ТАШАККУЛ ДОДАНИ ҚАДУ ҚОМАТИ РОСТ
Қомат андом, тарзи ист, ҳолати табиии инсон мебошад. Қаду қомати рост нишонаҳои зерин дорад: қомату китфҳои рост, сари андаке боло гирифташуда ва китфони васеъ. Одамро аз рӯйи қаду қоматаш мешиносанд.
Вазифаи асосии қомати инсон эмин нигоҳ доштани узвҳои ҳаракатдиҳанда аз бори зиёд ва осеб аст. Шахсе, ки қаду қомати зебо дорад, диққати атрофиёнро ҷалб мекунад.
Дар баробари ин дар инкишофи қаду қомати наврасон баъзе монеаҳо мушоҳида мешавад: каҷ шудани сутунмуҳра, ҳамеша хам шуда нишастан, миёни лӯнда, миёни лӯндаи хамшуда, миёни ҳамвор, қомати номутаносиб ва ғайра. Агар хонанда дар паси мизи дарс доим хам шуда ё бо сандуқи сина такя кунад, ё баръакс китфи худро боло бардошта нишинад, кӯзапушт шуданаш мумкин аст. Зеро устухони наврасон ҳоло он қадар сахту мустаҳкам нашудааст. Устухони наврасон нисбати устухони калонсолон чандир буда, зуд тағйир меёбад. Аз каҷ нишастан метавонад сутунмуҳра каҷ шавад ва сабаби дарди сар, фаромӯшхотирӣ, мондашавӣ ва ғайра гардад. Дар натиҷаи монеаҳои қомат мушакҳои бадан суст мешаванд, ки рост нишастан вазнин аст.
Қаду қомати зебою рости одамони солим то пиронсолӣ хуб нигоҳ дошта мешавад. Хонанда ҳангоми тайёр кардани дарс бояд ҷойи қулай ва мувофиқ дошта бошад.
Аз ин рӯ, ба мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сутунмуҳра бояд аз қоидаҳои дурусти нишаст ва маслиҳатҳои муфид истифода баред:
* Сари миз рост нишаста, сарро каме ба пеш хам кунед.
* Барои он ки зуд монда нашавед, ба пушти курсӣ такя кунед.
* Ҳар ду пойро ба рӯйи фарш баробар гузоред, бо нӯги пой ё пошнаи пой нашинед.
* Дастонро дар рӯйи миз ё парта озод гузошта, китфонро баробар нигоҳ доред.
* Ҷойи хоб бояд кушод, болишт ҳамвор ва кӯрпача сахт бошад. Рӯболо ба пушт ва ба паҳлуи рост хоб рафтан беҳтар аст. Давомнокии хоби наврасон набояд аз 8-10 соат кам бошад. Хонанда баъди аз мактаб омадан бояд 1-1,5 соат истироҳат кунад, то ки мушакҳои пушт ва сутунмуҳра дам гиранд.
* Ҷое, ки барои дарстайёркунӣ ҷудо шудааст, бояд равшании хуб дошта бошад.
* Ҷузвдони мактабиро беҳтараш дар пушт гиред (ҳама вақт онро бо як даст бурдан мумкин нест).
* Мунтазам ғизоҳои гуногун, хусусан маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, мева, тухм, асал ва ғайраҳоро истеъмол кунед.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё