МАЪЛУМОТИ УМУМЙ ДАР БОРАИ ГИГИЕНА
Ҳар як омӯзгор бояд донад, ки гигиена (бехдошт) аз бахшҳои тиб буда, таъсири шароити зиндагӣ ва кор ба саломатии инсонро меомӯзад ва роҳҳои пешгирии бемориҳо, шароити мувофиқи зиндагӣ, нигоҳдории саломатӣ ва дарозумриро таъмин месозад. Гигиена чист? Гигиена ин одатҳои шахсии тозагиву покизагӣ—шустани дасту рӯй, бадан, пӯшидани либоси тоза, нигоҳубини нохунҳои дасту пой, мунтазам шустани мӯй ва шона кардани он, шустани дандонҳо, тоза нигоҳ доштани чашму гӯш аст. Ҳамчунин тоза нигоҳ доштани муҳити атроф (хона, мактаб, ҳавлӣ ва ғайра), истеъмоли оби тоза ва ғизои безарар шартҳои бехдошт ё гигиена мебошанд. Гигиена аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тозагӣ мебошад. Мафҳуми гигиена васеъ буда, аз намудҳои зерин иборат аст:
Тоза нигоҳ доштани ашёи шахсӣ.
Тозагии инсонҳо.
Тозагии хӯрок.
Тозагии муҳити атроф.
Тозагии замин.
Тозагии обу ҳаво.
Тозагии пӯст.
Тозагии ҷойи хоб ва ғайра.
Тозагӣ барои чӣ зарур аст? Ҳар як шахс новобаста ба синну сол, нажод, ҷинс, забон бояд ин мафҳумро, яъне “тозагӣ”-ро хуб дарк кунад, талаботи онро риоя кунад, барои тозагии умум мубориза барад. Зеро саломатии ӯ, саломатии ҷамъият ба бехдошт вобаста аст, ояндаи ҳамаи мову шумо ба ин амалҳо вобастагии калон дорад. Ҳар рӯз дар дунё ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехдошти шахсӣ, тозагии муҳити атроф, нодуруст истифода бурдани хӯрок ҳазорон-ҳазор одамон вафот мекунанд. Оқибати риоя накардани тозагӣ боиси сар задани бемориҳои сироятӣ мешавад, ки аз микробҳо пайдо мешаванд.
Риояи одитарин қоидаҳои бехдошти шахсӣ хонандагонро аз бисёр бемориҳо муҳофизат мекунад. Ин қоидаҳои одитарин: баъди ҳоҷатхона ва пеш аз хӯрок ҳатман тоза шустани дастон, гирифтан ва пок кардани нохунҳо, ҳар рӯз шустани дандон, тоза нигоҳ доштани ҷойи хоб, мунтазам шустани мӯйи сар ва шона кардани он, ҳангоми сулфа ва атса даҳону биниро бо рӯймолча пӯшидан ва ғайра мебошанд.
Малакаҳои бехдошти бачаҳо ҳанӯз аз синни томактабӣ ташаккул ёфта, дар мактаб идома меёбад. Тоза нигоҳ доштани пӯсти бадан, пок нигоҳ доштани даҳон, либос, пойафзол, хона, мактаб ва ғайра малакаҳои асосии бехдошт мебошанд, ки бояд дар рафти тарбияи кӯдак ташаккул ёбанд. Ин малакаҳо баъдтар ба одатҳои доимӣ мубаддал мешаванд: ҳамеша шустани дасту по, дандон, даҳон, тоза кардан ва шона задани мӯй ва ғайра.
Барои он ки кӯдак ин малакаҳоро хуб аз худ кунад, бояд чизҳои хусусии худро дошта бошад: собун, мисвоки дандон, хамираи дандоншӯйӣ, шона, дастрӯймолча ва ғайра. Тарбияи бехдоштии хонандагон ба муносибати бошууронаи омӯзгор ва ёрии фаъолонаи волидон вобаста аст.
РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСИ ВА ҲАДАФҲОИ ОН
Гигиенаи шахсӣ чист? Бехдошт ё гигиенаи шахсӣ—ҳамеша ва дар ҳар шароит тоза нигоҳ доштани бадани худ мебошад. Ба гигиенаи шахсӣ дохил мешавад:
шустани дастҳо;
гирифтани нохунҳо;
ҳар ҳафта шустани бадан;
тозагии дандонҳо;
тозагии сарулибос;
тозагии пӯст;
тозагии мӯйҳо;
тозагии ҷойи хоб ва ғайра.
Ҳар як шахс баъди аз хоб хестан бояд якчанд дақиқа ба тарбияи бадан ва баъдан ба шустани дандонҳо, дасту рӯй, сару гардан ва бадан машғул шавад.
Ин амалҳо пӯсти бадани инсонро аз бемориҳо муҳофизат мекунанд. Вақте ки бачагон медаванд, меҷаҳанд, гарм мешаванд, дар натиҷа дар пӯсти онҳо қатраҳои арақ пайдо мешавад. Ғайр аз ин, дар пӯст қабати тунуки равған вуҷуд дорад. Арақи бадан ва равғани пӯст хоку чангро аз ҳаво ҷабида мегиранд ва бадани инсон чиркин мешавад. Агар пӯст муддати дароз шуста нашавад, дар он чирк ҷамъ мешавад ва аз ҳисоби ин пӯст ифлосу дағал мешавад ва бадан нафас кашида наметавонад. Гоҳе дар натиҷаи ин бемориҳои пӯст: ба монанди хоришак ва ҳар гуна захмҳо пайдо мешаванд. Илова бар ин одами чиркин ва ифлос ба атрофиён нофорам аст. Барои шустушӯй об, собун, сачоқ хеле заруранд. Сачоқ бояд дар сари мех овехта шуда бошад.
Аввал дастонро бо собун ду-се бор шуста баъд бо дастони тоза рӯй, гардан ва гӯшҳоро шустан лозим аст. Баъди шустушӯй бо сачоқи тозаю хушк баданро пок кардан лозим аст.
Пеш аз хоб пойҳоро ҳатман шустан лозим аст, чунки пӯсти пой бештар арақ мекунад ва ифлосиро ба худ мегирад, ки дар натиҷаи ин метавонад бемориҳои занбӯруғӣ пайдо шавад.
Баданро агар имкон бошад, дар як рӯз як маротиба шустан лозим аст. Агар имкон набошад, дар як ҳафта ҳатман як маротиба баданро бо оби гарм ва собун шуста, либоси тоза пӯшидан зарур аст.
Мӯйҳоро хеле бодиққат бояд шуст, чунки дар қабати онҳо равған, чирк ва чангу гард бисёр ҷамъ мешавад.
Нохунҳои даст ва пой ба нигоҳубин ниёз доранд. Дар як ҳафта як бор нохунҳоро паст кардан зарур аст, чунки дар таги онҳо чирк ҷамъ мешавад ва онро тоза кардан мушкил аст. Нохунҳои чиркин хоси одамони нопок, ифлос ва бесомон мебошад. Ҳеҷ гоҳ нохунҳоро хоидан мумкин нест.
Хусусан, ба тозагии даст эътибор додан зарур аст, чунки дастони мо амалҳои зиёдро иҷро мекунанд. Бо воситаи онҳо мо бо дигар одамон салом мекунем, хӯрок мепазем, хӯрок мехӯрем ва умуман ҳама корҳоро бо воситаи даст иҷро мекунем, бинобар ин тоза нигоҳ доштани онҳо барои худи мо ва дигарон хеле муҳим аст.
Тоза нигоҳ доштани дандонҳо масъалаи хеле муҳим буда, саломатии мо ба онҳо вобаста аст. Солимии дандонҳо ба кайфият, қиёфа ва рафтори инсон таъсир мерасонад. Дандонҳои носолим ва пӯсида ҳам барои худи шахс ва ҳам барои дигарон нофорам аст.
Истифодаи рӯймолча ҳангоми сулфа кардан ва атса задан зарур буда, наврасон бояд донанд, ки ҳангоми сулфа кардан ва ё атса задан аз ҳалқ микробҳои зиёд ҷудо мешаванд, ки онҳо барои дигарон хатар доранд.
Тозагии шахсӣ масъалаҳои тозагии зиндагиро низ дар бар мегирад. Дар дараҷаи аввал тоза нигоҳ доштани ҳавои ҷойи зист, тозагии кӯрпаву болин, ташкил кардани шароити муътадил барои хоб ва дамгирӣ хеле муҳим аст. Ҷойпӯшҳоро бояд дар як ҳафта як бор иваз кард.
Ба тозагии либос бояд ҳар рӯз аҳамият дод, чунки либоси тозаю озод на танҳо ба худи шахс фараҳ мебахшад, балки ба дигарон низ хуш меояд. Хусусан, тоза нигоҳ доштани пойафзол хеле муҳим аст.
Ба тозагии хӯрок низ саломатии шумо ва аҳли оилаи шумо вобаста аст. Пас аз хӯрдани хӯрок дегу табақро фавран шустан ва барои хушкшавӣ ба баландӣ гузоштан, хӯроки шабмондаи гандашударо истеъмол накардан, меваю сабзавотро пеш аз истеъмол бо оби тоза ду-се бор шустан, ғизоро ҳамеша дар зарфи сарпӯшдор нигоҳ доштан барои саломатӣ хеле муҳим аст.
Омӯзгор, калонсолон бояд ба омилҳои асосие, ки ба саломатии бача таъсир мерасонад ва роҳҳое, ки барои муҳофизати саломатӣ мусоидат мекунанд, эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Хонандаи азиз, дар синфи 3 дар бораи талаботи бехдошти шахсӣ тасаввурот пайдо карда будӣ, акнун дар синфи 4 бо ин қоидаҳо чуқуртар ошно мешавӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё