ФАРБЕҲШАВӢ
Сабабҳои асосии зиёдшавии вазн дар миёни баъзе хонандагон асосан ба камҳаракатӣ ва нодуруст истеъмол кардани ғизо вобаста мебошад.
Агар фарбеҳшавӣ дар синни хурди мактабӣ мушоҳида шавад, чунин хонандагон метавонанд ба бемориҳои қанд, фаромӯшхотирӣ ва ғайра дучор шаванд. Дар хонандагон одатан бемории фарбеҳшавии дараҷаи I ва II мушоҳида мегардад (15%-и вазн аз меъёр зиёд мешавад). Мушкили асосии табобати фарбеҳшавӣ дар он аст, ки падару модарон фарбеҳ будани фарзандонро нишони солимии онҳо меҳисобанд ва чунин бачаҳо сари вақт табобат намегиранд. Одатан волидони наврасони ба ин беморӣ дучоршуда бо аломатҳои зуд хасташавӣ, дарди сар, дарди дилу шикам ба духтур муроҷиат мекунанд, лекин намедонанд, ки ин аломатҳои бемории фарбеҳшавӣ аст.
Дар миёни хонандагони синни хурди мактабӣ ду омили асосии зиёдшавии вазн дида мешавад: камҳаракатӣ ва пурхӯрӣ. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар реҷаи рӯзи чунин наврасон машқҳои пагоҳирӯзӣ тамоман дида намешавад. Инчунин онҳо ба бозиҳои компютерӣ аз ҳад зиёд машғул мешаванд ва чунин хонандагон ба камҳаракатӣ одат мекунанд. Баъзе аз чунин хонандагон ҳатто вазифаҳои дарси тарбияи ҷисмониро иҷро карда наметавонанд ё дар чунин дарсҳо иштирок намекунанд. Одатан рафтору кирдори онҳо тағйир меёбад. Наврасони фарбеҳ худро нороҳат ҳис мекунанд, аз ҳамсолон дар фаъолиятҳои ҷисмонӣ қафо мемонанд. Духтарҳо нисбати писарҳо барои қаду қоматашон бисёртар азоби рӯҳӣ мекашанд. Дар ҳолатҳои бештар аз тарафи падару модарон аз меъёр зиёд хӯрок хӯрондани кӯдакону наврасон сабаби ин беморӣ мебошад.
ОДАТҲОИ БАД
Тамокукашӣ, майзадагӣ ва нашъамандӣ аз ҷумлаи одатҳои бадтарин ба ҳисоб мераванд, ки гоҳе дар байни наврасон низ ба мушоҳида мерасанд. Ин одатҳо инчунин барои одамон зарар мерасонанд.
Тамокукашӣ барои узви нафаскашӣ ва тамоми организм зарар дорад. Наврасе, ки тамоку (сигор, нос) мекашад, сабзиши ҷисми ӯ махдуд аст, зуд хаста мешавад, аз дарсҳо қафо мемонад ва зуд-зуд бемор мешавад. Чунки дар таркиби тамоку моддаи зараровар—никотин мавҷуд аст. Шахсе, ки тамоку намекашад, шушаш ранги гулобӣ дорад ва шахсе ки тамоку мекашад, ранги шушаш хокистарӣ мешавад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки баъди кашидани ҳар як сигор умри инсон 15 дақиқа кӯтоҳ мешавад ё мешудааст.
Майзадагӣ одати бад буда, ба бемориҳои меъдаю рӯда ва вайроншавии тамоми организм оварда мерасонад. Ин одати бад хусусан барои наврасон хеле зарар дорад. Ҳатто якчанд қатраи машруботи спиртӣ метавонад организмро сахт олуда созад.
Маводди нашъадор ё нашъаовар—моддаҳои махсусанд, ки организми инсонро вайрону бемор мекунанд. Бо як бору ду бор истеъмол кардани нашъа, шахс одат пайдо мекунад. Дар ӯ бемории нашъамандӣ пайдо мешавад, ки табобати он хеле вазнин ва душвор аст. Маводди нашъаовар, пеш аз ҳама, ба майнаи сари одам таъсири манфӣ расонида, онро вайрон мекунад ва оқибат ба марг оварда мерасонад. Фурӯхтани нашъа ҷиноят аст ва барои ин гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Дӯсти ҷавон! Барои солим мондан ҳаргиз тамоку накаш, арақ нанӯш ва ба нашъа даст нарасон!
Тарзи ҳаёти солим риояи мунтазами қоидаҳои ҳифзи саломатист: тозагиро риоя кун, ғизоро дуруст бихӯр, бештар ҳаракат кун ва одатҳои бадро қабул накун.
МАСЛИҲАТҲО:
САЛОМАТӢ БОИГАРИИ МОСТ
Хонандагони азиз! Мо кӯшиш кардем, ки то андозае шуморо бо мавзӯъҳои ҳифзи саломатӣ шинос кунем, чунки дар ҷаҳон барои инсон аз саломатӣ дида, чизи қиматтар нест. Вале онро ба осонӣ дарёфт кардан наметавон. Агар ҳар кас дар зиндагӣ қоидаҳои беҳдошти гигиенӣ ва санитариро риоя кунад, саломатиаш бештар ҳифз карда мешавад. Маҳз ба туфайли риояи талаботи гигиена, одамон метавонанд аз бемориҳо худро то андозае эмин нигоҳ доранд.
Саҳарии барвақт аз хоб хеста, ба варзиши бадан машғул шавед ва сару тани худро ҳатман (агар ҳаво хунук набошад) бо оби хунук бишӯед. Инчунин тавсия дода мешавад, ки ба намудҳои гуногуни варзиш, ки дар мактаб амал мекунанд, аъзо шавед. Онҳое, ки ба варзиш машғул мешаванд, рӯҳану ҷисман солиманд.
Барои он ки зуд хаста нашавед, реҷаи рӯзро риоя кунед. Дар давоми рӯз кори фикриро, албатта бо навъи кори ҷисмонӣ иваз намуда, барои истироҳат кардан вақт ҷудо кунед.
Ба тозагии хона, синфхона, либос, ашёи хониш диққату эътибор диҳед. Мутобиқи ҳаво (хунук, гарм) ва фаслҳои сол, аз ҷумла, дар хона либоси сабуки хонагӣ, барои сайру гашт, хобравӣ ва мактаб либоси алоҳидаи мувофиқи мавсим пӯшед, то ки ҳамеша худро бардаму бақувват ҳис кунед.
Бояд мазмуни малакаҳои мадании рафторро дарк кунед: оромона суҳбат ва боодобона муроҷиат кардан; барои кумак миннатдорӣ баён намудан; ба атрофиён халал нарасонидан; пеш аз ба бино (хона, мактаб) даромадан, пойҳоро тоза кардан; баъди дарстайёркунӣ китобу дафтар ва дигар асбоби хонишро ба ҷойи муайян гузоштан; салом додану хайрухуш кардан, дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба калонсолон ва духтарон ҷой додан; нисбати кӯдакони хурдсол ва беморон ғамхор будан ва ғайра.
Ғамхорӣ дар ҳаққи саломатии худ—гарави фазои хуби рӯҳии оила ва аломати тарзи ҳаёти солим аст. Тарзи ҳаёти солим—муносибати хайрхоҳона байни аъзои оила, ташкили хӯроки ғизонок, мунтазам истифода бурдани варзиши пагоҳирӯзӣ ва дуруст ташкил карда тавонистани кори манфиатнок аст.
Дӯсти ҷавон! Ту бояд доим бардаму солим бошӣ. Барои ин бадани худро обутоб бидеҳ ва ҳамаи қоидаҳои тандурустиро риоя кун.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё