Зеҳн

Ғазал аз Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ

КИ
Китобдор14 октябри 2024 · 1 дақиқа хондан

Эй дӯст, биё, дар қадамат зор бигирям,

Ту ханда куну гӯ, ки чӣ миқдор бигирям?

Кас нест, ки тимори маро бар ту расонад,

Бар бекасии хешу ба тимор бигирям.

Эй маҳмили Лайлӣ, нафасе соз таҳаммул,

То қиссаи Маҷнун кунаму зор бигирям.

Аз сӯҳбати мардум чӣ тавон ёфт, ки чун шамъ,

То субҳ ба доғ афтаму бедор бигирям.

Эй нури нигаҳ, дида ба тӯфони фано рафт,

Гирям бас агар, бо дили афгор бигирям.

З-ин баҳр, ки сомони гуҳар нест касеро,

Доман кунам аз ашк гаронбор, бигирям.

Ҳоҷӣ, зи ғами он ки агар зор бимирам,

Бехона шавад дарду ғами ёр, бигирям.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба