Зеҳн

КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК

БА
Барномасоз8 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Яке аз омилҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёт ин коркарди канданиҳои фоиданок мебошад. Канданиҳои фоиданок ҷинсҳои кӯҳӣ ва маъдан (минерал)-ҳое мебошанд, ки одам дар фаъолияти хоҷагидориаш аз онҳо истифода мебарад. Ҳама намуди канданиҳои фоиданок сарвати табиӣ мебошанд. Канданиҳои фоиданок аз рӯйи сохт гуногун мешаванд. Масалан, ангишт ва оҳан – сахт, нафт – моеъ ва гази табиӣ – газмонанд аст.

Соҳаи истифодаи канданиҳои фоиданок хеле васеъ мебошад. Ба мо маълум аст, ки бе истифодаи хишт, бетон ва оҳан ягон хона, мактаб ва заводу фабрика сохта намешавад. Аз ин хотир, одамон аз табиат қум, оҳак, гил, маъдани оҳан ва дигар ҷинсҳоро гирифта, дар сохтмон истифода мебаранд. Ҳамин гуна мисолро нисбат ба дигар канданиҳои фоиданок – ангишт, газ ва нафт овардан мумкин аст. Ин канданиҳои фоиданок хосияти сӯзандагӣ доранд. Онҳоро барои гарм кардани хонаҳо (ангишт), ба ҳаракат даровардани нақлиёт (нафту газ) ва дигар корҳои хоҷагӣ истифода мебаранд. Дар ягон кишвари дунё иқтисодиёт бе истифодаи ин сарватҳои табиӣ тараққӣ карда наметавонад.

Ба атрофи худ нигаред, мебинед, ки чӣ қадар ашё аз филиз сохта шудаанд: косаву табақ, корду қайчӣ, зарфҳои гуногун, дегу дегдони ошпазӣ, хуллас ҳамаи ашёи рӯзгор.

Дар корхонаҳои саноатӣ дастгоҳҳо, мошинҳо, тайёра, қатора ва техникаҳои гуногун аз филиз (ҷисми маъданӣ) сохта мешаванд. Ҳамин тариқ, канданиҳои фоиданок бойигарии бебаҳои табиӣ мебошанд.

Канданиҳои фоиданокро чӣ гуна ба даст меоранд?

Он ҷойҳоеро, ки канданиҳои фоиданок дар чуқурӣ ё дар сатҳи Замин ҷойгир шудаанд, кон меноманд. Ба омӯзиш ва кофтукови канда ниҳои фоиданок геологҳо маш ғуланд. Геологҳо дар ихтиёри худ асбобу таҷҳизоти дақиқ, чархбол, нақлиёти ҳарҷогард ва воситаҳои алоқа доранд. Бе ин воситаҳо кори геологҳо пеш намеравад.

Канданиҳои фоиданокро бо роҳу усулҳои гуногун истеҳсол мекунанд. Баъзе аз онҳо бо тарзи кушод истеҳсол карда мешаванд. Конҳои чунин канданиҳои фоиданок ба сатҳи замин наздик ҷойгир шудаанд. Барои истеҳсоли канданиҳои фоиданоке, ки дар чуқуриҳои замин хобидаанд, чоҳҳои чуқур (шахта) мекобанд (расми 84). Газ ва нафтро бо роҳи кофтани чоҳҳои чуқур ба даст меоранд. Дастгоҳҳои пурқувват ин сарватҳоро аз садҳо метр чуқуриҳои зери замин кашида, ба сатҳи он мебароранд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2