Зеҳн

ШУСТУШУЙИ ЛИБОС

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Тозагӣ—гарави саломатӣ. Ин суханҳо ба тозагии сару либос низ дахл дорад. На танҳо хона, ашёи рӯзгор, муҳити атроф, балки сарулибос низ бояд ҳамеша тоза, дарзмолшуда ва дилкаш бошад. Аз ин рӯ, мо бояд дар бораи шустушӯйи либос маълумот дошта бошем.

Либоси бачагона, пеш аз ҳама, бояд сабук, шинам ва зебо бошад. Муҳиммаш ин аст, ки вай ба роҳ рафтан, нафаскашӣ, гардиши хун халал нарасонад ва пӯсти бадан аз вай азият накашад. Либос бояд ба фаслҳои сол ва обу ҳаво мувофиқ пӯшида шавад. Ба наврасон либоси аз ҳад зиёд гарм пӯшонидан низ зарар дорад.

Барои кӯдакону наврасон тозагии либос ва рахти хоб хеле муҳим аст. Рахти хобро ҳафтае як бор, ҷӯроб, рӯймолча ва калготкиро бояд ҳар рӯз иваз кард. Ҳамаи аъзои хонавода бояд барои хоб либоси махсуси пахтагӣ ва мувофиқ дошта бошанд.

Либосҳои варзиширо танҳо дар варзишгоҳ ва толори варзишӣ бояд пӯшанд.

Шустушӯи либоси наврасон қоидаҳои худро дорад. Либоси кӯдакон ва наврасон бояд аз либоси калонсолон ҷудо шуста шавад. Либоси бачагонаро на бо моддаҳои синтетикӣ, балки бо собун шустан беҳтар аст. Хуб мебуд, агар либоси бачагона ба муҳлати 30 дақиқа дар оби собун ҷӯшонда, баъд хуб обгардон карда шавад. Либоси таг ва рахти хобро крахмал кардан шарт нест. Беҳтар аст, ки дуруст дарзмол кунем. Либосҳои мӯйинро дар оби ҳарораташ 40-50 дараҷа бо собун бояд шуст. Онҳоро зуд-зуд шустан шарт нест, чунки сифати худро гум мекунанд. Либосҳои мӯйинро бояд дар ҳарорати 140 дараҷа дарзмол кард.

Либосҳои рӯ (палто, куртка, плаш)-ро давра ба давра шамол дода, пас аз он дуруст тоза карда, дар охири мавсим ба хушкашӯйӣ додан беҳтар аст.

Дар корҳои тоза кардан ва шустани либос хонандагон низ бояд иштирок кунанд. Онҳо бояд одат кунанд, ки баъди аз мактаб ё аз сайру гашт омадан, либосҳояшонро ҳатман бо шётка тоза карда, ба либосовезак гузоранд.

Дар шустан ва тоза кардани либос бояд хонандагони синфҳои 1-2-юм иштирок кунанд, то ки ин корро ёд гиранд ва минбаъд либос ва рахти хоби худро тоза нигоҳ дошта тавонанд. Мустақилона тугма шинонанд ва ҷойҳои даридаи ҷуроби худро дӯхта тавонанд. Ба онҳо дарзмол кардани чизҳои хурдтар, аз ҷумла, рӯймолча, ҷуроб ва монанди инҳоро ёд додан лозим аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2