ТАҲАВВУЛОТИ НАЗАРИЯҲО ВА ТАШАККУЛИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ УСТУВОР
Заминаҳои пайдоиши консепсияи рушди устувор, ки марҳилаи муқаддамотӣ муаррифӣ мегардад, гузариши мантиқӣ аз экологиякунонии донишҳои илмӣ маншаъ мегирад. Дар натиҷаи омўзиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ олимон Ҷей Форрестер, Доннела Медоуз, А.П. Назаретян., В.И. Данилова-Даниляна, Н. А. Пискуловой ва Белоусов К.Ю. муайян карда шуд, ки дар солҳои 1970-1980 як қатор корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои буҳрони глобалии экологӣ, маҳдудияти захираҳои табиӣ ва самаранокии истифодаи он, ифлосшавии муҳити зист ва ҳифзи он, вазъи хатари нестшавии аҳолӣ ва рушди иқтисодию таъминоти баробарии иҷтимоӣ, ки асоси зиндагӣ мебошанд, гузаронида шудааст.
Чунонки академик Гизатуллин Х.Н. қайд мекунад: «На классикҳои илмҳои иқтисодӣ, ки аз А. Смит сар карда буданд ва на мактабҳои минбаъдаи иқтисодӣ, аз ҷумла Марксизм ба маҳдудиятҳои экологӣ дар рушди иқтисодӣ аҳамият намедоданд. Ва танҳо дар солҳои 70-уми асри XX, вақте ки проблемаҳои экологӣ дар тамоми ҷаҳон якбора шиддат ёфтанд, дар назди илми иқтисод вазифа гузошта шуд, ки тамоюлҳои мавҷудаи рушди экологӣ ва иқтисодиро таҳия карда, ба таври принсипноки консепсияҳои нави рушдро коркард намояд». Ҳамин тавр, дар ин солҳо институтҳои байналмилалӣ оид ба омўзиши равандҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби олимон ва коршиносон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ташкил шуда, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ бурданд. Аз ҷумла: Федератсияи байналмилалии институтҳои таҳқиқоти ояндабинӣ, Клуби Рум, Институти байналмилалии таҳлилҳои системавӣ ва Институти умумииттифоқии таҳқиқоти системавӣ (ВНИИС), ки дар замони собиқ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ ташкил шуда буд, мебошанд.
Натиҷаи таҳқиқотҳои олимон ва коршиносони институтҳои байналмилалӣ ба пайдоиши консепсияи рушди устувор асос гузошта, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин самт ҷалб намуд. Бо истифода аз сарчашмаҳо муайян карда шуд, ки марҳиллаи дуюми ташаккули консепсия рушди устувор ин солҳои 1980-2015-ро дар бар мегирад. Ин марҳилла бо пайдо шудани ибораи рушди устувор рабт гирифта, ба омўзиши васеи он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони такя мекунад. Мавриди қайд аст, ки ибораи рушди устувор аввалин маротиба соли 1980 дар «Стратегияи нигоҳдошти глобалӣ» истифода шуда, аз тарафи Шўрои байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ кор карда баромада шуд. Аммо дар гардиши илмӣ мафҳуми рушди устувор дертар, яъне соли 1987 дар маърўзаи «Ояндаи умумии мо»-и Комиссияи СММ дар бораи ҳифзи муҳити зист ва рушд истифода шудааст.
Ғояи рушди устувор дар Конференсияи СММ оид ба муҳити зист ва рушд соли 1992, ки дар шаҳри Рио- де-Жанейрои кишвари Бразилия баргузор гардид, бори дигар барраси шуда, дар он қарори таърихӣ оид ба тағйирдиҳии роҳи рушди тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардид. Чунин як қарори беназири намояндагон ва роҳбарони 179 давлат, ки дар Конференсияи СММ оид ба муҳити зист ва рушд ҷамъ омада буданд, аз вазъи торафт ноҳинҷори ҷаҳони экологӣ ва пешгўиҳо дар асоси таҳлилҳои илмӣ оид ба фалокати умумиҷаҳонӣ, ки мумкин аст дар асри XXI ба амал ояд ва ҷиҳати азбайнравии тамоми мавҷудоти зинда дар курраи замин оварда расонад, вобаста буд.
Дар декларатсияи Конференсияи СММ оид ба муҳити зист ва рушд, ки соли 1992 дар шаҳри Рио-де- Жанейро баргузор гардид, масъалаҳои зерин баррасӣ ва қабулгардиданд: барои расидан ба рушди устувор ҳифзи муҳити зист бояд қисми ҷудонашавандаи раванди рушдро ташкил диҳад ва масъалаи мазкур набояд ҷудо аз он баррасӣ карда шавад; одамон ба ҳаёти солим ва фоидабахш дар ҳамоҳангӣ бо табиат ҳуқуқ доранд; масъалаҳои экологӣ танҳо бо иштироки ҳамаи шаҳрвандони дахлдор нисбатан босамар ҳал карда хоҳанд шуд. Давлатҳо иттиллоотонӣ ва иштироки аҳолиро бо роҳи пешниҳоди дастрасии васеъ ба иттиллооти экологӣ инкишоф медиҳанд ва ҳавасманд месозанд. давлат дар кори нигоҳдорӣ, ҳифз ва барқароркунии ягонагии экосистемаи Замин ҳамкорӣ менамояд. Дар конференсияи мазкур ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсия дод шуд, ки консепсияҳои рушди устуворро дар сатҳи миллӣ таҳия намоянд.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ба паҳншавии ғояи рушди устувор конференсияи Рио-де-Жанейро такони ҷиддӣ бахшид. Бо гузашти вақт Саммити умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар Йоҳаннесбург кишвари Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ соли 2002 баргузор гардид ва он мувофиқати ҷаҳонии инсониятро оид ба зарурати гузариш ба рушди устувор боз ҳам муҳимтар нишон дод. Қайд намудан зарур аст, ки дар ҳуҷҷатҳои конференсияи Рио ва Саммити Йоҳаннесбург таъкид гардид, ки заминаи ташаккулёбии шакли нави рушди экологӣ-иқтисодӣ мебояд рушди устувор худнигоҳдоранда ва харобнакунанда гардад. Дар он таъкид шудааст, ки рушд мебояд ба нигоҳдории табиати зинда такя кунад, рушд бояд сохтор, вазифаҳо (функсияҳо) ва гуногунии низоми табиати заминро, ки аз онҳо намудҳои биологӣ вобастаанд ҳифз кунад. Барои ин ҳифзи низоми нигоҳдории ҳаёт (таъмини ҳаёт), нигоҳдории гуногунии биологӣ ва таъмини истифодаи устувори захираҳои барқароршаванда зарур аст. Дар ин марҳилаи инкишоф ҷузҳои таркибии рушди устувор шарҳи васеътар пайдо намуданд.
Масалан, Саммити СММ дар Йоҳаннесбург таъкид намуд, ки асоси рушди устувор се ҷузъи як том – рушди иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад ва ин қисматҳо дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ мешаванд. Таъкидҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бо он мақсад, ки вазифаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамаи давлатҳо бояд бо дарназардошти устувории онҳо, мувофиқат ба бартариятҳои экологӣ муайян карда шаванд. Чи тавре Одинаев Ҳ.А. менависад: «Асосҳои консептуалии рушди устувор иҷрои воқеии худро дар ҳолати аз тарафи давлатҳо таҳия намудани барномаҳои миллӣ ва минтақавии стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ, ки асосашонро конфронси Рио-де-Жанейро гузоштааст, амалӣ сохта метавонад». Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати амали намудани масъалаҳои пешниҳодшуда дар конфронси СММ (Рио-де- Жанейро) ва Саммити СММ (Йоҳаннесбург) дар як қатор давлатҳои тараққикарда Консепсияҳои рушди устувор таҳия карда шудаанд. Масалан: дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Россия ва ғайраҳо.
Ҳамин тавр таваҷҷуҳ ба рушди устувор дар Чин аз соли 1994 оғоз шудааст. Дар Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Рўзнома барои асри XXI дар Чин» -ро моҳи марти соли 1994 қабул намуд, ки дар рўзнома татбиқи Стратегияи рушди устувор тасдиқ карда шуд. Дар Стратегияи мазкур ҳифзи захираҳои табиӣ ва муҳити зист муҳим дониста шуда, шарти асосии он ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва беҳтарсозию баландбардории сифати зиндагии мардум баҳисоб меравад. Тибқи консепсияи ИМА, рушди устувор бо «рушди иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва адолати иҷтимоӣ бо ҳам алоқаманданд». Дар Федератсияи Русия санаи 01.04.1996 «Консепсияи гузариши Федератсияи Россия ба рушди устувор» қабул гардидааст.
Аз тарафи муаллифони консепсия самтҳои асосии зерини гузариши Федератсияи Россия ба стратегияи рушди устувор муайян карда шудааст: ташкили асосҳои ҳуқуқии гузариш ба рушди устувор, аз он ҷумла бо назардошти такмили қонунгузориҳои ҷорие, ки механизмҳои иқтисодии истифодаи табиат ва ҳифзи муҳити зистро муайян мекунанд; таҳияи низоми ҳавасмандкунонии фаъолияти хоҷагӣ ва муайянкунии ҳудудҳои ҷавобгариҳо барои натиҷаҳои экологӣ; арзёбии зарфияти хоҷагидории экосистемаҳои локалӣ ва минтақавии мамлакат, муайянкунии таъсири имконпазири антропогенӣ ба он; ташаккули низоми босамари тарғиби ғояҳои рушди устувор ва ташкили низоми мутобиқи тарбия ва таълим. Бояд қайд кард, ки таҳлили муқоисавии консепсияи миллии ҶМЧ, ИМА ва Федератсияи Русия нишон медиҳад, ки мақсади асосии рушди устувор барои онҳо ҳифзи муҳити зист ва баробар ба баландбардории сатҳи некуаҳволии мардум дар асоси рушди иқтисодӣ мебошад.
Ҷанбаи миллии рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама бо мустаҳкамии ҳамчун давлати мустақил, зарурати ҳарчи зудтар баромадан аз мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва буҳрони экологӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, воридшавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо мамлакатҳои дигари дунё ва ҳамкориҳои манфиатовар алоқаманд аст. Консепсияи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба Барномаи рўз барои асри XXI, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва декларатсияи Йоҳаннесбург оид ба муҳити зист ва рушд таҳия гардидааст.
Мақсади асосии таҳияи Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор таъмини рушди муътадили иҷтимоию иқтисодӣ бо нигоҳдории муҳити зисти мусоид ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ барои таъмини талаботи наслҳои имрўза ва ояндаи мамлакат буд. Консепсияи рушди устувор, ки ҷавобгўи талаботи воқеии замон муаррифи гардида буд, тавонист то як андоза ба рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он ба таври куллӣ таъсир расонад, дар муайянкунии афзалиятҳои давлатӣ, стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва дурнамои ислоҳоти минбаъдаи мамлакат нақши муҳим гузошт. Марҳилаи сеюми таҳаввул ва ташаккули консепсияи рушди устувор аз нигоҳи мо солҳои 2015- то инҷонибро дар бар мигарад. Дар ин марҳилла ҳадафҳои консепсияи рушди устувор мушаххас ва замонавӣ кунонида шуданд.
Ин далел аз он гувоҳи медиҳад, ки аз ҷониби комиссияи Ассамблеяи Генералии СММ Дастури корӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор, ки як қатор самтҳои экологӣ, иҷтимоию иқтисодиро дар доираи 17 ҳадаф ва 169 вазифа дар бар мегирад, таҳия гардида, санаи 25 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорк аз ҷониби 193 давлати узви СММ таҳти унвони «Тағйири ҷаҳони мо: рўзномаи нави корӣ оид ба рушди устувор барои давраи баъди соли 2015» тасдиқ карда шуда, ба дастрасӣ ба рушди устувор барои иҷроиш ба ҳамаи давлаҳои ҷаҳон тавсия кунонида шуд. Ҳадафҳои рушди устувор аз рўйи пешниҳоди СММ дар расми 1.оварда мешавад.
Назарияи рушди устуворро олимони хориҷӣ ва ватанӣ аз оғози пайдоиш то ба имрўз дар сарчашмаҳои илмӣ бо тарзҳои гуногун шарҳу маънидод намудаанд, ки тавзеҳоти онҳоро ба баҳс илмӣ мекашем. Маънидоди мафҳуми рушди устувор дар ҳисоботи Комиссияи СММ оид ба масъалаи муҳити зист ва рушд, ки бо номи «Ояндаи умумии мо» таҳти роҳбарии Гро Харлем Брундтланд пешниҳод гардидааст, возеҳ шарҳ дода шудааст. «Рушди устувор – ин чунин рушдест, ки талаботҳои ҳозираро қонеъ месозад, аммо қобилияти наслҳои ояндаро дар қонеъсозии талаботҳояшон зери хатар намегузорад. Он ду мафҳуми асосиро дар бар мегирад: мафҳуми талабот, аз ҷумла талабот барои зисти қишрҳои қашшоқтарини аҳолӣ зарур, ки мебояд масъалаи бартариятноки аввалиндараҷа бошад; мафҳуми маҳдудиятҳо, ки аз ҳолати технология ва ташкили ҷамъият бар меоянд ва қобилияти муҳити атрофро баҳри қонеъсозии талаботҳои ҳозираву оянда меафзоянд».
Муҳақиқони Британия Кабир Пирс Д., Маркандя А. ва Барбье Э. бар он назаранд, ки «Рушди устувор коркарди низоми иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар бар мегирад, ки устувории мақсадҳои зеринро таъмин менамояд, яъне афзоиши даромадҳои воқеӣ, баланд бардоштани стандартҳои таҳсилот, беҳтарсозии вазъи саломатии миллат ва баландбардории сифати умумии зиндагӣ».
Ба ақидаи Донелла Медоуз олими барҷастаи Амрикоӣ: «Рушди устувор ин сохтори иҷтимоӣ буда, ба таҳаввулоти дарозмўҳлати низоми хеле мураккаби аҳолии инсоният ва иқтисодиёт, ки дар дохили экосистемаҳо ва ҷараёни биогеохимикии сайёра ҷойгир аст, мебошад».
Роберт Костанса ва Карл Фолке дар кори илмии худ се мушкилоти ба таври иерархӣ алоқамандро ҷудо кардаанд, ки ҳаллашон бо таъмини рушди устувор алоқаманд аст. Онҳо бадастории самтҳои зеринро дар назар доранд:
-
ҳаҷми устувори иқтисодие, ки ба низоми экологии таъмини зиндагии он мувофиқат мекунад;
-
тақсимоти боадолатонаи захираҳо ва имкониятҳо, ки на танҳо дар доираи насли имрўзаи одамон, балки дар байни наслҳои имрўзаву оянда тарҳрези мегардад;
-
тақсимоти босамари захираҳо дар замоне, ки сармояи табииро бояд ҷавобан дар назар дошта бошад.
Аз нигоҳи Данилов-Данильян В.И. доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори хизматнишондодаи Федератсияи Руссия:
«Рушди устувор ин рушди ҷамъиятест, ки заминаи табиии он нест намешавад, шароити зиндагӣ ба деградатсияи инсон оварда намерасонад ва равандҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ харобкунанда то он дараҷае, ки ба амнияти ҷомеа таҳдид мекунад, рушд намекунад».
Томислав Кларин иқтисодшиноси кишвари Хорватия мепиндорад, ки: «Моҳияти консепсияи рушди устувор аз консепсияи сегонаи зерин маншаъ мегирад ва асоси онро тавозуни байни се унсури устуворӣ: устувории экологӣ, ки ба нигоҳ доштани сифати муҳити зист нигаронида шудааст ва барои пешбурди фаъолияти иқтисодӣ ва сифати зиндагӣ зарур аст, устувории иҷтимоӣ, ки барои таъмини ҳуқуқ ва баробарии инсон, ҳифзи асолати фарҳангӣ, эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ, нажод ва мазҳаб равона шудааст ва устувории иқтисодӣ бошад, барои нигоҳ доштани сармояи табиӣ, иҷтимоӣ ва инсонӣ, ки аз онҳо даромад ва сатҳи зиндаги вобастааст зарур аст». Ҷанбаҳои илмии консепсияи рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимони ватанӣ дар доираи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ васеъ омўхта шуда, назарияҳои илмӣ бо тарзҳои гуногун ироа гардидааст. Аз нуқтаи назари илмии академики АИҶТ Назаров Т.Н. «Назарияи рушди устувор ин идеологияест, ки барои зинда мондани инсоният равона карда шудааст.
Ин роҳест барои таъмини ояндаи бехатар ва шукуфон. Ин роҳи ҳалли мушкилиҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва муҳити зист дар маҷмӯъ, ҳамоҳанг карда шудааст. Мо бояд ба эҳёи иқтисодӣ, рушди иқтисодӣ ноил шавем ва ҳамзамон эҳтиёҷоти асосии мардумро қонеъ созем, сатҳи зиндагиро беҳтар намоем ва экосистемаро нигоҳ дорем». Иқтисодшинос, профессор Нуриддин Қ. - паҳлуи дигари масъалаи рушди устуворро, ки заминаи бехатарии иқтисодии давлат ва эҳтиёҷоти иҷтимоии онро ифшо мекунад. Чунин маънидод намудааст: «Асоси рушди устувор ва бехатарии иқтисодии давлат, пеш аз ҳама, низоми устувори андозӣ-буҷетӣ ва пулию қарзӣ мебошад. Андоз ҳамеша ҳамчун манбаи асосии захираҳои молиявии давлат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии зарурӣ ҷамъоварӣ шуда буд ва мемонад. Оид ба роҳҳои рушди устувори экологӣ ва иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ Ғаниев Таварали Бобоевич, доктори илмҳои иқтисод, профессори тоҷик таҳқиқот бурда, иброз медорад, ки: «Рушди устувор ин мӯътадилсозии вазъи захираҳо нест, балки ҷараёни тағйир додани онҳо мебошад, ки тавозуни истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бо назардошти оянда таъмин мекунад.
Инчунин дар ҷои дигар дар мақоилаи худ бо номи «Равандҳои консептуалии рушди устувори иқтисодӣ ва бехатарии иқтисодии роҳбарӣ» қайд мекунад, ки «Равандҳои асосии ин консепсияро модели инкишофе ташкил медиҳад, ки дар он сармоягузорӣ, инкишофи техникӣ, технологияи истеҳсолӣ ва фикрронии роҳбарӣ ба имконоти экосистема мувофиқ ва масъалагузорӣ карда мешавад». Ба андешаи доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Одинаев Ҳ.А., ки дар таҳқиқоти илмии худ бо номи «Танзими экологӣ ва иқтисодии идоракунии муҳити зист дар соҳаи кишоварзӣ» оварда шудааст: «Гузариш ба рушди устувор бар мувозинати рушди иқтисодӣ, баробарии иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист асос ёфтааст.
Чунин самт барои иҷрои вазифаҳо дар соҳаи мубориза бо камбизоатӣ низ муҳим аст. Илова бар ин дар қаринаи таҳқиқоти минбаъдаи худ зикр мекунад, ки мавқеи бунёдии консепсияи глобалии рушди устувор ин масъулияти ашхоси зинда барои ҳаёт барои наслҳои оянда, ҷустуҷӯи роҳҳои нав на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати экологӣ самараноки идора мебошад. Норасоӣ ва таназзули захираҳои табиӣ дар заминаи торафт афзояндаи шумораи аҳолии ҷаҳон, пешгӯиҳои фарсудашавии онҳо, изтироб аз тақдири инсоният дар сайёра сабаби асосии бисёре аз сайёраҳо дарк кардани зарурати гузариш ба рушди устувор ва дарёфти роҳҳои дар ин самт мебошанд.
Профессор Исайнов Ҳ.Р. дар китоби худ бо номи «Иқтисоди миллӣ» возеҳан шарҳ медиҳад, ки: «Рушди устувор се унсури асосӣ дорад: рушди иқтисодӣ, баробарии ичтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист. Таъминоти рушди иқтисодӣ яке аз принсипҳои унсури асосии иқтисодӣ буда, мувофиқи он вазъи некуаҳволии мардум бояд ба таври максималӣ баланд бардошта шавад, камбизоатӣ бо ёрии истифодаи оптималӣ ва оқилонаи захираҳои табиӣ кам гардад. Аз инҷо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки зимни амалисозии он рушди устувори иқтисодӣ дар назди мо интихоб байни тараққиёти устувор ва нигоҳдории муҳити зист меистад». Бо такя ба андешаҳои олимони хориҷӣ ва ватанӣ метавон илова намуд, ки рушди устувор ин раванди таъмини рушди иқтисодӣ ва беҳтарсозии вазъӣ иҷтимоиест, ки дар он самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ, сармоягузорӣ, ҷорисозии технологияи инноватсионӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва ислоҳоти институтсионалию беҳдошти фазои экологӣ бо ҳам мутобиқ гардонида шудаанд ва иқтидорҳои имрўза ва ояндаро барои таъмини талабот ва саъю кўшиши инсоният беҳтар мегардонанд.
Асосноккунии иқтисодии консепсияи рушди устувор ба назарияи ҷараёни максималии даромади умумии Джон Ричард Хикс мутаалиқ аст. Ҳаракати максималии даромади умумӣ дар шароити ҳеҷ набошад нигоҳ доштани сармояи умумӣ, ки бо кўмаки он ин даромад ҳосил шудааст, истеҳсол шуда метавонад. Ин консепсия истифодаи оқилонаи захираҳои маҳдудро дар назар дорад. Аммо ҳангоми ҳалли масъалаи он, ки кадом сармоя бояд ҳифз шавад (масалан, сармояи физикӣ ё худ табиӣ, ва ё инсонӣ) ва то чӣ андоза намудҳои гуногуни сармоя ҳамдигарро иваз карда метавонанд, инчунин ҳангоми баҳодиҳии арзишии ин дороиҳо, алалхусус захираҳои экологӣ, дар шарҳ ҳисоби дурусти онҳо мушкилиҳо пайдо мегарданд. Нуқтаи назари иҷтимоии рушди устувор ба инсон нигаронида шудааст ва ба нигоҳ доштани устувории низоми иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла ба кам кардани шумораи низоъҳои харобовар равона шудааст.
Ҷанбаи муҳими ин бархурд баробарӣ мебошад. Инчунин ҳифзи сармоя ва гуногунии фарҳангӣ дар тамоми дунё ва ҳам истифодаи бештари таҷрибаи рушди устувор, ки фарҳангҳои ғайриҳукмфармо доранд мувофиқи мақсад аст. Барои комёб шудан ба рушди устувор ҷомеаи муосирро лозим меояд низоми боз ҳам самараноктари қабули қарорҳоро, ки таҷрибаи таърихиро ба назар мегиранд ва гуногунфикриро ҳавасманд месозанд, бунёд кунад.
Он гуна ки олими итолиёвӣ Аурелио Печчеи иброз медорад:«Рушди таркиби иҷтимоии консепсияи рушди устувор ғояи бунёдии эҳтироми ҳуқуқҳои наслҳои оянда аст. Захираҳои табии замин мероси умумии тамоми инсоният, аз ҷумла наслҳои имрўза ва оянда мебошанд. Барои рушди устувор, ин фонди захиравии доимӣ бояд аз насл ба насл гузашта, ба қадри имкон камтар сарф ва ифлос карда шавад». Ҷанбаҳои экологӣ рушди устувор бояд пойдории низомҳои биологӣ ва физикиро (табииро) таъмин созад.
Қобилияти ҳаётии зернизомҳое, ки аз онҳо устувории экосистемаи том (низоми экологии том) вобаста аст аҳамияти махсус дорад. Ғайр аз ин, мафҳуми низомҳо ва паҳнои «табиии» зиндагониро метавон фарох фаҳмид ва ба он муҳите, ки одам офаридааст, масалан шаҳрҳоро низ дохил кард.
Диққати асосӣ ба нигоҳ доштани қобилияти худбарқароршавӣ ва мутобиқшавии доимии чунин низомҳо ба тағирёбиҳо равона мегардад, на ин ки нигоҳ доштани онҳо дар ҳолати «беҳтарини» беҳаракат. Вайроншавии (деградатсияи) захираҳои табиӣ, ифлоссозии муҳити зист ва талафи гуногунии биологӣ қобилияти худбарқароршавии системаҳои экологиро кам мекунанд. Муссаллам аст, ки барои арзёбии пешрафти ҷомеа дар маҷмӯъ, минтақа, кишвар ва воҳидҳои маъмурии он дар самти устуворӣ (иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ) ё, баръакс, аз даст додани он, хусусиятҳои миқдорӣ, нишондиҳандаҳои махсус сохташуда, ки одатан индикаторҳои рушди устувор номида мешаванд, заруранд.
Ин индикаторҳо дар дохили худ муҳим нестанд, балки ҳамчун як воситаи ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ва ислоҳи ин рушд мебошанд. Онҳо ҳамчун асос барои банақшагирӣ ва барномасозӣ дар самти амалинамоии механизми таъмини рушди устувор ва сиёсати давлат хизмат мекунанд. Ҳамин тариқ, дар доираи омўзиши адабиётҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки таҳавуллоти назарияҳо ва ташаккули консепсияи рушди устуворро анҷомёфта ҳисоб кардан ғайриимкон аст.
Муайян кардан мумкин аст, ки ҳуҷҷати асоснокшуда оид ба рушди устувор дар натиҷаи ҷустуҷўи дурударози созиш дар байни одамон ва давлатҳои назар ва андешаҳояшон хеле гуногун тартиб дода шуда, бо мурури инкишофи ҷамъият консепсияи он ташаккул ёфта, ҳадафҳояш мушаххасу замонави кунонидашуда, аз ҷониби олимону коршиносон мавриди таҳлилу баррасии васеъ қарор гирифта истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт бетараф буда наметавонад, ҳамин аст, ки пайваста мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ қонунҳо, қарорҳо, барномаҳои стратегии сатҳи ҷумуҳуриявию минтақавӣ ва соҳавиро қабул намуда, ба таври институтсионалӣ механизми таъмини рушди устуворро амали намуда истодааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё