Зеҳн

ҲАРАКАТИ ЗАМИН ДАР АТРОФИ МЕҲВАРИ ХУД

БА
Барномасоз4 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Меҳвар тирест, ки дар атрофи он ҷисм ё ашё давр мезанад. Шумо меҳварро дар чархи ароба, мошин, дучарха ва дигар ашёи даврзананда дида метавонед.

Замин ҳам меҳвар дорад ва дар атрофи меҳвари худ давр мезанад. Меҳвари Замин тири хаёлиест, ки аз мобайни он гузашта, аз ду нуқта ба сатҳи Замин мебарояд. Нуқтаҳое, ки аз онҳо тири меҳвари хаёлӣ ба рӯйи Замин мебароянд, қутб номида мешаванд. Яке аз ин қутбҳо, Қутби Шимол ва дигар Қутби Ҷануб аст. Дар глобус ба ҷойи меҳвари хаёлӣ тири ҳақиқии оҳанин сохта шудааст.

Чаро мо даврзании Заминро ҳис намекунем? Сабаб дар он аст, ки сайёраи Замин хеле бузург аст ва даврзании он ба таври мавзун ва барои мо номаълум ба амал меояд. Аз ин хотир, моонро пай намебарем. Ҳангоми даврзании Замин ҳамроҳи мо тамоми ҷисмҳои рӯйи Замин, ба монанди уқёнусу баҳрҳо, кӯҳҳо, ҷангалҳо, шаҳрҳо ва ҳатто ҳавои атроф давр мезананд.

Одамон дар муддати асрҳои зиёд фикр мекарданд, ки Замин, Моҳ ва ситораҳо дар осмон аз Шарқ ба Ғарб ҳаракат мекунанд. Мо мегӯем, ки Офтоб аз Шарқ мебарояд ва ба Ғарб фурӯ меравад. Дар асл Замин аз самти Ғарб ба Шарқ давр мезанад. Ҳангоми даврзанӣ нурҳои Офтоб гоҳ як тараф ва гоҳ тарафи дигари Заминро равшан мекунанд. Дар он тарафи Замин, ки Офтоб равшанӣ мекунад – рӯз ва дар тарафи муқобил (торик)-и он шаб фаро мерасад. Яъне ҳангоми дар атрофи меҳвари худ давр задани Замин ҳодисаи ивазшавии шабу рӯз ба амал меояд.

Агар ба Замин аз боло ба самти Қутби Шимол нигоҳ кунем, ҳаракати Замин дар атрофи меҳвари худ ба муқобили ақрабаки соат аст.

Кураи Замин дар гирди меҳвари худ дар 24 соат як даври пурра мезанад, ки инро шабонарӯз меноманд. Тақсимоти вақт байни шаб ва рӯз, шартан 12 соат муайян шудааст. Аммо дар фаслҳои гуногуни сол давомнокии рӯз ва шаб тағйир меёбад. Масалан, дар фасли тобистон рӯзҳо дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Ба ин масъала дар мавзӯи оянда пурратар шинос мешавед.

ҲАРАКАТИ ЗАМИН ДАР АТРОФИ ОФТОБ

Баробари дар атрофи меҳвари худ давр задан Замин ҳамроҳи сайёраҳои дигар дар атрофи Офтоб низ ҳаракат мекунад. Роҳеро, ки бо он Замин дар атрофи Офтоб ҳаракат мекунад, мадори Замин меноманд.

Тири меҳвари Замин амудӣ набуда, балки андак моил аст. Агар ба расми зер аҳамият диҳед, дар он тарзи нодуруст ва дурусти ҷойгиршавии тири меҳвари Замин нишон дода шудааст.

Мойилии тири меҳвари Замин ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад. Дар фазо ҳама вақт нӯги шимолии тири меҳвари Замин ба самти Ситораи қутбӣ нигарон аст. Аз ин рӯ, одамон дар ҳама фасли сол самти Шимолро аз рӯйи Ситораи қутбӣ муайян карда метавонанд.

Бо ёрии асбоби теллурий мебинем, ки ҳангоми дар атрофи Офтоб давр задани Замин Нимкураҳои шимолию ҷанубии он чӣ тавр равшан мешаванд (расми 16). Мушо– ҳида кардан мумкин аст, ки мойилии тири меҳвари Замин чӣ аҳамият дорад. Вақте ки Замин дар атрофи Офтоб давр мезанад, гоҳ бо Нимкураи шимолӣ, гоҳ бо Нимкураи ҷанубӣ ва гоҳ бо экватораш ба Офтоб нигарон мешавад. Мо сокинони Нимкураи шимолии Замин мебошем. Ҳангоме ки Замин бо Нимкураи шимолиаш ба Офтоб нигарон мешавад (22-юми июн), дар мо фасли тобистон аст. Ин вақт дар Нимкураи ҷанубӣ фасли зимистон мебошад.

Баъди он ки моҳҳои тобистон ба охир мерасанд, Замин аз рӯйи мадори худ ҳаракат карда, ба тарафи муқобил мегузарад. Дар ин вақт ба Нимкураи шимолӣ равшании Офтоб кам мерасад (22-юми декабр) ва дар мо фасли зимистон оғоз мешавад. Дар Нимкураи ҷанубӣ ин вақт фасли тобистон фаро мерасад. Ҳангоме ки Замин бо экватор ба Офтоб нигарон мешавад (21-уми март ва 22-юми сентябр), ин вақт дар рӯйи Замин фасли баҳор ё тирамоҳ аст. Яъне фаслҳои тирамоҳ ва баҳор фаслҳои гузариш аз фасли гарм ба хунук ва аз хунук ба гарм мебошанд. Ин боиси дар рӯйи Замин иваз шудани чор фасли сол – баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон мегардад.

Замин дар атрофи Офтоб ба муқобили ақрабаки соат давр зада, онро дар муддати 365 рӯзу 6 соат тай мекунад. Мо ин муддатро сол меномем. Барои осон шудани кор се солро 365рӯзӣ ва соли чорумро 366 рӯз ҳисоб мекунанд. Чунин солро соли кабиса меноманд. Дар ин сол моҳи феврал 28 рӯз не, балки 29 рӯзро ташкил медиҳад. Бинобар ин баъди ҳар чор сол дар тақвим (календар) моҳи февралро 29 рӯз нишон медиҳанд.

Ҳамин тариқ, иваз шудани фаслҳои сол дар рӯйи Замин ба ду сабаб вобаста аст: якум, дар атрофи Офтоб давр задани Замин; дуюм, мойил будани тири меҳвари Замин.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2