Зеҳн

УФУҚ ЧИСТ ВА ЧАНД САМТ ДОРАД?

БА
Барномасоз7 сентябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Моро фазо иҳота кардааст. Дар фазои атрофи мо ашёи гуногун, ба монанди хонаҳо, дарахтон, кӯҳҳо, теппа ва ғайра ҷой гирифтаанд. Барфу борон, раъду барқ ва бодҳои гуногун низ дар фазо рӯй медиҳанд.

Маҳалле, ки ба назари мо менамояд, дар ҷойи кушод хеле фарох аст, масалан замини ҳамвор ё баҳр. Дар ҷойе, ки хонаҳо ё дарахтон мавҷуданд, мо масофаи дурро дида наметавонем. Дар ҷойи кушоди ҳамвор одами қадаш 1,5-2 метр атрофро то масофаи тахминан 5 километр дида метавонад.

Тамоми маҳаллеро, ки дар атрофи худ мебинем, уфуқ меноманд.

Агар ба ягон баландӣ бароем, боз ҳам дуртарро дида метавонем ва уфуқ фарохтар мегардад. Ба назари мо чунин менамояд, ки аз дур осмону замин ба ҳам мерасанд. Хаттеро, ки дар назари мо гӯё замину осмонро бо ҳам мепайвандад, хатти уфуқ мегӯянд. Баробари аз сатҳи замин ба боло баромадан хатти уфуқ васеъ мешавад. Айнан, ҳамин тавр, мо ҳар қадар ба хатти уфуқ наздик рафтан гирем, вай ҳамон қадар аз мо дур мешавад. Ин исботи курашаклии сайёраи Замин мебошад.

Агар ба расм диққат диҳед, одами расми А дар соҳили баҳр истодааст. Ӯ бо оби баҳр қариб дар як сатҳ қарор дорад. Аз ин хотир, уфуқ дар назари вай маҳдуд аст. Одами расми Б дар баландӣ қарор дорад ва уфуқро васеътар мебинад.

Уфуқ, асосан, чор самт ё тараф дорад: Шимол, Ҷануб, Шарқ, Ғарб. Самтҳои уфуқро дар расм ё нақшаҳо бо ҳарфҳои мухтасари аввали онҳо ишора мекунанд:

Шимол – Ш, Ҷануб – Ҷ, Шарқ – Шқ ва Ғарб – Ғ. Агар рӯ ба ҷониби Шимол истед, тарафи пеши шумо – Шимол, ақиб – Ҷануб, тарафи рост – Шарқ ва тарафи чап – Ғарб аст.

Уфуқ ғайр аз самтҳои асосӣ боз самтҳои мобайнӣ низ дорад. Самтҳои мобайнӣ дар байни самтҳои асосӣ ҷойгир шудаанд. Масалан: мобайни Шимолу Шарқ бо ҳарфҳои ШШқ, мобайни Ҷанубу Шарқ – ҶШқ, мобайни Шимолу Ғарб – ШҒ, мобайни Ҷанубу Ғарб – ҶҒ ишора мешаванд.

Ҳангоми тартиб додани нақшаву харитаҳо шартан самти Шимол дар боло, Ҷануб дар поён, Ғарб дар чап ва Шарқ дар тарафи рости он ифода меёбад. Дар нақшаҳо бо тасвир намудани тирчаи амудӣ дар яке аз кунҷҳои нақша самти Шимол ва Ҷанубро нишон медиҳанд.

Донистани тарафҳои уфуқ барои ҳар як шахс зарур аст, зеро дар муайян кардани мавқеи худ нисбат ба фазо, ҷисм ва ашёи табиат ба мо кӯмак мерасонад. Дар дарсҳои минбаъда ин масъаларо муфассал меомӯзем.

САМТҲОИ УФУҚРО ДАР МАҲАЛ ЧӢ ГУНА ЁФТАН МУМКИН АСТ?

Ҳар як одам бояд маҳалли худро донад, тарафҳои Шимол, Ҷануб, Шарқ ва Ғарбро муайян карда тавонад. Донистани тарафҳои уфуқ ин маънои муайян кардани мавқеи худ, яъне ёфтани роҳро дорад. Агар мо самтҳои уфуқро муайян карда тавонем, он гоҳ ба осонӣ мефаҳмем, ки ба кадом тараф ҳаракат кунем ва ба ҷойи дилхоҳамон рафта расем.

Одам ҳангоми ба ҷойҳои ношинос рафтан роҳгум мезанад. Дар ҳолати надонистани тарафҳои уфуқ роҳи хонаро намеёбад. Ҳодисаҳои зиёде маълуманд, ки одамон аз надонистани самтҳои уфуқ роҳи бозгашти худро муайян карда натавониста, ба ҳалокат расидаанд. Ёфтани самтҳои уфуқ на фақат барои хонандагон, балки барои ҳамаи одамони касбу корҳои гуногун зарур аст.

Шахсе, ки мавқеи худро дар маҳал муайян карда метавонад, ҳеҷ гоҳ роҳгум намезанад. Пеш аз сафар дар ҷойи ношинос мо бояд донем, ки ба кадом самт ҳаракат карда истодаем. Агар мо ба самти Шимол рафта бошем, бояд ба самти Ҷануб баргардем ва агар ба Шарқ рафта бошем, бояд ба самти Ғарб баргардем. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем роҳро гум накарда, ҷойи заруриро пайдо кунем.

МУАЙЯН КАРДАНИ САМТҲОИ УФУҚ БО ЁРИИ ҚУТБНАМО

Асбобе, ки бо ёрии он мо самтҳои уфуқро бехато муайян мекунем, қутбнамо ном дорад. Бо қутбнамо дар ҳама гуна шароити обу ҳаво, хоҳ рӯз бошад, хоҳ шаб самтҳои уфуқро аниқ муайян кардан мумкин аст.

Қисми аз ҳама муҳимми қутбнамо ақрабаки магнитӣ мебошад. Он дар нӯги сӯзан ҷой гирифта, ниҳоят ҳассос аст ва бемалол чарх мезанад. Ақрабаки магнитӣ ҳамеша ба як тараф – самти Шимол майл мекунад. Ин аз он сабаб аст, ки дар дохили кураи Замин низ магнит (оҳанрабо) вуҷуд дорад ва ақрабаки магнитии қутбнаморо ба сӯйи худ мекашад.

Нӯгҳои ақрабаки қутбнамои мактабӣ рангҳои сурх ва кабуд дорад. Дар дохили қутбнамо ҷадвале ҷойгир аст, ки дар он рақамҳои аз 0 то 360 ва ҳарфҳои калони Ш (Шимол), Ҷ (Ҷануб), Шқ (Шарқ) ва Ғ (Ғарб) навишта шудаанд. Бо истифодаи ин ҳарфҳо ва рақамҳо ҷойгиршавии нуқтаҳои даркориро дар рӯйи Замин муайян мекунанд.

Вақте ки қутбнаморо дар ҳамворӣ нигоҳ медоред, нӯги сурхи ақрабаки он самти Ҷануб ва нӯги кабудаш Шимолро нишон медиҳад. Ранги сурх рамзи гармӣ ва кабуд рамзи хунукӣ мебошад. Ин аз он хотир, ки қутбҳои Замин (Қутби Шимол ва Қутби Ҷануб) ҳамеша хунуканд. Бинобар ин ба нӯги ақрабак, ки самти Шимолро нишон медиҳад, ранги кабуд мемоланд. Дар тарафи Ҷануб экватор ҷойгир аст ва он ҷо хеле гарм мебошад. Аз ин сабаб нӯги ба самти Ҷануб нигарони ақрабаки қутбнамои мактабиро бо ранги сурх нишон медиҳанд.

Барои он ки самтро аз рӯйи қутбнамо бехато муайян кунем, онро дар ҷойи ҳамвор гузошта, барои ақрабакро озод кардан муҳофизакро пас мекашем. Вақте ки ақрабак ором мешавад, қутбнаморо боэҳтиёт тавре гардонидан лозим аст, ки нӯги кабуди ақрабак дар муқобили ҳарфи Ш ва нӯги сурхи он дар муқобили ҳарфи Ҷ истад. Агар ба болои қутбнамо ягон чӯбча ё қаламро ба ақрабак кӯндаланг гузоред, он гоҳ тарафҳои асосии уфуқ – Шимол, Ҷануб, Шарқ ва Ғарб муайян гардида, вобаста ба он мавқеи ашёи маҳал ё самти ҳаракат аниқ карда мешавад.

Ҳоло дар бисёр соҳаҳои хоҷагидорӣ аз қутбнамо истифода мебаранд. Қутбнамо, махсусан, барои ҳавопаймо, баҳрнавардон, геологҳо, ҳарбиён ва сайёҳон зарур аст. Вобаста ба соҳаи истифода сохти қутбнамо гуногун мешавад.

Фаромӯш накунед! Қутбнамо дар муайян кардани самтҳои уфуқ танҳо ба касе ёрӣ мерасонад, ки онро дуруст истифода мебарад.

АҶИБ АСТ!

Қутбнамо, махсусан дар биёбон зарур аст. Ба чор тараф нигоҳ кунед ҳама ҷо қумзор. Чанги биёбон пеши Офтобро гирифта, онро хира мекунад. Ба корвони савдогарони қадима ёфтани роҳ бисёр душвор мешуд, агар дар ҳайати корвони онҳо шутури сафед, ки дар байни кӯҳонаш чизи бебаҳое дошт, намебуд. Ин чизи бебаҳо тилло ё нуқра не, балки зарфи сафолине буд, ки дохилаш об дошт. Пораи оҳани дарозрӯяеро бо пӯк маҳкам карда, дар об сар дода буданд. Ин қутбнамои онҳо буд. Канорҳои зарф бо чор ранг рангмолӣ карда шуда, рангҳои сурх Шимол, сиёҳ Ҷануб, сабз Шарқ ва сафед Ғарбро нишон медоданд.

МУАЙЯН КАРДАНИ САМТҲОИ УФУҚ АЗ РӮЙИ ОФТОБ

Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки дар вақти зарурӣ қутбнаморо дастрас карда наметавонед. Ба шумо лозим меояд, ки самтҳои уфуқро бо дигар воситаҳо муайян намоед. Яке аз воситаҳое, ки одамон аз замонҳои пеш барои ёфтани самт истифода мебурданд, ин ёфтани самтҳои уфуқ аз рӯйи Офтоб аст.

Одамон аз қадим фаҳмидаанд, ки Офтоб ҳама вақт аз як самт баромада, ба самти муқобил фурӯ меравад. Сояи нисфирӯзии ашё бошад, фақат ба як сӯй меафтад.

Ҳар рӯз дар чор фасли сол Офтоб нисфирӯзӣ (соати 12:00) дар самти Ҷануб ҷойгир мешавад. Сояи ашё дар ин вақт аз Ҷануб ба Шимол тӯл мекашад.

Агар нисфирӯзӣ рӯ ба тарафи афтидани соя истем, он гоҳ аз пеш Шимол, аз пас Ҷануб, аз рост Шарқ ва аз чап Ғарб мебошад.

Шумо боре аҳамият додаед, ки Офтоб аз кадом тараф мебарояд ва ба кадом тараф мешинад? Офтоб ҳамеша дар уфуқ аз тарафи Шарқ ба назари мо намоён шуда, дар тарафи Ғарб аз назари мо ғайб мезанад. Сабаб дар он аст, ки кураи Замин дар атрофи меҳвари худ аз Ғарб ба Шарқ давр мезанад.

Асбоби гномон барои ёфтани тарафҳои уфуқ ба мо ёрии амалӣ мерасонад. Сояи гномон дар давоми рӯз тағйир ёфта, нисфирӯзӣ аз ҳама кӯтоҳ мешавад. Ана ҳамин сояи кӯтоҳтарини гномон ба мо самти Шимолро нишон медиҳад.

Аммо самтҳои уфуқро аз рӯйи Офтоб фақат рӯзона, ҳангоми соф будани ҳаво муайян кардан мумкин аст. Агар шаб бошад, самтҳои уфуқро чӣ тавр муайян менамоянд? Агар Офтобро абрҳо пӯшонида бошанд-чӣ? Дар ин ҳолат самтҳои уфуқро бо ёрии ашёи дигари маҳал муайян мекунанд, ки мо дарси оянда бо онҳо шинос мешавем.

Гномон – Чӯби рости якметраи ба замин кӯфташуда, ки аз рӯйи сояи кӯтоҳтарини он самти Шимолро муайян мекунанд.

МУАЙЯН КАРДАНИ САМТҲОИ УФУҚ БО ЁРИИ АШЁИ МАҲАЛ

Оё самтҳои уфуқро бо ёрии ашёи маҳал муайян кардан мумкин аст? Албатта, мумкин, вале барои ин мушоҳидакор будан лозим аст. Пас, кадоманд он ашё ва аломатҳои маҳал, ки мо бо ёрии онҳо самтҳои уфуқро муайян карда метавонем?

Самтҳои уфуқро аз рӯйи шоху барги дарахтон, кундаи дарахти буридашуда, мӯрчахона, гулсанги танаи дарахтон, биноҳо ва сангҳо, барфи доманаи кӯҳҳо ва ғайра муайян кардан мумкин аст.

Маълум аст, ки дар қисми ҷанубии дарахти танҳо шоху барги зиёд месабзад. Сабаб дар он аст, ки аз самти Ҷануб ба дарахт нури Офтоб хуб мерасад ва шоху навдаи қисми ҷанубии он нағзтар инкишоф меёбад. Он тарафи дарахт, ки шоху барги кам дорад ба Шимол нигаронида шудааст.

Айнан ҳамин чизро дар кундаи дарахти буридашуда мушоҳида кардан мумкин аст. Солҳалқаҳои кунда аз тарафи Ҷануб васеъ буда, дар тарафи Шимол онҳо бо ҳам наздиканд. Пас, маълум мешавад, ки тана (поя)-и дарахт аз қисми ҷанубиаш зиёдтар ғафс мешавад.

Аслан мӯрчаҳо даромадгоҳи хонаи худро аз самти Ҷануб месозанд. Яъне, Гулсангҳо ҳамеша дар ҷойҳои соя – тарафи Шимоли санг, биноҳо ё пояи дарахт мерӯянд. Онҳо дар тарафи Ҷануб сабзида наметавонанд, зеро аз таъсири шуои Офтоб сӯхта, зуд хушк мешаванд. Гулсангҳоро дар тарафи сояи пояи дарахтон низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Доманаи шимолии кӯҳҳо нисбат ба доманаи ҷанубии онҳо барфгир аст. Чунки ба доманаҳои ҷанубии кӯҳҳо нури Офтоб бештар расида, барфи онро зуд об мекунад. Ин холатро, хусусан, дар фасли баҳор мушоҳида кардан мумкин аст. Бинобар ин аз рӯйи доманаи барфдори кӯҳ ё теппа самти Шимол, муқобили вай самти Ҷануб, тарафи рост Шарқ ва чап Ғарбро муайян карда метавонем.

Бо ёрии ашёи маҳал тарафҳои уфуқро нисбатан дуруст муайян кардан мумкин аст. Мо наметавонем ба мисли қутбнамо бо истифода аз ашёи маҳал самтҳои уфуқро аниқ муайян кунем. Ашёи маҳалро барои муайян кардани самтҳои уфуқ дар вақти набудани қутбнамо истифода мебаранд.

Гулсанг – як намуди набототи соядӯст. Гиёҳи сабзи занбӯруғ ва обсабзмонанд, ки бештар дар тарафи сояи сангҳо пайдо мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2