САЙЁРАҲО
Ғайр аз Замин дар атрофи Офтоб боз 8 ҷирми калони курамонанд бо мадори худ ҳаракат мекунанд. Мадор роҳест, ки ҷирмҳо бо он дар атрофи Офтоб давр мезананд. Ҳар як ҷирм дар атрофи меҳвари худ низ давр мезанад. Баъзеи ин ҷирмҳо аз Замин калонтар ва баъзеашон хурдтар мебошанд. Ҳамаи онҳо аз Офтоб хеле хурданд ва равшанӣ надоранд. Ин ҷирмҳо сайёра номида мешаванд. Замин ҳам сайёра аст.
Сайёраҳоро дар осмон фақат ҳангоми ба онҳо афтидани нури Офтоб дидан мумкин аст. Баъзе сайёраҳо ҳамсафар доранд. Ҳамсафарҳо дар атрофи сайёраҳо давр мезананд.
Сайёраҳо нисбат ба Офтоб дар масофаҳои гуногун ҷойгир шудаанд. Ҳар қадар сайёра ба Офтоб наздик бошад, ҳамон қадар дар атрофи он роҳи кӯтоҳро тай менамояд. Баробари аз Офтоб дур шудан, роҳи ҳаракати сайёра дар атрофи Офтоб низ дароз мешавад.
Сайёраи ба Офтоб наздиктарин Аторуд аст. Ин сайёра аз Замин хурд мебошад. Аз сабаби ба Офтоб наздик буданаш сатҳи ин сайёра то +400 дараҷа гарм мешавад.
Зуҳра сайёраи дуюм нисбат ба Офтоб мебошад. Зуҳра ҳам аз Замин каме хурд аст. Зуҳра атмосфераи зич дорад ва гармиро нигоҳ медорад. Бинобар ин ҳарорати Зуҳра аз ҳарорати Аторуд гармтар буда, то ба +500 дараҷа мерасад.
Сайёраи сеюм Замин аст, ки мо дар рӯйи он зиндагӣ карда истодаем. Сайёраи моро атмосфера пӯшонидааст. Фарқи Замин аз дигар сайёраҳо дар он аст, ки қисми зиёди сатҳи онро об пӯшонидааст ва дар Замин ҳаёт вуҷуд дорад.
Аз Офтоб дуртар боз сайёраи Миррих ҷойгир шудааст. Ин сайёра аз Замин ду маротиба хурдтар аст. Ҳарорати сатҳи Миррих ба ҳисоби миёна –70 дараҷа хунук мебошад. Олимон ивазшавии фаслҳои солро дар ин сайёра мушоҳида кардаанд. Баъд аз Миррих сайёраҳои азим – Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун дар атрофи Офтоб давр мезананд. Ин сайёраҳо аз Замин ва дигар сайёраҳои дар боло зикргардида якчанд маротиба калонтаранд. Онҳо аз газҳо иборатанд ва сатҳашон сахт нест.
Плутон нисбат ба Офтоб ҷирми аз ҳама дуртарин ва хурдтарин аст, ки дар атрофи он давр мезанад. То солҳои наздик (то соли 2006) Плутонро ҳамчун сайёра ҳисоб мекарданд. Ҳоло бошад онро ба қатори сайёраҳо дохил намекунанд. Плутон нисбат ба Замин аз Офтоб 40 маротиба дуртар ҷойгир шудааст.
Ҳамаи сайёраҳое, ки дар атрофи Офтоб давр мезананд, якҷоя бо Офтоб Системаи офтобӣ номида мешаванд.
АҶИБ АСТ!
Муштарӣ дар байни сайёраҳои Системаи офтобӣ аз ҳама калон аст. Вазни он аз вазни Замин 318 маротиба зиёдтар мебошад.
Аз сайёраҳои мавҷуда ғайр аз Аторуд ва Зуҳра дигар ҳамаашон ҳамсафар доранд. Сайёраи Зуҳал аз ҳама зиёд ҳамсафар дорад. Ғайр аз ҳамсафарҳо Зуҳал ҳалқае дорад, ки аз ҳамсафарҳои хурд ва чангу гард иборат аст. Ҳалқа дар қисми мобайни сайёра ҷойгир шуда, ба сатҳи он намерасад (расми 6).
Сайёраҳои Аторуд, Зуҳра, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал аз замонҳои қадим маълум буданд. Дигар сайёраҳоро аз Замин танҳо ба воситаи асбобҳои махсус дидан мумкин аст. Бинобар ин онҳоро дертар кашф намуданд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё