми ситорашиносии араб медонем, дар ҳақиқат маҳсули тафаккури тоҷикон ва дигар форсизабонон маҳсуб мешавад. Ду нафаре, ки мо онҳоро чун донишмандони араб медонем, Албумасар ва Бўалии Сино тоҷиканд. Ибни Сино қудратро дар дарки худ дар чандин вазъ матраҳ намуда, бешак ҷиҳати баррасии сатҳи худогоҳии ом низ таваққуф намудааст. Аз ҷумла, дар «Китоби Шифо» зимни баррасии ин вижагиҳо менависад: «Ва мардум дар шинохти тобеи омма ва аҷнос ҳама монанди якдигаранд. Ва тафовути онҳо дар ин аст, ки баъзе аз эшон ба анвоъ мерасанд ва онҳоро мешиносанду дар тафсили онҳо ворид мешаванд ва баъзе дар аҷнос мемонанд. Чунонки масалан, баъзе фақат дар ҳайвонияти мутлақ шиносо мешаванд ва баъзе ба шинохти инсону асб ва ғайра низ ноил мегарданд. Ва чун шиносоӣ ба табоеъи анвоъ расид, баҳс тамом мешавад ва ба шиносоии ашхосу афрод эътиное нест ва нуфуси мо ба он рағбат надорад».
Ин ҷо масъалаи нафс матраҳ аст ва мутафаккир сатҳи шиносоии оммаи мардумро гуногун арзёбӣ мекунад. Ҳамчунин, таъкид менамояд, ки инсонҳо дараҷаи шиносоии мухталиф доранд ва аксар вақт раванди шиносоӣ ба вижагиҳои маърифати нафс нарасида, бо матраҳсозии масоили марбут ба қилу қол анҷом меёбад. Суоли матраҳ низ иборат аз ин аст, ки инсон чун ҷонвари гўё магар аз соири ҷонварон мутафовит аст? Ва бо дарназардошти равиши фалсафии Ибни Сино посух мегирем: на дар ҳамаи мавридҳо, яъне ҳастанд инсонҳое, ки дараҷаи худогоҳии онҳо баробар бо сутурон аст. Бо дарназардошти инчунин вижагиҳои худогоҳӣ Шайхурраис худогоҳии ҳайвонро низ баррасӣ кардааст ва то кунун ин андеша, ки муҳтавои он аксариятро аз худогоҳии инфиродӣ маҳрум сохта, онҳоро дар як саф бо ҷонварон мегузорад, тарвиҷ ёфта, дар зеҳни пиру барно ғолиб омадааст. Ин ки мо аксар афроди ҷомеаро маҳрум аз худогоҳӣ мебинем, ба заъфи идроки минбаъдаи миллат мусоидат мекунад ва намегузорад, ки бештарини мо ба таҳқиқи худ пардозанд ва «онҳо», ки худро аз «мо» бартар медонанд, бо чунин матраҳёбии раванди худогоҳии миллӣ хушҳол мешаванд, чунки моро онҳо ғайри худ пиндоштаанд ва тавассути мо онҳо ба дарки худ дастрасӣ меёбанд. Гузаштагони мо дар маросими номгузорӣ низ аз донишҳои астрономии ҳамзамононашон истифода намуда, аз илм баҳрабардорӣ мекардаанд.
Бонуи ситорашиноси тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова дар соли 1985 пас аз хатми факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба ҳайси лаборанти калон ба кор қабул гардида, тайи солҳои 1989-1991 дар аспирантураи Институти мазкур таҳсили илм кардааст. Аз соли 1997 то соли 2006 дар вазифаи котиби илмии Институти астрофизикаи АМИТ фаъолият намуда, дар солҳои 2006-2014 муовини директор оид ба корҳои илмии Институт буд. Аз соли 2014 то имрўз Гулчеҳра Қоҳирова дар вазифаи директори Институти астрофизикаи АМИТ фаъолият намуда, ҳамзамон, аз моҳи феврали соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи ноиби Президенти АМИТ мебошад.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова муҳаққиқи ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, хусусиятҳои физикӣ ва динамикии онҳо, пайдоиш ва робитаҳо дар байни онҳо ба шумор меравад. Барои омўзиши спектрҳои метеорҳо аз тарафи ў усули ғайриоддӣ коркард ва ворид карда шуд, ки дар асоси истифодаи он натиҷаҳои нав оид ба таркиби моддаи метеороидҳо ба даст оварда шудаанд. Таҳти роҳбарии Гулчеҳра Қоҳирова шабакаи болидӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки якумин шабака дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Мавсуф муаллифи 5 китоби илмӣ ва зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ ва 200 фишурдаи баромадҳост. Инчунин, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-оммавии Гулчеҳра Қоҳирова дар васоити ахбори оммаи кишвар нашр шудаанд. Ў дар зиёда аз 70 конференсияҳои илмӣ, ки аксарияташ дар хориҷи кишвар баргузор гардидаанд, иштирок намуда, натиҷаҳои илмии ба даст овардаашро дар маърўзаҳо пешниҳод намуд. Таҳти роҳбарии Гулчеҳра Қоҳирова 3 рисолаи номзадӣ омода шудаанд, ки дутояш дар Шўрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия дифоъ гардидаанд.
Дар моҳи июли соли 2014 тибқи қарори Иттиҳоди Байналмилалии Астрономӣ як сайёраи хурд (астероид) No24533 ба шарафи номи доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова барои саҳми арзандаи муҳим гузоштан дар тадқиқоти ҷисмҳои хурди Системаи Офтобӣ бо номи «Kokhirova» номгузорӣ карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки имрўз дар қатори дигар муҳаққиқон бонуи тоҷик кайҳоншинос буда, андешаҳои илмии ў барои ҷомеа аз фоида холӣ нестанд. Гулчеҳра Қоҳирова барҳақ, меросбари он тамаддуне дониста мешавад, ки дар илм бо номи фарҳанги ориёӣ маълум аст ва бешубҳа, пажўҳишҳои мавсуф ҷиҳати баррасии системи Галактика аз тариқи Расадхонаи «Санглох» нақши босазои ўро дар навовариҳои илмии астрофизикӣ собит месозад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё