Зеҳн

ҚАҲРАМОНҲОИ ТОҶИКИСТОН

БА
Барномасоз31 августи 2026 · 5 дақиқа хондан

Бачаҳои азиз! Қаҳрамонҳои Тоҷикистон шахсони зерин мебошанд: Садриддин Айнӣ (1878-1954), Бобоҷон Ғафуров (1909-1977), Эмомалӣ Раҳмон (таваллудаш 1952), Мирзо Турсунзода (1911-1977), Нусратулло Махсум (1881-1938), Шириншоҳ Шоҳтемур (1899-1937).

Донистани зиндагиномаи ҳар як Қаҳрамони Тоҷикистон барои мову шумо ҳатмӣ аст.

САДРИДДИН АЙНӢ

15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони Бухоро зода шуда, дар мадрасаҳои шаҳри Бухоро таҳсил намудааст. Ӯ поягузори адабиёти навини тоҷик ва нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Осори назмию насрӣ ва таҳқиқоти илмиаш дар таърихи тамаддуни муосири тоҷик нақши бузург

гузоштааст. «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо» «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби Бухоро» аз муҳимтарин осори бадеӣ ва таърихии вай буда, роҷеъ ба Абӯалӣ Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил таҳқиқоти муҳими илмӣ намудааст. С.Айнӣ Ходими хидматнишондодаи илми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, доктори илмҳои филология, вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1937, 1947), вакили Шӯрои Олии ИҶШС (СССР) (1950, 1954) буда, хидматҳояш бо чандин ордену медалҳои ИҶШС қадр гардидаанд. Вай 15 июли соли 1954 фавтида, оромгоҳаш дар боғи ҳамноми ӯ дар шаҳри Душанбе ҷой дорад.

Дар соли 2007 сазовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст.

БОБОҶОН ҒАФУРОВ

31 декабри соли 1909 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Хӯҷанд ба дунё омадааст. Соли 1930 Донишгоҳи олии ҳуқуқшиносии шаҳри Самарқанд ва соли 1935 Институти умумииттифоқии коммунистии журналистикаро хатм кардааст. Дар Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон, рӯзномаи «Қизил Тоҷикистони» кор кардааст. Солҳои 1968 -      1941 аспиранти

Институти таърихи АИ ИҶШС (СССР) буд. Солҳои 1941 - 1944 котиби КМ ҲК (б), солҳои 1944 - 1946 котиби дувум ва солҳои 1946 - 1956 котиби якуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон буд. Аз соли 1956 то охири умр директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС - ро бар уҳда дошт.

Б. Ғафуров муаррих ва шарқшиноси барҷастаи шӯравӣ буда, бузургтарин асараш «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» мебошад. Ӯ академики АИ ҶШС Тоҷикистон, академии АИ ИҶШС, Ходими хидматнишондодаи илми Тоҷикистон буда, бо нишону медалҳои зиёде сарфароз гардонида шудааст. Вай 12 августи соли 1977 вафот карда, оромгоҳаш дар боғи ба номи С.Айнии шаҳри Душанбе ҷой дорад.

Барои хидматҳои бузургаш соли 1999 ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Баъд аз хатми омӯзишгоҳи касбию техникии №40-и шаҳри Калининобод (Сарбанди кунунӣ) ба ҳайси устои барқ дар корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намудааст. Солҳои 1971- 1974 дар хидмати сарбозӣ будааст. Соли 1982 факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1976 - 1987 дар мақомоти давлатию ҳизбии ноҳияи Данғара ифои вазифа намудааст ва аз тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб буд. Аз соли 1990 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

6 ноябри соли 1994 бори аввал, 6 ноябри соли 1999 бори дувум, 6 ноябри соли 2006 бори севум ва 6 ноябри соли 2013 бори чорум аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

11 декабри соли 1999 унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро дарёфт кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 бо пешниҳоди мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои мллат пазируфта шуд.

МИРЗО ТУРСУНЗОДА

2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Турсунзода таваллуд шудааст.

Соли 1930 Дорулмуаллимини шаҳри Тошкандро хатм намуда, дар идораи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», театри мусиқӣ - мазҳакавии шаҳри Хӯҷанд, иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хидмат намудааст. Аз соли 1946 то охири умр раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

М. Турсунзода яке аз бузургтарин шоирони адабиёти навини тоҷик буда, барои эҷоди асарҳои сазовори давру замон бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС (СССР), ленинӣ, ба номи Рӯдакӣ, байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, комсомоли ленинии Тоҷикистон ва ғайраҳо сарфароз гардидааст. Хидматҳояш бо унвонҳои олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Шоири халқии ҶШС Тоҷикистон, академики АИ ҶШС Тоҷикистон ва чандин нишону медалҳои ИҶШС ва дигар кишварҳои хориҷӣ қадр шудаанд. Вай 24 сентябри соли 1977 вафот карда, мақбарааш дар маҳалли Лучоби шаҳри Душанбе ҷой дорад.

Ба Мирзо Турсунзода соли 2001 унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шудааст.

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ (ЛУТФУЛЛОЕВ)

Соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қизии ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Солҳои 1985 - 1906 коргари яке аз корхонаҳои шаҳри Қӯқанд буд. Соли 1921 ба сафи муборизони пойдор намудани Ҳукумати Шӯравӣ пайваста, то соли 1923 ҳамчун намояндаи Кумитаи хӯроквории Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро оид ба таъмини артиши сурх бо хӯрока дар Рашт ва Душанбе фаъолият намудааст. Солҳои 1921 - 1924 вазифаҳои бо хӯрокворӣ таъмин намудани аскарони сурх, раиси Кумитаи фавқулодаи диктатории Бухорои Шарқӣ, раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Бухорои Шарқӣ ва баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон вазифаи раиси Кумитаи инқилобии ҷумҳуриро иҷро намудааст.

Якуми декабри соли 1926 анҷумани 1-уми умумитоҷикии муассисони шӯроҳои намояндагони коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх мақоми олии давлатӣ - Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистонро таъсис дод, ки Нусратулло Махсум раиси он интихоб карда шуд. Соли 1929 баъди ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон интихоб гардида, то соли 1933 дар ин вазифа кор кард. Соли 1933 барои таҳсил ба Академияи банақшагирӣ ба ихтиёри КМ ҲК (б) ба Маскав даъват гардид. Соли 1933 ба таъқибот гирифтор шуд.

Соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Соли 1899 дар деҳаи Поршневи Бадахшон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Солҳои 1914 - 1919 дар корхонаҳои шаҳри Тошканд кор кардааст. Соли 1920 ба Хӯҷанд омада, дар кори комиссияи тақсимоти хӯрока иштирок намудааст. Соли 1921 дар ҳайати Комиссияи ҳарбии сиёсӣ ба Бадахшон фиристода шуд.

Солҳои 1921- 1922 раиси Кумитаи инқилобии Бадахшон, солҳои 1922- 1923 раиси Комиссияи ҳарбии сиёсӣ, солҳои 1923- 1924 корманди дастгоҳи КМ ҲК (б) Тоҷикистон буд. Соли 1924 корманди Комиссариати халқии нозироти коргару деҳқон, соли 1927 сардори ҳайати намояндагии Тоҷикистон дар Самарқанд буд. Соли 1929 Донишгоҳи коммунистии меҳнаткашони Шарқро дар шаҳри Москва хатм намудааст.

Аз соли 1929 котиби масъул ва котиби дуюми КМ ҲК Ӯзбекистон дар Тоҷикситон ва соли 1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид. Бо ордени Байрақи сурхи меҳнат мукофотонида шудааст.

Соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2