СИТОРАҲО - ОФТОБ
Ситораҳое, ки мо шабона дар осмон мебинем, кураҳои азими тафсони газ мебошанд. Онҳо ба назари мо монанди нуқтаҳои равшан менамоянд, чунки аз Замин хеле дур ҷойгиранд. Агар мушаки навтарини ҳозиразамонро ба сӯйи ситораҳо сар диҳем, вай баъди чандин ҳазор сол ба ситораи наздиктарин рафта мерасад. Офтоб низ ситора аст.
Ситораҳо ҳаҷман гуногунанд. Баъзе ситораҳо аз Офтоб чандин маротиба калон, як қисми онҳо баробари Офтоб ва дигарашон хурд мебошанд. Ҳарорати ситораҳо низ як хел нест. Баъзе аз онҳо ниҳоят гарм буда, ҳарораташон ба миллионҳо дараҷа мерасад, ситораҳои дигар гармии миёна доранд. Ситораҳое низ ҳастанд, ки он қадар гармии зиёд надоранд. Офтоб аз рӯйи ҳаҷм ва гармӣ ба гурӯҳи ситораҳои миёна дохил мешавад. Одамон аз замонҳои қадим ба осмони ситоразор назар карда, пай бурдаанд, ки ситораҳо дар фазо гурӯҳ-гурӯҳ ҷойгир шуда, ҳар гуна шаклҳоро ташкил медиҳанд. Ин гуна ҷамъшавии гурӯҳи ситораҳоро бурҷ меноманд. Ба бурҷҳо номҳои гуногун додаанд. Масалан, Дубби Акбар (Хирси калон), Дубби Асғар (Хирси хурд), Ҷаббор ва ғайра.
Осмони ситоразор барои муайян кардани фарорасии фаслҳои сол, ҳисоби вақт, роҳгум назадан ҳангоми сафарҳои дур ба одамон ёрӣ мерасонад.
Офтоб ситораи аз ҳама наздиктарини Замин мебошад. Чун дигар ситораҳо Офтоб ҳам тафсон аст ва аз худ нур мепошад. Масофаи байни Замину Офтоб қариб 150 миллион километрро ташкил медиҳад. Қутр (диаметр)-и Офтоб аз қутри Замин 109 маротиба калон аст. Ҳарорат (гармӣ)-и сатҳи Офтоб +6000 дараҷа буда, ҳарорати дохилаш бошад, ба +15 миллион дараҷа мерасад.
Моддаи тафсон аз худ нурмеафканад, яъне равшанӣ медиҳад. Равшанӣ бо суръати 300 ҳазор км дар як сония паҳн мешавад. Бо ҳамин суръат рӯшноӣ аз Офтоб то Замин дар муддати зиёда аз 8 дақиқа меояд. Нури Офтоб аз рӯйи хатти рост паҳн мешавад. Ростхатта будани нурро сояи ашё исбот мекунад.
АҶИБ АСТ! Рӯзона барои он мо ситораҳоро намебинем, ки равшании Офтоб ҳалал мерасонад. Яке аз ситораҳои калонтарине, ки одамон медонанд, ситораи Бетелгейзе ном дорад. Ин ситора аз Офтоб 850 маротиба калонтар аст.
Олимон чунин мешуморанд, ки дар осмон 6 ҳазор ситораро бо чашми одӣ дидан мумкин аст. Ҳоло дар осмони ситоразор 88 бурҷро ҷудо мекунанд.
Агар паҳншавии нур ростхата намебуд, вай ашёро давр зада мегузашт ва ягон хел соя пайдо намешуд.
Аз Офтоб ба ҳама тараф равшанӣ ва гармии зиёд паҳн мешавад. Қисми ночизи гармии Офтоб ба Замин омада мерасад. Ҳамин миқдори ками гармӣ ва равшании Офтоб барои ҳаёти рӯйи Замин кифоя аст. Агар Офтоб намебуд чӣ ҳодиса рӯй медод? Бе Офтоб Замин ба торикии зулмот табдил меёфт, Моҳ ва дигар сайёраҳо хомӯш мешуданд.
Танҳо аз дур ситораҳо менамуданду халос, рустаниҳои сабз нобуд мегаштанд, ҳайвонот чизи хӯрданӣ намеёфтанд. Мавҷудоти зинда аз хунукӣ нобуд мешуданд ва сайёраи мо – Замин бо қабати ғафси яхӣ пӯшида шуда, ба сайёраи беҳаёт табдил меёфт. Хушбахтона, захираи гармии Офтоб ниҳоят зиёд аст ва он солҳои наздик тамом намешавад. Чунон ки зикр кардем, қисми ками он ба Замин омада мерасад. Вале ҳамин миқдор гармӣ барои ҳамаи ҳодисаҳои табиии Замин, аз қабили гардиши об дар табиат, ҳаракати ҳаво, пайдоиши бод ва мавҷудияти организмҳои зинда басанда аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё