Зеҳн

БЕҲДОШТ ВА НИГОҲУБИНИ ДАНДОН

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Одами калонсол 32 дандон дорад. Онҳо дар ҷоғҳои боло ва поён 16-тоӣ ҷойгиранд. Хӯрокро бо дандон хоида мехӯранд. Дандон аз берун бо моддаи сахт, яъне бо сир пӯшида шудааст. Сири дандон монанди шиша нозук аст. Агар баъди хӯроки гарм дарҳол оби хунук нӯшанд, эҳтимоли кафидани сири дандон пайдо мешавад. Е бо дандон шикастани чормағз, донаи зардолую писта ҳам ба сири дандон таъсири манфӣ мерасонад.

Зеро дар ҷойи кафидаи дандон хӯрок монда, дар он микробҳо афзоиш меёбанд. Пасмондаҳои хӯрок дар байни сӯрохиҳои дандон монда, ба зиёдшавии микробҳо мусоидат мекунанд. Ҷойи кафидаи дандон оҳиста-оҳиста калонтар шуда, аз гармию хунукӣ дард мекунад. Дандонҳо инчунин ба сабаби саривақт ва мунтазам тоза накардан низ дард мекунанд.

Барои он ки дандонҳо доимо сиҳат бошанд, қоидаҳои нигоҳубини онҳоро риоя кардан шарт аст:

Баъди хӯрок даҳонро бо оби гарм обгардон кунед.

Ҳар рӯз дандонҳоро бо мисвок ва хамири дандоншӯйӣ бишӯед.

Мисвокро на танҳо ба тарафи росту чап, балки ба боло ва поён ҳам ҳаракат дода дандонҳоро тоза кунед. Дандонро ҳам аз тарафи дарун ва ҳам аз тарафи берун шустан лозим аст.

Ҳар кас бояд мисвок ва хамираи дандоншӯйии худро дошта бошад.

Хамираи дандоншӯйиро мувофиқи синнусол (барои хурдсолон ва калонсолон) интихоб мекунанд.

Баъди хӯрок хӯрдани себ баманфиат аст, зеро пасмондаҳои хӯрокро тоза мекунад.

Дар як сол ду маротиба барои ташхиси дандон ба назди духтури дандон рафтан зарур аст.

Маълум аст, ки одамон ҳар рӯз рӯй мешӯянд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ одамон дар як ҳафта як бор нею ҳар рӯз рӯй мешӯянд? Барои он ки рӯй, гардан ва гӯш бо либос пӯшонда намешавад. Аз ин рӯ, онҳо чангро зуд қабул мекунанд, ки бо равғани пӯст олуда мешавад.

Дар як рӯз шустушӯйи рӯй набояд аз ду маротиба кам бошад, яъне пагоҳӣ баъди аз хоб хестан ва бегоҳӣ пеш аз хоб рафтан.

Баъзан рӯзона ҳам, баъди бозӣ, кор дар ҳавлӣ, баъди аз мактаб баргаштан дасту рӯй шустан ба мақсад мувофиқ аст.

Барои шустушӯйи рӯй об, сачоқ, собун истифода бурда мешавад. Сачоқ бояд ҷойи муайян дошта бошад. Аввал либоси рӯро (костюм, кофта) мекашанд ва тайи курта монда ба шустани рӯй оғоз мекунанд. Дар ибтидо дастонро бо собун шуста, баъд рӯйро мешӯянд. Зеро рӯйро танҳо бо дастони тоза шустан мумкин аст. Аз рӯйи тартиб собунро ба рӯй, гӯшҳо ва гардан молида, онҳоро шуста, бо оби тоза обгардон мекунанд. Аз оби даруни тағора ё зарфи дигар дасту рӯй шустан мумкин нест, рӯйро танҳо бо оби равону тоза шустан лозим аст. Сипас бо сачоқ онро то хушк шудани пӯсти рӯй тоза мекунанд, агар дуруст хушк накунанд, пӯст оҳистаоҳиста дар ҳавои сард мекафад.

Баъди пок кардани рӯй агар сачоқ тоза монад, ин далели тоза шустани рӯй аст, агар баръакс мушоҳида шавад, боз аз нав шустани рӯй зарур мешавад. Ин амалро метавонанд дар оина санҷанд, яъне тоза шустанд ё не?

Баъди анҷоми шустушӯйи рӯй сачоқу собун дар ҷойҳои муайян гузошта мешаванд. Оё ҳама аз як сачоқ истифода бурда метавонанд? Албатта, не. Ҳар як одам бояд сачоқи шахсии худро дошта бошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2