Зеҳн

ДЕВОРИ БУХОРО

БА
Барномасоз31 августи 2026 · 3 дақиқа хондан

Замони дар сари ҳокимият буданаш Исмоили Сомониро ҳамчун шоҳи донишманду соҳибхирад, маърифатпарвару далер, зираку доно ҳамагон эътироф мекарданд ва дар бораи кордонӣ, дурандешӣ, хирадмандӣ ва хоксории ӯ накду ҳикоятҳо мекарданд.

Мегӯянд, дар Бухоро мавзеи хушманзарае будааст, ки он ҷоро “Ҷӯйи Мӯлиён” мегуфтаанд. “Мӯлиён” калимаи кӯтоҳшудаи «Маволиён» аст, ки маънои «ғуломони озодшуда»-ро дорад. Исмоил ҳамин мавзеъро харида, обод мекунад, баъд ба сарбозонаш мебахшад.

Исмоилро одате буд, ки рӯзҳои сарду боронӣ ҷома ба бар карда, савори асп мешуд ва дар саҳни майдони Регистони Бухоро мегашт. Боре аз вай пурсиданд, ки шоҳон дар чунин рӯзҳо дар хонаҳои гарм мешинанд ва айшу нӯш мекунанд. Шумо чӣ кор мекунед? Исмоил ҷавоб медиҳад, ки на ман аз он шоҳонам ва на онҳо Исмоили Сомониянд. Дигар ин ки метарсам аз он ки мабодо дармонда ё корафтодае биёяду маро надида, ноумед шуда баргардад, пас ман дар қиёмат пеши Худованди Бузург чӣ ҷавоб медиҳам?

Аз ин амал маълум мешавад, ки Исмоил ҳар чизи некро, ки аз ниёгон дар тарзи идораи давлатдорӣ мерос монда буд, мепазирад ва давом медиҳад. Тахминан 1600 сол пеш дар ахди Сосониён Анӯшервони Одил силсилазанҷирҳо ороста, ки ситамдидагону корафтодагонро шахсан худаш қабул намояд ва аҳвол бипурсад. Ҳар ситамдида меомад ва силсиларо меҷунбонид. Зангӯла занг мезад. Нӯшервон мебаромаду арзу додашон мешунид ва заифонро аз ҷабри золимон ҳимоят мекард.

Бародари Исмоил Наср Аҳмади Сомонӣ амир буду пойтахт - Самарқанд. Наср Исмоилро ҳокими Бухоро таъйин карду гуфт, ки аз даромади ҳарсола 700 ҳазор динор ба хазинаи давлат супорад. Исмоил итоат накард ва гуфт, ки ин микдор пулро барои ободии вилояти худ сарф мекунам. Миёни бародарон иғво андохтанд. Наср бо мақсади ҷанг сӯйи Бухоро лашкар кашид. Исмоил гуфт, ки Бухороро худат ба ман дода будӣ, агар хоҳӣ, бе ҷангу хунрезӣ онро пас гир ва худаш шаҳрро тарк кард.

Хунрезӣ рӯй надод. Бори дуюм задухӯрд бо ғалабаи Исмоил анҷомид. Дар майдони ҷанг Наср бо қисми зиёди аскаронаш асир афтод. Насрро назди Исмоил оварданд. Фармуд, ки сару рӯяшро шуста, ба вай либоси тоза пӯшонанд. Исмоил бародарро ба оғӯш гирифт, бӯсид ва сар пеши пояш гузошт. Баъд либосу туҳфаҳои зиёде дода, сӯйи Самарқанд равон кард. Наср аз ин рафтори бародар дар хиҷолат ва аз кардааш пушаймон шуд. Исмоил айнан ҳамин амалро ба Амр ибни Лайс, ки ҳукмрони Хуросон буду бо иғвои халифаи араб қасди ҷони Исмоил карда, сӯйи Бухоро лашкар кашид, такрор намуд. Амр асир афтод. Исмоил вайро меҳмоннавозӣ карду эҳтиромашро ба ҷо овард. Амр ибни Лайси ҳайратзада пурсид, ки оё маро намекушӣ? Исмоил ҷавоб дод, ки мусулмон магар хуни мусулмон мерезад? Ту-тоҷик, ман-тоҷик, тоҷик магар хуни тоҷик мерезад? Ман бандаи Худоям, ту ҳам бандаи Худоӣ. Чаро бандаи Худо ба бандаи Худо бадиро муносиб донад? Тазодро бубинед, ки Исмоили мусулмон ба Лайси мусулмон бадиро раво намебинад, вале халифаи араби мусулмон, ки дар Бағдод менишаст, Амр ибни Лайсро ба ҳузураш даъват карда, вайро хоинона мекушад.

Мегӯянд, бародари калонияш Илёс ба қаср, ба назди Исмоил меояд, ки подшоҳ буд. Исмоил бо шахсе суҳбат мекард. Илёс гӯшае нишаста, мушоҳида мекунад. Суҳбат ба охир мерасад. Он шахс равон мешавад. Исмоил аз ҷой хеста, ҳафт қадам пеш мегузорад, то он меҳмонро гусел намояд. Илёс ҳайрон мешавад ва мегӯяд, ки аз рӯйи қоидаи маъмул шоҳ набояд аз ҷой хезад ва ё қадаме пеш гузорад. Исмоили Сомонӣ табассум мекунад ва мегӯяд:

- Шарофати илм бисёр аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2