МОҲ – ҲАМСАФАРИ ТАБИИИ ЗАМИН
Аз дарсҳои пешина мо медонем, ки Моҳ ҳамсафари табиии Замин буда, дар атрофи он давр мезанад. Моҳ аз худаш равшанӣ намедиҳад. Вай барои он ба назари мо равшан менамояд, ки нурҳои Офтоб ба сатҳи он расида, акс меёбанд ва онро равшан мекунанд.
Вақте ки ба Моҳ менигарем, ба назарамон чунин менамояд, ки вай ҳаҷман ба Офтоб баробар аст. Дар асл чунин нест. Қутри Моҳ аз қутри Офтоб 400 маротиба ва аз қутри Замин 4 маротиба хурдтар мебошад. Мо ин фарқиятро барои он ҳис намекунем, ки Моҳ ба мо хеле наздик аст. Худатон муқоиса кунед: масофаи Замину Офтоб 150 миллион километр, аммо аз Замин то Моҳ бошад, ба 384 ҳазор километр баробар аст.
Моҳ дар атрофи меҳвари худ давр мезанад, бинобар ин дар Моҳ низ мисли Замин шабу рӯз иваз мешавад. Аз сабаби он ки Моҳ нисбат ба Замин оҳиста давр мезанад, бинобар ин шабонарӯзи Моҳ на 24 соат, балки 29,5 шабонарӯзи Заминро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, як рӯзи Моҳ ба ду ҳафта ва шабаш низ ба ду ҳафтаи мо баробар аст.
Дар Моҳ об ва ҳаво нест, аз ин сабаб ҳаёт ҳам вуҷуд дошта наметавонад. Дар расадхонаҳо ба воситаи телескоп сатҳи Моҳро омӯхта, дар он кӯҳҳо, ҳамвориҳо ва чуқуриҳоро муайян кардаанд.
Аз сабаби он ки Моҳ атмосфера надорад, рӯзона дар сатҳи он ҳарорат то +1300С гарм шуда, баъди нишастани Офтоб зуд хунук мешавад ва ҳарорат ба -1700С паст мефарояд. Дар Моҳ шамолу шӯриш, раъду барқ, боришот ва ғайра ба амал намеояд. Моҳ атмосфера надорад, бинобар ин ҳодисаи афтидани сангҳои осмонӣ дар Моҳ хеле зиёд рӯй медиҳад.
Кайҳоннавардон ба сатҳи Моҳ фуромада, аз онҷо намунаи ҷинсҳоро бо худ оварданд. Олимон асбобҳои махсуси кайҳониро ба Моҳ фиристода, сатҳионро расм мегиранд. Моҳгардҳои русӣ ва амрикоӣ дарсатҳи Моҳ масофаи зиёдро тай намуда, онро омӯхтанд ва мушоҳидаҳо гузарониданд.
Ба мо ҳамеша як тарафи Моҳ менамояд. Пушти онро мо намебинем. Олимони рус аввалин маротиба бо асбобҳои махсуси кайҳонӣ сурати пушти Моҳро гирифтаанд.
АҶИБ АСТ!
Моҳ оҳиста-оҳиста шаклашро дигар мекунад: баъзан дар шакли дос, баъзан нисфи ҳалқаи он намоён мешавад, баъзан Моҳи пурра ва баъзе мавридҳо мо тамоман Моҳро намебинем. Ин ҳодисаҳо ҳар моҳ такрор мешаванд.
Сабаб дар чист? Иваз шудани шакли Моҳ ба ҳаракати он дар атрофи Замин вобаста мебошад. Вақте ки Моҳ дар байни Замину Офтоб ҷойгир мешавад, дар ин ҳолат мо онро дида наметавонем, чунки тарафи торики Моҳ ба мо нигарон аст. Ин марҳалаи моҳи нав аст. Баъд аз 1-2 рӯз, бегоҳӣ Моҳро дар шакли доси борик дар осмон дидан мумкин аст. Бо гузаштани рӯзҳо шакли Моҳ оҳиста оҳиста калон шуда, тахминан баъд аз ду ҳафта дар осмон моҳи пурраро мебинем. Ин марҳалаи моҳи пурра мебошад. Баъд Моҳ кам шуда, оҳиста-оҳиста аз назар ғоиб мешавад. Вақти байни ду давраи моҳи нав қариб ба 30 шабонарӯз баробар аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё