Зеҳн

ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ “РӮЗИ САЛОМАТӢ”

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Бо мақсади ташаккул додани сифатҳои маънавию ҷисмонии наврасон дар мактаб “Рӯзи саломатӣ” ташкил ва гузаронида мешавад.

Омӯзгор бо кӯдакон ва волидон оид ба ташкил кардани чорабинии мазкур маслиҳати пешакӣ карда, омодагӣ мебинанд.

Дар рӯзи муайяншуда роҳбари чорабинӣ оид ба оғози “Рӯзи саломатӣ" маълумот дода, шартҳои намунавии онро эълон мекунад:

Шарти якум. “Машқҳои пагоҳирӯзӣ”. Хонандагон бо падару модарон варзиши пагоҳирӯзӣ иҷро мекунанд.

Шарти дуюм. “Чиро меомӯзем?”. Дар дарс хонандагон аз рӯйи супориш шеър мехонанд, дар бораи аҳамияти варзиш нақл мекунанд, ҳикоячаҳои тартибдодаи худро пешниҳод менамоянд.

Шарти сеюм. “Танаффуси муфид”. Падару модарон бо хонандагон ба танаффус баромада, бозиҳои серҳаракат ва тадбирҳои варзишии шавқоварро ташкил мекунанд.

Шарти чорум. “Оилаи тифоқ”. Бозии “Кӣ чолоктар?” доир мегардад. Бозӣ дар майдончаи варзиш гузаронида мешавад. Иштирокчиён ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд ва ҳар гурӯҳ капитани худро дорад. Бо ишора ё ҳуштаки баранда капитанҳо тӯбҳоро ба тарафи бозигарони худ ҳаво медиҳанд. Бозигарон бояд кӯшиш кунанд, ки бо тӯб ҳарифони худро зананд. Агар тӯб ба иштирокчие расид, гурӯҳ як хол ба даст меорад. Бозӣ танҳо 3 дақиқа давом мекунад ва кадом гурӯҳ холи зиёд ба даст оварда бошад, ғолиб ҳисобида мешавад.

Шарти панҷум. “Сайру гашт”. Чорабинии номбурда дар маргзор ё қитъаҳои наздимактабӣ идома меёбад. Дар он ҷой озмунҳои шавқовар гузаронида мешавад:

- Бо як пой хестану нишастан (кӣ бисёртар).

-Ду нафар тӯбро сахт дошта, муқобили ҳамдигар меистанд. Баъд бо садои баранда талоши аз ҳам кашида гирифтани тӯб мекунанд.

- Мусиқӣ. Ҳар як оила-иштирокчӣ аз ҳаёти мактаб ё оила рақс пешниҳод мекунанд ва ҳамаро ба хушҳолӣ даъват мекунанд.

Омӯзгор ва волидон туҳфаҳои хотиравии пешакӣ омодакардаашонро ба ҳамаи хонандагон-иштирокчиён барои фаъолияти хуб месупоранд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2