МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ЗАРУРАТИ ИСТЕЪМОЛИ ҒИЗО ВА БЕҲДОШТИ ОН
Талаботи асосии беҳдошти ғизо дар вақти муайян истеъмол намудани хӯрок аст. Риояи реҷаи хӯрок имкони дуруст ҳазм карда тавонистани хӯрокро таъмин мекунад. Кӯдакону наврасон метавонанд байни фосилаи хӯрокхӯрӣ мева бихӯранд. Ғизо бояд навпухта ва бӯйи хуш дошта бошад. Ҷойи хӯрохӯрӣ низ аҳамияти дорад ва ба дуруст ҳазм шудани хӯрок мусоидат мекунад. Ҳангоми истеъмоли хӯрок диққати хонандагонро ба дигар корҳо равона кардан лозим нест, зеро иштиҳо паст мешавад.
Бояд дар хотир дошт, ки хусусиятҳои физиологии организм тағйирёбандаанд. Аз ин рӯ, гоҳо бесабаб ҳам иштиҳои одам каму зиёд мешавад ва ин як падидаи табиӣ ба ҳисоб меравад.
Одам тавассути ғизо моддаҳои барои организм зарурро мегирад: сафедаҳо, чарбуҳо, карбогидратҳо, витаминҳо ва ғайра. Сафедаҳо барои сабзиши қад ва рушди кӯдак заруранд ва онҳо дар таркиби тухм, гӯшт, моҳӣ, нахӯд, лӯбиё мавҷуданд. Чарбуҳо ба организм қувва мебахшанд ва манбаи асосии онҳо равғани рустанӣ ба ҳисоб меравад. Витаминҳо барои нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани саломатӣ аҳамияти калон дошта, асосан дар таркиби меваю сабзавот мавҷуданд.
Кӯшиш бояд кард, ки хӯроки ҳархела истеъмол намуд, чунки организм бояд моддаҳои ғизонокро гирад. Хӯрок набояд бисёр гарм бошад.
Агар одам муддати дароз фақат як навъи хӯрокро истеъмол кунад, он гоҳ организми ӯ тамоми моддаҳои барои ҳаёт зарурро гирифта наметавонад. Агар одам дер хӯрок хӯрад, бемадорӣ ва мондашавиро ҳис мекунад. Пас аз хӯрок хӯрдан одам бақувват мешавад, чунки дар хӯрок барои узвҳои бадан моддаҳои зарурӣ мавҷуданд.
ОРГАНИЗМИ ИНСОН ЧИСТ?
Организм (ҷисм)-и инсон аз узвҳои гуногун иборат аст: дил, шуш, меъда ва ғайра. Ҳар як узви бадан сохти ба худ хос ва вазифаи муайян дорад. Мисол, бо ёрии шуш нафас мегиранд, яъне шуш узви нафаскашист.
Ҳамаи узвҳои одами солим вазифаҳои худро дар як вақт ва бо ҳам мувофиқ иҷро мекунанд. Масалан, сурхрӯда, меъдаю рӯда узвҳои ҳозима ба ҳисоб мераванд, ки ҳазмкунии хӯрокро таъмин менамоянд. Дил ва рагҳои хунгузар организмро бо хун ва гардиши хун таъмин мекунанд.
Тамоми организмро системаи асаб идора мекунад. Системаи асаб аз майнаи сар, мағзи сутунмуҳра ва торҳои асаб иборат аст. Дар тамоми узвҳои бадан торҳои асаб ҷойгир буда, тавассути онҳо ба майнаи сар хабар ворид мешавад.
Дар хотир бояд дошт, ки сохти бадани инсонро анатомия ва фаъолияти узвҳои баданро физиологияи одам меомӯзонад.
ҚОИДАҲОИ ХУРОКХУРӢ ВА ИСТЕЪМОЛИ ОБ
Риояи бехдошти хӯрок ва қоидаҳои хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли об, ки ҳар яки мо ҳар рӯз ба он сару кор дорем, бояд аз тарафи хурду калон риоя карда шавад. Агар мо талаботи хӯрокхӯриро ба ҷо оварем, бо ҳамин пеши роҳи бемориҳоро мегирем, саломатии худро ҳифз мекунем. Саломатӣ ин хушбахтии ҳар як инсон аст.
Дар зер зумрае аз қоидаҳои хӯрокхӯрӣ ва нӯшидани об пешкаши хонандагон мегарданд:
* Пеш аз хӯрок дастҳоро бо собун бишӯед.
* Аз косаю зарфи алоҳида хӯрок бихӯред.
* Сабзавоту меваро пеш аз хӯрдан бо оби гарм тоза шустан зарур аст.
* Хӯрокро саросема нашуда ба оромӣ бихӯред.
* Вақти хӯрдани хӯрок гап задан аз рӯйи одоб нест.
* Хӯроки гуногун хӯрдан даркор, то ки организм моддаҳои заруриро бигирад.
* Нон ва шириниро камтар истеъмол кунед.
* Ғизоҳои бирён, сернамак ва талху тезро камтар бихӯред.
* Хӯрок набояд сахт гарм ва сӯзон бошад.
* Пеш аз мактаб рафтан наҳорӣ кардан шарт аст.
* Оби беҳтарин оби чашмасорон аст.
* Оби ҷӯйборҳою дарёчаҳоро танҳо ҷӯшонида истеъмол кардан лозим аст.
* Оби тозаро дар зарфҳои алоҳида ва пӯшида нигоҳ доштан лозим.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё