Зеҳн

АҲМАДШОҲИ МАСЪУД: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ

БА
Барномасоз2 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии ин кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд ба як сарбозаш қисса мекунад, ки чун бори аввал бо Сарвари кишвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохўрдам, эҳсос кардам, ки он кас, воқеан, марди ватандўст ва фидоӣ мебошад, чунки барои миллату давлат ҷони худро дареғ надошт, ба мухолифон пешниҳод кард, ки мо тоҷикем ва бо тоҷик буданамон бояд фахр кунем, биёед, барои сулҳ ва ваҳдат талош варзем.

Вақте бо ман вохўрӣ намуд, фақат як сухан мегуфт: «Мову Шумо тоҷик ҳастем ва ҳамчун бародар, биёед, дасти якдигарро гирифта, дар Тоҷикис тону Афғонистон сулҳу ваҳдатро барқарор кунем. Вақте бо ин чеҳраи бузурги сиёсӣ суҳбат мекардам, эҳсосам ин буд, ки ғурури аҷдодиямро бедор кард ва иқдом гирифтам, ки барои мусоидат ва миён ҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 19931996 дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорам. Бо хости Худои меҳрубон ман бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон рўз аз рўз наздиктар ва бародари самимӣ шудем».

Он замон баъзе аз кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон, яке пайи дигаре гурўҳи мухолифонро ёрӣ медоданд.

Ҳар замон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар мавзуъҳои сиёсӣ табодули назар мекарданд ва ҳадафашон ягона буд: аз нобудӣ эмин доштани тоҷикон.

Аҳмадшоҳи Масъуд мегўяд, вақте ки бо Пешвои тоҷикон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намудам, хулоса баровардам, ки аз ин пас бо душман бо роҳи гуфтушунид, ба монанди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳоро анҷом медиҳам, вале душманони ман намехоҳанд ба тариқи гуфтушунид дар Афғонистон сулҳу ваҳдат барқарор шавад, ҳоло ки душманони ман ҳам мусулмон ҳастанд, ба онҳо бо садои баланд мегуфтам, ки мусулмониро аз Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон омўзед, зеро дар дини мубини ислом куштор, хунрезӣ нест, дини ислом дини сулҳу ваҳдат ва оромӣ мебошад.

Вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 ба Федератсияи Россия сафар карда, Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллиро имзо кард, бо ман тамос гирифт ва гуфт: «Дўсти азизам, бародари ҷониям, ёри вафодорам, ман барои сулҳу ваҳдати пойдор имзо гузоштам».

Шодии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадду канор надошт, мерақсиду шодӣ мекард бо мардуми хеш. Ман дафъатан ба тамоми мухолифони худ садо кардам: «Биёед, аз Сарвари кишвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирем, сулҳу оромиро дар кишвар барқарор кунем».

Сарвари кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо як баёнияи мардона ба мо намунаи ибрат гардид.

Оре, ин аст ғуруру шукўҳи тоҷикон! Бояд ҳамаи тоҷикони ҷаҳон бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ифтихор кунанд.

Бовари комил дорам, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои амнтарин мубаддал мегардонад ва дуо мекунам, ки Худованди меҳрубон дўсти азизи маро ба ҳамаи қуллаҳои баланд расонад, бигзор сулҳу ваҳдат поянда бошад, дар давлати Тоҷикистон ва дар кор ҳояш муваффақият ато намо.

Сарбоз ба Аҳмадшоҳи Масъуд суол медиҳад, ки ин қадар дуои некро барои чӣ дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари кишвари Тоҷикистон кардӣ. Аҳмадшоҳи Масъуд мегўяд: «Ман дар зиндагӣ дўстони зиёде дорам, аммо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ман ёри бовафо ва дўсти наздик мебошад». Баъд ашки чашм мерезаду мегўяд:

«Худованди меҳрубон дар Афғонистон тинҷӣ ва сулҳу ваҳдатро пойдор намояд».

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 2 сентябри соли 2021, №248 (181) ба ифтихори 30солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байнитоҷикон дар солҳои 19931996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.

Таҳияи Маҳмасиддиқ ТОИРОВ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2