Зеҳн

Баскетбол

БА
Барномасоз31 августи 2026 · 5 дақиқа хондан

Номи бозӣ аз калимаҳои англисии «баскет» - сабад, «бол» -тӯб ба вуҷуд омадааст.

Асоси бозӣ дар баскетбол ҳаракатҳои табиии гуногун, давидан, ҷаҳиш, партобдиҳӣ ва доштани тӯб ба ҳисоб мераванд.

Омезиши ҳилаҳои тактикӣ ва муборизаи пайваста барои тӯб шавқу ҳавас ва рағбати калони бозингарон ва тамошобинонро пайдо месозад. Машғулият бо баскетбол мушаку рагу пайҳо, системаи дилу меъда ва дастгоҳи нафаскаширо мустаҳкам карда, табдили моддаҳоро дар организм беҳтар мегардонад, хислатҳои равонӣ, ҷисмонӣ ва маҳорату малакаҳоеро, ки дар фаъолияти меҳнатӣ заруранд, ба вуҷуд меоварад: пуртоқатӣ, собитқадамӣ, чобукӣ, дақиқӣ, нишонрасӣ ва ғайра.

Тибқи нишондоди манбаъҳои таърихӣ бозии баскетболро ҳиндуҳои Мексика ихтироъ кардаанд. Баъдан, бачаҳои халқҳои мухталифи Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ ба чунин бозӣ шуғл меварзиданд.

Он дар майдонча бо тӯбҳои аз каучук сохташуда мегузашт ва асосан хусусияти маросимӣ дошт.

Ба бозингарон ба тӯб бо кафи дастон расидан иҷозат набуд, бозӣ кардан танҳо бо оринҷҳо, китфҳо ва паҳлуҳо мумкин буд.

Усул ва қоидаҳои бозӣ то имрӯз хеле тағйир ёфтааст. Аввалин дастаҳои

баскетболӣ на аз 5 нафар, балки аз 9 нафар иборат буд. Баскетболбоз он вақт наметавонист бо тӯб ҳаракат кунад, балки бояд зуд онро ба бозингари дигар медод. Ҳоло баскетболбоз ҳуқуқ дорад тӯбро дошта на зиёда аз ду қадам гузорад, инчунин метавонад бо тӯб дар майдон, ҳатман онро ба фарш зада, ҳаракат кунад. Бозӣ чӣ дар майдони кушод ва чӣ дар толори варзишӣ гузаронида мешавад.

Ба барномаи Бозиҳои олимпӣ баскетболи мардона дар соли 1936 ва занона дар соли 1976 дохил карда шудааст.

Пас аз маълумотномаи кӯтоҳи таърихӣ ба баррасии усули машқкунии баскетболбозон, ки ба барнома дохил шудааст, мегузарем.

Усулҳои баскетбол аз як қатор ҷузъиёт иборат аст, ки асосан тӯб додан, доштан, тӯбро нигоҳ дошта бурдан, ба ҳалқа партофтан, гардишҳо, гардишҳои фиребӣ ва ғайра мебошанд.

Аз ҳисоби таваққуф бо ҷаҳиш қувваи ҳаракатро боз доштан ва ҳолатеро қабул кардан зарур аст, ки бозингар тавонад ба самтҳои мухталиф давида тавонад. Ин вазъ ҳолати бо пойҳои қатшуда истодан мебошад. Дар ин ҳолат вазни бадан ба пойи дар қафобуда мегузарад.

Барои иҷро карда тавонистани доштан ва додани тӯб ҳангоми ҳаракат тарзи қадамгузориро донистан лозим аст. Бо пойи рост (ё чап) қадами калони густурда гузошта, қадами дигарро бо пойи чап (ё рост) кӯтоҳтар карда, сипас ба дави муқаррарӣ гузаштан лозим аст. Ҳамоҳангии қадамҳоро дарк кардан зарур аст - аввал қадами калон, баъд қадами кӯтоҳтар.

Дар вақти гузоштани қадамҳои дароз амали доштани тӯб иҷро мегардад, дар вақти гузоштани қадами кӯтоҳ тӯб ба ҳамдаста дода мешавад, яъне бозингар тӯбро сар медиҳад, то қоида вайрон нашавад.

Бурдани тӯб бо тағйирдиҳии самт (расми 25). Дар ин ҳаракат ҷузъе ҳаст, ки калиди иҷрои бомуваффақияти он мебошад - гардиши бадан ва дигаргун кардани самти равиш.

Машқҳо барои бурдани тӯб

  1. Ба навбат бо ҳар як даст бурдани тӯб дар ҳолати нишаст.
  2. Пойҳоро ба ҳам ҷафс монда, зонуҳоро каме қат карда бурдани тӯб дар атрофи худ бо дастҳои рост ва чап. Машқ дар ҳар ду самт иҷро мегардад.
  3. Бурдани тӯб бо дасти рост (чап) ҳангоми дави ивазшаванда, бо тағйирдиҳии суръати дав ва басомади зарбаҳои тӯб ба фарш.
  4. Бурдани тӯб бо дасти рост (чап) ҳангоми давидан бо баланд бардоштани ронҳо.

Ин машқҳоро шумо метавонед мустақилона дар ҳавлии назди хона ё мактаб дар дарсҳои иловагӣ иҷро кунед.

Партофтани тӯб бо як даст аз ҷой. Тӯбро бо дасти рост дошта, пойҳои нимқатро рост карда, бо ҳаракати даст тӯбро ба пеш- боло партофтан.

Машқҳо барои такмилдиҳии партофтанҳои мазкур

  1. Тақлиди партобдиҳӣ. Бозингар пойҳоро нимқат карда, оринҷи дастро поён фуроварда, тӯбро бо кафи ба пеш нигаронидаи дасташ дар баробари китф нигоҳ медорад. Росткунии пойҳоро ҳамзамон бо ҳаракати дасти тӯбдошта ба пеш-боло оғоз карда, бо ҳаракати панҷаи он ба пеш-поён анҷом медиҳад.
  2. Машқкунандагон ба ду қатор саф мекашанд. Бо ҳаракати панҷа бозингар тӯбро ба нафаре аз қатори муқобил мепартояд. Он бозингар ба дигарӣ ва ғайра.

Барои ёд гирифтани ин усул бояд, ки тартиби дурустии гузоштани ду қадамро азхуд кунед. Бо қадами аввал, ки дароз аст, тӯбро бо ду даст медоред ва ба сина мекашед. Бо қадами дуюм, ки кӯтоҳ аст, дар паҳлуи тахта қарор гирифта, тӯбро ба ҳалқа мепартоед.

Бозиҳои серҳаракат барои ҳалли бомуваффақияти вазифаҳои махсуси омодагии варзишӣ ва такмили омодакунии умумии ҷисмонӣ истифода бурда мешаванд. Мо ба шумо баъзе аз онҳоро пешниҳод мекунем.

Бозиҳо: «Тӯб ба бозингари чолок», «Тӯбро дода нишастан», «Партофтан ба ҳалқа», «Бозӣ бо тӯб», «Ба бозингари даванда тӯб надиҳед!».

Барои баскетболбози хуб будан донистани танҳо усули он кифоя нест. Баскетболбози хуб бояд пурқувват, пуртоқат, чаққон ва чобук бошад. Баскетбол дар ин маврид ба шумо ёрӣ мерасонад. Аммо шумо ҳам бояд кӯшиш бикунед, ки чун варзишгари ҳақиқӣ инкишоф ёбед.

Ба шумо дидани зуд-зуд самт ва суръатро дигар кардан, баланд ҷаҳидан, кӯшиши тӯбро соҳиб шудан ё онро ба ҳалқа партоб додани баскетболбозон муяссар шудааст. Ҳангоми бозӣ онҳо қариб 7 км медаванд, даҳҳо ҷаҳишро анҷом медиҳанд. Тӯби партобдодаи онҳо бо суръати қариб 18,3 м дар 1 сония мепарад. Барои иҷрои чунин ҳаракат ва амалҳо бояд омодагии хуби ҷисмонӣ дошт, варзишгари ҳақиқӣ бояд буд. Дастҳо бояд пурқувват бошанд!

Аз ин рӯ, пеш аз он, ки тӯбро ба даст гиред, хислатҳои ҷисмонии ба баскетболбоз зарури чаққонӣ, пурқувватӣ ва пуртоқатиро ҳамарӯза такмил диҳед.

Пеш аз ҳама бо ҷастак «ошно» шавед. Бале, бале, бо ҷастаки одӣ. Дарозии он бояд чӣ қадар бошад? Ҷастакро аз ҳар ду дастааш дошта, пойҳоро баробари паҳнии китфҳо гузошта, дар болои он истед ва дастҳоро поён фуроварда, онҳоро аз оринҷҳо зери кунҷи 90° қат кунед. Агар ҷастак таранг шавад, дарозии он ба шумо мувофиқ аст.

Бо тарзҳои гуногун паридан аз ҷастакро омӯзед: бо қадамгузорӣ аз болои он; бо теладиҳӣ бо як ва ҳар ду пой; бо тарзи қайчимонанд кардани пойҳо ва ғайра. Ҳар чӣ бештар бипаред.

Бидонед, ки баскетболбозони хуб аз болои ҷастак дар як дақиқа 150-160 маротиба ҷаста метавонанд. Шумо ҳам барои ба ин натиҷаҳо расидан саъйу кӯшиш кунед. Дар оғоз бе дамгирӣ 10-15, сипас 20-30 сония бипаред, баъд ҷастҳоро шуморед.
Дарси баскетбол

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2