Зеҳн

Бозӣ дар дарси таърих

БА
Барномасоз31 августи 2026 · 4 дақиқа хондан

Маълум аст, ки бозӣ дар ҳаёти кўдак нақши муҳим мебозад. Ҳанўз дар асри 18 Жан Жак Руссо гуфта буд, ки агар касе дунёи кўдакро донистан хоҳад, дар раванди бозӣ онро мушоҳида кунад.

Ташкили бозӣ дар дарси таърих аз банақшагирии он оғоз мешавад. Самаранокии бозӣ дар ҷараёни омўзиш аз он иборат аст, ки дар раванди иҷрои бозӣ маводи таълимии фанни таърих беҳтар азхуд шуда, хонандагон дониши назариявии худро дар вазъияти ношинос амалӣ мекунанд. Дар ҷараёни бозӣ хонандагон ба вазъияти ғайриодӣ дучор мешаванд, ки дар ҳаёти ҳаррўза ба он рў ба рў нашудаанд.

Иштирок дар чунин вазъият ва ҳалли иҷрои шартҳои бозӣ барои хонандагон кашфиёти нав ба ҳисоб меравад.

Омўзгори ботаҷриба бояд ба назар гирад, ки баъд аз иҷрои якчанд бозӣ таҷрибаи хонандагон то андозае зиёд гардида, он эҳсосоте, ки онҳо дар оғози бозӣ доштаанд, кам шудан мегирад ва ҳар дафъа такрор намудани як навъи бозӣ боиси хасташавии онҳо мегардад. Аз ин лиҳоз, омўзгорро зарур аст, ки ҳар сари чанд вақт намудҳои гуногуни бозиро ба нақша гирифта, дар дарс истифода барад.

Истифодаи бозиҳо дар дарсҳои таърих раванди омўзишро шавқовар гардонда, ба ташаккули майлу рағбати маърифатҷўии хонандагон мусоидат мекунад. Дар чунин дарсҳо фазои мусоид ба вуҷуд омада, қобилияти эҷодии хонандагон беҳтар мегардад. Дар давоми бозӣ қобилияти кор дар гурўҳ инкишоф меёбад, чунки аксар вақт ғалабаи тамоми даста дар бозӣ танҳо бо саъю кўшиши ҳар як узви он имконпазир мегардад. Иҷрои нақши душвор аз хонандагон бартараф намудани беэътиноӣ ва нобоварӣ ба неруи худро талаб намуда, ба рушди зеҳн ва дарки ҳисси масъулиятшиносии хонандагон мусоидат мекунад.

Фаъолона иштирок кардан дар бозӣ аз хонандагон талаб мекунад, ки тамоми маҳоратҳои худро истифода бурда, донишҳои худро қавӣ гардонанд. Ин ё он нақше, ки хонанда дар раванди бозӣ иҷро менамояд, дунёи маънавии ўро бой гардонда, хусусиятҳои эҷодашро инкишоф медиҳад.

Инак чанд намунаи бозиро пешниҳод менамоем, ки шояд ба ҳамкасбон дар фаъолияти амалӣ кумак расонанд.

Бозии «Дарёфти суроға». Омўзгор вобаста ба шумораи хонандагон аҳли синфро ба якчанд гурўҳ ҷудо мекунад. Ҳар як даста лифофа мегирад, ки дар дохили он номҳои шахсони маъруфи таърихӣ (Исмоил, Спитамен, Тутмос, Солон, Геродот, Тутанхамон, Дорои I, Куруш, Гомер, Сезар, Евклид, Перикл ва ғайра) навишта шудааст. Дар дасти омўзгор боз 4 лифофаи холӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо номи мамлакатҳо: Сомониён, Форс, Миср, Юнон, Рим ва ғайра навишта шудааст. Вазифаи хонандагон аз он иборат аст, ки дар лифо фаҳое, ки номи давлатҳо навишта шудааст, номи шахсони таърихиро мувофиқ кунонда, ҷо ба ҷо намоянд.

Бозии «Саволҳои сарпўшдор». Ҳар як хонанда дар коғаз вобаста ба мавзуъ саволҳоро тартиб медиҳад.

Варианти 1: «Се сарпўш».

1. Маълумот дар бораи матн;

2. Муносибати ҷавобдиҳанда ба мазмуни матн чӣ гуна аст? Андешаи мусоҳиб ба суханони дар матн зикршуда (масалан, таассурот);

3. Саволҳое, ки худаш низ ба онҳо ҷавоб дода наметавонад. Хонандагон бо хоҳиши худ варақаи саволро гирифта, вобаста ба он нуқтаи назари худро баён мекунанд.

Варианти 2: саволҳо вобаста ба шахсиятҳои таърихӣ дода мешаванд.

Бозии «Ходими сиёсиро бишнос!». Аҳли синф ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд. Ҳар як гурўҳ варақе мегирад, ки дар он номи ягон ходими давлатӣ навишта шудааст. Вазифаи хонандагон аз он иборат аст, ки вобаста ба имконият, ному насаб, солҳои ҳаёт, фаъолияти сиёсӣ маълумотеро, ки дар матн дода нашудааст, номбар кунанд.

Бозии «Суханони кӣ?». Муаллим ба хонандагон варақчаеро, ки дар он суханони ходимони таърих, сиёсатмадорон ва ҳакимон навишта шудаанд, тақсим мекунад. Хонандагон бояд муайян кунанд, ки ин суханон аз ҷониби кӣ, кай, дар куҷо ва дар кадом ҳолат баён шудаанд. Ба хонандагон иҷозат дода мешавад, ки барои ёфтани иқтибос аз китоби дарсӣ истифода баранд.

Бозии «Аз даҳон ба даҳон». Бозиро бо аҳли синф гузарондан мумкин аст. Омўзгор барои иштирок дар бозӣ 4 нафар хонандаро даъват мекунад. Се нафари онҳо бояд аз синф берун карда шаванд. Омўзгор аз китоби дарсӣ матнеро ба аҳли синф (хонандаи чорум ҳам) мехонад. Матн бояд кўтоҳ, шавқовар бошад ва метавонад ҳадди аксар номҳо, санаҳо, мафҳумҳо дошта бошад. Пас аз анҷоми қироати матн ба синф иштирокчии дуюми бозӣ даъват карда мешавад. Вазифа аз он иборат аст, ки иштирокчиёни бозӣ бо навбат маълумоти аз ҳамдигар шунидаро нақл кунанд. Иштирокчии охирин (чорум) маълумотеро, ки аз суханони иштироккунандаи сеюм фаҳмид, ба аҳли синф нақл мекунад. Муҳим аст, ки бозӣ бо суръати тез гузарад ва иштирокчиёни он бе таваққуф маълумоти шунидаашонро мубодила намоянд. Баъд аз он омўзгор матнро бори дуюм оҳиста - оҳиста хонда, ба хонандагон барои аз худ кардани мазмуни он кумак мекунад ва байни аҳли синф оид ба мазмуни матн саволу ҷавоб ташкил менамояд.

Бозии «Қаҳрамон, сана ва воқеа». Дар бозӣ аҳли синф иштирок карда метавонанд. Барандаи бозӣ (омўзгор) аз назди иштирокчиён гузашта, аз яке номи қаҳрамон, аз дигаре санаи ба он мувофиқ ва аз сеюмӣ воқеаи ба онҳо мувофиқро мепурсад. Хонандае, ки аз уҳдаи баёни фикр баромада натавонад, аз бозӣ хориҷ мешавад...

Ҳамаи хусусиятҳое, ки бо истифодаи бозӣ дар ҷараёни омўзиш баён шудаанд, имкон медиҳанд, ки бозӣ ҳамчун ёрдамчии боэътимоди омўзгор пазируфта шавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2