БЕҲДОШТИ ПӮСТИ БАДАН
Пӯст узви ломиса аст. Пӯст бадани инсонро аз таъсири беруна муҳофизат мекунад. Одам бо пӯст хунукӣ, гармӣ ва сахтиву нармии ашёро дарк мекунад. Агар шумо чашмҳоятонро бипӯшед, тавассути ламс (даст расондан) ҳаҷму шакли ашёро муайян карда метавонед.
Бояд кӯшиш кард, ки пӯст аз захмӣ шудан, сӯхтан ва сармо задан эмин нигоҳ дошта шавад. Вазифаи асосии пӯст муҳофизат кардани узвҳои дохилии бадан аз таъсири муҳити атроф, яъне сармо, гармӣ ва микробу бактерияҳо мебошад.
Оё арақ кардан ва равғаннокии пӯст фоида дорад? Албатта, онҳо барои пӯст аҳамияти калон доранд. Равған пӯстро мулоим мегардонад, арақи пӯст дар натиҷаи гармии бадан пайдо шуда, ҷисмро салқин мекунад. Агар арақкунӣ ва равғаннокии пӯст аз ҳад зиёд шавад, метавонад боиси часпидани чангу хок гардад ва сабаби бемориҳо низ мешавад. Аз ин рӯ, пӯстро ҳамеша тоза нигоҳ доштан лозим аст.
Баданро ҳар ҳафта як маротиба бо собун шустан шарт аст. Фаромӯш накунед, ки дастонро дар як рӯз якчанд маротиба шустан ва бо сачоқ пок кардан лозим аст. Агар дасту рӯйро нағз пок накунанд, пӯст хушқ шуда мекафад.
Ҳангоми захмӣ шудан, сӯхтан, лат хӯрдани пӯст ҳатман ёрии аввалини тиббӣ расонидан зарур аст.
Захмӣ шудани пӯст. Аввал онро бо оби тоза мешӯянд. Баъд ба захм маҳлули йод ё доруи дигар мемоланд, то ки бактерияҳо ба бадан ворид нашаванд.
Латхӯрӣ. Ба пӯсти осебдида латтаи бо оби хунук таркардаро мегузоранд.
Сӯхтани пӯст. Ба ҷойи сӯхтаи пӯст микдори зиёди оби хунук рехта, сипас ба духтур бояд муроҷиат кард.
Шамолхӯрии пӯст. Пӯсти рӯй, гӯшу бинӣ ҳангоми шамолхӯрӣ дарҳол рангпарида (сафед) мешавад. Чунин ҷойҳоро бо латтаи дурушти хушк то сурх шудани пӯст молиш медиҳанд.
Агар захми пӯст, ҷойи сӯхтагӣ ва шамолзадаи он калон бошад, бояд ба духтур муроҷиат кард.
БЕҲДОШТИ МУЙ
Мӯйи инсон ҳамеша дар ҳоли иваз шудан аст. Торҳои он мерезанд (албатта на якбора) ва боз аз нав мерӯянд. Ҳисоб карда шудааст, ки дар як рӯз аз 30 то 120 мӯй аз ҷисми инсон мерезад. Мӯйи одам ҳар рӯз то 0,4 мм дароз ва баъди 7-8 ҳафта дар сар намоён мешавад.
Сабзиши мӯй ба системаи асаб ва ғизо вобастагӣ дорад. Мӯй нигоҳубини доимиро талаб мекунад. Мӯйро бояд ҳар ҳафта як маротиба бо собун ё шампун тоза шуст. Ҳар рӯз мӯйро бояд бо шонаи дандонаҳояш нарм шона кард. Мӯйи дарозро аз нӯгаш ва мӯйи кӯтоҳро аз решааш шона мекунанд.
Бояд ҳар як аъзои оила ва хонанда шонаи алоҳида дошта бошад. Онҳоро бояд ҳамеша тоза нигоҳ дошт. Агар ин қоидаҳо риоя шаванд, мӯй аз бемориҳо ҳифз карда мешавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё