Зеҳн

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Барои ҳифз ва беҳтар кардани ҳолати саломатӣ, ки аҳамияти аввалиндараҷа дорад, тарзи ҳаёти солим (ТҲС) нақши асосӣ мебозад.

Барномаи тарзи ҳаёти солим шуморо бо қоидаҳои нахустини тозагию бехдошт, роҳҳои нигохдорию муҳофизат ва беҳтар кардани ҳолати саломатӣ, сабабҳои пайдоишу пешгирии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои шакл гирифтани ҳаёти солим шинос мекунад. Бо мутолиаи ин дастур шумо хоҳед фаҳмид, ки муҳити атроф ба саломатии шумо чӣ тавр таъсир мерасонад. Тани сиҳату солим доштан ба худи шумо вобаста аст.

Олимон исбот кардаанд, ки солимии инсон 50% ба тарзи ҳаёт, 20% ба ирсият, 20% ба муҳити зист ва 10% ба системаи тандурустӣ вобаста аст.

Омӯзиш ва таълиму тарғиби ТҲС, ки асосашро малакаҳои зарурии ҳаётӣ ташкил медиҳанд, метавонад саломатии кӯдакону наврасонро ҳифз намояд ва дар зиндагии минбаъдаи онҳо таъсири мусбат расонад.

Чаро дар бораи саломатӣ ғамхорӣ кардан зарур аст? Саломатӣ боигарии асосии инсон мебошад. Масалан, тозагии хона, рӯҳи солим—ҳолати хуби саломатиро таъмин менамояд. Макони зист, маҳаллае, ки зиндагӣ мекунед, як гӯшаи Ватан аст. Тозагию бунёди боғу гулзор дар ҷойи зист на танҳо ба саломатии шумо, балки ба ҳамаи одамони атроф манфиат мебахшад. Саломатӣ гавҳари ноёб аст ва барои ҳифзи он кору мубориза бояд кард.

Омӯхтан ва донистани қоидаҳои асосии бехдошти шахсӣ, муносибати солим бо оби ошомиданӣ ва тоза нигоҳ доштани он, аз худ кардани малакаҳои зарурии ҳаётӣ ва истифодаи онҳо барои ҳаёти солим аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми барнома ба ҳисоб мераванд. Бисёр муҳим аст, ки худи хонандагон масъалаҳои муҳимми саломатӣ ва роҳҳои пешрафти онҳоро хуб дарк кунанд ва ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ шуданашонро мушоҳида намуда, дар дафтари махсус онро қайд кунанд.

НИГОҲЕ БА ГУЗАШТА

Одамон ҳанӯз аз давраҳои қадим ба масъалаи гигиена аҳамияти калон медиҳанд. Зеро онҳо хуб дарк мекарданд, ки саломатии ҳар кас, хешу наздикон ба иҷрои талаботи қоидаҳои гигиенӣ зич алоқаманд аст.

Сарзамини Тоҷикистони имрӯза яке аз тамаддунҳои қадим дар Осиёи Марказӣ мебошад. Мардуми ин кишвар дар ҷойҳои сероб истиқомат карда, зиндагии дурусту ҳаёти солим ба сар бурдаанд. Дар китоби муқаддаси Авасто дар бораи тоза нигоҳ доштани сарчашмаҳои об, муҳити зист, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ маълумот дода шудааст. Авасто одамонро барои солим нигоҳ доштани рӯҳу тан даъват намуда, шарти асосии онро дар тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва пешгирии бемориҳо медиданд.

Асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ нағз медонист, ки истиқлолияти мамлакат ба воситаи одамони солим, тансиҳат, бақувват ва бардам ба ҷо оварда мешавад. Аз ин рӯ, дар баробари дигар масъалаҳо барои тани солиму рӯҳи бешикасти халқи худ қувва ба харҷ медод. Солимии мардум ба истифодаи оби тоза, ҳаво, муносибати шахс ба атрофиён, истифодаи ғизои солим, одоби шоистаи тозагии дасту рӯй, истифода аз ҳоҷатхонаю ҳаммом, хулоса, ба ҷо овардани талаботи гигиена вобаста аст.

Донишманди бузурги тиб Абӯалӣ ибни Сино дар асарҳои бебаҳои илмиаш бештар оид ба беҳдошти саломатии инсон ва ҳифзи муҳити зист андешаҳои арзишманд баён кардааст. Махсусан, дар китоби “Ал-қонун” ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардааст. Мақсади Абӯалӣ ибни Сино аз таълифи ин китоб, расондани ёрӣ ба одамон баҳри ҳифзи саломатиашон аст. Ба ҳамин мақсад, ӯ тавассути ин китоб бемориҳои зиёдро номбар мекунад ва роҳҳои пешгирию табобати онҳоро нишон медиҳад. Махсусан, ба реҷаи хӯрокхӯрӣ, хифзи саломатӣ, риояи қоидаву талаботи санитарию гигиенӣ бештар диққат додааст.

Абӯалӣ ибни Сино дарозумрӣ ва хубу бад гузаштани ҳаёти инсонро аз бисёр ҷиҳат ба риояи талаботи гигиенаи шахсӣ вобаста медонад. Аз мутолиаи асарҳояш дида мешавад, ки Абӯалӣ ибни Сино бо фазилату заковати хеш одамонро даъват кардааст, ки барои саломатии худ талош кунанд. Зеро асоси саломатӣ тозагист.

МУҲИТИ АТРОФ ВА ҲАЁТИ СОЛИМ

Маълум аст, ки ҳифзи саломатии инсон аз овони кӯдакӣ дар маркази диққати падару модарон буда, таъмини ҳаматарафаи он тавассути обутобдиҳии бадан, ғизои хуб, муомилаи нағз ба роҳ монда мешавад. Азбаски организми кӯдакону наврасон нозук аст, муҳити атроф ба онҳо таъсир мерасонад. Бинобар ин, саломатии онҳо, инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳниашон ба таъсири муҳити атроф сахт вобаста аст.

Тозагии муҳити атроф хеле муҳим аст, зеро тозагии ҷойҳои ҷамъиятӣ асоси ободии макони зист ва ҳифзи солимист. Аз ин рӯ, хонандагон бояд тозагии муҳити атрофро дастгирӣ ва риоя кунанд. Ҳар рӯз ҳавлию хона, мактабу кӯчаҳоро тоза кардан лозим аст. Ахлоту партовҳоро ҳатман ба қуттиҳои махсус ва чуқурӣ бояд партофт.

Яке аз шартҳои асосии нигохдории тозагии муҳити атроф ва саломатӣ мавҷудият ва дастрас будани шабакаҳои обрасонист. Фаромӯш набояд кард, ки дар сурати корношоям будани онҳо, кӯлмак ва лойқа ба вуҷуд омада, сабаби афзудани кӯрпаша ва ҳар гуна ҳашарот мешавад.

Барои тозагӣ ва ободонии кӯчаву хиёбон ва гулгашту боғистонҳо ташкил кардани ҳашар роҳи беҳтарини тоза нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Ҳашарро якҷоя оғоз ва корҳоро иҷро мекунанд. Хусусияти хуби ҳашар ин аст, ки дар он ҳам калонсолон ҳам хурдсолон иштирок мекунанд. Хонандагон бештар дар ҳашарҳое иштирок мекунанд, ки бештар ба шинондани дарахт, обод ва тоза кардани маҳалли мактаб, ҷӯйборҳо, кӯчаҳо ва роҳу боғҳо ташкил мешавад.

ВАРЗИШ—ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Тарбияи ҷисмонӣ яке аз қисмҳои тарбия буда, дар рушду такомули ҳаёти солими наврасон нақши бузург дорад ва дар бардаму солим тарбия кардани насли ҷавон хеле муҳим аст. Кӯдакону наврасони аз ҷиҳати ҷисмонӣ боқувват ба иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда қодиранд.

Исбот шудааст, ки ба инкишофи ҳаматарафа ва рушди ҷисмонии наврасон варзиш таъсири калон мерасонад. Зеро варзиш яке аз шаклҳои фаъол ва ҷалбкунандаи тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонӣ ба ҳисоб меравад.

Давраи мактабхонӣ давраи беҳтарини ба варзиш машғул шудан аст. Имрӯзҳо кӯдакону наврасони зиёд ба намудҳои гуногуни варзиш, ба монанди варзиши сабук, тенниси рӯйимизӣ, гӯштигирӣ, шиноварӣ, футбол, волейбол ва даҳҳо намуди дигари варзиш машғуланд. Албатта, ин заҳмати ҳаррӯзаро талаб менамояд, ки дар натиҷа наврасону ҷавонон эътимоднок, бақувват, далеру нотарс, қавиирода ва асосаш солим ба воя мерасанд.

Дар давраи хурди мактабӣ хусусиятҳои ҷисмонӣ ва ақлӣ якҷоя ва баробар инкишоф меёбад. Дар ин давра рушди системаи асаб ҳанӯз ба охир нарасидааст. Сабзиши қад суст буда, танҳо вазн зиёд мешавад. Маҳз дар ҳамин давра системаи таҳрикию ҳаракат, хусусан инкишофи малакаҳои нозуки таҳрикӣ мушоҳида мегардад (банди дасту ангуштон).

Варзиши пагоҳирӯзӣ асаби кӯдакону наврасон, ҳолати рӯҳиву ҳиссиётии онҳоро дар як ҳолати оромӣ, рӯҳбаландӣ ва хушҳолӣ тамоми рӯз нигоҳ медорад. Иҷрои машқҳои пагоҳирӯзӣ дар ҳавои кушод ба манфиат аст. Агар аъзои хонавода якҷоя бо фарзандон варзиши пагоҳирӯзиро ба роҳ монанд, ин фазои солими оиларо таъмин карда метавонад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2