ДАВЛАТИ СОМОНИЁН
Дар таърихи давлатдории тоҷикон дар гузашта ҳеҷ давлате мисли давлати Сомониён ба халқи худ ин қадар хизмати арзанда накардааст. Махсусан дар ахди намояндаи барҷастаи сулолаи Сомониён - Исмоили Сомонӣ баъди истилои арабҳо давлати муқтадиру мутамарказ арзи вуҷуд намуд. Ин давлат дар муддати як асри мавҷудияти худ рисолати таърихии худро иҷро намуд. Кореро анҷом дод, ки пешгузаштагон аз ухдааш набаромада буданд. Бо ифтихор эълон кардани Исмоили Сомонӣ, ки «То зинда ҳастам, девори Бухоро ман бошам» аз иқтидори ин шоҳи одилу бузург гувоҳӣ медиҳад.
Исмоили Сомонӣ тавонист, ки якум, давлати Сомониёнро аз ҳуҷуми аҷнабиён девор шавад, дуюм, давлати ҳақиқатан миллӣ созад ва замони ҳукмронии вай даврони тиллоии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад.
Бузургии Исмоили Сомонӣ дар он буд, ки вай ба ҷангу ҷидолҳои дохилӣ хотима дод, бо халифаҳои араб мадоро намуд ва давлати миллӣ ва мутамаркази тоҷиконро ташкил дод, кишварҳои бузурги Хуросону Варорӯдро зери ҳимояи худ гирифт ва ҳомии онҳо шуд. У вахдат ва ягонагии халқро ба вуҷуд оварда, эҳсоси созандагию бунёдкориро эҳё намуд, таърих, анъана ва расму оинҳои аҷдодиро зинда кард, илм, фарҳанг, адабиёт ва ҳунарҳои мардумиро ривоҷ дод.
Сохти давлату давлатдории Сомониён мактаберо мемонд, ки аз он даҳҳо шоҳону амирон, ки минбаъд сари қудрат меомаданд, меомӯхтанд. Сохтори ҳукумат, дастгоҳи давлату низоми давлатдорӣ, ки Исмоили Сомонй асос гузошта буд, таърихнигорон, адибон ва сайёҳони хориҷиро мафтун мекард.
Аз оғози асри XI милодӣ сар карда, қариб ҳазор сол бахт ба рӯйи тоҷикон нахандид ва давлату давлатдории онҳоро бегонагон рабуданд. Ҳарчанд ки барои баргардонидани давлати Сомониён баъзе комёбиҳои ҷузъӣ аз ҷониби Абӯиброҳим Мунтасири Сомонӣ ба даст оварда шуд, вале ин кӯшишҳо самар надоданд. Давлату давлатдорӣ ба дасти сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарахониён, Ғуриён, Хоразмшоҳиён, Муғулон, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён, Манғитиён гузашт.
Хизмати бузурги давлати Сомониён ва Оли Сомонро миллати фарҳангдӯсти тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ҳаштуми августи соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 1100- солагии давлати Сомониён бо камоли ифтихору сарфарозӣ халқи кишвар ва тоҷикони тамоми ҷаҳонро табрик намуда гуфт: «Хизмати бузурги таърихии Исмоили Сомонӣ ва ниёгони он буд, ки низоми ниҳоят муназзам, муассир ва фаъоли идораи марказӣ ва маҳаллиро бунёд гузоштанд. Ин низом унсурҳо ва арзишҳои муҳимтарини давлатдории ориёиро эҳё намуда, онҳоро бо арзишҳои тамаддуни гузаштаю мавҷудаи давр омезиш дод».
Маснаде дар ҳалқаи саҳронишинон,
Бӯстоне дар миёни шӯразорон,
Гулхане дар лобалои кӯрдуд,
Пахдавоне дар миёни нотавонон -
Оли Сомон!
Махзани тилло ба дасти боддастон,
Шоире дар инҳисори худпарастон,
Уфтода ахтаре ногаҳ зи гардун
Дар муҳити золимону зулматистон -
Оли Сомон!
Гӯиё
Як нафас тоҷикро Таърих дод оинае
То дар ӯ бинад нишони хештанро,
То дар ӯ ёбад ҷаҳони хештанро,
Лек шодикаф шуду ойина аз дасташ фитод,
Хештанро ҳам надиду дигаронро ҳам надид...
Гӯиё
Як нафас тоҷикро Таърих ҷӯе об дод,
То кунад обӣ макони хештанро,
Даштҳои бекарони хештанро,
Лек шодикаф шуду он об аз ҷӯяш гузашт,
То бидид, оби варо аъдо ба ҷӯйи худ кашид...
Гӯиё тоҷик андар дашти бопаҳнои Таърих
Ёфт аспи шахлаҷоме,
Хост ҷӯяд манзили номусу номе.
Асп нофармону саркаш...
Ӯ савориро намедонист...
Ногаҳ аз сари асп уфтод...
Бесавора, зин кашола,
Асп дар саҳрои пурфарёди Таърих
он қадар сарсон давид,
Шиҳа зад, афғон кашид,
То ба дасти душманон афтоду ҷон аз даст дод...
Оли Сомон!
Давлати навкисаву навхонагон,
Давлати навдавлату навхоҷагон,
Кӯдаки якрӯзаи Таърихи тоҷик,
Зодрӯзат ёд бодо,
Ғӯрамарго, ғӯрамарго!..
Лоиқ Шералӣ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё