ҲОСИЛНОКИИ МУҚОИСАВИИ НАВЪҲОИ ПАХТАИ МИЁНАНАХ ҲАНГОМИ ШАРОИТИ ЯКХЕЛАИ ПАРВАРИШ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Пахта дар қиёс бо тамоми маҳсулоти саноатии хоҷагии қишлоқ азришнок буда, рўз то рўз талабот ба он дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ меафзояд. Бо назардошти ин истеҳсоли мунтазами пахта метавонад боиси рушди устувори самтҳои мухталифи хоҷагии халқ гардад. Дар бораи хусусиятҳои морфологӣ, биологӣ, биокимиёвӣ, физиологӣ, агротехникаи парвариш, системаи обмониву ғизодиҳӣ, хусусиятҳои селексионию генетикӣ ва ғайра корҳои илмӣ анҷом ёфта, бо парвариши навъҳои нави пурмаҳсул омўзишҳои зиёд ба роҳ монда шудаанд.
Солҳои охир ҳосилнокии миёнаи пахта тибқи маълумоти оморӣ дар Тоҷикистон дар ҳудуди 19-20 с/га қарор гирифтааст, ки ин нишондиҳанда ниҳоят паст буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ чандон самаранок нест. Яке аз сабабҳои паст будани ҳосилнокии пахта дар сохтори кишоварзии Тоҷикистон дастрасӣ надоштани деҳқонон ба навъҳои сермаҳсул ва тухмии хушсифати онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳадафи тадқиқоти мо низ ба он нигаронида шудааст, ки барои минтақаҳои пахтапарварии ноҳияи Данғара навъҳои пурмаҳсул интихоб карда шавад.
Ҳосили баланд ин нишондиҳандаи ниҳоят муҳим ва мақсади ҳар як омўзиши соҳаи растанипарварӣ мебошад. Ҳосили зироати пахта аз аломатҳои сифатӣ ва миқдории он вобаста аст.
Ҳосил дар пахта аз шона, гул ва кўрак пайдо мешавад, ки онҳоро элементҳои ҳосил мегўянд. Пайдошавии элементҳои ҳосил дар пахта ин хусусияти генетикии навъ буда, аз шароити парвариш вобастагии ниҳоят зиёд дорад.
Дар асоси мақсади гузошташуда дар тадқиқоти илмӣ вазифаҳои он мушаххасан гурўҳбандӣ карда шуд. Вазифаҳои тадқиқот вобаста ба мавзУи интихобшуда аз баҳодиҳии хусусиятҳои маҳсулнокии навъҳои нав ва ояндадори пахта дар шароити ноҳияи Данғара иборат мебошад. Ба сифати омўзиши пахтаи миёнанах дар минтақаи таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Данғара мо ҳамагӣ се навъро интихоб кардем, ки ду навъи ватанӣ - навъҳои «Ирам-1МН», «Сорбон» ва як навъи хориҷӣ «Флора» буданд. Навъи «Ирам-1МН» ба сифати навъи назоратӣ барои ин маҳал интихобшуда ва тамоми сифатҳои «Сорбон» ва «Флора» нисбат ба он баҳо дода шуд. Таҷрибаҳои саҳроӣ дар заминҳои барои омўзиши навъу намунаҳои пахтаи миёнанах мувофиқи ноҳия, дар қитъаи таҷрибавии ДДД дар ноҳияи Данғара, солҳои 2019-2021 гузошта шуданд. Таҷрибаҳо дар асоси дастури таҷрибаҳои саҳроии Б.А. Доспехов дар 3 вариант, ҳар як варианти омўзишӣ як навъ ва се маротиба такрорёбӣ гузаронида шуданд.
Технологияи парвариши навъҳои пахта мувофиқи тавсифнома оид ба гирифтани ҳосили баланди пахта дар Тоҷикистон риоя карда шуда, барои се навъи интихобгашта якхела ба роҳ монда шуд.
Яке аз самтҳои асосии расидан ба ҳосилнокии баланд дар системаи пахтапарварӣ ин интихоби навъ вобаста ба минтақа мебошад, ки иқтидори ҳосилдиҳии худро баланд намояд. Дар ин асос навъҳои серҳосил ва тезпаз интихоб карда мешаванд.
Кишти пахта дар даҳаи сеюми моҳи апрел гузаронида шуда, ба сифати пешинакишт дар замини омўзишӣ соли гузашта гандум парвариш шудааст. Замин тирамоҳ шудгор карда шуда, пеш аз шудгор поруи чорвои калони шохдор ворид карда шуд ва ҳамчунин пеш аз кишт хок мукаммал коркард ва омода карда шуд. Дар байни маводҳои омўхташуда навъи «Сорбон» нисбатан тезтар аз замин неш зада баромад. Чигити навъҳои «Флора» ва «Ирам-1МН» як рўз ва ҳатто дертар аз он аз замин неш зада баромаданд. Ҳамин тавр чигити маводҳои омухташуда дар муддати 10-11 рўз аз замин неш зада баромад.
Муҳлати киштро ба таъҳир андохта кишт намудем ва дар байн 3 рўзи боронӣ ва ғайриофтобӣ буд, маводҳо аз замин хуб неш зада баромаданд. Аз давраи баромад то ба 2 барги ҳақиқӣ расидан тағйирот дар байни инкишофёбии навъҳо вуҷуд надошт ва минбаъд навъи «Сорбон» хусусияти тезпазакӣ ва навъи «Флора» хусусияти дерпазакии худро нисбат ба навъи назоратии «Ирам-1МН» нишон доданд. Ин гуна тағйирот дар тамоми давраи минбаъдаи нашъунамо ба назар расид. Аммо дар охир, дар навъи «Сорбон» байни давраи ҳосилбандиву пухтарасиш тўлонитар шуда, хусусияти тезпазакии ин навъ дар ҳамин давра риоя нагардид. Шояд ин зери таъсири обмонии саривақтӣ ва ворид шудани поруи чорвои калони шохдор бошад. Навъи «Сорбон» ҳамагӣ 2 рўз пештар аз навъи «Ирам-1МН» пухта расид, аммо аз навъи «Флора» 9-10 рўз барвақттар давраи инкишофи худро анҷом дод.
Хусусияти пайдо кардан ва нигоҳ доштани миқдори элементҳои ҳосил дар навъҳои омўхташуда гуногун буданд. Дар алоҳидагӣ миқдори шона дар 1 растанӣ то ба 70-75 дона ва бештар аз он расид, аммо то кўрак як қисмати ками он боқӣ монд.
Миқдори кўракҳои шукуфта дар навъи «Ирам-1МН» ба 9,3 дона дар 1 растанӣ баробар шуд, мутаносибан дар навъҳои «Сорбон» ва «Флора» ба 11,8 ва 12,1 дона/растанӣ баробар шуд. Кўраки бештари ношукуфта дар навъи Флора боқӣ монд.
Дар омўзиши мо аломатҳои ҳосилнокӣ ва нишондиҳандаҳои ҳосил аз рўзи пайдо шудани аввалин шона ҳисоб карда шуд. Вобаста ба давраҳои нашъунамо қайдҳои миқдори шона, гул ва кўракҳо гирифта шуданд. Бинобар сабаби дар пайдошавии элементҳои ҳосил дар навъҳо низоми хоса ҷой надоштан ин нишондод танҳо дар давраи пухта расидани ҳосил оварда мешавад.
Ҳосили пахтаро дар майдончаи таҷрибавӣ дар 3 давра, дастӣ ҷамъоварӣ намудем. Ҳосили дар ҳар чиниш ҷамъоваришуда алоҳида таҳлил ва омўзиши сифатӣ гузаронида шуд. Таҳлил нишон дод, ки маҳсулнокӣ байни ҳосили 1-2 ва 3 хеле аз ҳамдигар фарқ мекунад.
Фоизи баромади нах бо усули оддии баркашӣ муайян карда шуд. Фоизи баромади нах дар навъҳои омўхташуда аз 34,4 % навъи «Ирам-1МН» (камтарин) то ба 38,9 % навъи «Сорбон» (бештарин) тағйир ёфт. Ҳосили навдаҳои 2 то 5-уми ҳосилдеҳ кўракҳои мукаммал ва сифатан аълоро доштанд. Дар ин навдаҳо фоизи баромади нах дар навъи «Сорбон» то ба 39,5 % мерасид. Ҳамин тавр дар омўзиши мо дар шароити ноҳияи Данғара дар 1 га аз 1180 то 1747 кг/га нах истеҳсол карда шуд, ки аз ҳама бештар дар навъи «Флора» мушоҳида гашт.
Аз натиҷаи омўзиши маҳсулнокии муқоисавии навъҳои ояндадори пахта дар шароити ноҳияи Данғара хулосагирӣ карда шуд, ки тезпазакӣ хусусияти муҳими селексионӣ буда, дар навъи «Сорбон» бо доштани аз ҳама камтари давраи нашъунамо (134 рўз) барои пурра пухтани ҳосил дар байни навъҳои омўхташуда фарқ кард. Ин нишондод дар навъи «Флора» ба 143 рўз баробар шуд. Аз рўйи натиҷаҳои таҷриба тавсия дода мешавад, ки дар шароити ноҳияи Данғара барои селексия ҳамчун навъи тезпаз ва фоизи баланди баромади нах дошта навъи «Сорбон», навъи бештар ва барвақттар пайдокунандаи навдаҳои ҳосилдеҳ ва мутобиқ ба маҳал навъи «Ирам-1МН» ва ҳамчун навъи пурмаҳсул навъи «Флора» истифода карда шаванд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё