Олимони бунёдкорони зеҳни сунъӣ, ҷоизаи Нобели физикаро ба даст оварданд.
Ду донишманди барҷаста, ки асосгузори шабакаҳои асаби сунъӣ ҳастанд, барои нақши муҳими онҳо дар пешрафтҳои зеҳни сунъӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика шуданд.
Ҷефри Ҳинтон, профессори ифтихории Донишгоҳи Торонто ва Ҷон Ҳопфилд, профессори Донишгоҳи Принстон, барои асосгузории пояҳои омӯзиши мошинии муосир, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика шуданд. Кумитаи Нобел дар Академияи Шоҳигарии Илмҳои Шветсия эълон кард, ки кашфиёт ва ихтирооти Ҳинтон ва Ҳопфилд асоси бисёр пешрафтҳои ахир дар зеҳни сунъиро фароҳам овардааст.
Кори ин ду донишманд аз солҳои 1980 барои ташкили шабакаҳои асаби сунъӣ ва меъмории компютерӣ, ки тақрибан аз сохтори мағзи инсон илҳом гирифта шудааст, замина фароҳам кард. Шабакаҳои асабӣ бо тақлид аз усули пайвастшавии мағз, ба абзорҳои зеҳни сунъӣ имкон медиҳанд, ки амалан «аз тариқи мисол» омӯзанд. Таҳиягарон метавонанд бо пешниҳоди маълумот ба шабакаи асаби сунъӣ, ин шабакаҳоро барои шиносоии намунаҳои мураккаб омӯзиш диҳанд. Ин сохтор пояи баъзе аз барномаҳои муҳимми зеҳни сунъии имрӯза, аз ҷумла тавлиди матн ва шиносоии тасвир ба шумор меравад.
Ҳинтон, ки аз гирифтани ҷоизаи Нобел ба шиддат ҳайрон шуда буд, дар баёнияи худ гуфт: «Ҳеч интизори чунин ҷоиза надоштам. Ҳайрон ва ифтихор мекунам, ки ба ин шараф расидам.» Ҳинтон, ки бо номи «падархонди зеҳни сунъӣ» маъруф аст, соли гузашта дар як мусоҳиба бо New York Times гуфта буд: «Қисмате аз ман ҳоло аз корҳое, ки дар зиндагӣ анҷом додаам, пушаймон аст.» Ӯ соли 2023 Google-ро тарк кард, то таваҷҷуҳҳоро ба хатари эҳтимолии фанноварии зеҳни сунъӣ, ки дар расидан ба он нақш доштааст, ҷалб кунад. Ҳинтон дар ин мусоҳиба гуфта буд: «Барои пешгирӣ аз суиистифодаи ин фанноварӣ барои ҳадафҳои харобкорона роҳи осон ёфтан мушкил аст.»
Соли 2013, Google ширкати шабакаҳои асабии Ҳинтонро, ки ӯ ҳамроҳи ду донишҷӯи худ таъсис дода буд, харид. Яке аз ин донишҷӯён Иля Суцкевер буд, ки баъдтар ба унвони донишманди аршад дар OpenAI фаъолият мекард ва имсол аз ин ширкат ҷудо шуд.
Кумитаи Нобел Ҳинтонро барои рушди мошине ба номи Болтсман ба расмият шинохт. Ин мошин бо истифода аз абзорҳои физикаи статикӣ омӯзиш мебинад ва метавонад барои таснифи тасвирҳо ё эҷоди намунаҳои нав аз раванде, ки бар асоси он омӯзиш дидааст, истифода шавад. Кори Ҳинтон бар ин асос устувор буда, ба рушди омӯзиши мошинӣ суръат бахшидааст.
Кори Ҳинтон бар пояи шабакаи Ҳопфилд сохта шудааст, ки ҳамкори ӯ Ҷон Ҳопфилд онро такмил додааст. Шабакаи Ҳопфилд як навъ шабакаи асабии сунъӣ аст, ки метавонад намунаҳоро барқарор кунад. Ин шабака аз физикаи моддӣ истифода мекунад, ки хосиятҳои моддаро бар асоси гардиши атомҳои он тасвир мекунад; хосияте, ки ҳар як атомро ба магнити хурде табдил медиҳад. Вақте ки шабака тасвири нопурра ё осебдидаро мегирад, арзишҳои нодҳоро навсозӣ карда, энергияи шабакаро коҳиш медиҳад. Шабака қадам ба қадам ба самти пайдо кардани тасвири сабтшудае меравад, ки бештар ба тасвири нопурра монанд аст.
Ҳинтон ҳамоно нигарониҳои худро дар бораи зеҳни сунъӣ изҳор мекунад. Ӯ мегӯяд: «Мо таҷрибае дар бораи он надорем, ки мавҷудоте бошанд, ки аз мо донотар бошанд. Дар бисёр ҷиҳатҳо, ин мавзӯъ аҷиб хоҳад буд; аммо мо бояд дар бораи паёмадҳои манфии эҳтимолӣ низ ҳушёр бошем, бахусус таҳдиде, ки аз контролнопазирии ин фанноварӣ бармеояд.»
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё