Зеҳн

Афсона барои кӯдакон

КИ
Китобдор11 октябри 2024 · 2 дақиқа хондан

БИБӢ, АСРОР, АФСОНА

Бибӣ афсонаи бисёр медонад.

Вай шабҳо барои Асрор афсона мегўяд.

Асрор афсона шунида хоб меравад. Асрор китоби бисёр дорад.

Вай ҳар рўз барои бибӣ китоб мехонад. Бибӣ ба хондани ў гўш медиҳад. Бибиро ҳам хоб мебарад.

МЎРЧА ВА ДОНА

Мўрчае дона ёфт.

Мўрча донаро бурдан хост. Дона вазнин буд.

Мўрча нисфи донаро хўрд. Дона хеле сабук шуд. Мўрча донаро бурд.

КИТОБЧАХОНӢ

Сино аз мактаб китобча овард. Китобчаи афсона. Китобчаи суратдор. – Аввал ман мехонам, – гуфт Наргис.

– Не, аввал ман мехонам, – гуфт Далер. Сино китобчаро ба Наргис надод. Сино китобчаро ба Далер ҳам надод.

– Китобчаро баробар мехонем, – гуфт вай.

– Чӣ хел? – ҳайрон шуданд бачаҳо. – Ман мехонам, шумо гўш диҳед. Баъд Сино афсона хонд.

Наргису Далер гўш карданд.

Ҳамин тавр як китобчаро се кас баробар хонд.

ПУРСИДАН

Ду бача дар кўча баҳс карданд. Яке гуфт:

– Шимол ин тараф аст, Дигар гуфт:

– Не, ин тараф аст.

Баҳс тўл кашид.

Марде дар курсӣ нишаста буд. Вай аз моҷаро огоҳ шуда гуфт:

– Баҳс накунед. Ин кори осон аст?

– Чӣ хел осон?

– Аз дигарон пурсед, – маслиҳат дод мард.

ОББОЗИИ МУРҒ

Мурғе хокбозӣ кард.

Вай бо панҷааш хокро пош дод.

Хокро ба зери парҳояш пош дод. Хокро ба зери болаш пош дод.

Аммо мурғ хокбозӣ накард.

Мурғ оббозӣ кард.

Аз бадани мурғ кайку мўрча ва канаҳо фирор карданд.

ШАМОЛАК

Наргис дар рўйи ҳавлӣ хазон мерўфт. Ногоҳ шамолак вазид.

Хазон дубора рехт.

Наргис қаҳр карду дар гўшае нишаст. Аммо шамолак қаҳр накард. Шамолак хазон афшонд.

Шамолак хазон рўфт.

Хазонро дар зери девор ҷамъ кард. Наргис хурсанд шуд.

Хазонро дар халта гирифт ва ба партовгоҳ бурд.

КИРМАК

Чаҳор чўҷа кирмаки лойхўрак диданд. Яке гуфт:

– Кирмакро ман мехўрам!

Чўҷаи дуюм гуфт:

– Кирмакро ман мехўрам! Чўҷаи сеюм гуфт:

– Кирмакро ман мехўрам! Чўҷаи чорум гуфт:

– Кирмакро ман мехўрам!

Кирмак ба замин даромад, пинҳон шуд.

Аммо чўҷаҳо ҳанўз баҳс мекунанд.

ХУРСАНДӢ

Анвар китобча мехонд.

Саъдӣ телвизор тамошо мекард.

Акрам расм мекашид.

Аз берун садои во шудани дарвоза ба гўш расид. Бачаҳо саросема ба тарафи тиреза давиданд.

Анвар шодона гуфт:

– Модарҷонам банан оварданд! Саъдӣ низ хурсанд шуд.

– Китобчаи суратдор оварданд! Акрам давида рафту дари хонаро кушод. Дар забони вай фақат як гап буд: – Модарҷонам омаданд!..

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба