БАРТАРАФСОЗИИ ЭҲСОСОТИ АЗ ҲАД ЗИЁД (СТРЕСС)
Барои донистани сарчашмаи эҳсосоти зиёд ё стресс бояд дар бораи даврони кӯдакӣ ва инкишофи ӯ, ҳолатҳои гуногуни рӯҳӣ дар рафтори кӯдак ва ба эътидол овардани рафтору гуфтори бачагони хурдсол маълумот дошта бошем.
Донистан ва омӯхтани чунин маълумот тафаккури баланди психологӣ талаб мекунад, бояд муносибат ба ҳар кӯдакро вобаста ба психологияи ӯ дарк кард.
Махсусан, дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки норасоии йод дар ҳамаи минтақаҳо эҳсос шуда, дар организми кӯдакон аз ҳама бештар таъсири худро мегузорад, зарур аст, ки калонсолон дар муомила ва рафтору муносибат бо насли наврас эҳтиёткор бошанд. Норасоии йод ба инкишофи хуби мағзи сар халал расонида, боиси заифии рушди тафаккур ва ҳатто ноқисулақлии бачагон шуда метавонад. Норасоии йод қобилияти фикриро 10-15% кам карда, биноӣ ва шунавоии насли наврасро метавонад халалдор намояд. Бинобар ин, дар шароити Тоҷикистон бештар истеъмол кардани намаки йоддор тавсия дода мешавад. Олимон тасдиқ кардаанд, ки сабаби асабонияти кӯдакон аз як тараф дигар омилҳо бошанд, аз тарафи дигар нарасидани йод дар организми онҳо мебошад.
Нишонаҳои ҳаяҷони аз ҳад зиёд:
- шикамро сардӣ фаро мегирад;
- нафаскашӣ шиддат мегирад;
- дил аз қафаси сина берун меҷаҳад;
- дар овоз, даст ва зонуҳо ларза пайдо мешавад;
- мушакҳо таранг мешаванд;
- мадори пойҳо хушк мешавад;
- дар ҳалқ хушкӣ пайдо мешавад;
- бозуҳо арақ мекунанд.
Психологияи кӯдакону наврасон басо нозук буда, ҳар як амали бади калонсолон метавонад ба ҳаёти онҳо таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, калонсолон дар муомила бо наврасон бояд тавассути мушоҳида аз рафтор ва гуфтори худи ӯ муносибат кунанд, психологияи ӯро фаҳмида, бо назардошти он муомила кунанд. Маҳз дар ҳамин давра нодурустии рафтори калонсолон метавонад ба дарсгурезии хонанда, дағалрафтории ӯ, бепарвоияш нисбат ба дарсу атрофиён оварда расонад. Дар ҳамин давра наврасон, ки басо ҳассосанд, ба ҳар як амали хурд ва ночиз диққат дода, ба он пайравӣ мекунанд. Маҳз дар ҳамин давра амалҳои бад ва хуб дар онҳо инкишоф меёбад. Бо назардошти хусусиятҳои гуногуни тарбияи онҳо, дар оилаашон бо онҳо рафтори нек ва муомилаи инсонвор намудан шарт ва зарур аст.
Роҳҳои бартараф кардани ҳаяҷон:
- тулӯи офтобро мушоҳида кунед;
- суруд бихонед;
- мусиқӣ гӯш кунед;
- як пиёла чой бинӯшед;
- саҳарӣ барвақт бихезед;
- гул шинонед;
- оббозӣ кунед;
- сайру гашт бикунед;
- нафаси озод бикашед;
- хушгӯйӣ бикунед;
- ҳамсуҳбат бишавед;
- баланд хандед;
- латифа бигӯед, ё шунавед;
- табассум кунед ва ғайра
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё