ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ВАРАҶА
Вараҷа ба гурӯҳи бемориҳои сирояткунанда мансуб буда, барангезандаи он нешзании хомӯшакҳои вараҷаовар мебошанд. Ҳангоми ба бемории вараҷа гирифтор шудан, аломатҳои табларзаи даврӣ, камхунӣ, калоншавии ҷигару испурч ба назар мерасад.
Дар айни замон дар дунё 500 намуди хомӯшакҳо мавҷуданд, ки 100 намудашон паҳнкунандаи асосии бемории вараҷа мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 намуди хомӯшакҳои вараҷаовар ба қайд гирифта шуда, се намуди он паҳнкунандаи асосии бемории вараҷа ба ҳисоб мераванд. Хомӯшакҳои вараҷаовар одатан дар обҳои нимгарми тозаи ором ва рустанидор тухм мегузоранд. Инчунин обҳои лаби дарё, заҳбурҳо, ҷӯйборҳо, майдонҳои шолӣ, ҳавзҳои на он қадар калони сунъӣ, ки дар хоҷагиҳо истифода мебаранд, (ҳавзҳо, кӯлмакҳо), баъзан зарфҳои калон барои нигоҳ доштани об ва ҷойҳое, ки дар он ҷо об ҷамъ мешавад (чоҳҳо, чуқуриҳо, ҷӯйчаҳо) ҷойҳои тухмгузории хомӯшакҳои вараҷаовар буда метавонанд.
Роҳҳои пешгирӣ аз бемории вараҷа инҳоянд:
- нест кардани обанборҳои нодаркор;
- сохтани заҳбурҳо ва дар ҳолати хубу тоза нигоҳ доштани онҳо;
- дар ҳолати хуб нигоҳ доштани системаҳои обёрикунӣ, тоза кардани каналҳо ва ҳавзҳо аз рустаниҳо;
- ҳамворкунии соҳилҳо ва мунтазам тоза кардани соҳили обанборҳо аз рустаниҳои обӣ ва дигар рустаниҳо;
- риояи реҷаи истифодаи заминҳои шолӣ ва реҷаи обёрии онҳо;
- ба роҳ мондани истифодаи қубурҳои обгузар.
Хдмчунин барои ҳимоя кардан аз ҳамлаи хомӯшакҳо кашидани пардаи тӯрӣ дар тирезаҳо, истифодаи пашахонаҳо дар рӯйи ҳавлӣ ва дар вақти сафар тавсия дода мешавад. Аммо бояд дар назар дошт, ки пашахонаҳои тӯрӣ ё аз дока дӯхташуда нағз овезон нашуда бошад, ё ягон сӯрохӣ дошта бошад ва ё як қисми бадани одами дар вақти хоб рафтан ба пашахона ҷафс бошад, онҳо метавонанд аз болои тур неш зананд ва одамро сироят кунанд. Истифодаи пашахонаҳои заҳролудшуда низ одамро аз хомӯшакҳо хуб муҳофизат мекунанд.
Дар вақти сафар кардан ба минтақаҳои эндемикӣ ва сайру саёҳат дар минтақаҳое, ки миқдори зиёди интиқоли бемории вараҷа мавҷуд аст, пӯшидани либосҳои остиндарозу шалворҳои дароз хусусан дар вақти шом ва шабона тавсия дода мешавад. Бояд қайд кард, ки хомӯшакҳо бештар ба пойҳо неш мезананд, чунки пойҳо нисбат ба дастҳо камҳассосанд ва нешзании хомӯшакҳо кам ҳис карда мешавад.
Хулоса, мубориза бар зидди бемории вараҷа ва пепи ирии он вазифаи на танҳо коркунони тиб, балки вазифаи дастаҷамъии аҳолӣ ва ҳар як шаҳрванд аст.
БЕМОРИИ ДОМАНА ВА ПЕШГИРИИ ОН
Домана бемории хавфноки сирояткунанда буда, хоси фақат инсон аст. Паҳнкунандаи ин беморӣ микроби салмонелла буда, ба муҳити атроф тавассути пешоб ва ахлоти беморон ё шахсони пеш ба ин беморӣ гирифторшуда, вале то ҳол дар вуҷуди худ чунин микробдошта паҳн мегардад. Нишонаҳои аввалини ин беморӣ бемадорӣ, дарди сар, басташавии иштиҳо, таби баланд мебошад.
Роҳҳои сироятёбии инсон ба ин беморӣ инҳо мебошанд:
Агар шахс пас аз қазои ҳоҷат дастҳояшро бо собун нашӯяд ва бо дастони ифлос ба ашёи рӯзгор, маводди хӯрока расад, ба ин беморӣ гирифтор мешавад ва дигаронро низ сироят мекунад.
Пашаҳо низ паҳнкунандаи бемории домана мебошанд.
Тавассути обҳои ифлос низ ин беморӣ паҳн мешавад. Хусусан, агар дар назди манбаи об ифлосиҳо, ҳоҷатхонаҳо, ахлотҷойҳо, мағзоба бошад ва ин оби ифлос дар шустушӯи сару либос, зарфҳои хӯрокхӯрӣ ва дигар корҳо истифода бурда шавад, боиси паҳн шудани бемории домана дар байни аҳолӣ мешавад.
Нӯшидани оби ҷӯйбору канал, оби наҷӯшонда, куҳнашуда зарар дорад ва ба ин беморӣ гирифтор мекунад.
Бинобар ин, бояд ҳар як хонанда дар зарфҳои полиэтиленӣ оби ҷӯшонидашударо хунук карда, барои нӯшидан ба мактаб барад ё дар мактаб хонандагон бо оби нӯшокии тоза таъмин карда шаванд.
Дар хона низ бояд ҳамеша барои нӯшидан оби тозаи ҷӯшонидашуда бошад ва онро мунтазам иваз кардан шарт аст. Ҳамеша пас аз қазои ҳоҷат ва пеш аз истеъмоли хӯрок дастонро бо собун бояд шуст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё