БЕҲДОШТИ ҒИЗО. ҒИЗОИ БЕМИКРОБ
Агар ғизо пастсифат бошад, ба дараҷаи зарурӣ коркард нашуда бошад, ба организми инсон метавонад микробҳои бемориовар ворид кунад. Дар натиҷа одам ба бемориҳои рӯдаю меъда, аз қабили дарунравӣ, вабо, домана ва ғайра дучор мешавад. Сабаби асосии ба бемории дарунравӣ гирифтор шудан бештар кирми меъда мебошад. Тухми кирми меъда дар вақти даромадан ба ҳоҷатхона, расидан ба пашми ҳайвонот ва хокбозӣ дар дастҳо боқӣ мемонад. Бинобар ин, баъд аз баромадан аз ҳоҷатхона ва пеш аз хӯрокхӯрӣ шустани дастон бо собун ҳатмӣ мебошад. Бояд нохунҳо ҳамеша паст карда шаванд, чунки дар зери онҳо аксар вақт тухми кирми меъда боқӣ мемонад ва ҳангоми хӯрдани хӯрок онҳо ба организми инсон ворид мешаванд, ки бемории дарунравӣ ва дарди шикамро ба вуҷуд меоранд. Ин бемориро аксар вақт бемории «дастони ифлос» меноманд.
Роҳи дигари сироят ёфтани ғизо аз микробҳо ин пашаҳо мебошанд. Азбаски пашаҳо дар ифлосӣ ва хусусан дар наҷосат меафзоянд, ҳамчун воситаи сироятёбӣ ба беморӣ дониста шудаанд. Пашшаҳо дар рӯйи ифлосиҳо ва наҷосат медаванд ва баъд дар рӯйи хӯрок менишинанд, дар натиҷа одам сироят меёбад. Бинобар ин, барои аз пашаҳо дур нигоҳ доштани ғизо рӯйи онро пӯшондан ҳатман зарур аст. Пӯшондани рӯйи ғизо онро аз сироят шуданаш ба воситаи дигар ҳашарот, ба монанди нонхӯракҳо, калламушҳо низ кӯмак мерасонад.
Хӯроки нимпухта ва ё шабмонда метавонад хатарнок бошад, чунки дар таркибаш микробҳо пайдо мешаванд. Маводди хоми хӯрокворӣ бояд тоза шуста шавад. Хӯроки пухташуда бояд бо зудӣ истеъмол карда шавад ё пурра аз нав гарм карда шуда, баъд истеъмол карда шавад.
Агар ғизои пухташуда барои вақти дигар нигоҳ дошта шавад, рӯйи онро сарпӯш карда, аз паша ва ҳашарот эҳтиёт карда шуда, пеш аз истеъмол аз нав бояд гарм карда шавад. Хӯрок бояд дар зарфҳои сарпӯшдор нигоҳ дошта шавад. Ошхона ва ё макони омодасозии ғизо пайваста тоза карда шавад, то ки нонхӯракҳо. пашаҳо ва калламушҳо афзоиш наёбанд.
Кордҳо, тахтачаҳо ва рӯйи мизҳое, ки дар он ҷо маводди хӯрока тайёр карда мешавад бояд баъд аз тайёр кардани маводди хоми хӯрока тоза карда шаванд. Тахтачаҳои гӯштмайдакунӣ бояд алоҳида истифода бурда шаванд.
Меваҷот ва сабзавот бояд аз пӯст тоза ҷудо карда шаванд ё бо оби тоза покиза шуста шаванд.
Пеш аз пухтани хӯрок ва хӯрдани он дастҳоро тоза бо собун шустан шарту зарур аст.
ҲИКОЯТ:
САЛОМАТИИ ШУМО ДАР ДАСТИ ХУДИ ШУМОСТ
Раҳим ва Салим ду бародаранд. Яке дар синфи 2, дигаре дар синфи 4 таҳсил мекунанд. Рӯзе ҳангоми аз мактаб баргаштан дар сари роҳашон сагчаи дайду баромад. Сагча чунон шикоятомез нолиш мекард, ки раҳми бачаҳо омад ва онро ба хонаашон оварданд. Дар хона бачаҳо шиками сагро сер карданд ва бо вай бозӣ карданд: онро рӯйи даст мебардоштанд, дар рӯйи ҳавлӣ бо вай медавиданд, навозиш мекарданд.
Бозии аз ҳад зиёд бачаҳоро гурусна кард. Салим ба ошхона даромада, бо дастони ифлос бурдаи нонро гирифт ва машғули хӯрдан шуд. Раҳим инро диду гуфт «Исто! Охир мо бо сагча рӯйи ҳавлӣ бозӣ кардем. Бо дастони ифлос хӯрдан мумкин нест!» Вале Салим ба ӯ гӯш накард ва хӯрданро давом дод. Раҳим дастонашро
бо собун шуст ва баъд ба сари миз нишаст. Бегоҳирӯзӣ ҳарорати Салим баланд шуд ва шикамаш ба дард даромад. Маҷбур шуданд, ки ӯро ба беморхона баранд. Дуруст мегӯянд, ки «Саломатии ту дар дасти худи туст!». Шеърро аз ёд кунед:
МАНЗИЛИ ҒИЗО
Манзиле, ки нопок аст,
Ба одам хатарнок аст.
Манзиле, ки озода,
Худо баракат дода.
Ғизо хӯрӣ покиза,
Бо дастҳои тоза.
Бе дарду гам бигардӣ,
Шоду хуррам бигардӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё