АҲАМИЯТИ ҲАЙВОНОТ БАРОИ ИНСОН
Ҳайвонҳоро ба фоидарасон ва зараррасон ҷудо кардан нодуруст аст. Албатта, ҳайвонҳо то андозае метавонанд ба одам зиён оранд. Масалан, баъзе аз онҳо метавонанд киштзорҳоро хароб кунанд, ҳайвонҳои даранда ба ҳайвонҳои хонагӣ ва худи одам ҳамла кунанд, баъзе микроорганизмҳо одамро ба бемориҳои гуногун гирифтор кунанд ва ғайра. Пас мо бояд ҳайвонҳоро нест кунем? Албатта, не! Агар мо аҳамияти ҳайвонҳоро барои инсон нисбат ба зарари онҳо муқоиса кунем, зарарашон ночиз аст.
Ҳоло мебинем, ки ҳайвонот барои мо чӣ аҳамият доранд.
Баъзе ҳайвонҳоро барои мӯйинаи зебо (масалан, муши обӣ ва рӯбоҳ), оҳу ва ҳайвонҳои обиро барои гӯшт шикор мекунанд.
Одамон дар ҷойҳои махсус (ферма ва фабрикаҳо) парвариши ҳайвонҳоро ба роҳ мондаанд, ки аз онҳо гӯшт, шир, тухм, пашм ва пӯст мегиранд.
Аз занбӯри асал – асали серғизо ва аз кирмаки пила нахи абрешим ба даст меоранд. Одамон асалро ҳамчун ғизо ва доругӣ истифода мебаранд. Нахи абрешим, ки аз кирми абрешим ҳосил мешавад, ниҳоят пурқувват буда, одамон онро васеъ истифода мебаранд.
Ҳайвонҳои фоиданоке ҳастанд, ки ҳашароти зараррасони рустаниҳои кишоварзиро хӯрда, миқдори онҳоро кам мекунанд ва намегузоранд, ки аз ҳад зиёд шаванд. Парандаҳои ҳашаротхӯр, мӯрчаҳо ва баъзе намуди занбӯрҳо ҳашароти зараррасонро нест мекунанд.
Баъзе ҳайвонҳо (масалан, занбӯри асал ва шабпарак) ба хотири ҷамъ овардани шаҳд гули рустаниҳоро гардолуд мекунанд. Дар натиҷа аз онҳо мева ва тухми рустаниҳо ҳосил мешавад. Агар чунин ҳайвонҳо намебуданд, боғҳо бемева мемонданд.
Баъзе ҳайвонҳо ҳосилнокии хокро зиёд мекунанд. Масалан, кӯрмуш ва кирми лойхӯрак дар зери замин ба ҳар тараф хона сохта, сӯрохиҳои зиёд ҳосил мекунанд, ки дар натиҷа ба таркиби хок об ва ҳаво дохил мешавад. Ғайр аз ин онҳо аз дохили организмашон моддаҳои хокро гузаронида, ҳосилнокии онро зиёд мекунанд.
АҶИБ АСТ!
Гов ҳамроҳи хӯрок баъзан мехи оҳанӣ ё симро фурӯ мебарад, ки меъда ва рӯдаи ӯро сӯрох карда, говро бемор мекунад. Дар баъзе кишварҳо, барои пешгирии ин ҳодиса ҳанӯз аз хурдӣ ба меъдаи гов оҳанрабои хурд ҷойгир мекунанд, ки мех ё дигар филизро дар худ нигоҳ медорад. Оҳанрабо ба ҳазми хӯроки гов халал намерасонад.
Ҳайвонҳо ба табиати сайёраи мо зебоӣ медиҳанд. Одамон ҳайвонҳоро, инчунин бо мақсади кашонидани бор, муҳофизати хонаву манзили худ, барои шавқ (дар хона нигоҳ доштани баъзе намуди парандаҳо ва дигар ҳайвонҳо) истифода мебаранд. Ҳайвонҳо дар соҳаи варзиш (пойгаи аспдавонӣ) ва бозиҳои миллӣ (бузкашӣ) низ аҳамияти калон доранд.
Ҳамин тариқ, ҳайвонҳо дар зиндагии мо аҳамияти беназир доранд ва ҳар яки мо вазифадорем, ки онҳоро ҳифз намоем. Хонандагони мактаб низ дар ҳифзи ҳайвонот саҳми худро гузошта метавонанд.
Манбаи бебадали озуқаворӣ ва ашёи хом
Ҳайвоноти хонагӣ ва паррандагон асоси амнияти озуқавории ҷомеаро ташкил медиҳанд. Гӯшт, шир, тухм ва моҳӣ сарчашмаи муҳимтарини сафедаҳои пайваста, витамини B12 ва микроэлементҳои зарурӣ (оҳан ва фосфор) барои рушди организми инсон мебошанд. Аз тарафи дигар, пашм, пӯст ва абрешим масолеҳи калидии саноати бофандагӣ ва ҳунармандии суннатӣ ба шумор мераванд, ки дар иқтисоди деҳот ва кишоварзӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд.
2. Танзимгарони мувозинати экологӣ ва кишоварзӣ
-
Гардолудкунӣ: Беш аз 70% зироатҳои кишоварзӣ ва растаниҳои гулдор тавассути ҳашарот, бахусус занбӯри асал ва капалакҳо гардолуд мешаванд. Бе онҳо ҳосилхезии мева ва ғалладонагиҳо ба таври шадид коҳиш меёбад.
-
Муҳофизати ҳосил: Паррандагон ва хазандагон бешумор зараррасонҳои саҳроиро нест карда, эҳтиёҷ ба заҳрхимикатҳоро кам мекунанд.
-
Беҳтар кардани сохтори хок: Кирмҳои хокӣ ва дигар организмҳои микроскопӣ хокро бо ҳаво ва моддаҳои органикии фоиданок бой мегардонанд.
3. Аҳамият дар тиб ва пешрафти илм
Олами ҳайвонот дар рушди тибби муосир нақши назаррас дорад. Сарватҳои биологии онҳо, аз қабили заҳри марҷон, прополиси занбӯр ва равғани баъзе ҳайвонот, дар сохтани доруҳои зидди илтиҳоб, танзимгари фишори хун ва муолиҷаи аъсоб истифода мешаванд. Инчунин, таҳқиқоти илмӣ ва озмоишҳои лабораторӣ имкон медиҳанд, ки ваксинаҳо ва доруҳои нав барои наҷоти ҳаёти миллионҳо инсон кашф карда шаванд.
4. Ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва мувозинати кӯҳсор
Дар экосистемаи кӯҳсори Тоҷикистон намудҳои нодир, ба монанди бабри барфӣ, мархор, силовсин ва гусфанди марко поло (архар) нақши танзимкунандаи биологиро мебозанд. Онҳо популятсияи дигар ҳайвонотро дар ҳадди муътадил нигоҳ дошта, пешгирии паҳншавии касалиҳоро дар байни чорвои кӯҳӣ таъмин мекунанд.
Хулоса
Ҳайвонот ва наботот ду сутуни асосие мебошанд, ки ҳаёти инсонро дар сайёра нигоҳ медоранд. Ҳифзи гуногунии биологии ҳайвонот, пешгирӣ аз шикори беназора ва нигоҳдории макони зисти онҳо масъулияти мустақими ҳар як ҷомеаи муосир аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё