Зеҳн

ҲАРАКАТИ ДИГАР ҶИРМҲОИ ОСМОНӢ ДАР АТРОФИ ОФТОБ

БА
Барномасоз4 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Ғайр аз сайёраҳои калон боз бисёр ҷирмҳои дигари осмонӣ дар атрофи Офтоб ҳаракат мекунанд, ки равшанӣ надоранд. Ҳаҷман ин ҷирмҳо нисбат ба сайёраҳо хеле хурданд. Қутри онҳо аз 1 то 770 километрро ташкил медиҳад. Ин ҷирмҳои осмонӣ нуҷайма (астероид) ном доранд. Нуҷаймаҳоро баъзан сайёраҳои хурд ҳам меноманд. Нуҷаймаҳо шаклу андозаи гуногун доранд. Онҳо низ бо мадори худ дар атрофи Офтоб ҳаракат мекунанд.

Баъзан дар осмон зузанабҳо (кометаҳо)-ро мушоҳида кардан мумкин аст. Онҳоро ситораҳои думдор ҳам меноманд. Зузанаб калимаи арабӣ буда, маънояш думдор аст. Ин ҷирми осмониро барои он ситораи думдор мегӯянд, ки он думи дарози зебо дорад. Маркази зузанаб аз газҳои сахтшуда, ки дар онҳо сангҳо ва зарраҳо ях бастаанд, иборат аст. Думи зузанаб сели газ ва гардҳое мебошанд, ки ҳангоми ҳаракати зузанаб аз он хориҷ мешаванд.

Оқибат зузанабҳо ва нуҷаймаҳо дар фазо пора мешаванд. Боқимондаи порашудаи онҳо дар фазои байни сайёраҳо босуръат ҳаракат мекунанд. Баъзан онҳо ба Замин меафтанд. Пораҳои зузанаб ва нуҷаймаҳоро, ки ба Замин меафтанд, шиҳобпора (метеорит) меноманд. Соли 1947 дар Шарқи Дур шиҳобпораи калоне афтид. Одамоне, ки бо чашми худ ин ҳодисаро дидаанд, чунин нақл мекунанд:

«Аввал дар осмон кураи оташ намоён шуд. Аз паси он рахи дарози ранга тӯл кашид. Ҳангоми афтидани онҳо садои баланди ба ғурриши раъд ё садои тӯп монанд шунида шуд. Шиҳобпора ҳангоми афтиш дар осмон ба пораҳои хурдтар тақсим шуда,

АҶИБ АСТ!

30-юми ноябри соли 1954 шиҳобпора ба хонаи сокини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Энн Элизабет Ходжес афтид. Шиҳобпора боми хонаро сӯрох карда, зарари ҷиддӣ расонд. Соҳибхоназан (Энн Ходжези) дар натиҷаи он ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, якчанд рӯзро дар беморхона гузаронд.

Воқеаи бо Энн рухдода то ҳол аввалин ҳодисаест, ки аз афтидани шиҳобпора одам зарари ҷисмонӣ дидааст.

Мувофиқи ҳисоби олимон ҳар рӯз ба Замин тахминан 4 миллиард шиҳобпора меафтад. Азбаски сайёраи Замин андозаи ниҳоят калон дорад, қисми зиёди шиҳобпораҳо дар баҳру уқёнусҳо, кӯҳҳо ва дигар ҷойҳои беодам меафтанд, ки мо онҳоро намебинем.

ба Замин афтод. Дар ҷои афтодаи онҳо чуқуриҳои зиёде пайдо шуданд».

Олимон пораҳои афтидаро ҷамъ намуда, омӯхтанд ва муайян карданд, ки дар таркиби шиҳобпораҳо оҳан, мис, фосфор, сулфур ва дигар моддаҳо мавҷуданд. Ин моддаҳо дар Замин ҳам ҳастанд.

Шарораҳои дурахшоне, ки баъзан дар осмон намудор меша ванд, бе ҳеҷ садо парида гузашта, аз паси худ изи борики риштамонанд мегузоранд ва нопадид мешаванд. Ин ҳодисаро афтидани ситора меноманд. Ин тавр номидан нодуруст аст. Ситораҳо – офтобҳои азими дур мебошанд, ки афтида наметавонанд. Шарораҳое, ки шабона дар осмон ба чашми мо менамоянд – шиҳобҳо (регу сангчаҳое, ки андозаашон тахминан ба донаки зардолу баробар аст) мебошанд. Онҳо аз кайҳон бо суръати баланд парида меоянд ва ба ҳавои атрофи Замин (атмосфера) даромада, соиш хӯрда, метафсанд ва равшанӣ медиҳанд.

Нуҷаймаҳо, зузанабҳо ва шиҳобпораҳо ба мисли сайёраҳо дар атрофи Офтоб давр мезананд, бинобар ин онҳо низ ба Системаи офтобӣ дохил мешаванд.

Ситораҳо хеле дур ҷойгир шудаанд ва ба Системаи офтобӣ дохил намешаванд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2