Зеҳн

ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ ВА ИНКИШОФЁБИИ ЗИРОАТИ ҶАВИ НАВИ МАҲАЛЛӢ

БА
Барномасоз7 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Дар охири асри XX дар экосистемаҳои табиии Тоҷикистон раванди фаъолшавии таъсири тағйирёбии иқлим фаъол гардида, дар ду даҳсолаи охир ба агросенозҳои ҷав ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ таъсири манфии худро расонид.

Таҷрибаи илмӣ муайян кард, ки бо баланд шудани ҳарорати гармӣ, хушк омадани фаслҳои зимистон ва баҳорон дар давраи мавсими кишти зироатҳои ғалладонагӣ боиси тағйирёбии хусусиятҳои биологии зироати ҷав бештар ба назар мерасад.

Дар шароити табииӣ водии Ҳисор ҳолати баландшавии ҳарорати гармӣ ва фаъолшавии омили асосии муҳити зист аз соли 2016 то инҷониб ба назар мерасад. Зеро дар даҳсолаи охир афканишоти нурҳои офтоб бошиддат дар чор фасли сол, таъсири муътадили худро ба таъсири ғайрифаъол табдил дода истодааст.

Тағйирёбии иқлим дар агросенозҳои зироатҳои ҷав бештар тағйиротҳои тағйирдиҳандаи хусусиятҳои биологии зироатҳои ҷавро аз марҳилаи сабзиши ҷанини дони ҷав, инкишофёбии реша, майсаронӣ, панҷазанӣ, инкишофёбии найҷабандӣ ва пеш аз гулкунии ҷав, ба назар мерасад.

Тағйирёбии иқлим бо шиддат ба ташаккулёбии системаи решаи ҷави навъи “Маҳаллӣ” расонидааст.

Зеро бо баланд шудани ҳарорати гармӣ дар соатҳои биологӣ, ҳолати норасоии намии мўътадил, ҳаво, афзоиши ихроҷи гази дуоксиди карбон, паст шудани фишори осмотикии реша, суст инкишофёбии ҷузъҳои ҷабиши реша, гузаронандагии системаи реша, нигоҳдории моддаҳои органикӣ дар таркиби ҳуҷайраи решаи ҷав мушоҳида шуд.

Таъсири гармшавии қабати болои хок ва дохили хок боиси тағйир ёфтани ҳолати экологии системаи реша ва ҷузъҳои инкишофёбии решаи ҷави навъи “Маҳаллӣ” дар водии Ҳисор ба назар расид. Дар солҳои 2016-2021 ҳосилнокии ҷави “Маҳаллӣ” аз 32с/га ба 15-17с/га, яъне аз 15с/га то 17с/ га паст гардида, ба сифатнокии маҳсулоти ҷав таъсири манфии худро расонидааст.

Ба ақидаи олимон таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ ба агросенозҳои зироатҳои ғалладонагӣ, хусусан ба зироати ҷав, бештар таъсири манфии худро расонидааст, ки дар натиҷа истеҳсоли ҷав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 55% то 60% кам истеҳсол гардида, арзиши он аз 120% то 135% баланд гардидааст. Ҳолати тағйирёбии ҳарорати гармӣ дар марҳилаи кишти зироати ҷав ва ҳолати сабзиши реша ва майса мушоҳида карда шуд.

Дар ин давра норасоии намӣ аз 67% то 75% ва ҳарорати гармӣ аз +12 °С то +15 °С дар соли 2021 дар моҳи феврал даҳрўзаи дуюм дар водии Ҳисор ба амал омада, ба таносуби сабзиши системаи реша ва майсаи ҷав, таъсири манфии худро расонидааст. Таъсири тағйирёбии иқлим бештар аз тағйир ёфтани ҳолати боришот дар фаслҳои зимистон, баҳорон ва тирамоҳ дар экосистемаи кишоварзии водии Ҳисор мушоҳида карда шуд. Мувофиқи мушоҳидаҳои илмӣ-тадқиқотӣ (солҳои 2020-2021) ҳолати паст шудани устувории узвҳои вегетативӣ ва генеративии зироати ҷав, таъсири гармӣ ва норасоии намӣ дар марҳилаи инкишофёбии ҷав бештар мушоҳида карда мешавад.

Масъалаи гармшавӣ махсусан барои кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои аз иқлим вобастаи иқтисод тезу тунд аст. Тағйироти тавсифшуда боиси паст шудани ҳосили зироатҳои саҳроӣ мегардад ва ин, дар навбати худ, амнияти озуқавории дарозмуддатро зери хатар мегузорад. Илова бар ин, иқлим ба тамоми ҷузъҳои истеҳсоли зироат таъсир мерасонад - на танхо дар бораи хосилнокии зироатхо, балки дар бораи сифатнокии маҳсулоти ҷав ва масоҳати онҳо (кишт ва ҷамъоварии ҳосил) ва шиддатнокии кишт (миқдори зироатҳои дар давоми сол киштшаванда). Аз тарафи дигар, хоҷагии қишлоқ бевосита ба омилҳои антропологӣ дар шакли механиконӣ, ҳимиякунонӣ, селексия, инкишофи онҳо имконият медиҳад, ки на танҳо иқтидори агротехникӣ зиёд карда шавад, балки ба шароити номусоиди обу ҳаво тоб оварда тавонад.

Таҷрибаҳои дарозмуддат барои ҳалли масъалаи миқдори ин таъсирот кўмак мекунанд, ки имкон медиҳанд силсилаи маълумотро барои дуруст муайян кардани дараҷаи таъсири тағйирёбии иқлим ва арзёбии таъсири манфии он ба системаи тавлидкунандаи масоҳати барг ва сохтори барги зироатҳои ғалладонагӣ-ҷав тағйиротҳои зиёд ворид намудааст.

Мувофиқи мушоҳидаҳои биологӣ, таъсири гармшавии иқлим ва хушкии идоманок боиси тағйирёбии системаи реша дар қисмати решаҳои паҳлўӣ ва иловагии растани ҷави навъи “Маҳаллӣ” мушоҳида карда шуд. Зеро аз таъсири норасоии намӣ дар қабати хок, ҳолати норасоии ҳаво ва маҳдудшавии зичии хок ва сахтшавии хок боиси норасоии об дар таркиби ҳуҷайраи решаи ҷавро ба амал овардааст.

Бо таъсири норасоии намӣ ва зуд-зуд тағйирёбии ҳарорати гармӣ тавозуни экологии об ва зичии хок дар минтақаҳои системаи решаи ҷав ба назар расид.

Маҷмўи ҳароратҳои фаъоли барои инкишофёбии зироати ҷавӣ аз давраи майсарони то пухтарасӣ аз 18°С то 21°С, мўътадил аст. Аммо дар даҳ соли охир ҳарорати гармии фаъол аз давраи сабзиши майса то пухтарасии дони ҷав аз 22°С то 23°С расидааст ва таъсири баландшавии ҳарорати гармӣ бештар ба хусусиятҳои биологии растании ҷав тағйиротҳо дар сохтори системаи реша, поя, барг, дон, сифатнокии маҳсулоти кишоварзӣ ва таркиби химиявии дони ҷав таъсири манфии худро расонидааст. Зеро аз таъсири ҳарорати гармӣ ҳавои атмосфера ҳолати маҳдудшавии соати биологӣ аз 2 то 2,5 соат дар як рўз мушоҳида шуд дар давраи гулкунӣ ва баъди гулкунии ҷав дар водии Ҳисор дар соли 2021. Дар натиҷа ҳолати камшавии вазни хушки дон аз 3,5г. то 5,1г. Дар 1000 дони ҷав мушоҳида карда шуд.

Таъсири тағйирёбии иқлим тавонист дар як муддати кўтоҳ ба хусусиятҳои биологии нави ҷави “Маҳаллӣ” таъсири манфии худро расонида ба сифати маҳсулоти кишоварзӣ, тағйироти паст шудани сафеданокӣ ва макро-микроэлементҳо аз 7% то 9% мушоҳида шудааст.

Бо назардошти фаъол шудани таъсири тағйирёбии иқлим дар муҳити экосистемаи кишоварзӣ, тавсия карда мешавад, ки меъёри экологии нуриҳои нитрогенӣ, фосфорӣ ва калийгӣ дар марҳилаи инкишофёбии ҷав, вобаста аз мавҷудияти намнокии хок ва об, таъмин карда шавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2